back index  

38;д (низ барои онҳо нишонае аст), ки пайваста ба сўи қароргоҳаш дар ҳаракат аст. Ин тақдири Худованди Қодир ва Доност.

39 Ва барои моҳ манзилгоҳҳое қарор додем (ва ҳангоме, ки ин манозилро гузаронд), саранҷом ба сурати «шохаи кўҳнаи ба шакли қавсӣ ва зардии ранги хурмо» дар меояд.

40 На хуршедро сазост, ки ба моҳ расад ва на шаб бар рўз пешӣ мегирад ва ҳар кадом дар роҳи худ шиноваранд.

41 Нишонаи (дигаре аз азамати Парвардигор) барои онон ин аст, ки мо фарзандонашонро дар киштиҳое пур (аз василаҳо ва борҳо) ҳамл кардем.

42 Ва барои онҳо маркабҳои дигаре монанди он офаридем.

43 Ва агар бихоҳем онҳоро ғарқ мекунем ба тавре, ки на фарёдрасе дошта бошанд ва на наҷот дода шаванд.

44 Магар ин ки раҳмати мо шомили ҳоли онон шавад ва то замон муайяне аз ин зиндагӣ баҳра гиранд.

45 Ва ҳар гоҳ ба онҳо гуфта шавад: «Аз он чӣ пеши рў ва пушти сари шумост (аз азобҳои илоҳӣ) битарсед, то машмули раҳмати илоҳӣ шавед». (Эътибор намедиҳанд).

46 Ва ҳеҷ ояте аз оятҳои Парвардигорашон барои онҳо намеояд, магар ин ки аз он рўйгардон мешаванд.

47 Ва аҳнгоме, ки ба онон гуфтан шавад: «Аз он чӣ Худо ба шумо рўзӣ карда, инфоқ кунед», кофирон ба мўъминон мегўянд: «Оё мо касеро итъом кунем, ки агар Худо мехост ўро итъом мекард?! (Пас Худо хостааст ў гурусна бошад), шумо фақат дар гумроҳии ошкоред».

48 Онҳо мегўянд: «Агар рост мегўед, ин ваъда (-и қиёмат) кай хоҳад буд?!».

49 (Аммо) ҷуз ин интизор намекашанд, ки як сайҳаи бузург (-и осмонӣ) онҳоро фаро гирад, дар ҳоле, ки машғули ҷидол (дар умури дунё) ҳастанд.

50 (Чунон ғофилгир мешаванд, ки ҳатто) наметавонанд васияте кунанд ё ба сўи хонаводаи худ бозгарданд.

51 (Бори дигар) дар «сур» дамида мешавад, ногаҳон онҳо аз қабрҳо, шитобон ба сўи (додгоҳи) Парвардигорашон мераванд.

52 Мегўянд: «Эй вой бар мо! Чӣ касе моро аз хобгоҳамон барангехт?! (Оре), ин ҳамон аст, ки Худованди Раҳмон ваъда дода ва фиристодагон (-и Ў) рост гуфтанд».

53 Танҳо як сайҳа беш нест, (фарёди азиме бармехезад), ногаҳон ҳамагӣ назди мо ҳозир карда мешаванд.

54 (Ва ба онҳо гуфта мешавад:) Имрўз ба ҳеҷ кас заррае ситам намешавад ва ҷуз он чиро амал мекардед, ҷазо дода намешавед.

55 Биҳиштиён, имрўз ба неъматҳои Худо машғул ва масруранд.

56 Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳо (-и қасрҳо ва дарахтони биҳиштӣ) бар тахтҳо такя задаанд.

57 Барои онҳо дар биҳишт меваи бисёр лаззатбахше аст ва ҳар чӣ бихоҳанд дар ихтиёри онон хоҳад буд.

58 Бар онҳо салом (ва дуруди илоҳӣ) аст, ин сухане аст аз сўи Парвардигори Меҳрубоне.

59 (Ва ба онҳо мегўянд:) Ҷудо шавед имрўз эй гунаҳкорон!

60 Оё бо шумо аҳд накардам, эй фарзандони Одам, ки шайтонро напарастед, ки ў барои шумо душмани ошкоре аст?!

61 Ва ин ки маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст?!

62 Ў гурўҳи зиёде аз шуморо гумроҳ кард, оё андеша накардед?!

63 Ин ҳамон дўзахе аст, ки ба шумо ваъда дода мешуд.

64 Имрўз дохили он шавед ва ба хотири куфре, ки доштед, ба оташи он бисўзед!

65 Имрўз бар даҳонашон мўҳр мениҳем ва дастҳояшон бо мо сухан мегўянд ва поҳояшон корҳоеро, ки анҷом медоданд, шаҳодат медиҳанд.

66 Ва агар бихоҳем чашмонашонро маҳв мекунем, сипас барои гузар аз роҳ, мехоҳанд бар якдигар пешӣ бигиранд, аммо чӣ гуна метавонанд бибинанд?!

67 Ва агар бихоҳем онҳоро дар ҷои худ масх мекунем (ва ба муҷассамаҳои берўҳе мубаддал месозем), то натавонанд роҳи худро идома диҳанд ё ба ақиб баргарданд.

68 Ҳар касро умри дароз диҳем, дар офариниш вожагунааш мекунем (ва ба нотавонии кўдакӣ бозмегардонем). Оё андеша намекунанд?!

69 Мо ҳаргиз шеър ба ў (Пайғамбар) наомўхтем. Ва шоистаи ў нест (шоир бошад). Ин (китоби осмонӣ) фақат Зикр ва Қуръони Мубин аст.

70 То ашхосеро, ки зиндаанд бим диҳад (ва бар кофирон итмоми ҳуҷҷат шавад) ва фармони азоб бар онон ҳатмӣ гардад.

71 Оё надиданд, ки аз он чӣ бо қудрати худ ба амал овардаем, чаҳорпоёне барои онон офаридем, ки онон молики он ҳастанд?!

72 Ва онҳоро роми эшон сохтем, ҳам маркаби онон аз он аст ва ҳам аз он тағзия мекунанд.

73 Ва барои онон баҳраҳои дигаре дар он (ҳайвонот) аст ва нўшиданиҳои гуворое. Оё бо ин ҳол шукргузорӣ намекунанд?!

74 Онон ғайр аз Худо маъбудоне барои худ баргузиданд ба ин умед, ки ёрӣ шаванд.

75 Вале онҳо қодир ба ёрии эшон нестанд ва ин (ибодаткунандагон дар қиёмат), лашкаре барои онҳо хоҳанд буд, ки дар оташи дўзах ҳозир карда мешаванд.

76 Пас суханонашон туро ғамгин насозад, мо он чиро пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд, медонем.

77 Оё инсон намедонад, ки мо ўро аз нутфаи беарзише офаридем?! Ва ў (чунон соҳиби қудрат ва шуур ва нутқ шуд, ки) ба душмании ошкор (бо мо) бархост.

78 Ва барои мо мисоле зад ва офариниши худро фаромўш кард ва гуфт: «Чӣ касе ин устухонҳоро зинда мекунад, дар ҳоле, ки пўсидааст?!».

79 Бигў: «Ҳамон касе онро зинда мекунад, ки нахустин бор онро офарид ва Ў ба ҳар махлуқе Доност.

80 Ҳамон касе, ки барои шумо аз дарахти сабз, оташ офарид ва шумо ба василаи он, оташ меафрўзед».

81 Оё касе, ки осмонҳо ва заминро офарид, наметавонад монанди онон (инсонҳои хокшуда)-ро офарад?! Оре, (метавонад). Ва Ў Офаридгори Доност.

82 Фармони Ў чунин аст, ки ҳар гоҳ чизеро ирода кунад, танҳо ба он мегўяд: «Мавҷуд бош!», он низ бедаранг мавҷуд мешавад.

83 Пас муназзаҳ аст Худованде, ки моликият ва ҳокимияти ҳама чиз дар дасти Ўст ва шуморо ба сўи Ў бозмегардонанд.

back index