back

index

next

38  Фиръавн гуфт : «Эй ҷамъияти ашроф! Ман худое ҷуз худам барои шумо суроғ надорам  .  (Аммо барои таҳқиқи бештар)  ,  эй Ҳомон  ,  бароям оташе бар гил баяфрўз (ва хиштҳои маҳкаме бисоз) ва барои ман бурҷи баланде тартиб деҳ  ,  то аз Худои Мўсо хабар гирам  ,  ҳар чанд ман гумон мекунам ў за дурўғгўён аст» .

39  (Саранҷом) Фиръавн ва лашкариёнаш ба ноҳақ дар замин истикбор карданд ва пиндоштанд ба сўи мо бозгардонида намешаванд .

40  Мо низ ў ва лашкариёнашро гирифтем ва ба даррё афкандем  ,  акнун бинигар поёни кори золимон чӣ гуна буд!

41  Ва онон (фиръавниён)-ро пешвоёне қарор додем  ,  ки ба оташ (-и дўзах) даъват мекунанд ва рўзи растохез ёрӣ нахоҳанд шуд .

42  Ва дар ин дунё низ лаънате дар пайи онон қарор додем ва рўзи қиёмат аз зиштрўёнанд .

43  Ва мо ба Мўсо китоби осмонӣ додем  ,  баъд аз он ки ақвоми қарнҳои нахустинро ҳалок намудем  ,  китобе  ,  ки барои мардум басиратофарин буд ва сабаби ҳидояту раҳмат  ,  шояд мутазаккир шаванд .

44  Ту дар ҷониби ғарбӣ набудӣ  ,  ҳангоме  ,  ки мо фармони нубувватро ба Мўсо додем ва ту аз шоҳидон набудӣ  ,  (дар он ҳангоме  ,  ки мўъҷизортро дар ихтиёри Мўсо гузоштем) .

45  Вале мо ақвомеро дар асраҳои гуногун ҳалқ кардем ва замонҳои тўлонӣ бар онҳо гузашт  ,  (ки осори анбиё аз дилҳояшон маҳв шуд  ,  сипас туро бо китоби осмониат фиристодем)  .  Ту ҳаргиз дар миёни мардуми Мадян иқомат надоштӣ  ,  то (аз вазъияти онҳо огоҳ бошӣ ва) оятҳои моро бар онҳо (мушрикони Макка) бихонӣ  ,  вале мо будем  ,  ки туро фиристодем (ва ин оятҳоро дар ихтиёрат қарор додем) .

46  Ту дар канори Тур набудӣ  ,  замоне  ,  ки мо нидо додем  ,  вале ин раҳмате аз сўи Парвардигорат буд  ,  (ки ин ахборро дар инхтиёри ту ниҳод)  ,  то ба василаи он қавмеро инзор кунӣ  ,  ки пеш аз ту ҳеҷ инзоркунандае барои онон наомадааст  ,  шояд мутазаккир шаванд .

47  Ҳар гоҳ (пеш аз фиристодани пайғамбаре) муҷозоту мусибате бар асари аъмолашон ба онон мерасид  ,  мегуфтанд : «Парвардигоро! Чаро расуле барои мо нафиристодӣ  ,  то аз оятҳои ту пайравӣ кунем ва аз мўъминон бошем ? !» .

48  Вале ҳангоме  ,  ки ҳақ аз назди мо барои онҳо омад  ,  гуфтанд : «Чаро мисли ҳамон чизе  ,  ки ба Мўсо дода шуд  ,  ба ин пайғабар дода нашудааст ? !»  .  Магар (баҳонаҷўёне монанди онҳо)  ,  мўъҷизотеро  ,  ки дар гузашта ба Мўсо дода шуд  ,  инкор накарданд ва гуфтанд : «Ин ду нафар (Мўсо ва Ҳорун) ду соҳиранд  ,  ки даст ба дасти ҳам додаанд  ,  (то моро гумроҳ кунанд) ва мо ба ҳар ду кофирем ? !» .

49  Бигў : «Агар рост мегўед  ,  (ки Таврот ва Қуръон аз сўи Худо нест)  ,  китоби ҳидоятбахштаре аз ин ду аз назди Худо биёваред  ,  то ман аз он пайравӣ кунам!» .

50  Агар ин пешниҳоди туро напазиранд  ,  бидон  ,  ки онҳо танҳо аз ҳавасҳои худ пайравӣ мекунанд  .  Ва оё гумроҳтар аз он кас  ,  ки пайравии ҳавои нафси худ карда ва ҳеҷ ҳидояти илоҳиро напазируфтааст  ,  касе пайдо мешавад ? ! Ҳатман Худованд қавми ситамгарро ҳидоят намекунад .

51  Мо оятҳои Қуръонро яке пас аз дигарӣ барои онон овардем  ,  шояд мутазаккир шаванд .

52  Касоне  ,  ки пеш аз он китоби осмонӣ ба онон додаем  ,  ба он (Қуръон) имон меоваранд .

53  Ва ҳангоме  ,  ки бар онон хонда шавад  ,  мегўянд : «Ба он имон овардем  ,  инҳо ҳама ҳақ аст ва аз сўи Парвардигори мост  ,  мо пеш аз ин ҳам мусулмон будем» .

54  Онҳо касоне ҳастанд  ,  ки ба хотири шакебоияшон  ,  аҷру подошашонро ду бор дарёфт медоранд ва ба василаи некиҳо бадиҳоро дафъ мекунанд ва аз он чӣ ба онон рўзӣ додаем  ,  инфоқ менамоянд .

55  Ва ҳар гоҳ сухани лағву беҳудае бишунаванд  ,  аз он рўй мегардонанд ва мегўянд : «Аъмоли мо аз они мост ва аъмоли шумо аз они худатон  ,  салом ба шумо (саломи видоъ)  ,  мо хоҳони ҷоҳилон нестем» .

56  Ту наметавонӣ касеро  ,  ки дўст дорӣ ҳидоят кунӣ  ,  вале Худованд ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад ва Ў ба ҳидоятёфтагон огоҳтар аст .

57  Онҳо гуфтанд : «Мо агар ҳидоятро ҳамроҳи ту пазиро шавем  ,  моро аз сарзаминамон мерубоянд»  .  Оё мо ҳарами амне дар ихтиёри онҳо қарор надодем  ,  ки самароти ҳар чизе (аз ҳар шаҳру диёре) ба сўи он оварда мешавад ? ! Ризқе аст аз ҷониби мо  ,  вале бештари онон намедонанд .

58  Ва чӣ бисёр аз шаҳрҳо ва ободиҳоеро  ,  ки бар асари фаровонии неъмат  ,  масту мағрур шуда буданд  ,  ҳалок кардем! Ин хонаҳои онҳост  ,  (ки вайрон шудааст ва) баъд аз онон ҷуз андаке  ,  касе дар онҳо сукунат накард ва мо ворисони онон будем .

59  Ва Парвардигори ту ҳаргиз шаҳрҳо ва ободиҳоро ҳалок намекард  ,  то ин ки дар конуни онҳо пайғамбаре мабъус кунад  ,  ки оятҳои моро бар онон бихонад  .  Ва мо ҳаргиз ободиҳо ва шаҳрҳоро ҳалок накардем  ,  магар ин ки аҳлаш золим буданд .

60  Он чӣ ба шумо дода шудааст  ,  матои зиндагии дунё ва зинати он аст ва он чӣ назди Худост  ,  беҳтар ва пойдортар аст  ,  оё андеша намекунед ? !

61  Оё касе  ,  ки ба ў ваъдаи некў додаем ва ба он хоҳад расид  ,  монанди касе аст  ,  ки матои зиндагии дунё ба ў дадаем  ,  сипас рўзи қиёмат (барои ҳисобу ҷазо) аз ҳозиршудагон хоҳад буд ? !

62  Рўзеро (ба хотир биёваред)  ,  ки Худованд ононро нидо медиҳад ва мегўяд : «Куҷо ҳастанд ҳамтоёне  ,  ки барои Ман мепиндоштед ? !» .

63  Гурўҳе (аз маъбудон)  ,  ки фармони азоб дар бораи онҳо ҳатмӣ шудааст  ,  мегўянд : «Парвардигоро! Мо инҳо (пайравон)-ро гумроҳ кардем  .  (Оре)  ,  мо онҳоро гумроҳ кардем  ,  ҳамон гуна  ,  ки худамон гумроҳ шудем  ,  мо аз онон ба сўи Ту безорӣ меҷўем  ,  онон дар ҳақиқат моро намепарастиданд  ,  (балки ҳавои нафси худро парастиш мекарданд)» .

64  Ва ба онҳо (пайравон) гуфта мешавад : «Маъбудҳоятонро  ,  ки ҳамтои Худо мепиндоштед бихонед  ,  (то шуморо ёрӣ кунанд!)»  .  Маъбудҳояшонро мехонанд  ,  вале ҷавобе ба онон намедиҳанд  .  Ва (дар ин ҳангом) азоби илоҳиро (бо чашми худ) мебинанд ва орзу мекунанд  ,  ки эй кош ҳидоят ёфта буданд!

65  (Ба хотир оваред) рўзеро  ,  ки Худованд ононро нидо медиҳад ва мегўяд : «Чӣ ҷавобе ба пайғамбарон (-и Ман) гуфтед ? !» .

66  Дар он рўз  ,  ҳамаи ахбор бар онон пўшида мемонад  ,  (ҳатто наметавонанд) аз якдигар саволе кунанд .

67  Аммо касе  ,  ки тавба кунад ва имон оварад ва амали солеҳ анҷом диҳад  ,  умед аст аз растагорон бошад .

68  Парвардигори ту ҳар чӣ бихоҳад меофаринад ва ҳар чӣ бихоҳад бармегузианд  ,  онон (дар баробари Ў) ихтиёре надоранд  ,  муназзаҳ аст Худованд ва бартар аст аз ҳамтоёне  ,  ки барои Ў қоил мешаванд!

69  Ва Парвардигори ту медонад он чиро  ,  ки синаҳояшон пинҳон медорад ва он чиро ошкор месозанд .

70  Ва Ў Худое аст  ,  ки маъбуде ҷуз Ў нест  ,  ситоиш барои Ўст дар ин ҷаҳон ва дар ҷаҳони дигар  .  Ҳокимият (низ) аз они Ўст ва ҳамаи шумо ба сўи Ў бозгардонида мешавед .

71  Бигў : «Ба ман хабар диҳед  ,  агар Худованд шабро то қиёмат бар шумо ҷовидон созад  ,  оё маъбуде ҷуз Худо метавонад равшаноӣ барои шумо оварад ? ! Оё намешунавед ? !» .

72  Бигў : «Ба ман хабар диҳед  ,  агар Худованд рўзро то қиёмат бар шумо ҷовидон кунад  ,  кадом маъбуд ғайр аз Худост  ,  ки шабе барои шумо оварад  ,  то дар он оромиш ёбед ?  Оё намебинед ? !» .

73  Аз раҳмати Ўст  ,  ки барои шумо шабу рўз қарор дод  ,  то ҳам дар он оромиш дошта бошед ва ҳам барои баҳрагирӣ аз фазли Худо талош кунед ва шояд шукри неъмати Ўро ба ҷо оваред .

74  (Ба хотир оваред) рўзеро  ,  ки онҳоро нидо медиҳад ва мегўяд : «Куҷоянд ҳамтоёне  ,  ки барои Ман мепиндоштед ? !» .

75  (Дар он рўз) аз ҳар уммате гувоҳе бармегузинем ва (ба мушрикон) мегўем : «Далели худро биёваред!»  .  Аммо онҳо намедонанд  ,  ки ҳақ аз они Худост ва тамоми он чиро тўҳмат мезаданд  ,  аз (назари) онҳо гум хоҳад шуд .

76  Қорун аз қавми Мўсо буд  ,  аммо бар онон ситам кард  .  Мо он қадар аз ганҷҳо ба ў дода будем  ,  ки ҳамли калидҳои он барои як гурўҳи зўрманд мушкил буд! (Ба хотир оваред) ҳангомеро  ,  ки қавмаш ба ў гуфтанд : «Ин ҳама шодии мағрурона макун  ,  ки Худованд шодикунандагони мағрурро дўст намедорад .

77  Ва дар он чӣ Худо ба ту додааст  ,  сарои охиратро биталаб ва баҳраатро аз дунё фаромўш макун ва ҳамон гуна  ,  ки Худо ба ту некӣ кардааст  ,  некӣ кун ва ҳаргиз дар замин дар ҷустуҷўи фасод мабош  ,  ки Худо муфсидонро дўст надорад» .

back

index

next