|
|||||
160 Ба (баракати) раҳмати илоҳӣ дар баробари онҳо (мардум), нарм (ва меҳрубон) шудӣ. Ва агар хашину сангдил будӣ аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас онҳоро бибахш ва барои онҳо омурзиш биталаб ва дар корҳо бо онон машварат кун, аммо замоне, ки тасмим гирифтӣ (қотеъ бош ва) бар Худо таваккул кун, зеро Худованд мутаваккилонро дӯст дорад. 161 Агар Худованд шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо пирўз нахоҳад шуд. Ва агар даст аз ёрии шумо бардорад, кист, ки баъд аз Ў шуморо ёрӣ кунад?! Ва мӯъминон танҳо бар Худованд бояд таваккул кунанд. 162 (Гумон кардед, ки мумкин аст Паёмбар ба шумо хиёнат кунад?! Дар ҳоле, ки) мумкин нест ҳеҷ Паёмбаре хиёнат кунад. Ва ҳар кас хиёнат кунад рӯзи растохез он чиро дар он хиёнат кардааст, (бо худ ба саҳнаи маҳшар) меоварад, сипас ба ҳар кас он чиро фароҳам карда (ва анҷом додааст), ба таври комил дода мешавад ва (ба ҳамин далел) ба онҳо ситам нахоҳад шуд, (зеро маҳсули аъмоли худро хонҳанд дид). 163 Оё касе аз ризои Худо пайравӣ кардааст, монанди касе аст, ки ба хашму ғазаби Худо бозгаштааст?! Ва ҷойгоҳи ӯ ҷаҳаннам ва поёни кори ӯ бисёр бад аст. 164 Ҳар як аз онҳо дараҷа ва мақоме дар пешгоҳи Худо доранд. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳанд, Биност. 165 Худованд бар мӯъминон миннат ниҳод, (неъмати бузурге бахшид). Замоне, ки дар миёни онҳо Паёмбаре аз худашон барангехт, ки оятҳои ӯро бар онҳо бихонд ва онҳоро пок кунад ва китобу ҳикмат биёмӯзад ва албатта пеш аз он дар гумроҳии ошкоре буданд. 166 Оё ҳангоме, ки мусибате (дар майдони ҷанги Уҳуд) ба шумо расид, дар ҳоле, ки ду баробари онро (дар майдони ҷанги Бадр бар душаман) ворид сохта будед, гуфтед: «Ин мусибат аз куҷост?!». Бигў: «Аз ноҳияи худи шумост, (ки дар майдони ҷанги Уҳуд бо дастури Паёмбар мухолифат кардед). Худованд бар ҳар чизе Қодир аст. (Ва чунон чӣ равиши худро ислоҳ кунед, дар оянда шуморо пирӯз мекунад)». 167 Ва он чӣ (дар рӯзи Уҳуд), дар рӯзе, ки ду даста (мӯъминону кофирон) бо ҳам рў ба рў шуданд ба шумо расид, ба фармони Худо (ва тибқи суннати илоҳӣ) буд ва барои ин буд, ки муъминонро мушаххас кунад. 168 Ва низ барои ин буд, ки мунофиқон шинохта шаванд, онҳое, ки ба эшон гуфта шуд: «Биёед дар роҳи Худо набард кунед, ё (ҳадди ақал) аз ҳарими худ дифоъ намоед». Гуфтанд: «Агар медонистем ҷанге руй хоҳад дод, аз шумо пайравӣ мекардем. (Аммо медонем ҷанге намешавад)». Онҳо дар он ҳангом ба куфр наздиктар буданд, то ба имон. Ба забон худ чизе мегӯянд, ки дар дилҳояшон нест. Ва Худованд аз он чӣ мепўшонанд, огоҳтар аст. 169 (Мунофиқон), онҳо ҳастанд, ки ба бародарони худ - дар ҳоле, ки аз ҳимояти онҳо даст кашида буданд - гуфтанд: «Агар онҳо аз мо пайравӣ мекарданд, кушта намешуданд». Бигў: «(Магар шумо метавонед марги ашхосро пешбинӣ кунед?!), пас маргро аз худатон дур созед, агар рост мегӯед!». 170 (Эй Паёмбар!) Ҳагиз гумон мабар касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, мурдагонанд! Балки онҳо зиндаанд ва назди парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд. Онҳо ба хотири неъматҳои фаровоне, ки Худованд аз фазли худ ба онҳо бахшидааст, хӯшҳоланд ва ба хотири касоне, ки ҳанўз ба онҳо мулҳақ нашудаанд, (муҷоҳидону шаҳидони оянда) хушвақтанд, (зеро мақомоти барҷастаи онҳоро дар он ҷаҳон мебинанд ва медонанд), ки на тарсе бар онҳост ва на ғаме хоҳанд дошт. 171 Ва аз неъмати Худо ва фазли Ў (нисбат ба худашон низ) масруранд ва (мебинанд, ки) Худованд подоши мӯъминонро зойеъ намекунад, (на подоши шаҳидон ва на подоши муҷоҳидоне, ки шаҳид нашуданд). 172 ҳо ки даъвати Худо ва Паёмабр(с)-ро пас аз он ҳама ҷароҳатҳое, ки ба эшон расид, иҷобат карданд (ва ҳанўз захмҳои майдони Уҳуд, дармон наёфта буд, ба сўи майдони «Ҳамро-ул-асад» ҳаракат намуданд). Барои касоне аз онҳо, ки некӣ карданд ва тақво пеш гирифтанд, подоши бузурге аст. 173 ҳо касоне буданд, ки (баъзе аз) мардум ба онҳо гуфтанд: «Мардум (лашкари душман) барои (ҳамала ба) шумо иҷтимоъ кардаанд, аз онҳо битарсед!», аммо ин сухан ба имонашон афзуд ва гуфтанд: «Худо моро кифоят мекунад ва Ў беҳтарин ҳомии мост». 174 Ба ҳамин ҷиҳат онҳо (аз ин майдон) бо неъмату фазли Парвардигор бозгаштанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ нороҳатӣ ба онҳо нарасид ва аз ризои Худо пайравӣ карданд ва Худоаванд дорои фазлу бахшиши бузурге аст. 175 Ин фақат шайтон аст, ки пайравони худро (бо суханон ва шойеоти беасос) метарсонад. Аз онҳо натарсед. Ва аз ман битарсед, агар имон доред! 176 Касоне, ки дар роҳи куфр шитоб мекунед, туро ғамгин насозанд! Ба яқин онон ҳаргиз зиёне ба Худованд намерасонанд. (Ба илова) Худо мехоҳад (онҳоро ба ҳоли худашон вогузорад ва дар натиҷа) баҳрае барои онҳо дар охират қарор надиҳад. Ва барои онҳо муҷозоти бузурге аст! 177 (Оре), касоне, ки имонро доданд ва куфрро харидорӣ карданд, ҳаргиз ба Худо зиёне намерасонанд ва барои онҳо муҷозоти дардноке аст! 178 Онҳо ки кофир шуданд (ва роҳи туғён пеш гирифтанд), тасавур накунанд агар ба онҳо мўҳлат медиҳем, ба судашон аст. Мо ба онҳо мўҳлат медиҳем фақат барои ин ки бар гуноҳони худ бифзоянд ва барои онҳо азоби хоркунандае (омода шуда) аст. 179 Чунин набуд, ки Худованд мӯъминонро ба ҳамон гуна, ки шумо ҳастед, вогузорад, магар он ки нопокро аз пок ҷудо созад. Ва низ чунин набуд, ки Худованд шуморо аз асрори ғайб огоҳ кунад, (то мӯъминон ва мунофиқонро аз ин роҳ бишносед, ин бар хилофи суннати илоҳӣ аст), вале Худованд аз миёни расулони худ, ҳар касро бихоҳад, бармегузинад (ва қисмате аз асрори ниҳонро, ки барои мақоми раҳбарӣ ӯ лозим аст, дар ихтиёри ӯ мегузорад). Пас, (акнун ки ин ҷаҳон бўтаи озмоиши поку нопок аст), ба Худо ва расулони Ў имон биёваред. Ва агар имон биёваред ва тақво пеша кунед, подоши бузурге барои шумост. 180 Касоне, ки бухл меварзанд ва он чиро Худо аз фазли хеш ба онҳо додааст, инфоқ намекунанд, гумон накунанд ин кор ба суди онҳост, балки барои онҳо шар аст, ба зудӣ дар рӯзи қиёмат он чиро нисбат ба он бухл варзиданд, монанди тавқе ба гарданашон меафкананд. Ва мероси осмонҳо ва замин аз они Худост ва Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст. 181 Худованд сухани онҳоро, ки гуфтанд: «Худо фақир аст ва мо бениёзем», шунид. Ба зудӣ он чиро гуфтанд, хоҳем навишт ва (ҳамчунин) ба ноҳақ куштани Паёмбаронро (менависем) ва ба онҳо мегӯем: «Бичашед азоби сӯзонро (дар боробари корҳоятон!)». 182 Ин ба хотири чизе аст, ки дастҳои шумо аз пеш фиристода (ва натиҷаи кори шумост) ва ба хотири он аст, ки Худованд ба бандагони (худ) ситам намекунад. 183 (Инҳо) ҳамон касоне (ҳастанд), ки гуфтанд: «Худованд аз мо паймон гирифтааст, ки ба ҳеҷ Паёмбаре имон наёварем, то (ин мўъҷизаро анҷом диҳад:) як қурбонӣ биёварад, ки оташ (соиқаи осмонӣ) онро бихўрад!». Бигў: «Паёмбароне пеш аз ман барои шумо омаданд ва далелҳои равшан ва он чиро гуфтед, оварданд, пас чаро онҳоро ба қатл расондед, агар рост мегӯед?!». 184 Пас (агар ин баҳонаҷуён) туро инкор кунанд, (чизи наве нест), расулони пеш аз ту (низ) инкор шуданд, Паёмбароне, ки далелҳои ошкор ва навиштаҳои матину маҳкам ва китоби равшанибахш, оварда буданд. 185 Ҳар касе маргро мечашад. Ва шумо подоши худро ба таври комил дар рӯзи қиёмат хоҳед гирифт. Онҳо, ки аз оташи (дўзах) дур шуда ва ба биҳишт ворид шаванд наҷот ёфта ва растагор шудаанд ва зиндагии дунё чизе ҷуз сармояи фиреб нест. 186 Яқин (ҳамаи шумо) дар молҳо ва ҷонҳои худ озмоиш мешавед. Ва аз касоне, ки пеш аз шумо ба онҳо китоби (осмонӣ) дода шуда (яҳуд) ва (ҳамчунин) аз мушрикон, суханони озордиҳанда фаровон хоҳед шунид. Ва агар истиқомат кунед ва тақво пеша созед, (шоистатар аст, зеро) ин аз корҳои муҳимму қобили итминон аст. 187 Ва (ба ёд биёваред) замонеро, ки Худо аз касоне, ки китоби (осмонӣ) ба онҳо дода шуда, паймон гирифт, ки ҳатман онро барои мардум ошкор созед ва напўшонед, вале онҳо онро пушти сар афканданд ва ба баҳои каме фурӯхтанд. Ва чӣ матои баде мехаранд?! 188 Гумон набар онҳо, ки аз амалҳои (зишти) худ хушҳол мешванд ва дӯст доранд дар баробари кори (неке), ки анҷом надодаанд мавриди ситоиш қарор гиранд, аз азоб (-и илоҳӣ) барканоранд. (Балки) барои онҳо азоби дардноке аст! 189 Ва ҳукумати осмонҳо ва замин аз они Худост ва Худо бар ҳама чиз Тавоност. 190 Ҳатман дар офариниши осмонҳо ва замин ва омаду рафти шабу рӯз, нишонаҳои (равшане) барои хирадмандон аст. 191 Ҳамонҳо ки Худоро дар ҳоли истода ва нишаста ва онгоҳ, ки бар паҳлў хобидаанд, ёд мекунанд ва дар асрори офариниши осмонҳо ва замин меандешанд (ва мегӯянд:) Бор Илоҳо! Инҳоро беҳуда наёфаридаӣ! Муназзаҳӣ ту! Моро аз азоби оташ нигоҳ дор! 192 Парвардигоро! Ҳар киро ту (ба хотири амалҳояш) ба оташ афканӣ, ӯро хору расво сохтаӣ. Ва барои ашхоси ситагар ҳеҷ ёваре нест! 193 Парвардигоро! Мо содои мунодии (Ту)-ро шунидаем, ки ба имон даъват мекард, ки: «Ба Павардигори худ имон биёваред!» ва мо имон овардем. Парвардигоро! Гуноҳони моро бибахш. Ва бадиҳои моро бипўшон. Ва моро ба некон (ва дар роҳи онҳо) бимирон. 194 Парвардигоро! Он чиро ба василаи Паёмбаронат ба мо ваъда фармудӣ, ба мо ато кун. Ва моро дар рӯзи қиёмат расво магардон. Зеро ту ҳеҷ гоҳ аз ваъдаи худ тахаллуф намекунӣ. 195 Худованд дархости онҳоро қабул кард (ва фармуд:) Ман амали ҳеҷ амалкунандае аз шуморо зан бошад ё мард, зойеъ нахоҳам кард. Шумо ҳамнавъед ва аз ҷинси якдигар. Онҳо ки дар роҳи Худо ҳиҷрат карданд ва аз хонаҳои худ берун ронда шуданд ва дар роҳи ман озор дидаанд ва ҷанг карданду кушта шуданд, ба яқин гуноҳашонро мебахшам ва онҳоро дар боғҳои биҳиштие, ки аз зери дарахтонаш наҳроҳо ҷорӣ аст, дохил мекунам. Ин подоше аст аз тарафи Худованд ва беҳтарин подошҳо назди Парвардигор аст. 196 Рафту омади (пирӯзмандонаи) кофирон дар шаҳрҳо туро нафиребад! 197 Ин матои ночизе аст ва сипас ҷойгоҳашон дўзах ва чӣ ҷойгоҳи баде аст! 198 Вале касоне, (ки имон доранд ва) аз Парвардигорашон мепарҳезанд, барои онҳо боғҳое аз биҳишт аст, ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст, ҳамеша дар он хоҳанд буд. Ин нахустин пазироӣ аст, ки аз сўи Худованд ба онҳо мерасад ва он чӣ дар назди Худост барои некон беҳтар аст. 199 Ва аз Аҳли китоб касоне ҳастанд, ки ба Худо ва он чӣ бар шумо нозил шудааст ва он чӣ бар худашон нозил гардидааст, имон доранд. Дар баробари (фармони) Худо хозеъанд ва оятҳои Худоро ба баҳои ночизе намефурўшанд. Подоши онҳо назди Парвардигорашон аст. Худованд сари-ул-ҳисоб аст. (Тамоми амалҳои неки онҳоро ба суръат ҳисоб мекунад ва подош медиҳад). 200 Эй касоне, ки имон овардаед! (Дар баробари мушкилот ва ҳавсҳо) истиқомат кунед ва дар баробари душманон (низ) пойдор бошед ва аз марзҳои худ нигабонӣ кунед ва аз Худо бипарҳезед, шояд растагор шавед.
|