index | next |
1 Касене, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд, (Худованд) аъмолашонро нобуд мекунад.
2 Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд ва ба он чӣ бар Муҳаммад (с) нозил шуда – ва ҳама ҳақ аст ва аз сўи Парвардигорашон – низ имон оварданд, Худованд гуноҳонашонро мебахшад ва корашонро ислоҳ мекунад.
3 Ин ба хотири он аст, ки кофирон аз ботил пайравӣ карданд ва мўъминон аз ҳаққе, ки аз сўи Парвардигорашон буд, табаият намуданд. Ин гуна Худованд барои мардум масалҳои (зиндагии) ононро баён мекунад.
4 Ва ҳангоме, ки бо кофирон (-и ҷиноятпеша) дар майдони ҷанг рў ба рў шудед, гарданҳояшонро бизанед (ва ин корро ҳамчунон идома диҳед), то ба андозаи лозим душманро дарҳам бикўбед. Дар ин ҳангом асиронро маҳкам бибандед, сипас ё бар онон миннат гузоред (ва озодашон кунед), ё дар баробари озодӣ аз онон фидя (ғаромат) бигиред. (Ва ин вазъият бояд ҳамчунон идома ёбад), то ҷанг бори вазнини худро бар замин ниҳад. (Оре), барнома ин аст ва агар Худо мехост худаш онҳоро муҷозот мекард, аммо мехоҳад баъзе аз шуморо бо баъзе дигар имтиҳон кунад. Ва касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, Худованд ҳиргиз аъмолашонро аз байн намебарад.
5 Ба зудӣ ононро ҳидоят намуда ва корашонро ислоҳ мекунад.
6 Ва онҳоро дар биҳишт (-и ҷовидонаш), ки сифатҳои онро барои онон бозгў кардааст, дохил мекунад.
7 Эй касоне, ки имон овардаед! Агар (оини) Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро устувор медорад.
8 Ва касоне, ки кофир шуданд, марг бар онон! Ва аъмолашон нобуд бод!
9 Ин ба хотири он аст, ки аз он чӣ Худованд нозил кардааст, кароҳат доштанд, бинобар ин Худо аъмолашонро нобуд кард.
10 Оё дар замин сайр накарданд, то бубинанд оқибати касоне, ки пеш аз онон буданд, чӣ гуна буд?! Худованд онҳоро ҳалок кард. Ва барои кофирон монанди ин муҷозотҳо хоҳад буд.
11 Ин барои он аст, ки Худованд мавло ва сарпарасти касоне аст, ки имон оварданд, аммо кофирон сарпарасте надоранд.
12 Худованд касонеро, ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом доданд, дохили боғҳое аз биҳишт мекунад, ки наҳрҳо аз зер (-и дарахтонаш) ҷорӣ аст, дар ҳоле, ки кофирон аз матои зудгузари дунё баҳра мегиранд ва ҳамчун чаҳорпоён мехўранд ва саранҷом оташи дўзах ҷойгоҳи онҳост.
13 Ва чӣ бисёр шаҳрҳое, ки аз шаҳре, ки туро берун кард, нерўмандтар буданд, мо ҳамаи онҳоро нобуд кардем ва ҳеҷ ёваре надоштанд.
14 Оё касе, ки далели равшане аз сўи Парвардигораш дорад, монанди касе аст, ки палидии аъмолаш дар назараш ороста шуда ва аз ҳавои нафсашон пайравӣ мекунанд?!
15 Сифатҳои биҳиштӣ, ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст, чунин аст: дар он наҳрҳое аз оби софу холис, ки бадбў нашуда ва наҳрҳое аз шир, ки таъми он дигаргун нагашта ва наҳрҳое аз шароб (-и таҳур), ки сабаби лаззати нўшандагон аст ва наҳрҳое аз асали мусаффо аст ва барои онҳо дар он аз ҳама гуна меваҳо вуҷуд дорад ва (аз ҳама болотар) омурзише аст аз сўи Парвардигорашон. Оё инҳо монанди касоне ҳастанд, ки ҳамеша дар оташи дўзаханд ва аз оби ҷўшон нўшонда мешаванд, ки андарунашонро аз ҳам муталошӣ мекунад?!
16 Гурўҳе аз онон ба суханонат гўш фаро медиҳанд, аммо ҳангоме, ки аз назди ту берун мешаванд, ба касоне, ки илму дониш ба онон бахшида шудааст, (аз рўи масхара) мегўянд: «(Ин мард) акнун чӣ гуфт?!». Онҳо касоне ҳастанд, ки Худованд бар дилҳояшон мўҳр ниҳода ва аз ҳавои нафсашон пайравӣ кардаанд, (бинобар ин чизе намефаҳманд).
17 Касоне, ки ҳидоят ёфтаанд, (Худованд) бар ҳидояташон меафзояд ва рўҳи тақво ба онон мебахшад.
18 Оё онҳо (кофирон) ҷуз ин интизоре доранд, ки қиёмат ногаҳон фаро расад, (он гоҳ имон оваранд), дар ҳоле, ки ҳамакнун нишонаҳои он омадааст, аммо ҳангоме, ки биёяд тазаккур (ва имони) онҳо суде нахоҳад дошт.
19 Пас бидон, ки маъбуде ҷуз «Аллоҳ» нест ва барои гуноҳони худ ва мардону занони боимон истиғфор кун. Ва Худованд маҳалли ҳаракат ва қароргоҳи шуморо медонад.
20 Касоне, ки имон овардаанд, мегўянд: «Чаро сурае нозил намешавад, (ки дар он фармони ҷиҳод бошад?!)». Аммо ҳангоме, ки сураи равшане нозил мегардад, ки дар он сухане аз ҷанг аст, мунофиқони бемордилро мебинӣ, ки ҳамчун касе, ки дар остонаи марг қарор гирифтааст, ба ту нигоҳ мекунанд, пас маргу нобудӣ барои онон сазовортар аст.
21 (Вале) итоат ва сухани санҷида барои онон беҳтар аст. Ва агар ҳангоме, ки фармони ҷиҳод ҳатмӣ мешавад, ба Худо рост гўянд (ва аз дари сидқу сафо дароянд), барои онҳо беҳтар мебошад.
22 Агар (аз ин дастурҳо) рўйгардон шавед, ҷуз ин интизор меравад, ки дар замин фасод ва қатъи пайванди хешовандӣ кунед?!
23 Онҳо касоне ҳастанд, ки Худованд аз раҳмати худ дурашон сохтааст, гўшҳояшонро кар ва чашмҳояшонро кўр кардааст.
24 Оё онҳо дар Қуръон тадаббур намекунанд ё бар дилҳояшон қулф ниҳода шудааст?!
25 Касоне, ки баъд аз равшан шудани ҳидоят барои онҳо, пушт ба ҳақ карданд, шайтон аъмоли палидашонро дар назарашон зинат дода ва ононро бо орзуҳои дароз фирефта аст.
26 Ин ба хотири он аст, ки онон ба касоне, ки нузули ваҳйи илоҳиро кароҳат доштан, гуфтанд: «Мо дар баъзе аз корҳо аз шумо пайравӣ мекунем», дар ҳоле, ки Худованд пинҳонкории ононро медонад.
27 Ҳоли онҳо чӣ гуна хоҳад буд, ҳангоме, ки фариштагон (-и марг) бар чеҳра ва пушти онон мезананд ва ҷонашонро мегиранд?!
28 Ин ба хотири он аст, ки онҳо аз он чӣ Худовандро ба хашм меоварад, пайравӣ карданд ва он чиро сабаби хушнудии Ўст, кароҳат доштанд. Бинобар ин (Худованд) аъмолашонро нобуд кард.
29 Оё касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ аст, гумон карданд Худо кинаҳояшонро ошкор намекунад?!
30 Ва агар мо бихоҳем онҳоро ба ту нишон медиҳем, то ононро бо қиёфаҳояшон бишносӣ, ҳар чанд метавонӣ онҳоро аз тарзи суханонашон бишносӣ. Ва Худованд аъмоли шуморо медонад.
31 Мо ҳамаи шуморо ҳатман имтиҳон мекунем, то маълум шавад муҷоҳидони ҳақиқӣ ва собирон аз миёни шумо киёнанд ва ахбори шуморо имтиҳон кунем.
32 Онон, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд ва баъд аз равшан шудани ҳидоят барои онон, ( боз) ба мухолифат бо Расул (-и Худо) бархостанд, ҳаргиз зиёне ба Худо намерасонанд ва (Худованд) ба зудӣ аъмолашонро нобуд мекунад.
33 Эй касоне, ки имон овардаед! Итоат кунед Худоро ва итоат кунед Расул (-и Худо)-ро ва аъмоли худро ботил насозед.
34 Касоне, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд, сипас дар ҳоли куфр аз дунё рафтанд, Худо ҳаргиз онҳоро нахоҳад бахшид.
35 Пас ҳаргиз суст нашавед ва (душманонро) ба сулҳ (-и зиллатбор) даъват накунед, дар ҳоле, ки шумо бартар ҳастед ва Худованд бо шумо аст ва чизе аз (савоби) аъмолатонро кам намекунад.
36 Зиндагии дунё танҳо бозӣ ва саргармӣ аст ва агар имон оваред ва тақво пеша кунед, подошҳои шуморо медиҳад ва амволи шуморо наметалабад,
37 Зеро ҳар гоҳ авмоли шуморо мутолиба кунад ва ҳатто исрор намояд, бухл меварзед ва кинаву хашми шуморо ошкор месозад.
index | next |