back | next |
11 Худованд офаринишро оғоз мекунад , сипас онро бозмеградонад , сипас шуморо ба сўи Ў бозмегардонанд .
12 Он рўз , ки қиёмат барпо мешавад , муҷримон дар ноумедӣ ва ғаму андўҳ фурў мераванд .
13 Ва барои онон шафеоне аз маъбудонашон нахоҳад буд ва нисбат ба маъбудҳое , ки онҳоро ҳамтои Худо қарор дода буданд , кофир мешаванд .
14 Он рўз , ки қиёмат барпо мегардад , (мардум) аз ҳам ҷудо мешаванд .
15 Аммо онон , ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом доданд , дар боғе аз биҳишт шоду масурур хоҳанд буд .
16 Ва аммо онон , ки ба оятҳои мо ва лиқои охират кофир шуданд , дар азоби илоҳӣ ҳозир карда мешаванд .
17 Муназзаҳ аст Худованд , дар ҳангоме , ки шом мекунед ва субҳ мекунед .
18 Ва ҳамду ситоиш махсуси Ўст дар осмон ва замин ва дар ҳангоми аср ва ҳангоме , ки зуҳр мекунед .
19 Ў зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда . Ва заминро пас аз мурданаш ҳаёт мебахшад ва ба ҳамин гуна рўзи қиёмат (аз гўрҳо) берун оварда мешавед .
20 Аз нишонаҳои Ў ин аст , ки шуморо аз хок офарид , сипас паногоҳи инсонҳое шудед ва дар рўи замин густариш ёфтед!
21 Ва аз нишонаҳои Ў ин ки ҳамсароне аз ҷинси худатон барои шумо офарид , то дар канори онон оромиш ёбед ва дар миёнатон маваддат ва раҳмат қарор дод , дар ин нишонаҳое аст барои гурўҳе , ки тафаккур мекунанд .
22 Ва аз оятҳои Ў офариниши осмонҳо ва замин ва тафовути забонҳо ва рангҳои шумост . Дар ин нишонаҳое аст барои олимон .
23 Ва аз нишонаҳои Ў хоби шумо дар шабу рўз аст ва талошу кўшишатон барои баҳрагирӣ аз фазли Парвардигор (ва таъмини маош) . Дар ин корҳо нишонаҳое аст барои онон , ки гўши шунаво доранд .
24 Ва аз оятҳои Ў ин аст , ки барқ (ва раъд)-ро ба шумо нишон медиҳад , ки ҳам сабаби тарс ва ҳам умед аст . (Тарс аз соиқа ва умед ба нузули борон) . Ва аз осмон обе мефиристад , ки заминро баъд аз мурданаш ба василаи он зинда мекунад , дар ин нишонаҳое аст барои ҷамъияте , ки меандешанд .
25 Ва аз оятҳои Ў ин аст , ки осмону замин ба фармони Ў барпост , сипас ҳангоме , ки шуморо (дар қиёмат) аз замин фаро хонад , ногаҳон ҳама хориҷ мешавед (ва дар саҳнаи маҳшар ҳузур меёбед!) .
26 Ва аз они Ўст тамоми касоне , ки дар осмонҳо ва заминанд ва ҳамагӣ дар баробари Ў хозеъ ва мутеанд .
27 Ў касе аст , ки офаринишро оғоз мекунад , сипас онро бозмегардонад . Ва ин кор барои Ў осонтарин мебошад . Ва барои Ўст тавсифи бартар дар осмонҳо ва замин ва Ўст Тавонманд ва Ҳаким .
28 Худованд мисоле аз худатон , барои шумо задааст : Оё (агар мамлук ва бардае дошта бошед) , ин бардаҳои шумо ҳаргиз дар рўзиҳое , ки ба шумо додаем шарики шумо мебошанд , он чунон , ки ҳар ду баробар буда ва аз масрафи мустақил ва беиҷозати онон хавф дошта бошед , он гуна , ки дар мавриди (шарикони озоди) худ хавф доред ? ! Ин чунин оятҳои худро барои касоне , ки тааққул мекунанд , шарҳ медиҳем .
29 Вале золимон беилму огоҳӣ аз ҳавою ҳавасҳои худ пайравӣ карданд . Пас чӣ касе метавонад ононро , ки Худо гумроҳ кардааст , ҳидоят кунад ? ! Ва барои онҳо ҳеҷ ёваре нахоад буд .
30 Пас рўи худро мутаваҷҷеҳи оини холиси Парвардигор кун . Ин фитрате аст , ки Худованд , инсонҳоро бар он офаридааст . Дигаргунӣ дар офариниши илоҳӣ нест . Ин оини устувор аст , вале аксари мардум намедонанд .
31 Ин бояд дар ҳоле бошад , ки шумо ба сўи Ў бозгашт мекунед ва аз (мухолифати фармони) Ў бипарҳезед , намозро барпо доред ва аз мушрикон набошед ,
32 Аз касоне , ки дини худро пароканда сохтанд ва ба дастаҳо ва гурўҳҳо тақсим шуданд ва (аҷиб ин ки) ҳар гурўҳе ба он чӣ назди онҳост , (дилбаста ва) хушҳоланд!
33 Ҳангоме , ки ранҷу зиёне ба мардум бирасад , Парвардигори худро мехонанд ва тавбакунон ба сўи Ў бозмегарданд , аммо ҳамин , ки раҳмате аз худаш ба онон бичашонад , баногоҳ гурўҳе аз онон нисбат ба Парвардигорашон мушрик мешаванд .
34 (Бугзор) неъматҳоеро , ки мо ба онҳо додаем куфрон кунанд! Ва (аз неъматҳои зудгузари дунё ҳар чӣ метавонед) , баҳра гиред , аммо ба зудӣ хоҳед донист , (ки натиҷаи куфрон ва комҷўиҳои беҳисоби шумо чӣ будааст!) .
35 Оё мо далели маҳкаме бар онон фиристодем , ки аз ширкашон сухан мегўяд (ва онро муваҷҷаҳ мешуморад ? !) .
36 Ва ҳангоме , ки раҳмате ба мардум бичашонем , аз он хушҳол мешаванд ва ҳар гоҳ ранҷу мусибате ба хотири аъмоле , ки анҷом додаанд ба онон расад , ногаҳон маъюс мешаванд .
37 Оё надиданд , ки Худованд рўзиро барои ҳар кас бихоҳад густарда ё танг месозад ? ! Дар ин нишонаҳое аст барои гурўҳе , ки имон меоваранд .
38 Пас ҳаққи наздикон ва мискинон ва дар роҳмондагонро адо кун . Ин барои онҳо , ки ризои Худоро металабанд беҳтар аст ва чунин касоне растагоронанд .
39 Он чӣ ба унвони рибо мепардозед , то дар амволи мардум фузунӣ ёбад , назди Худо фузунӣ нахоҳад ёфт . Ва он чиро ба унвони закот мепардозед ва танҳо ризои Худоро металабед , (сабаби баракат аст ва) касоне , ки чунин мекунанд подоши музоаф доранд .
40 Худованд ҳамон касе аст , ки шуморо офарид , сипас рўзӣ дод , баъд мемиронад , сипас зинда мекунад . Оё ҳеҷ як аз ҳамтоёне , ки барои Худо қарор додаед , чизе аз ин корҳоро метавонанд анҷом диҳанд ? ! Ў муназзаҳ ва бартар аст аз он чӣ ҳамтои Ў қарор медиҳанд .
41 Фасод , дар хушкиву дарё ба хотири корҳое , ки мардум анҷом додаанд , ошкор шудааст , Худо мехоҳад натиҷаи баъзе аз аъмолашонро ба онон бичашонад , шояд (ба сўи ҳақ) бозгарданд .
42 Бигў : «Дар замин сайр кунед ва бинигаред оқибати касоне , ки пеш аз шумо буданд , чӣ гуна буд! Бештари онҳо мушрик буданд .
43 Рўи худро ба сўи оини росту пойдор бидор , пеш аз он ки рўзе фаро расад , ки ҳеҷ кас наметавонад онро аз Худо бозгардонад . Дар он рўз мардум ба гурўҳҳое тақсим мешаванд:
44 Ҳар кас кофир шавад , куфраш бар зиёни худи ўст . Ва онҳо , ки кори шоиста анҷом диҳанд , ба суди худашон омода месозанд .
45 Ин барои он аст , ки Худованд касонеро , ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд , аз фазлаш подош диҳад . Ў кофиронро дўст намедорад .
46 Ва аз нишонаҳои (бузурги) Худо ин аст , ки бодҳоро ба унвони башоратгароне мефиристад , то шуморо аз раҳматаш бичашонад (ва сероб кунад) ва киштиҳо ба фармонаш ҳаракат кунанд ва аз фазли Ў баҳра гиред , шояд шукргузорӣ кунед .
47 Ва пеш аз ту пайғамбаронеро ба сўи қавмашон фиристодем . Онҳо бо далелҳои равшан ба суроғи қавми худ рафтанд , вале (ҳангоме , ки андарзҳо суде надод) , аз муҷримон интиқом гирифтем (ва мўъминонро ёрӣ кардем) . Ва ёрии мўъминон , ҳамвора ҳаққе бар ўҳдаи мост .
48 Худованд ҳамон касе аст , ки боҳоро мефиристад , то абрҳоеро ба ҳаракат дароваранд , сипас онҳоро дар паҳнаи осмон он гуна , ки бихоҳад , мегустаронад ва мутароким месозад , дар ин ҳангом донаҳои боронро мебинӣ , ки аз лобалои он хориҷ мешавад . Ҳангоме , ки ин (борони ҳаётбахш)-ро ба ҳар кас аз бандагонаш , ки бихоҳад бирасонад , ногаҳон хушҳол мешаванд .
49 Ва қатъан пеш аз он ки бар онон нозил шавад , маъюс буданд .
50 Ба осори раҳмати илоҳӣ бинигар , ки чӣ гуна заминро баъд аз мурданаш зинда мекунад . Чунин касе , (ки замини мурдаро зинда кард) , зиндакунандаи мурдагон (дар қиёмат) аст . Ва Ў бар ҳама чиз Тавоност .
51 Ва агар мо боде бифиристем (доғу сўзон) ва бар асари он зироат ва боғи худро зарду пажмурда бибинанд , (маъюс шуда ва) пас аз он роҳи куфрон пеш мегиарнд .
52 Ту наметавонӣ садои худро ба гўши мурдагон бирасонӣ . Ва на суханатро ба гўши карон ҳангоме , ки рўй баргардонанд ва дур шаванд .
53 Ва (низ) наметавонӣ нобиноёнро аз гумроҳияшон ҳидоят кунӣ , ту танҳо суханатро ба гўши касоне мерасонӣ , ки имон ба оятҳои мо меоваранд ва дар баробари ҳақ таслиманд .
54 Худо ҳамон касе аст , ки шуморо офарид , дар ҳоле , ки заиф будед , сипас баъд аз нотавонӣ , қувват бахшид ва боз баъд аз қувват , заъфу пирӣ қарор дод . Ў ҳар чӣ бихоҳад меофаринад ва Доно ва Тавоност .
back | next |