back

index

next

Сураи Инфитор

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 19 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Он замон, ки осмон (кураҳои осмонӣ) аз ҳам шикофта шавад,

2  Ва он замон, ки ситорагон пароканда шаванд ва фурў резанд,

3  Ва он замон, ки дарёҳо ба ҳам пайваста шавад,

4  Ва он замон, ки қабрҳо зеру рў гардад (ва мурдагон берун шаванд),

5  (Дар он замон) ҳар кас медонад он чиро аз пеш фиристода ва он чиро барои баъд гузоштааст.

6  Эй инсон! Чӣ чиз туро дар баробари Парвардигори Каримат мағрур сохтааст?!

7  Ҳамон Худое, ки туро офарид ва сомон дод ва муназам сохт,

8  Ва дар ҳар сурате, ки хост, туро таркиб намуд.

9  (Оре) он гуна, (ки шумо мепиндоред) нест, балки шумо рӯзи ҷазоро мункиред.

10  Ва бешак нигаҳбонҳое бар шумо гузошта шудааст,

11  Воломақом ва нависандаи (амалҳои неку бади шумо),

12  Ки медонанд шумо чӣ мекунед.

13  Ба яқин некон дар неъмати фаровоне ҳастанд.

14  Ва бадкорон дар дўзаханд,

15  Рӯзи ҷазо вориди он мешаванд ва месӯзанд,

16  Ва онҳо ҳаргиз аз он ғоибу дур нестанд.

17  Ту чӣ медонӣ рӯзи ҷазо чист?!

18  Боз чӣ медонӣ рӯзи ҷазо чист?!

19  Рӯзе аст, ки ҳеҷ кас қодир бар анҷоми коре ба фоидаи дигарӣ нест ва ҳамаи корҳо дар он рӯз аз они Худост.

Сураи Мутаффифин

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 36 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Вой бар камфурӯшон!

2  Онҳо, ки вақте барои худ вазн мекунанд, ҳаққи худро ба таври комил мегиранд,

3  Аммо ҳангоме, ки мехоҳанд барои дигарон вазн кунанд, кам мегузоранд.

4  Оё онҳо гумон намекунанд, ки барангехта мешаванд,

5  Дар рӯзи бузург?!

6  Рўзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.

7  Чунин нест, (ки онҳо дар бораи қиёмат мепиндоранд), ба яқин номаи аъмоли бадкорон дар «Сиҷҷин» аст.

8  Ту чӣ медонӣ «Сиҷҷин» чист?!

9  Номае аст рақамзадашуда ва сарнавиште аст ҳатмӣ.

10  Вой дар он рӯз ба инкоркунандагон!

11  Ҳамонҳо, ки рӯзи ҷазоро инкор мекунанд.

12  Танҳо касе онро инкор мекунад, ки таҷовузкору гунаҳкор аст.

13  (Ҳамон касе, ки) вақте оятҳои мо бар ӯ хонда мешавад, мегӯяд: «Ин афсонаҳои гузаштагон аст».

14  Чунин нест, (ки онҳо мепиндоранд), балки аъмолашон чун зангоре бар дилҳояшон нишастааст.

15  Чунин нест, (ки онҳо мепиндоранд), балки онҳо дар он рӯз аз Парвардигорашон пинҳонанд.

16  Сипас онҳо яқинан вориди дўзах мешаванд.

17  Баъд ба онҳо гуфта мешавад: «Ин ҳамон чизе аст, ки онро инкор мекардед!».

18  Чунон нест, (ки онҳо дар бораи маод мепиндоранд), балки номаи аъмоли некон дар «Иллиййин» аст.

19  Ва ту чӣ медонӣ «Иллиййин» чист?!

20  Номае аст рақамхўрда ва сарнавиште аст қатъӣ,

21  Ки муқаррабон шоҳиди онанд.

22  Ҳатман некон дар анвоъи неъматанд:

23  Бар тахтҳои зебои биҳиштӣ такя карда ва (ба зебоиҳои биҳишт) менигаранд.

24  Дар чеҳраҳояшон таровату нишоти неъматро мебинӣ ва мешиносӣ.

25  Онҳо аз шароби (таҳури) зулоли дастнахўрда ва сарбастае сероб мешаванд.

26  Мўҳре, ки бар он ниҳода шуда аз мушк аст ва дар ин (неъматҳои биҳиштӣ) рағбатдорон бояд бар якдигар пешӣ гиранд.

27  Ин шароби (таҳур) омехта бо «Тасним» аст,

28  Ҳамон чашмае, ки муқаррабон аз он менўшанд.

29  Бадкорон (дар дунё) ҳамеша ба мӯъминон механдиданд,

30  Ва ҳангоме, ки аз канорашон мегузаштанд, онҳоро бо ишора масхара мекарданд,

31  Ва чун ба сӯи хонаводаи худ бозмегаштанд, хушҳолу хандон буданд,

32  Ва ҳангоме, ки онҳоро медиданд, мегуфтанд: «Инҳо гумроҳонанд».

33  Дар ҳоле, ки ҳаргиз маъмури нигаҳбонӣ ва мутакаффили онҳо (мӯъминон) набуданд.

34  Вале имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,

35  Дар ҳоле, ки бар тахтҳои оростаи биҳиштӣ нишаста ва (ба сарнавишти шуми онҳо) менигаранд.

36  Оё (бо ин ҳол) кофирон подоши аъмоли худро гирифтанд?!

Сураи Иншиқоқ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 25 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Дар он ҳангом, ки осмони (кураҳои омонӣ) шикофта шавад,

2  Ва таслими фармони Парвардигораш шавад – ва сазовор аст чунин бошад –

3  Ва дар он ҳангом, ки замин густарда шавад,

4  Ва он чӣ дар дарун дорад берун бирезад ва холӣ шавад,

5  Ва таслими фармони Парвардигораш гардад – ва шоиста аст, ки чунин бошад –

6  Эй инсон! Ту бо талошу ранҷ ба сӯи Парвардигорат меравӣ ва Ўро мулоқот хоҳӣ кард.

7  Пас касе, ки номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад,

8  Ба зудӣ ҳисбоби осоне барои ӯ мешавад,

9  Ва хушҳол ба аҳлу хонаводааш бозмегардад.

10  Ва аммо касе, ки номаи аъмолаш ба пушти сараш дода шавад,

11  Ба зудӣ фарё мезанад вой бар ман, ки ҳалок шудам!

12  Ва дар шўълаҳои сӯзони оташ месӯзад.

13  Зеро ӯ дар миёни хонаводааш ҳамеша (аз куфру гуноҳи худ) хушҳол буд.

14  Ў гумон мекард, ҳаргиз бозгашт намекунад.

15  Оре, Парвардигораш нисбат ба ӯ бино буд (ва аъмолашро барои ҳисоб сабт кард).

16  Савганд ба шафақ,

17  Ва савганд ба шаб ва он чиро ҷамъоварӣ мекунад,

18  Ва савганд ба моҳ, он гоҳ, ки бадри комил мешавад,

19  Ки ҳамаи шумо ҳамеша аз ҳоле ба ҳоли дигар мунтақил мешавед, (то ба камол бирасед).

20  Пас чаро онҳо имон намеоваранд?!

21  Ва ҳангоме, ки Қуръон бар онҳо хонда мешавад, саҷда намекунанд?!

22  Балки кофирон ҳамеша оятҳои Илоҳиро инкор мекунанд.

23  Ва Худованд он чиро дар дил пинҳон медоранд ба хубӣ медонад.

24  Пас онҳоро ба азоби дардноке башорат деҳ!

25  Магар касоне, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, ки барои онҳо подоши бепоёне аст.

Сураи Буруҷ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 22 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Савганд ба осмон, ки дорои бурҷҳои бисёр аст,

2  Ва савганд ба он рӯзи ваъда додашуда,

3  Ва саганд ба «Шоҳид» ва «Машҳуд». («Шоҳид»: Паёмбар ва гувоҳони аъмол ва «Машхуд»: аъмоли уммат аст).

4  Марг ба шиканҷагарони соҳби гудоли (оташ),

5  Оташи азим ва шўълаваре.

6  Ҳангоме, ки дар канори он нишаста буданд,

7  Ва он чиро бо мӯъминон анҷом медоданд, (бо оромиву қасоват) тамошо мекарданд.

8  Онҳо ҳеҷ эроде бар мӯъминон надоштанд, магар ин ки ба Худованди Азиз ва Ҳамид имон оварда буданд.

9  Ҳамон касе, ки ҳукумати осмонҳо ва замин аз они Ўст ва Худованд бар ҳама чиз гувоҳ аст.

10  Касоне, ки мардону занони боимонро шиканҷа доданд, сипас тавба накарданд, барои онҳо азоби дўзах ва оташи сӯзон аст.

11  Ва барои касоне, ки имон оварданд ва аъмоли шоиста анҷом доданд, боғҳое аз биҳишт аст, ки наҳрҳо зери дарахтонаш ҷорӣ аст. Ва ин наҷот ва пирӯзии бузурге аст.

12  Гирифтани қаҳромез ва ҷазои Парвардигорат яқинан бисёр сахт аст.

13  Ӯст, ки офринишро оғоз мекунад ва бозмегардонад,

14  Ва Ў Омурзанда ва Дӯстдори (мӯъмин) аст,

15  Соҳиби Арш ва дорои маҷду азамат аст,

16  Ва он чиро мехоҳад, анҷом медиҳад.

17  Оё достони лашкорҳо ба ту расидааст,

18  Лашкариёни Фиръавн ва Самуд?!

19  Вале кофирон ҳамеша ҳақро инкор мекунанд.

20  Ва Худованд ба ҳамаи онҳо иҳота дорад.

21  (Ин оятҳо сеҳру дурӯғ нест), балки Қуръони боазамат аст,

22  Ки дар лавҳи маҳфуз ҷой дорад.

Сураи Ториқ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 17 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Қасам ба осмон ва кўбандаи шаб!

2  Ва ту чӣ медонӣ кўбандаи шаб чист?!

3  Ҳамон ситораи дурахшон ва шикофандаи торикиҳост.

4  (Ба ин ояти бузурги илоҳӣ қасам), ки ҳар кас нигаҳбону муҳофизе дорад.

5  Инсон бояд нигоҳ кунад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст?!

6  Аз як оби ҷаҳанда офарида шудааст,

7  Обе, ки аз миёни пушт ва синаҳо хориҷ мешавад.

8  Ҳатман Ў (Худое, ки инсонро аз чунин чизи пасте офарид), метавонад ӯро бозгардонад.

9  Дар он рӯз, ки асрори пинҳони (инсон) ошкор мешавад,

10  Ва барои ӯ ҳеҷ нерў ва ёваре нест.

11  Қасам ба осмони пурборон,

12  Ва қасам ба замини пуршикоф, (ки гиёҳон аз он сар бармеоваранд),

13  Ки ин (Қуръон) сухане аст, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад,

14  Ва ҳаргиз шухӣ нест.

15  Онҳо ҳамеша ҳила мекунанд,

16  Ва Ман ҳам дар баробари онҳо чора мекунам.

17  Ҳол ки чунин аст кофиронро (фақат) андке мўҳлат деҳ, (то сазои амлҳояшонро бибинанд).

Сураи Аъло

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 19 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

1  Муназзаҳ шумор номи Парвардигори баландмартабаатро,

2  Ҳамон Худованде, ки офарид ва муназзам кард,

3  Ва ҳамон, ки андозагирӣ кард ва ҳидоят намуд,

4  Ва он кас, ки чарогоҳро ба вуҷуд овард,

5  Сипас онро хушку тира қарор дод.

6  Мо ба зудӣ (Қуръонро) бар ту мехонем ва ҳаргиз фаромӯш нахоҳӣ кард,

7  Магар он чиро Худо бихоҳад, ки Ў ошкору пинҳонро медонад.

8  Ва мо туро барои анҷоми ҳар кори хайр омода мекунем.

9  Пас тазаккур деҳ, агар тазаккур муфид бошад.

10  Ва ба зудӣ касе, ки аз Худо метарсад мутазаккир мешавад.

11  Аммо бадбахтарини инсонҳо аз он дурӣ меҷӯяд,

12  Ҳамон касе, ки дар оташи бузурог ворид мешавад,

13  Сипас дар он оташ намемирад ва на зинда мешавад.

14  Ба яқин касе, ки покӣ ҷуст (ва худро пок кард), растагор шуд.

15  Ва (он ки) номи Парвардигорашро ёд кард, сипас намоз хонд.

16  Вале шумо зиндагии дунёро (бар охират) муқаддам медоред,

17  Дар ҳоле, ки охират беҳтар ва пойдортар аст.

18  Ин дастурҳо дар китобҳои осмонии гузашта (низ) омадааст,

19  Дар китоби Иброҳим ва Мўсо.

Сураи Ғошия

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 26 оят дорад.Ба

back

index

next