back | next |
55 Ва рўзе , ки қиёмат барпо шавад , муҷримон савганд ёд мекунанд , ки ҷуз соате (дар олами барзах) даранг накарданд! Ин чунин аз дарки ҳақиқат бозгардонада мешаванд .
56 Вале касоне , ки илму имон ба онон дода шудааст , мегўянд : «Шумо ба фармони Худо то рўзи қиёмат (дар олами барзах) даранг кардед ва акнун рўзи растохез аст , аммо шумо намедонистед» .
57 Он рўз узрхоҳии золимон суде ба ҳолашон надорад ва тавбаи онон пазируфта намешавад .
58 Мо барои мардум дар ин Қуръон аз ҳар гуна мисолу матлабе баён кардем ва агар ояте барои онон биёварӣ , кофирон мегўянд : «Шумо аҳли ботилед (ва инҳо сеҳру ҷодуст)» .
59 Ин гуна Худованд бар дилҳои онон , ки огоҳӣ надоранд , мўҳр мениҳад .
60 Акнун , ки чунин аст , сабр пеша кун , ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва ҳаргиз касоне , ки имон надоранд , туро хашмгин насозанд (ва аз роҳ мунҳариф накунанд!) .
name="_Toc129610369">СураиИн сура дар Макка нозил шуда ва 34 оят дорад .
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1 Алиф , Лом , Мим .
2 Ин оятҳои китоби Ҳаким аст , (китобе пурмўҳтаво ва устувор) .
3 Сабаби ҳидояту раҳмат барои некўкорон аст .
4 Ҳамонон , ки намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва онҳо ба охират яқин доранд .
5 Онон бар тариқи ҳидоят аз Парвардигорашонанд ва онон растагоронанд .
6 Ва баъзе аз мардум суханони беҳударо мехаранд , то мардумро аз рўи нодонӣ , аз роҳи Худо гумроҳ созанд ва оятҳои илоҳиро ба масхара гиранд , барои онон азоби хоркунандае аст .
7 Ва ҳангоме , ки оятҳои мо бар ў хонда мешавад , мустакбирона рўй бармегардонад , гўё онро нашунидааст , гўё аслан гўшҳояш сангин аст , ўро ба азоби дарднок башорат деҳ!
8 (Вале) касоне , ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд , боғҳои пурнеъмати баҳишт аз они онҳост .
9 Ҷовидона дар он хоҳанд монд . Ин ваъдаи ҳатмии илоҳӣ аст ва Ўст Азиз ва Ҳаким (шикастнопазир ва Доно) .
10 (Ў) осмонҳоро бе сутуне , ки онро бибинед , офарид ва дар замин кўҳҳое афканд , то шуморо наларзонад (ва ҷойгоҳи шумо ором бошад) ва аз ҳар гуна ҷунбандае рўи он мунташир сохт . Ва аз осмон обе нозил кардем ва ба василаи он дар рўи замин анвои гуногуне аз ҷуфтҳои гиёҳони пурарзиш рўёнидем .
11 Ин офариниши Худост , аммо ба Ман нишон диҳед (маъбудоне) ғайри Ў чӣ чизро офаридаанд ? ! Вале золимон дар гумроҳии ошкоранд .
12 Мо ба Луқмон ҳикмат додем . (Ва ба ў гуфтем:) Шукри Худоро ба ҷой овар . Ҳар кас шукргузорӣ кунад , танҳо ба суди худ шукр кардааст ва он кас , ки куфрон кунад , (зиёне ба Худо намерасонад) , зеро Худованд бениёз ва сутуда аст .
13 (Ба хотир биёвар) ҳангомеро , ки Луқмон ба фарзандаш – дар ҳоле , ки ўро мавъиза мекакрд – гуфт : «Писарам! Чизеро ҳамтои Худо қарор мадеҳ , ки ширк , зулми бузурге аст» .
14 Ва мо ба инсон дар бораи падару модараш суфориш кардем , модараш ўро бо нотавонӣ рўи нотавонӣ ҳамл кард , (дар ҳангоми бордорӣ ҳар рўз ранҷу нороҳатии наверо мутаҳаммил мешуд) . Ва даврони ширхорагии ў дар ду сол поён меёбад . (Оре , ба ў тавсия кардам) , ки барои Ман ва барои падару модарат шукр ба ҷо овар , ки бозгашт (-и ҳамаи шумо) ба сўи Ман аст .
15 Ва ҳар гоҳ он ду , талош кунанд , ки ту чизеро ҳамтои Ман қарор диҳӣ , ки аз он огоҳӣ надорӣ , (балки медонӣ ботил аст) , аз онҳо итоат макун , вале бо он ду , дар дунё ба тарзи шоистае рафтор кун ва аз роҳи касоне пайравӣ кун , ки тавбакунон ба сўи Ман омадаанд . Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Ман аст ва Ман шуморо аз он чӣ амал мекардед , огоҳ мекунам .
16 Писарам! Агар ба андозаи вазнинии донаи хардале (кори нек ё бад) бошад ва дар дили санге ё дар (гўшае аз) осмонҳо ва замин қарор гирад , Худованд онро (дар қиёмат барои ҳисоб) меоварад . Худованд бодиққат ва огоҳ аст .
17 Писарам! Намозро барпо дор ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кун ва дар баробари мусибатҳое , ки ба ту мерасад , шакебо бош , ки ин аз корҳои муҳим аст .
18 (Писарам!) Бо бе эътиноӣ аз мардум рўй магардон ва мағрурона бар замин роҳ марав , ки Худованд ҳеҷ мутакаббири мағруреро дўст надорад .
19 (Писарам!) Дар роҳ рафтан , эътидолро риоят кун . Аз садои худ бикоҳ (ва ҳаргиз фарёд мазан) , ки нописандтарини садоҳо садои харон аст .
20 Оё надидед Худованд он чиро дар осмонҳо ва замин аст , мусаххари шумо карда ва неъматҳои ошкор ва пинҳони худро ба таври фаровон бар шумо арзонӣ доштааст ? ! Вале баъзе аз мардум бе ҳеҷ донишу ҳидоят ва китоби равшангаре дар бораи Худо муҷодила мекунанд .
21 Ва ҳангоме , ки ба онон гуфта шавад : «Аз он чӣ Худо нозил кардааст , пайравӣ кунед» , мегўянд : «На , балки мо аз чизе пайравӣ мекунем , ки падарони худро бар он ёфтем» . Оё ҳатто агар шайтон ононро даъват ба азоби оташи фурўзон кунад , (боз ҳам пайравӣ мекунанд ? !) .
22 Касе , ки рўи худро таслими Худо кунад , дар ҳоле , ки некўкор бошад , ба дастгираи маҳкаме чанг зада (ва ба такягоҳи мутмаинне такя кардааст) . Ва оқибати ҳамаи корҳо ба сўи Худост .
23 Ва касе , ки кофир шавад , куфри ў туро ғамгин насозад , бозгашти ҳамаи онон ба сўи мост ва мо онҳоро аз аъмоле , ки анҷом додаанд (ва натоиҷи шуми он) огоҳ хоҳем сохт . Худованд ба он чӣ даруни синаҳост , огоҳ аст .
24 Мо андаке онҳоро аз матои дунё баҳраманд мекунем , сипас онҳоро ба таҳаммули азоби шадиде водор месозем!
25 Ва ҳар гоҳ аз онон савол кунӣ : «Чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст ? » , ҳатман мегўянд : «Аллоҳ» . Бигў : «Алҳамду лиллоҳ , (ки худи шумо эътироф мекунед)» . Вале бештари онон намедонанд .
26 Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст , аз они Худост , зеро Худованд бениёз ва шоистаи ситоиш аст .
27 Ва агар ҳамаи дарахтони рўи замин қалам шавад ва дарё барои он мураккаб гардад ва ҳафт дарёча ба он афзуда шавад , (инҳо ҳама тамом мешавад , вале) калимоти Худо поён намегирад . Худованд Азиз ва Ҳаким аст .
28 Офариниш ва барангехтан (ва зиндагии ду бораи) ҳамаи шумо (дар қиёмат) монанди як шахс беш нест . Худованд Шунаво ва Биност .
29 Оё надидӣ , ки Худованд шабро дар рўз ва рўзро дар шаб дохил мекунад ва хуршеду моҳро мусаххар сохта ва ҳар кадом то саромади муайяне , ба ҳаракати худ идома медиҳанд ? ! Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед , огоҳ аст .
30 Инҳо ҳама далел бар он аст , ки Худован ҳақ аст ва он чӣ ғайр аз Ў мехонанд , ботил аст . Ва Худованд боломақом ва бузургмартаба аст .
31 Оё надидӣ киштиҳо бар (сафҳаи) дарёҳо ба (фармони Худо ва ба баракати) неъмати Ў ҳаракат мекунанд , то бахше аз оятҳояшро ба шумо нишон диҳад ? ! Дар инҳо нишонаҳое аст , барои касоне , ки шакебо ва шукргузоранд .
32 Ва ҳангоме , ки (дар сафари дарё) мавҷе ҳамчун абрҳо ононро бипўшонад (ва боло равад ва болои сарашон қарор гирад) , Худоро бо ихлос мехонанд , аммо вақте онҳоро ба хушкӣ расонд ва наҷот дод , баъзе роҳи эътидолро пеш мегиранд (ва ба имони худ вафодор мемонанд , дар ҳоле , ки баъзе дигар фаромўш карда , роҳи куфрро пеш мегиранд) , вале оятҳои моро ҳеҷ кас ҷуз паймоншиканони носипос , инкор намекунанд .
33 Эй мардум! Тақвои илоҳӣ пеша кунед ва битарсед аз рўзе , ки на падар кайфари аъмоли фарзандашро таҳаммул мекунад ва на фарзанд чизе аз кайфари (аъмоли) падарашро . Ба яқин ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст , пас мабодо зиндагонии дунё шуморо бифиребад ва мабодо (шайтони) фиребкор шуморо (ба карами) Худо мағрур созад!
34 Огоҳӣ аз замони қиёми қиёмат махсуси Худост ва Ўст , ки боронро нозил мекунад ва он чиро , ки дар раҳимҳо (-и модарон) аст , медонад . Ва ҳеҷ кас намедонад фардо чӣ ба даст меоварад ва ҳеҷ кас намедонад дар чӣ сарзамине мемирад ? Худованд Олим ва Огоҳ аст .
СураиИн сура дар Макка нозил шуда ва 30 оят дорад .
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1, Мим .
2 Ин китобе аст , ки аз сўи Парвардигори ҷаҳониён нозил шуда ва шакку тардиде дар он нест .
3 Вале онон мегўянд : «(Муҳаммад) онро ба дурўғ ба Худо нисбат додааст» , аммо ин сухани ҳаққе аст аз сўи Парвардигорат , то гурўҳеро инзор кунӣ , к&
back | next |