back page

next page

5656

31 Сипас Худованд зоғеро фиристод, ки дар замин ҷустуҷў (ва кофту ков) мекард, то ба ў нишон диҳад, чӣ гуна ҷасади бародари худро дафн кунад. Ў гуфт: «Вой бар ман! Оё ман натавонистам мисли ин зоғ бошам ва ҷасади бародарамро дафн кунам?!». Ва саранҷом (аз тарси расвоӣ ва бар асари фишори виҷдон, аз кори худ) пушаймон шуд.

32 Ба ҳамин ҷиҳат бар Банӣ Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас инсонеро беиртикоби қатл ё фасод дар рўи замин бикушад, чунон аст, ки гўё ҳамаи инсонҳоро куштааст. Ва ҳар кас инсонеро аз марг раҳоӣ бахшад, чунон аст, ки гўё ҳамаи мардумро зинда кардааст. Ва расулони мо далелҳои равшан барои Банӣ Исроил оварданд, аммо бисёре аз онҳо пас аз он, дар рўи замин таҷовуз ва исроф карданд.

33 Кайфари онҳо, ки бо Худо ва пайғамбараш ба ҷанг бар мехезанд ва иқдом ба фасод дар рўи замин мекунанд (ва бо таҳдиди аслиҳа, ба ҷону молу номуси мардум ҳамла мебаранд), фақат ин аст, ки эъдом шаванд ё ба дор овехта шаванд ё (чаҳор ангушт аз) даст (-и рост) ва пои (чапи) онҳо ба акси якдигар бурида шавад ва ё аз сарзамини худ табъид гарданд. Ин расвоии онҳо дар дунёст ва дар охират муҷозоти бузурге доранд.

34 Магар онҳо, ки пеш аз даст ёфтани шумо бар онон, тавба кунанд, пас бидонед (Худо тавбаи онҳоро мепазирад). Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

35 Эй касое, ки иомн овардаед! Аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед. Ва василае барои тақарруб ба Ў биҷўед. Ва дар роҳи Ў ҷиҳод кунед, бошад, ки растагор шавед.

36 Ба яқин касоне, ки кофир шуданд, агар тамоми он чӣ рўи замин аст ва монанди он, моли онҳо бошад ва ҳамаи онро барои наҷот аз кайфари рўзи қиёмат бидиҳанд, аз онон пазируфта нахоҳад шуд ва муҷозоти дардноке хоҳанд дошт.

37 Пайваста мехоҳанд аз оташ хориҷ шаванд, вале наметавонанд аз он хориҷ гарданд. Ва барои онҳо муҷозоти пойдоре аст.

38 Дасти марди дузд ва зани дуздро ба кайфари амале, ки анҷом додаанд, ба унвони як муҷозоти илоҳӣ қатъ кунед. Ва Худованд Тавоно ва Ҳаким аст.

39 Аммо он кас, ки пас аз ситам кардан, тавбаву ҷуброн намояд, Худованд тавбаи ўро мепазирад (ва аз ин муҷозот маоф мешаванд, зеро) Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

40 Оё намедонӣ, ки ҳукумат ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Худост?! Ҳар касро бихоҳад (ва мустаҳақ бидонад), кайфар мекунад ва ҳар касро бихоҳад ва шоиста бидонад, мебахшад. Ва Худованд бар ҳар чизе қодир аст.

41 Эй фиристода (-и Худо)! Онҳо, ки дар роҳи куфр шитоб мекунанд ва бо забон мегўянд: «Имон овардем» ва қалби онҳо имон наовардааст, туро андўҳгин насозад! Ва (ҳамчунин) гурўҳе аз яҳудиён, ки хуб ба суханони ту гўш медиҳанд, то дастовезе барои инкори ту биёбанд, онҳо ҷосусони гурўҳи дигаре ҳастанд, ки худашон назди ту наёмадаанд, онҳо суханонро аз маънои аслиаш таҳриф мекунанд ва (ба якдиагр) мегўянд: «Агар ин (ки мо мехоҳем) ба шумо дода шуд (ва Муҳаммад бар тибқи хостаи шумо доварӣ кард), бипазиред вагарна (аз ў) дурӣ кунед». (Вале) касеро, ки Худо (бар асари гуноҳони пай дар пайи ў) бихоҳад муҷозот кунад, қодир ба дифоъ аз ў нестӣ. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо нахостааст дилҳояшонро пок кунад. Дар дунё расвоӣ ва дар охират муҷозоти бузурге насибашон хоҳад шуд.

42 Онҳо бисёр ба суханони ту гўш медиҳанд, то онро инкор кунанд. Моли ҳаром фаровон мехўранд, пас агар назди ту омаданд, дар миёни онон доварӣ кун ё (агар салоҳ донистӣ), онҳоро ба ҳоли худ вогузор. Ва агар аз онон сарфиназар кунӣ, ба ту ҳеҷ зиёне намерасонанд. Ва агар миёни онҳо доварӣ кунӣ, бо адолат доварӣ кун, ки Худо одилонро дўст дорад.

43 Чӣ гуна туро ба доварӣ металабанд?! Дар ҳоле, ки Таврот назди онҳо аст. Ва дар он ҳукми Худо ҳаст. (Вонгаҳе) пас аз доварӣ хостан аз ҳукми ту, (чаро) рўй мегардонанд?! Онҳо мўъмин нестанд.

44 Мо Тавротро нозил кардем, дар ҳоле, ки дар он ҳидояту нур буд. Ва пайғамбарон, ки дар баробари фармони Худо таслим буданд, бо он барои яҳуд ҳукм мекарданд. Ва (ҳамчунин) уламо ва донишмандон, ба ин китоб, ки ба онҳо супурда шуда ва бар он гувоҳ буданд, доварӣ менамуданд. Бинобар ин (ба хотири доварӣ бар тибқи оятҳои илоҳӣ), аз мардум наҳаросед ва аз ман битарсед ва оятҳои маро ба баҳои ночиз нафурўшед. Ва онҳо, ки ба аҳкоме, ки Худо нозил кардааст, ҳукм намекунанд, кофиранд.

45 Ва бар онҳо (Банӣ Исроил) дар он (Таврот) муқаррар доштем, ки ҷон дар муқобили ҷон ва чашм дар муқобили чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гўш дар муқобили гўш ва дандон дар баробари дандон мебошад. Ва ҳар захме қисос дорад. Ва агар касе онро бубахшад (ва аз қисос сарфиназар кунад), каффораи (гуноҳони) ў ҳисоб мешавад ва ҳар кас ба аҳкоме, ки Худо нозил кардааст, ҳукм накунад ситамгар аст.

46 Ва дар пайи онҳо (пайғамбарони пешин), Исо инби Марямро фиристодем, дар ҳоле, ки китоби Тавротро, ки пеш аз ў фиристода шуда буд, тасдиқ дошт. Ва Инҷилро ба ў додем, ки дар он ҳидояту нур буд. Ва (ин китоби осмонӣ низ), Тавротро, ки пеш аз он буд, тасдиқ мекард ва ҳидоят ва мавъизае барои парҳезгорон буд.

47 Аҳли Инҷил (пайравони Масеҳ) низ, бояд ба он чӣ Худованд дар он нозил кардааст, ҳукм кунанд. Ва касоне, ки бар тибқи он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм намекунанд, фосиқанд.

48 Ва ин китоб (Қуръон)-ро ба ҳақ бар ту нозил кардем, дар ҳоле, ки киобҳои пешинро тасдиқ мекунад ва ҳофизу нигаҳбони онҳост. Пас бар тибқи аҳкоме, ки Худо нозил кардааст, дар миёни онҳо ҳукм кун ва аз ҳавою ҳавасҳои онон пайравӣ накун ва аз ҳакоми илоҳӣ рўй магардон. Мо барои ҳар кадом аз шумо оин ва тариқаи равшане қарор додем ва агар Худо мехост, ҳамаи шуморо уммати воҳиде қарор медод, вале Худо мехоҳад, шуморо дар он чӣ ба шумо бахшидааст, имтиҳон кунад (ва истеъдодҳои мухталифи шуморо парвариш диҳад). Пас дар некиҳо бар якдигар сибқат ҷўед. Бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Худост, сипас аз он чӣ дар он ихтилоф мекардед, ба шумо хабар хоҳад дод.

49 Ва дар миёни онҳо (аҳли китоб), тибқи он чӣ Худованд нозил кардааст, доварӣ кун ва аз ҳавою ҳавасҳои онон пайравӣ макун ва аз онҳо барҳазар бош, мабодо туро аз баъзе аҳкоме, ки Худо бар ту нозил кардааст, мунҳариф созанд. Ва агар онҳо (аз ҳукм ва доварии ту) рўй гардонанд, бидон, ки Худованд мехоҳад, ононро ба хотири порае аз гуноҳонашон муҷозот кунад. Ва бисёре аз мардум фосиқанд.

50 Оё онҳо ҳукми ҷоҳилиятро (аз ту) мехоҳанд?! Ва чӣ касе беҳтар аз Худо барои қавме, ки аҳли яқин ҳастанд, ҳукм мекунад?!

51 Эй касоне, ки имон овардаед! Яҳуд ва насороро валӣ (ва дўсту такягоҳи худ) интихоб накунед. Онҳо дўстони якдигаранд. Ва касоне, ки аз шумо бо онон дўстӣ кунанд, аз онҳо ҳастанд. Худованд ҷамъияти ситамкорро ҳидоят намекунад.

52 (Вале) касонеро, ки дар дилҳояшон беморӣ аст, мебинӣ, ки дар (дўстӣ бо онҳо) бар якдигар пешӣ мегиранд ва мегўянд: «Метарсем ҳодисае барои мо иттифоқ бияфтад (ва ниёз ба кўмаки онҳо дошта бошем)». Шояд Худованд пирўзӣ ё ҳодисаи дигаре аз сўи худ (ба нафъи мусулмонон) пеш биёварад. Ва ин даста аз он чӣ дар дил пинҳон доштанд, пушаймон гарданд.

53 Онҳо, ки имон овардаанд, мегўянд: «Оё ин (мунофиқон) ҳамонҳо ҳастанд, ки бо ниҳояти таъкид ба Худо савганд ёд карданд, ки бо шумо ҳастанд?! (Чаро корашон ба ин ҷо расид?!)». (Оре), аъмолашон нобуд гашт ва зиёнкор шуданд.

54 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳар кас аз шумо аз оини худ боз гардад, (ба Худо зиёне намерасонад), Худованд ҷамъиятеро меоварад, ки онҳоро дўст дорад ва онон (низ) Ўро дўст доранд, дар баробари мўъминон мутавозеъ ва дар баробари кофирон сарсахту нерўманд ҳастанд. Онҳо дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз сарзаниши ҳеҷ маломатгаре ҳаросе надоранд. Ин фазли Худост, ки ба ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бибинад), медиҳад. Ва (фазли) Худо васеъ ва Худованд доност.

55 Сарпараст ва валии шумо, танҳо Худост ва пайғамбари Ў ва онҳо, ки имон овардаанд, ҳамонҳо, ки намозро барпо медоранд ва дар ҳоли рукўъ, закот медиҳанд.

56 Ва касоне, ки вилояти Худо ва пайғамбари Ў ва ашхоси бо имонро бипазиранд, (пирўзанд, зеро) ҳизб ва ҷамъияти Худо пирўз аст.

57 Эй касоне, ки имон овардаед! Ашхосе аз аҳли китоб, ки оини шуморо ба боди масхара ва бозӣ мегиранд ва мушриконро дўсти худ интихоб накунед ва аз Худо бипарҳезед, агар имон доред.

58 Онҳо ҳангоме, ки (аз он мегўед ва мардумро) ба намоз фаро мехонед, онро ба масхара ва бозӣ мегиранд, ин ба хотири он аст, ки онҳо ҷамъе бехираданд.

59 Бигў: «Эй аҳли китоб! Оё моро ба айб мегиред?! (Магар мо чӣ кардаем?!), ҷуз ин ки ба Худованди Ягона ва ба он чӣ бар мо нозил шуда ва ба он чӣ пеш аз ин нозил гардидааст, имон овардаем. Ва ин ба хотири он аст, ки бештари шумо аз роҳи ҳақ хориҷ шудаед».

60 Бигў: «Оё шуморо аз касоне, ки ҷойгоҳ ва подошашон назди Худо бадтар аз ин аст, бо хабар кунам? Касоне, ки Худованд онҳоро аз раҳмати худ дур сохта ва мавриди хашм қарор дода (ва масх кардааст) ва аз онҳо маймунҳо ва хукҳое қарор додааст ва парастиши бут кардаанд, ҷойгоҳ ва маҳалли онҳо бадтар аст ва аз роҳи рост гумроҳтаранд».

61 Ҳангоме, ки назди шумо меоянд, мегўянд: «Имон овардаем», (аммо) бо куфр дохил мешаванд ва бо куфр хориҷ мегарданд. Ва Худованд аз он чӣ пинҳон мекарданд, огоҳтар аст.

62 Бисёре аз ононро мебинӣ, ки дар гуноҳу таҷовуз ва хўрдани моли ҳаром, шитоб мекунанд. Чӣ зишт аст коре, ки анҷом медоданд!

63 Чаро донишмандони насоро ва уламои яҳуд, онҳоро аз суханони гуноҳомез ва хўрдани моли ҳаром, наҳй намекунанд?! Чӣ зишт аст амале, ки анҷом медоданд!

64 Ва яҳуд гуфтанд: «Дасти Худо (бо занҷир) бастааст». Дастоҳояшон баста бод! Ва ба хотири ин сухан аз раҳмат (-и илоҳӣ) дур шаванд! Балки ҳар ду дасти (қудрати) Ў кушодааст, ҳар гуна бихоҳад, мебахшад. Вале ин оятҳо, ки аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғёну куфри бисёре аз онҳо меафзояд. Ва мо дар миёни онҳо то рўзи қиёмат, адовату душманӣ афкандем. Ҳар змон оташи ҷанге афрўхтанд, Худованд онро хомўш сохт. Ва барои фасод дар замин талош мекунанд ва Худованд муфсидонро дўст надорад.

65 Ва агар аҳли китоб имон биёваранд ва тақво пеша кунанд, гуноҳони онҳоро мебахшем ва онҳоро дар боғҳои пурнеъмати биҳишт, дохил месозем.

66 Ва агар онон, Таврот ва Инҷил ва он чиро аз сўи Парвардигорашон бар онҳо нозил шудааст (Қуръон), барпо доранд, аз осмону замин, рўзӣ хоҳанд хўрд. Ҷамъе аз онҳо мўътадилу миёнарав ҳастанд, вале бештарашон аъмоли баде анҷом медиҳанд.

67 Эй Пайғамбар! Он чӣ аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, комилан (ба мардум) бирасон ва агар накунӣ, рисолати Ўро анҷом надодаӣ. Худованд туро аз (хатарҳои эҳтимолии) мардум нигоҳ медорад. Ва Худованд ҷамъияти кофирон (-и саркаш)-ро ҳидоят намекунад.

back page

next page