Қориёни Қуръон
Ҳофизони
Қуръон дар тўли таърих
Номи гурўҳе
аз ҳофизони садри Ислом чунин аст:
1-Ҳофизони
муҳоҷир : Алӣ ибни Абўтолиб
алайҳис-салом , Талҳа
ибни Абдуллоҳ, Саъд ибни Абиваққос, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Ҳузайфа ибни Ямон,
Солим ғуломи Абўҳузайфа, Абўҳурайра, Абдуллоҳ ибни Соиб, Абдуллоҳ ибни Аббос,
Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Амр, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Тамим ибни Авс,
Уқба ибни Омир, Амр ибни Ос ва Абўмўсои Ашъарӣ.
2-Ҳофизони
ансор : Убай ибни Каъб, Маоз
ибни Ҷабал, Абўҳалими Маоз, Зайд ибни Собит, Саид ибни Убайд, Маҷмаъ ибни Ҷория,
Анас ибни Молик, Абўзайд ибни Қайс ибни Сакан, Убода ибни Сомит, Абўайюб,
Абўдардо, Фаззола ибни Убайд ва Муслама ибни Мухаллид.
3-Ҳофизони
зан: Оиша, Ҳафса, Умми Салама ва Умми Варқа.
4-Ҳофизони
машҳури асри набавӣ : Алӣ
алайҳис-салом , Убай ибни
Каъб, Абўдардо, Маоз ибни Ҷабал, Зайд ибни Собит, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Усмон ва
Абўмўсои Ашъарӣ дар шумори ҳофизони машҳури рўзгори Расули Худо саллаллоҳу
алайҳи ва олиҳи ва саллам ҷой доштанд.
Ибни Сино
Ибни Сино
донишманди номии қарни панҷуми ҳиҷрӣ, ки дар улуми пизишкӣ ва фалсафӣ саромади
асри худ буд, пеш аз даҳсолагӣ Қуръони маҷидро ҳифз кард. (139)
Саид ибни
Товус
Саид ибни
Товус яке аз донишмандони шиа аст, ки дар моҳи шаъбони соли 640-и ҳиҷрӣ дар
Карбало дида ба ҷаҳон кушод ва дар шаҳрҳои Ҳилла ва Бағдод ба фарогирии дониш
пардохт. Ў аз шогирдони Хоҷа Насируддини Тўсӣ ва алломаи Ҳиллӣ аст ва дар
ёздаҳсолагӣ тамоми Қуръонро ба хотир супурд. (140)
Рудакӣ
Ин шоир и пур овозаи садаи
чаҳоруми Э рон, дар
асри сомониён мезист.
Абўайно
Муҳаммад
ибни Қосим ибни Ёсири аҳвозӣ машҳур ба Абўайно, дар шаҳри Аҳвоз мутаваллид шуд
ва дар Басра бузург шуд.
Вай аз
адибони бузурги рўзгори Аббосӣ шумурда мешуд ва дар кўдакӣ Қуръонро ҳифз кард.
Абўайно дар
чиҳилсолагӣ чашмонашро аз даст дод ва панҷоҳ соли дигари умрашро дар нобоноӣ ба
сар бурд. (142)
Ҳофизи
шерозӣ
Ин шоир ва
донишманди эронӣ дар ниҳояти фақр ва тагдастӣ ба фарогирии дониш пардохт. Ў
тамоми Қуръонро бо чаҳордаҳ қироат ҳифз буд ва (Лисонул-ғайб) лақаб дошт. (143)
Носири
Хусрав
Абўмуин
Носири Хусрави қабодиёнӣ дар соли 394-и ҳиҷрӣ чашм ба ҷаҳон кушод ва дар соли
481 даргузашт.
Ў шоири
ориф, ҳаким ва нависандаи забардасте буд, ки аз наводири рўзгор ба шумор мерафт,
дар 9-солагӣ Қуръон ва бисёре аз аҳодисро ҳифз кард.
Ибни Асири
Ҷазарӣ
Абўлфатҳ
ибни Асири Ҷазарӣ аз донишмандони мазҳаби шофеӣ аст. Ў дар луғат, наҳв, баён ва
низ фанҳои иншо ва китобат маҳорати бисёр дошт ва Қуръонро дар кўдакӣ ҳифз карда
буд.
Малики
муҳаддисон
Муҳаммад
ибни Тоҳир мулаққаб ба Малики муҳаддисон аз донишмандони авохири қарни даҳуми
ҳиҷрӣ аст. Ў дар кўдакӣ Қуръонро ҳифз кард ва дар бисёри аз фунун бар дигарон
пешӣ гирифт. Муҳаммад ибни Тоҳир амволи бисёре ба ирс бурд ва ҳамаро ба
донишҷуёни улуми динӣ бахшид. (146)
Антокӣ
Довуд ибни
Умари Антокӣ мулаққаб ба (Басир) аз донишмандони шиа дар авоили қарни ёздаҳум
буд. Вай дар кўдакӣ ҳофизи Қуръон шуд ва тавонист дар пизишкӣ ва фалсафа шуҳрати
чашмгир ба даст оварад. Антокӣ аз неъмати чашм бебаҳра буд вале ба шаҳрҳои
бисёре сафар кард. (147)
Фараздақ
Ин шоири
шиаи асри Бани Умайя аз асҳоби Имом Саҷҷод
алайҳис-салом
буд. Падараш ўро дар кўдакӣ ба назди Алӣ
алайҳис-салом
овард ва гуфт: Фарзандам шоир аст. Ин сухан чунон дар фарзанд асар кард, ки
худро бо таноб баст ва савганд хурд, ки то Қуръонро ҳифз накунад онҳоро
накушояд. Ба ин тартиб ҳамаи Қуръонро ба хотир супурд. (148)
Фахруддини
ироқӣ
Иброҳим
ибни Шаҳриёр мулаққаб ба (Фахруддин) дар шумори шоирон ва орифони пайрави шайх
Шаҳобуддин саҳрурдӣ ҷой дорад. Ў дар кўдакӣ ба ҷамъи ҳофизони Қуръон пайваст.
(149)
Шабланҷӣ
Ин
донишманди бузурги аҳли суннат дар ҳудуди 1250-и қамарӣ дида ба ҷаҳон кушод ва
дар даҳсолагӣ Қуръонро ҳифз кард. Вай ба гўшанишинӣ ва зиёрати аҳли қубур бисёр
алоқа дошт. (150)
Шаҳобуддин
Ин
донишманди шофеӣ, ки ба адабиёт бисёр ишқ меварзид дар даҳсолагӣ Қуръонро ҳифз
кард. (151)
Абўлҳасанот:
Муҳаммад
Абдулҳай ибни Ҳофизи Ансорӣ аз донишмандони ҳанафимазҳаби қарни 14-ум аст. Ў
ҳифзи Қуръонро аз панҷсолагӣ оғоз кард ва дар даҳсолагӣ ба поён расонд.
Абўлҳасанот
дар ёздаҳсолагӣ ба таҳсили дониш пардохт ва ҳамаи илмҳои ривоҷёфтаи маъқул ва
манқулро назди падараш омўхт.
|