Сураи Раъд
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 43 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1
Алиф, Лом, Мим, Ро. Инҳо оятҳои китоб (-и осмонӣ) аст. Ва он чӣ аз тарафи
Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд.
2
Худо ҳамон касе аст, ки осмонҳоро, бесутунҳое, ки барои шумо диданӣ бошад,
барафрошт, сипас бар арш истело ёфт (ва зимоми тадбири ҷаҳонро дар кафи қудрат
гирифт). Ва худршеду моҳро мусаххар сохт, ки ҳар кадом то замони муайяне ҳаракат
доранд. Корҳоро Ў тидбир мекунад, оятҳоро (барои шумо) шарҳ менамояд, шояд ба
лиқои Парвардигоратон яқин пайдо кунед.
3
Ва Ў касе аст, ки заминро густаронд ва дар он кўҳҳо ва наҳрҳое қарор дод ва дар
он аз тамоми меваҳо як ҷуфт офарид. (Пардаи сиёҳи) шабро бар рўз мепўшонад, дар
инҳо оятҳое аст барои гурўҳе, ки тафаккур мекунанд.
4
Ва дар рўи замин, қитъаҳое дар канори ҳам қарор дод, ки бо ҳам фарқ доранд. Ва
(низ) боғҳое аз ангур ва зироату нахлҳо (ва дарахтони меваи гуногун), ки гоҳ бар
як поя мерўянд ва гоҳ бар ду поя. (Ва ҳайратовартар он ки) ҳамаи онҳо аз як об
сероб мешаванд! Ва бо ин ҳол баъзе аз онҳоро аз ҷиҳати мева, бар дигарӣ бартарӣ
медиҳем, дар инҳо нишонаҳое аст барои гурўҳе, ки ақли худро ба кор мегиранд.
5
Ва агар (аз чизе) тааҷҷуб мекунӣ, аҷиб гуфтори онҳост, ки мегўянд: «Оё ҳангоме,
ки мо хок шудем, (бори дигар зинда мешавем ва) ба хилқати нав бозмегардем?!».
Онҳо касоне ҳастанд, ки ба Парвардигорашон кофир шудаанд ва онҳо ғул ва занҷирҳо
дар гарданашон аст ва онҳо аҳли дўзаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.
6
Онҳо пеш аз ҳасана (ва раҳмат) аз ту дархости шитоб дар сайиа (ва азоб)
мекунанд, бо ин ки пеш аз онҳо балоҳои ибратангез нозил шудааст. Ва Парвардигори
ту нисбат ба мардум – бо ин ки зулм мекунанд – дорои мағфират аст. Ва (дар айни
ҳол), Парвардигорат дорои азоби шадид аст!
7
Касоне, ки кофир шуданд, мегўянд: «Чаро оят (ва мўъҷизае) аз Парвардиграш бар ў
нозил нашудааст?!». Ту фақат бимдиҳандаӣ! Ва барои ҳар гурўҳе ҳидояткунандае аст
(ва инҳо ҳама баҳона аст, на барои ҷустуҷўи ҳақиқат).
8
Худо аз ҷанинҳое, ки ҳар (инсон ё ҳайвони) модае ҳамл мекунад, огоҳ аст ва низ
аз он чӣ раҳимҳо кам мекунанд (ва пеш аз вақти муқаррар мезоянд) ва ҳам аз он чӣ
афзун мекунанд (ва баъд аз вақти муқаррар мезоянд). Ва ҳар чиз назди Ў миқдори
муайяне дорад.
9
Ў аз ғайбу шуҳуд огоҳ ва Бузургу Мутаолӣ аст.
10 Барои Ў яксон
аст касоне аз шумо, ки пинҳонӣ сухан бигўянд ё онро ошкор созанд. Ва касоне, ки
шабонгоҳ пинҳонӣ ҳаракат мекунанд, ё дар равшаноии рўз.
11 Барои инсон
маъмуроне аст, ки пай дар пай аз пеши рў ва аз пушти сараш ўро аз фармони Худо
(ҳодисаҳои ғайри ҳатмӣ) ҳифз мекунанд. (Аммо) Худованд сарнавишти ҳеҷ қав (ва
миллате)-ро тағйир намедиҳад, магар он ки онон он чиро дар худашон аст, тағйир
диҳанд. Ва ҳангоме, ки Худо иродаи баде ба қавме (ба хотири аъмолашон) кунад,
ҳеҷ чиз монеи он нахоҳад шуд. Ва ҷуз Худо сарпарасте нахоҳанд дошт.
12 Ў касе аст, ки
барқро ба шумо нишон медиҳад, ки ҳам сабаби тарс ва ҳам сабаби умед. Ва абрҳи
сангинбор эҷод мекунад.
13 Ва раъд,
тасбеҳу ҳамди Ў мегўяд. Ва (низ) фариштагон аз тарси Ў! Ва соиқаҳоро мефиристад
ва ҳар касро бихоҳад гирифтори он мекунад, (дар ҳоле, ки онҳо бо мушоҳидаи ин
ҳама нишонаҳои илоҳӣ, боз ҳам) дар бораи Худо ба муҷодила машғуланд. Ва Ў
қудрати бениҳояте (ва муҷозоти дардноке) дорад!
14 Даъвати ҳақ аз
они Ўст. Ва касонеро, ки (мушрикон) ғайр аз Худо мехонанд, (ҳаргиз) ба даъвати
онҳо ҷавоб намегўянд. Онҳо ҳамчун касе ҳастанд, ки кафҳои (дасти) худро ба сўи
об мекушояд, то об ба даҳонашон бирасад. Ва ҳаргиз нахоҳанд расид. Ва дуои
кофирон, ҷуз дар залол (ва гумроҳӣ) нест.
15 Тамоми касоне,
ки дар осмонҳову змин ҳастанд – аз рўи итоат ё икроҳ – ва ҳамчунин сояҳояшон,
ҳар субҳу аср барои Худо саҷда мекунанд.
16 Бигў: «Чӣ касе
парвардигори осмонҳо ва замин аст?». Бигў: «Аллоҳ!». (Сипас) бигў: «Оё авлиё (ва
худоёне) ғайр аз Ў барои худ баргузидаед, ки (ҳатто) молики суду зиёни худ
нестанд, (то чӣ расад ба шумо?!)». Бигў: «Оё нобино ва бино яксонанд?! Ё
зулматҳо ва нур баробаранд?! Оё онҳо ҳамтоёне барои Худо қарор доданд, ба хотири
ин ки онон монанди Худо офаринише доштанд ва ин офринишҳо бар онҳо муштабаҳ
шудааст?!». Бигў: «Худо холиқи ҳамаи чиз аст ва Ўст Якто ва Пирўз».
17 (Худованд) аз
осмон обе фиристод ва аз ҳар дарра ва рудхонае ба андоза онҳо селобе ҷорӣ шуд,
сипас сел бар рўи худ кафе ҳамл кард ва аз он чӣ (дар кураҳо) барои ба даст
овардани зинатолот ё васоили зиндагӣ, оташ рўи он равшан мекунанд низ, кафҳое
монанди он ба вуҷуд меояд – Худованд, ҳаққу ботилро чунин масал мезанд! – Аммо
кафҳо ба берун партоб мешаванд, вале он чӣ ба мардум суд мерасонад, (об ё филези
холис) дар замин мемонад, Худованд ин чунин мисол мезанад.
18 Барои онҳо, ки
даъвати Парвардигорашонро иҷобат карданд, подоши некў аст ва касоне, ки даъвати
Ўро иҷобат накарданд, (он чунон дар ваҳшати азоби илоҳӣ фурў мераванд, ки) агар
тамоми он чӣ рўи замин аст ва монанадаш, аз они онҳо бошад, ҳамаро барои раҳоӣ
аз азоб медиҳанд, (вале аз онҳо пазируфта нхоҳад шуд). Барои онҳо ҳисоби баде
аст ва ҷойгоҳашон ҷаҳаннам. Ва чӣ ҷойгоҳи баде аст!
19 Оё касе, ки
медонад он чӣ аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст, монанди касе
аст, ки нобиност?! Танҳо соҳибони андеша мутазаккир мешаванд.
20 Ҳамонҳо, ки ба
аҳди илоҳӣ вафо мекунанд ва паймонро намешикананд.
21 Ва онҳо, ки
пайвандҳоеро, ки Худо дастур ба барқарории он додааст, барқарор медоранд ва аз
Парвардигорашон метарсанд ва аз бадии ҳисоб (-и рўзи қиёмат) хавф доранд.
22 Ва онҳо, ки ба
хотири зоти (поки) Парвардигорашон шакебоӣ мекунанд ва намозро барпо медоранд ва
аз он чӣ ба онҳо рўзӣ додаем, дар пинҳону ошкор бахшиш мекунанд ва бо ҳасанот,
сайиотро аз миён мебаранд, поёни неки сарои дигар аз они онст.
23 (Ҳамон) боғҳои
ҷовидони биҳиштӣ, ки дохили он мешаванд. Ва ҳамчунин падарон ва ҳамсарон ва
фарзандони солеҳи онҳо. Ва фариштагон аз ҳар даре бар онон дохил мегарданд.
24 (Ва ба онон
мегўянд:) Салом бар шумо, ба хотири сабру истиқомататон. Чӣ некўст саранҷоми он
саро (-и ҷовидон!).
25 Онҳо, ки аҳди
илоҳиро пас аз маҳкам кардан мешикананд ва пайвандҳоеро, ки Худо дастур ба
барқарории он додааст, қатъ мекунанд ва дар рўи замин фасод менамоянд, лаънат
барои онҳост ва бадӣ (ва муҷозоти) сарои охират!
26 Худо рўзиро
барои ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бидонад), васеъ, барои ҳар кас бихоҳад (ва
маслиҳат бидонад), танг қарор медиҳад, вале онҳо (кофирон) ба зиндагии дунё шод
(ва хушҳол) шуданд, дар ҳоле, ки зиндагии дунё дар баробари охират, матои ночизе
аст.
27 Касоне, ки
кофир шуданд, мегўянд: «Чаро оят (ва мўъҷизае) аз Парвардигораш бар ў нозил
нашудааст?!». Бигў: «Худованд ҳар касро бихоҳад гумроҳ ва ҳар касро, ки
бозгардад, ба сўи худаш ҳидят мекунад. (Камбудӣ дар мўъҷизаҳо нест, саркашии
онҳо монеъ аст)».
28 Онҳо касоне
ҳастанд, ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо мутмаин (ва ором) аст. Огоҳ
бошед, танҳо бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад.
29 Онҳо, ки имон
оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, покизатарин (зиндагӣ) насибашон аст ва
беҳтарин саранҷомҳо.
30 Ҳамон гуна,
(ки пайғамбарони пешинро барангехтем), туро ба миёни уммате фиристодем, ки пеш
аз онҳо умматҳои дигаре омаданд ва рафтанд, то он чиро ба ту ваҳй намудаем, бар
онон бихонӣ, дар ҳоле, ки ба Раҳмон (Худованде, ки раҳматаш ҳамагонро фаро
гирифтааст), куфр меварзанд, бигў: «Ў Парвардигори ман аст, маъбуде ҷуз Ў нест,
бар Ў таваккул кардам ва бозгаштам ба сўи Ўст».
31 Агар ба
василаи Қуръон, кўҳҳо ба ҳаракат дароянд ё заминҳо қитъа-қитъа шаванд ё ба
василаи он бо мурдагон сухан гуфта шавад, (боз ҳам имон нахоҳанд овард). Вале
ҳамаи корҳо дар ихтиёри Худост. Оё онҳо, ки имон овардаанд, намедонанд, ки агар
Худо бихоҳад, ҳамаи мардумро (маҷбурӣ) ҳидоят мекунад?! (Аммо ҳидояти маҷбурӣ
суде надорад). Ва пайваста балаҳои кўбандае бар кофирон, ба хотири аъмолашон
ворид мешавад ва ё ба наздикии хонаи онҳо фуруд меояд, то ваъдаи (ниҳоии) Худо
фаро расад. Ба яқин, Худованд дар ваъдаи худ тахаллуф намекунад.
32 (Танҳо туро
истеҳзо накарданд), пайғамбарони пеш аз туро низ мавриди истеҳзо қарор доданд.
Ман ба кофион мўҳлат додам, сипас онҳоро гирифтам, дидӣ муҷозоти ман чӣ гуна
буд?!
33 Оё касе, ки
болои сари ҳама истода (ва ҳофизу нигаҳбон ва муроқиби ҳама аст) ва аъмоли
ҳамаро мебинад, (ҳамчун касе аст, ки ҳеҷ як аз ин сифатҳоро надорад?!). Онон
барои Худо ҳамтоёне қарор доданд. Бигў: «Онҳоро ном бибаред! Оё чизеро ба Ў
хабар медиҳед, ки аз вуҷуди он дар рўи замин бехабар аст, ё суханони зоҳирӣ (ва
пуч) мегўед?!». (На, шарике барои Худо вуҷуд надорад), балки дар назари кофирон
дурўғҳояшон зинат дода шудааст (ва бар асари нопокии дарун, чунин мепиндоранд,
ки ҳақиқате дорад). Ва онҳо аз роҳ (-и Худо) боздошта шудаанд. Ва ҳар касро Худо
гумроҳ кунад, роҳнамое барои ў вуҷуд нахоҳад дошт.
34 Дар дунё барои
онҳо азоби (дардноке) аст ва азоби охират сахттар аст. Ва дар баробари (азоби)
Худо, ҳеҷ кас наметавонад онҳоро нигаҳ дорад.
35 Сифатҳои
биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст, (ин аст, ки) наҳрҳои об аз зери
дарахтонаш ҷорӣ аст, меваи он ҳамешагӣ ва сояаш доимӣ аст. Ин саранҷоми касоне
аст, ки парҳезгорӣ пеш карданд ва саранҷоми кофирон оташ аст.
36 Касоне, ки
китоби осмонӣ ба онон додаем, аз он чӣ бар ту нозил шудааст, хушҳоланд. Ва баъзе
аз аҳзоб (ва гурўҳҳо) қисмате аз онро инкор мекунанд, бигў: «Ман маъмурам, ки
«Аллоҳ»-ро бипарастам ва шарике барои Ў қоил нашавам. Ба сўи Ў даъват мекунам ва
бозгашти ман ба сўи Ўст».
37 Ҳамон гуна,
(ки ба пайғамбарони пешин китоби осмонӣ додем), бар ту низ ин (Қуръон)-ро ба
унвони фармони равшан ва сареҳе нозил кардем. Ва агар аз ҳавасҳои онон – баъд аз
он ки огоҳӣ барои ту омадааст - пайравӣ кунӣ, ҳеҷ кас дар баробари Худо аз ту
ҳимоят ва пешгирӣ нахоҳад кард.
38 Мо пеш аз ту
(низ), расулоне фиристодем ва барои онҳо ҳамсарону фарзандоне қарор додем ва ҳеҷ
расуле наметавонист (аз пеши худ), мўъҷизае биёварад, магар ба фармони Худо. Ҳар
замоне навиштае дорад (ва барои ҳар коре мавъиди муқарраре аст).
39 Худованд ҳар
чиро бихоҳад маҳв ва ҳар чиро бихоҳад исбот мекунад. Ва «Уммул-китоб» (лавҳи
маҳфуз) назди Ўст.
40 Ва агар порае
аз муҷозотҳоро, ки ба онҳо ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем ё (пеш аз фаро
расидани ин муҷозотҳо) туро бимиронем, дар ҳар ҳол, ту фақат маъмури иблоғ ҳастӣ
ва ҳисоб (-и онҳо) бар мост.
41 Оё надиданд,
ки мо пайваста ба суроғи замин меоем ва аз атроф (ва ҷавониби) он кам мекунем?!
(Ва ҷомеаҳо, тамаддунҳо ва донишмандон тадриҷан аз миён мераванд). Ва Худованд
ҳукм мекунад ва ҳеҷ касро тавоноии пешгирӣ ё радди аҳкоми Ў нест ва Ў
сареъул-ҳистоб аст.
42 Пеш аз онон
низ касоне тарҳҳо ванақшаҳо кашиданд, вале тамоми тарҳҳо ва нақшаҳо аз они
Худост. Ў аз кори ҳар кас огоҳ аст ва ба зудӣ кофирон медонанд, саранҷоми (неку
бад) дар сарои дигар аз они кист!
43 Онҳо, ки кофир
шуданд, мегўянд: «Ту пайғамбар нестӣ!». Бигў: «Кифоят мекунад, ки Худованд ва
касе, ки илми китоб (ва огоҳии бар Қуръон) назди ўст, миёни ман ва шумо гувоҳ
бошанд».
Сураи
Иброҳим
Ин сура 52 оят дорад ва ба истиснои оятҳои 28 ва 29 дар Макка нозил
шудааст.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1
Алиф, Лом, Ро. (Ин ) китобе аст, ки бар ту нозил кардем, то мардумро аз торикиҳо
(-и ширку зулму ҷаҳл), ба сўи равшаноӣ (-и имону адлу огоҳӣ), ба фармони
Парвардигорашон дароварӣ. Ба сўи роҳи Худованди Тавоно ва Сутуда.
2
Ҳамон Худое, ки он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Ўст. Вой бар
кофирон аз муҷозоти шадид (-и илоҳӣ!).
3
Ҳамонҳ, ки зиндагии дунёро бар охрат тарҷеҳ медиҳанд ва (мардумро) аз роҳи Худо
бозмедоранд ва мехоҳанд роҳи ҳақро каҷ намоянд, онҳо дар гумроҳии дуре ҳастанд.
4
Мо ҳеҷ пайғамбареро, ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем, то (ҳақоиқро) барои онҳо
ошкор созад, сипас Худо ҳар касро бихоҳад (ва мустаҳиқ бидонад), гумроҳ ва ҳар
касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), ҳидоят мекунад. Ва Ў Тавоно ва Ҳаким аст.
5
Мо Мўсоро бо оятҳои худ фиристодем. (Ва дастур додем:) Қавматро аз торикиҳо ба
нур берун ор! Ва «Айёмуллоҳ»-ро ба онон ёдоварӣ кун. Дар ин, нишонаҳое аст барои
ҳар сабркунандаи шукргузор.
6
Ва (ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Мўсо ба қавмаш гуфт: «Неъмати Худоро бар худ
ба ёд дошта бошед, замоне, ки шуморо аз (чанголи) Оли Фиръавн раҳоӣ бахшид.
Ҳамонҳо, ки шуморо ба бадтарин ваҷҳе азоб мекарданд, писаронатонро сар
мебуриданд ва занонатонро (барои хидматкорӣ) зинда мегузоштанд. Ва дар ин,
имтиҳони бузурге аз тарафи Парвардигоратон барои шумо буд!».
7
Ва (ҳамчунин ба хотир биёваред) ҳангомеро, ки Парвардигоратон эълом дошт: «Агар
шукргузорӣ кунед, (неъмати худро) бар шумо хоҳам афзуд ва агар носипосӣ кунед,
муҷозотам шадид аст!».
8
Ва Мўсо (ба Банӣ Исроил) гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рўи замин кофир
шавед, (ба Худо зиёне намерасад, чаро, ки) Худованд, бениёз ва Сутуда аст».
9
Оё хабари касоне, ки пеш аз шумо буданд, ба шумо нарасидааст?! «Қавми Нўҳ» ва
«Од» ва «Самуд» ва онҳо, ки пас аз эшон буданд, ҳамонҳо, ки ҷуз Худованд аз онон
огоҳ нест. Пайғамбаронашон далелҳои равшан барои оно оварданд, вале онҳо (аз рўи
ҳайрат ва тамасхур) даст бар даҳон гирифтанд ва гуфтанд: «Мо ба он чӣ шумо ба он
фиристода шудаед, кофирем ва нибат ба он чӣ моро ба сўи он мехонед, шакку тардид
дорем».
10 Расулони онҳо
гуфтанд: «Оё дар Худо шак аст?! Худое, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, Ў
шуморо даъват мекунад то бахше аз гуноҳонатонро бибахшад ва то мавъиди муқарраре
шуморо боқӣ гузорад». Онҳо гуфтанд: «(Мо инҳоро намефаҳмем! Ҳамин андоза
медонем, ки) шумо инсонҳое монанди мо ҳастед, мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон
мепарастиданд, боздоред. Шумо далел ва мўъҷизаи равшане барои мо биёваред».
11
Пайғамбаронашон ба онҳо гуфтанд: «Дуруст аст, ки мо инсонҳое монанди шумо
ҳастем, вале Худованд бар ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад (ва шоиста бидонад),
неъмат мебахшад (ва мақоми рисолат ато мекунад). Ва мо ҳаргиз наметавонем
мўъҷизае ҷуз ба фармони Худо биёварем. (Ва аз таҳдидҳои шумо намеҳаросем).
Ашхоси боимон бояд танҳо бар Худо таваккул кунанд.
12 Ва чаро бар
Худо таваккул накунем, бо ин ки моро ба роҳҳои (саодат) раҳбарӣ кардааст?! Ва мо
ба таври ҳатмӣ дар баробари озорҳои шумо сабр хоҳем кард (ва даст аз рисолати
худ барнамедорем). Ва таваккулкунандагон, бояд фақат бар Худо таваккул кунанд».
13 (Вале) кофирон
ба пайғамбарони худ гуфтанд: «Мо ҳатман шуморо аз сарзамини худ берун хоҳем
кард, магар ин ки ба оини мо бозгардед». Дар ин ҳол, Парвардигорашон ба онҳо
ваҳй фиристод, ки: «Мо золимонро ҳалок мекунем.
14 Ва шуморо баъд
аз онон дар замин сукут хоҳем дод, ин (муваффақият), барои касе аст, ки аз
мақоми (адолати) ман битарсад ва аз азоби (ман) хафнок бошад».
15 Ва онҳо (аз
Худо) дархости фатҳу пирўзӣ (бар кофирон) карданд ва (саранҷом) ҳар гарданкаши
мунҳарифе ноумед ва нобуд шуд.
16 Дар пайи ў
ҷаҳаннам хоҳад буд ва аз оби бадбўи мутааффине нўшонда мешавад.
17 Ба заҳмат
ҷруъа-ҷуръаи онро сар мекашад ва ҳаргиз ҳозир нест ба майли худ онро биёшомад.
Ва марг аз ҳар ҷо ба суроғи ў меояд, вале бо ин ҳама намемирад ва дар пайи он
азоби шадиде аст!
18 Аъмоли касоне,
ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, ҳамчун хокистаре аст дар баробари боди тунд,
дар як рўзи тўфонӣ. Онҳо тавоноӣ надоранд, камтарин чизе аз он чиро анҷом
додаанд, ба даст оваранд. Ва ин ҳамон гумроҳии дуру дароз аст.
19 Оё надидӣ
Худованд, осмонҳо ва заминро ба ҳақ офаридааст?! Агар бихоҳад шуморо мебарад ва
халқи наве меоварад.
20 Ва ин кор
барои Худо мушкил нест.
21 Ва (дар
қиёмат) ҳамаи онҳо дар баробари Худо зоҳир мешаванд. Дар ин ҳангом заифон
(пайравони нодон) ба мустакбирон (ва раҳбарони гумроҳ) мегўянд: «Мо пайравони
шумо будем. Оё (акнун, ки ба хотири пайравӣ аз шумо гирифтори муҷозоти илоҳӣ
шудаем), шумо ҳозир ҳастед, саҳме аз азоби илоҳиро бипазиред ва аз мо
бардоред?». Онҳо мегўянд: «Агар Худоморо ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят
мекардем, (вале кор аз инҳо гузаштааст), чӣ бетобӣ кунем ва чӣ шакебоӣ, фарқе
барои мо надорад, роҳи гурезе барои мо нест».
22 Ва шайтон,
ҳангоме, ки кор тамом мешавад, мегўяд: «Худованд ба шумо ваъдаи ҳақ дод ва ман
ба шумо ваъдаи (ботил) додам ва тахаллуф кардам. Ман бар шумо тасаллуте
надоштам, ҷуз ин ки даъвататон кардам ва шумо даъвати маро пазируфтед, бинобар
ин, маро сарзаниш накунед, худро сарзаниш кунед. На ман фарёдраси шумо ҳастам ва
на шумо фарёдраси ман. Ман нисбат ба ширки шумо дар бораи худ, ки аз пеш доштед
(ва итоати маро ҳамрадифи итоати Худо қарор додед), безор ва кофирам!». Ҳатман
ситамкорон азоби дардноке доранд!
23 Ва касонеро,
ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом доданд, ба боғҳои биҳишт дохил мекунанд,
боғҳое, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ба изни Парвардигорашон, ҷовидона
дар он мемонанд ва таҳияти онҳо дар он «Салом» аст.
24 Оё надидӣ чӣ
гуна Худованд «калимаи тайиба» (ва гуфтори покиза)-ро ба дарахти покизае ташбеҳ
карда, ки решаи он (дар замин) собит ва шохаи он дар осмон аст?!
25 Ҳар замон
меваи худро ба изни Парвардигораш медиҳад. Ва Худованд барои мардум масолҳое
мезанад, шояд мутазаккир шаванд (ва панд гиранд).
26 (Ҳамчунин)
«калимаи хабиса» (ва сухани олуда)-ро ба дарахти нопоке ташбеҳ карда, ки аз рўи
замин барканда шуда ва қарору суботе надорад.
27 Худованд
касонеро, ки имон оварданд, ба хотири гуфтор ва эътиқоди собиташон, устувор
медорад, ҳам дар ин ҷаҳон ва ҳам дар сарои дигар. Ва ситамгаронро гумроҳ месозад
(ва лутфи худро аз онҳо бармегирад). Худованд ҳар корро бихоҳад (ва маслиҳат
бидонад), анҷом медиҳад.
28 Оё надидӣ
касонеро, ки неъмати Худоро ба куфрон табдил карданд ва қавми худро ба сарои
нестиву нобудӣ кашонданд?!
29 (Сарои нестиву
нобудӣ, ҳамон) ҷаҳаннам аст, ки онҳо дар оташи он дохил мешаванд, ва қароргоҳи
баде аст!
30 Онҳо барои
Худо ҳамтоёне қарор додаанд, то (мардумро) аз роҳи Ў (каҷ ва) гумроҳ созанд,
бигў: «(Чанд рўзе аз зиндагии дунё ва лаззати он) баҳра гиред, аммо оқибати кори
шумо ба сўи оташ (-и дўзах) аст!».
31 Ба бандагони
ман, ки имон овардаанд, бигў намозро барпо доранд ва аз он чӣ ба онҳо рўзӣ
додаем, пинҳону ошкор бахшиш кунанд, пеш аз он ки рўзе фаро расад, ки на дар он
хариду фурўше аст ва на дўстӣ. (На бо мол метавонанд аз кайфари Худо раҳоӣ ёбанд
ва на бо пайвандҳои моддӣ).
32 Худованд ҳамон
касе аст, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе нозил кард ва бо он
меваҳо (-и гуногун)-ро барои рўзии шумо (аз замин) берун овард. Ва киштиҳоро
мусаххари шумо гардонид, то бар саҳифаи дарё ба фармони Ў ҳаракат кунанд. Ва
наҳрҳоро (низ) мусаххари шумо намуд.
33 Ва хуршеду
моҳро – ки бо барномаи муназзаме дар кор ҳастанд – ба тасхири шумо даровард ва
шабу рўзро (низ) мусаххари шумо сохт.
34 Ва аз ҳар
чизе, ки аз Ў хостед, ба шумо дод. Ва агар неъматҳои Худоро бишуморед, ҳаргиз
онҳоро шумориш натавонед кард. Инсон ситамгар ва носипос аст.
35 (Ба ёд оваред)
замонеро, ки Иброҳим гуфт: «Парвардигоро! Ин шаҳр (-и Макка)-ро шаҳри амне қарор
деҳ. Ва ман ва фарзандонамро аз парастиши бутҳо дур нигоҳ дор.
36 Парвардигоро!
Онҳо (бутҳо) бисёре аз мардумро гумроҳ сохтанд. Ҳар кас аз ман пайравӣ кунад, аз
ман аст ва ҳар кас нофармонии ман кунад, ту Бахшанда ва Меҳрубонӣ.
37 Парвардигоро!
Ман баъзе аз фарзандонамро дар сарзамини бе обу алафе, дар канори хонае, ки
ҳарами Туст, сокин кардам, то намозро барпо доранд. Ту дилҳои гурўҳе аз мардумро
мутаваҷҷеҳи онҳо соз ва аз самараҳо ба онҳо рўзӣ деҳ, шояд онон шукри Туро ба ҷо
оваранд.
38 Парвардигоро!
Ту медонӣ он чиро мо пинҳон ва ё ошкор мекунем. Ва чизе дар замину осмон бар
Худо пинҳон нест.
39 Ҳамд Худоеро,
ки дар пирӣ, Исмоил ва Исҳоқро ба ман бахшид. Ҳатман Парвардигори ман шунавандаи
(ва иҷобаткунандаи) дуост.
40 Парвардигоро!
Маро барпокунандаи намоз қарор деҳ ва аз фарзандонам (низ чунин намо).
Парвардигоро! Дуои маро бипазир.
41 Парвардигоро!
Ман ва падару модарам ва ҳамаи мўъминонро дар он рўз, ки ҳисоб барпо мешавад,
биёмурз!».
42 Гумон мабар,
ки Худо, аз он чӣ золимон анҷом медиҳанд, ғофил аст! (На, балки кайфари) онҳоро
барои рўзе таъхир андохтааст, ки чашмҳо дар он (ба хотири тарсу ваҳшат) аз
ҳаракат боз меистад.
43 Гарданҳоро
кашида, сарҳоро ба осмон баланд карда, ҳатто пилки чашмҳояшон аз ҳаракат
бозмемонад, (зеро ба ҳар тараф нигоҳ кунанд, асарҳои азоб ошкор аст). Ва (дар ин
ҳол) дилҳояшон (фурў мерезад ва аз андешаву умед) холӣ мегардад.
44 Ва мардумро аз
рўзе, ки азоби илоҳӣ ба суроғашон меояд, битарсон! Он рўз, ки золимон мегўянд:
«Парвардигоро! Муддати кўтоҳе моро мўҳлат деҳ, то даъвати Туро бипазирем ва аз
пайғамбарон пайравӣ кунем». (Аммо ҷавоб мешунаванд, ки:) Магар пеш қасам ёд
накарда будед, ки завол ва фаное барои шумо нест?!
45 (Оре, шумо
будед, ки) дар хонаҳо (ва кохҳои) касоне, ки ба худ ситам карданд, сокин шудед
ва барои шумо ошкор шуд, чӣ гуна бо онон рафтор кардем. Ва барои шумо масалҳо
(аз саргузашти пешиниён) задем, (боз ҳам бедор нашудед!).
46 Онҳо ниҳояти
макр (ва найранги) худро ба кор заданд ва ҳамаи макрҳо назди Худо ошкор аст, ҳар
чанд макрашон чунон бошад, ки кўҳҳоро аз ҷо барканад.
47 Пас гумон
мабар, ки Худо ваъдаеро, ки ба пайғамбаронаш додааст, тахаллуф кунад, чаро, ки
Худованд Қодир ва интиқомгирандааст.
48 Дар он рўз, ки
ин замин ба замини дигар ва осмонҳо (ба осмонҳои дигаре) мубаддал мешавад ва
онон дар пешгоҳи Худованди Воҳиди Қаҳҳор зоҳир мегарданд.
49 Ва дар он рўз,
муҷримонро бо ҳам дар ғул ва занҷир мебинӣ, (ки дастҳо ва гарданҳояшонро ба ҳам
бастааст).
50 Либосҳояшон аз
қатирон (моддаи часпандаи бадбўи қобили иштиол) аст. Ва чеҳраҳояшонро оташ
мепўшонад.
51 То Худованд
ҳар касро, ҳар он чӣ анҷом додааст, ҷазо диҳад. Ба яқин, Худованд сареул-ҳисоб
аст.
52 Ин (Қуръон)
паём (ва иблоғе) барои (умуми) мардум аст, то ҳама ба василаи он инзор шаванд ва
бидонанд, Ў Худо Яктост ва то соҳибони мағз (ва андеша) панд гиранд.
Сураи
Ҳиҷр
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 99 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1
Алиф, Лом, Ро. Ин оятҳои китоб ва Қуръони мубин аст.
2
Кофирон (ҳангоме, ки асарҳои шуми аъмоли худро бубинанд), чӣ басо орзу мекунанд,
ки эй кош мусулмон буданд!
3
Буугзор онҳо бихўранд ва баҳра гиранд ва орзуҳо онҳоро ғофил созад, вале ба зудӣ
хоҳанд фаҳмид!
4
Мо аҳли ҳеҷ шаҳру диёреро ҳалок накардем, магар ин ки аҷали муайян (ва замони
тағйирнопазире) доштанд.
5
Ҳеҷ гурўҳе аз аҷали худ пешӣ намегирад ва аз он ақиб нахоҳад афтод.
6
Ва гуфтанд: «Эй касе, ки «Зикр» (Қуръон) бар ў нозил шудааст, ҳатман ту девонаӣ!
7
Агар рост мегўӣ, чаро фариштагонро назди мо намеоварӣ, (ки азоб намоянд?!)».
8
(Аммо инҳо бояд бидонанд), мо фариштагонро, ҷуз ба ҳақ нозил намекунем. Ва ҳар
гоҳ нозил шаванд, дигар ба инҳо мўҳлат дода намешавад (ва дар сурати инкор, ба
азоби илоҳӣ нобуд мегарданд!).
9
Мо Қуръонро нозил кардем ва мо ба таври ҳатмӣ нигаҳдори он ҳастем.
10 Мо пеш аз ту
(низ) пайғамбароне дар миёни умматҳои нахустин фиристодем.
11 Ҳеҷ пайғамбаре
ба суроғи онҳо намеомад, магар ин ки ўро масхара мекарданд.
12 Мо ин чунин
(ва аз ҳар тариқи мумкин), Қуръонро ба даруни дилҳои муҷримон роҳ медиҳем.
13 (Аммо бо ин
ҳол), онҳо ба он имон намеоваранд, равиши қавмҳои пешин низ чунин буд.
14 Ва агар даре
аз осмон ба рўи онон бикушоем ва онҳо пайваста дар он боло раванд,
15 Боз мегўянд:
«Моро чашмбандӣ кардаанд, балки мо (сар то по) сеҳр шудаем!».
16 Мо дар онсмон
бурҷҳое қарор додем ва онро барои бинандагон оростем.
17 Ва онро аз ҳар
шайтони рондашудае ҳифз кардем.
18 Магар он кас,
ки истироқи самъ кунад (ва дуздона гўш фаро диҳад), ки «шаҳоби мубин» ўро таъқиб
мекунад (ва меронад).
19 Ва заминро
густардем ва дар он кўҳҳои собите афкандем ва аз ҳар гиёҳи мавзун, дар он
рўёнидем.
20 Ва барои шумо
анвои василаҳои зиндагӣ дар он қарор додем, ҳамчунин барои касоне, ки шумо
наметавонед ба онҳо рўзӣ диҳед.
21 Ва хазинаҳои
ҳама чиз танҳо назди мост, вале мо ҷуз ба андозаи муайян онро нозил намекунем.
22 Мо бодҳоро
барои борвар кардани (абрҳо ва гиёҳон) фиристодем ва аз осмон обе нозил намудем
ва шуморо бо он сероб сохтем, дар ҳоле, ки шумо тавоноии ҳифзу нигаҳдории онро
надоштед.
23 Моем, ки зинда
мекунем ва мемиронем ва моем вориси (ҳамаи ҷаҳон).
24 Мо, ҳам
пешиниёни шуморо донистем ва ҳам мутааххиронро.
25 Паврвардигори
ту, ҳатман онҳоро (дар қиёмат) ҷамъ ва маҳшур мекунад, чаро, ки Ў Ҳакми ва
Доност.
26 Мо инсонро аз
гили хушкидае (ҳамчун сафол), ки аз гили бадбў (-и тираранге) гирифта шуда буд,
офаридем.
27 Ва ҷинро пеш
аз он, аз оташи гарму сўзон халқ кардем.
28 Ва (ба хотир
биёвар) ҳангоме, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башареро аз гили
хушкидае, ки аз гили бадбўе гирифта шудааст, меофаринам.
29 Ҳангоме, ки
кори онро ба поён расондам ва дар ў аз рўҳи худ (як рўҳи шоиста ва бузург)
дамидам, ҳамагӣ барои ў саҷда кунед».
30 Ҳамаи
фариштагон, беистисно саҷда карданд.
31 Ҷуз Иблис, ки
ибо кард аз ин ки бо саҷдакунандагон бошад.
32 (Худованд)
фармуд: «Эй Иблис! Чаро бо саҷдакунандагон нестӣ?!».
33 Гуфт: «Ман
ҳаргиз барои башаре, ки ўро аз гили хушкидае, ки аз гили бадбўе гирифта шудааст,
офаридаӣ, саҷда нахоҳам кард».
34 Фармуд: «Аз
сафи онҳо (фариштагон) берун рав, ки рондашудаӣ (аз даргоҳи мо!).
35 Ва лаънат (ва
дурӣ аз раҳмати ҳақ) то рўзи қиёмат бар ту хоҳад буд».
36 Гуфт:
«Парвардигоро! Маро то рўзи растохез мўҳлат деҳ (ва зинда гузор)».
37 Фармуд: «Ту аз
мўҳлатёфтагонӣ.
38 (Аммо на то
рўзи растохез, балки) то рўз ва вақти муайяне».
39 Гуфт:
«Парвардигоро! Чун маро гумроҳ сохтӣ, ман (неъматҳои моддиро) дар замин дар
назари онҳо зинат медиҳам ва ҳамагиро гумроҳ хоҳам сохт,
40 Магар
бандагони мухласатро».
41 Фармуд: «Ин
роҳи росте аст, ки бар ўҳдаи ман аст (ва суннати ҳамешагиям).
42 Ки бар
бандагонам тасаллут нахоҳӣ ёфт, магар гумроҳоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд.
43 Ва дўзах
меодгоҳи ҳамаи онҳост.
44 Ҳафт дар дорад
ва барои ҳар даре, гурўҳи муайяне аз онҳо тақсим шудаанд».
45 Ба яқин,
парҳезгорон дар боғҳо (-и сарсабзи биҳишт) ва дар канори чашмаҳо ҳастанд.
46 (Фариштагон ба
онҳо мегўянд:) Дохили ин боғҳо шавед, бо саломату амният!
47 Ҳар гуна ғил
(ҳасаду кинаву душманӣ)-ро аз синаи онҳо бармеканем (ва рўҳашонро пок месозем),
дар ҳоле, ки ҳама бародаранд ва бар тахтҳо рў ба рўи якдигар қарор доранд.
48 Ҳеҷ хастагӣ ва
таъбе дар он ҷо ба онҳо намерасад ва ҳеҷ гоҳ аз он берун намегарданд.
49 Бандагонамро
огоҳ кун, ки ман Бахшандаи Меҳрубонам.
50 Ва (ин ки)
азобу кайфари ман, ҳамон азоби дарднок аст!
51 Ва ба онҳо аз
меҳмонҳои Иброҳим хабар деҳ.
52 Ҳангоме, ки
бар ў дохил шуданд ва салом карданд, (Иброҳим) гуфт: «Мо аз шумо хавфнокем!».
53 Гуфтанд:
«Натарс, мо туро ба писари доное башорат медиҳем!».
54 Гуфт: «Оё ба
ман (чунин) башорат медиҳед, бо ин ки пир шудаам?! Ба чӣ чиз башорат медиҳед?!».
55 Гуфтанд: «Туро
ба ҳақ башорат додем, аз маъюсон мабош».
56 Гуфт: «Ҷуз
гумроҳон, чӣ касе аз раҳмати Парвардигораш маъюс мешавад?!».
57 (Сипас) гуфт:
«Маъмурияти шумо чист, эй фиристодагони Худо?».
58 Гуфтанд: «Мо
ба сўи қавми гунаҳкоре маъмурият ёфтаем, (то онҳоро ҳалок кунем),
59 Магар хонадони
Лут, ки ҳамагии онҳоро наҷот хоҳем дод.
60 Ба ҷуз
ҳамсараш, ки муқаддар доштем аз бозмондагон (дар шаҳр ва ҳалокшавандагон)
бошад».
61 Ҳангоме, ки
фиристодагон (-и Худо) ба суроғи хонадони Лут омаданд,
62 (Лут) гуфт:
«Шумо гурўҳи ношиносе ҳастед!».
63 Гуфтанд: «Мо
ҳамон чизеро барои ту овардаем, ки онҳо (кофирон) дар он шак доштанд. (Оре, мо
маъмури азобем!).
64 Мо ҳақиқати
ҳатмиро барои ту овардаем ва рост мегўем.
65 Пас,
хонаводаатро дар охирҳои шаб бо худ бардор ва аз ин ҷо бибар ва худат дар пайи
онҳо ҳаракат кун ва касе аз шумо ба пушти сари худ нигоҳ накунад ва ба ҳамон
ҷое, ки маъмур ҳастед, биравед».
66 Ва мо ба Лут
ин мавзўъро ваҳй фиристодем, ки субҳгоҳон ҳамаи онҳо решакан хоҳанд шуд.
67 (Аз сўи
дигар), аҳли шаҳр (аз дохил шудани меҳмонон бохабар шуданд ва ба тарафи хонаи
Лут) омаданд, дар ҳоле, ки шодмон буданд.
68 (Лут) гуфт:
«Инҳо меҳмонони мананд, обрўи маро нарезед.
69 Ва аз Худо
битарсед ва маро шарманда насозед!».
70 Гуфтанд:
«Магар мо туро аз ҷаҳониён наҳй накардем (ва нагуфтем касеро ба меҳмонӣ
напазир?!)».
71 Гуфт:
«Духтарони ман ҳозиранд, агар мехоҳед кори дурусте анҷом диҳед, (бо онҳо издивоҷ
кунед ва аз гуноҳу олудагӣ бипарҳезед!)».
72 Ба ҷони ту
қасам, инҳо дар мастии худ саргардонанд (ва ақлу шуури худро аз даст додаанд!).
73 Саранҷом,
ҳангоми тулўи офтоб, сайҳа (-и маргбор - ба сурати соиқа ё заминларза - ) онҳоро
фаро гирифт!
74 Сипас (шаҳру
ободии онҳоро зеру рў кардем), болои онро поин қарор додем ва бороне аз санг бар
онҳо фурў рехтем!
75 Дар ин
(саргузашти ибратангез), нишонаҳое аст барои ҳушёрон.
76 Ва вайронаҳои
сарзамини онҳо, бар сари роҳи ҳамешагии (корвонҳо) аст.
77 Дар ин,
нишонае аст барои мўъминон!
78
«Асҳобул-айкаҳ» (соҳибони сарзаминҳои пурдарахти қавми Шуайб) ҳатман қавми
ситамгаре буданд.
79 Мо аз нҳо
интиқом гирифтем ва (шаҳрҳои вайроншудаи) ин ду (қавми Лут ва Асҳобул-айкаҳ) бар
сари роҳ (-и шумо дар сафарҳои Шом) ошкор аст.
80 Ва «Асҳоби
ҳиҷр» (қавми Самуд), пайғамбаронро инкор карданд.
81 Мо оятҳои
худро ба онон додем, вале онҳо аз он рўйгардонданд.
82 Онҳо хонаҳои
амн дар дили кўҳҳо метарошиданд.
83 Аммо саранҷом
сайҳа (-и маргбор), субҳгоҳон ононро фаро гирифт.
84 Ва он чӣ ба
даст оварда буданд, онҳоро аз азоби илоҳӣ наҷот надод.
85 Мо осмонҳо ва
замин ва он чиро миёни он ду аст, ҷуз ба ҳақ наёфаридем. Ва соати мавъуд
(қиёмат), ҳатман фаро хоҳад расид (ва ҷазои ҳар кас ба ў мерасад). Пас, аз онҳо
ба тарзи шоистае сарфиназар кун (ва онҳоро бар нодониҳояшон маломат нанамо).
86 Ба яқин,
Парвардигори ту, офаринандаи огоҳ аст.
87 Мо ба ту сураи
Ҳамд ва Қуръони азим додем!
88 (Бинобар ин),
ҳаргиз чашми худро ба неъматҳои (моддӣ), ки ба гурўҳҳое аз онҳо (кофирон) додем,
маяфкан. Ва ба хотири он чӣ онҳо доранд, ғамгин мабош ва боли (утуфати) худро
барои мўъминон фуруд ор!
89 Ва бигў: «Ман
инзоркунандаи ошкорам!».
90 (Мо бар онҳо
азобе мефиристем), ҳамон гуна, ки бар таҷзиягарон (-и оятҳои илоҳӣ) фиристодем.
91 Ҳамонҳо, ки
Қуръонро тақсим карданд (он чиро ба судашон буд, пазируфтанд ва он чиро бар
хилофи ҳавасҳояшон буд, раҳо намуданд).
92 Ба
Парвардигорат қасам, (дар қиёмат) аз ҳамаи онҳо савол хоҳем кард,
93 Аз он чӣ амал
мекарданд!
94 Он чиро
маъмурият дорӣ, ошкоро баён кун. Ва аз мушрикон рўй гардон (ва ба онҳо эътино
накун).
95 Мо шарри
масхаракунандагонро аз ту дафъ хоҳем кард.
96 Ҳамонҳо, ки
маъбуди дигаре бо Худо қарор доданд, аммо ба зудӣ мефаҳманд!
97 Мо медонем
синаат аз он чӣ онҳо мегўянд, танг мешавад (ва туро сахт нороҳат мекунанд).
98 (Барои дафъи
нороҳатии онон), Парвардигоратро тасбеҳ ва ҳамд гў. Ва аз саҷдакунандагон бош.
99 Ва
Парвардигоратро ибодат кун, то яқини (марги) ту фаро расад.
Сураи
Наҳл
Ин сура 128 оят дорад, қисмате аз он дар Макка ва қисмате дар Мадина нозил
гардидааст.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1
Фармони Худо (барои муҷозоти мушрикон ва муҷримон), фаро расидааст, барои он
шитоб накунед! Муназзаҳ ва бартар аст Худованд, аз он чӣ ҳамтои Ў қарор
медиҳанд!
2
Фариштагонро бо рўҳ (-и илоҳӣ) ба фармонаш бар ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад
нозил мекунад (ва ба онҳо дастур медиҳад), ки мардумро инзор кунед (ва бигўед:)
Маъбуде ҷуз Ман нест, аз (мухолифати дастури) Ман бипарҳезед!
3
Осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид, Ў бартар аст аз ин ки ҳамтое барои Ў қарор
медиҳанд!
4
Инсонро аз нутфаи беарзише офарид ва саранҷом (ў мавҷуди фасеҳе ва) мудофеи
ошкоре аз худ гардид.
5
Ва чаҳорпоёнро офарид, дар ҳоле, ки дар онҳо, барои шумо василаи пўшиш ва
манфиатҳои дигаре аст. Ва аз гўшти онҳо мехўред.
6
Ва дар онҳо барои шумо зинату шукўҳ аст, дар ҳангоме, ки онҳоро ба
истироҳатгоҳашон боз мегардонед ва ҳангоме, ки (субҳгоҳон) ба саҳро мефиристед.
7
Онҳо борҳои вазнини шуморо ба шаҳре ҳамл мекунанд, ки ҷуз бо машаққати зиёд ба
он намерасидед. Парвардигоратон Рауф ва Раҳим аст, (ки ин василаҳои ҳаётро дар
ихтиёратон қарор додааст).
8
(Ҳамчунин) асбҳо ва астарҳо ва харҳоро офарид, то бар онҳо савор шавед ва зинати
шумо бошад. Ва чизҳое меофарад, ки намедонед.
9
Ва бар Худост, ки роҳи ростро (ба бандагон) нишон диҳад, аммо баъзе аз роҳҳо
бероҳа аст. Ва агар Худо бихоҳад, ҳамаи шуморо (маҷбурӣ) ҳидоят мекунад, (вале
маҷбурӣ, суде надорад).
10 Ў касе аст, ки
аз осмон, обе фиристод, ки нўшидании шумо аз он аст. Ва (ҳамчунин) гиёҳону
дарахтоне, ки ҳайвоноти худро дар он ба чаридан мебаред, низ аз он аст.
11 (Худованд) бо
он (оби борон), барои шумо зироат ва зайтун ва нахл ва ангур ва аз ҳамаи меваҳо
мерўёнад. Ҳатман дар ин, нишонаи равшане барои андешамандон аст.
12 Ў шабу рўз ва
хуршеду моҳро мусаххари шумо сохт ва ситорагон низ ба фармони Ў мусаххари
шумоянд, дар ин, нишонаҳое аст (аз азамати Худо) барои гурўҳе, ки ақли худро ба
кор мегиранд.
13 (Илова бар
ин), махлуқотеро, ки дар замин ба рангҳои гуногун офаридааст, низ мусаххар (-и
фармони шумо) сохт, дар ин, нишонаи равшане аст барои гурўҳе, ки мутазаккир
мешаванд.
14 Ў касе аст, ки
дарёро мусаххар (-и шумо) сохт, то аз он гўшти нав бихўред ва зеваре барои
пўшидан (монанди марворид) аз он берун оваред. Ва киштиҳоро мебинӣ, ки синаи
дарёро мешикофанд, то шумо (ба тиҷорат бипардозед ва) аз фазли Худо баҳра гиред,
шояд шукри неъматҳои Ўро ба ҷо оваред.
15 Ва дар замин,
кўҳҳои собиту маҳкаме афканд, то шуморо наларзонад. Ва наҳрҳо ва роҳҳое эҷод
кард, то ҳидоят шавед.
16 Ва (низ)
аломатҳое қарор дод ва (шабҳангом) ба василаи ситорагон ҳидоят мешаванд.
17 Оё касе, ки
(ин гуна махлуқотро) меофаринад, ҳамчун касе аст, ки намеофаринад?! Оё
мутазаккир намешавед?!
18 Ва агар
неъматҳои Худоро бишуморед, ҳаргиз наметавонед онҳоро шумориш кунед. Худованд
Бахшанда ва Меҳрубон аст.
19 Худованд он
чиро пинҳон медоред ва он чиро ошкор месозед, медонад.
20 Маъбудҳоеро,
ки ғайр аз Худо мехонанд, чизеро халқ намекунанд, балки худашон ҳам махлуқанд.
21 Онҳо мурдагоне
ҳастанд, ки ҳаргиз истеъдоди ҳаёт надоранд ва намедонанд (ибодаткунандагонашон)
дар чӣ замоне маҳшур мешаванд?!
22 Маъбуди шумо
Худованди Ягона аст, аммо касоне, ки ба охират имон намеоваранд, дилҳояшон
(ҳақро) инкор мекунад ва мустакбиранд.
23 Ҳатман
Худованд аз он чӣ пинҳон медоранд ва он чӣ ошкор месозанд, бохабар аст, Ў
мустакбиронро дўст намедорад.
24 Ва ҳангоме, ки
ба онҳо гуфта шавад: «Парвардигори шумо чӣ нозил кардааст?», мегўянд: «Инҳо
(ваҳйи илоҳӣ нест), ҳамон афсонаҳои дурўғини пешиниён аст».
25 Онҳо бояд рўзи
қиёмат, (ҳам) бори гуноҳони худро ба таври комил бар дўш кашанд ва ҳам саҳме аз
гуноҳони касоне, ки ба хотири ҷаҳл, гумроҳашон месозанд. Бидонед онҳо бори
сангини баде бар дўш мекашанд!
26 Касоне, ки пеш
аз эшон буданд (низ), аз ин тавтиаҳо доштанд, вале Худованд ба суроғи шолудаи
(зиндагии) онҳо рафт ва онро аз асос вайрон кард ва сақф аз боло бар сарашон
фурў рехт ва азоб (-и илоҳӣ) аз он ҷое, ки намедонистанд, ба суроғашон омад.
27 Сипас рўзи
қиёмат Худо онҳоро расво месозад ва мегўяд: «Шариконе, ки шумо барои ман сохтед
ва ба хотири онҳо бо дигарон душманӣ мекардед, куҷо ҳастанд?!». (Дар ин ҳангом)
касоне, ки ба онҳо илм дода шудааст, мегўянд: «Расвоӣ ва бадбахтӣ, имрўз бар
кофирон аст!».
28 Ҳамонҳо, ки
фариштагон (-и марг) рўҳашонро мегиранд, дар ҳоле, ки ба худ зулм карда буданд,
дар ин ҳангом онҳо таслим мешаванд (ва ба дурўғ мегўянд:) Мо кори баде анҷом
намедодем! Оре, Худованд ба он чӣ анҷом медодед, олим аст.
29 (Ба онҳо гуфта
мешавад:) Акнун аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, дар ҳоле, ки ҷовидона дар он
хоҳед буд, чӣ ҷои баде аст ҷойгоҳи мустакбирон!
30 (Вале ҳангоме,
ки) ба парҳезгорон гуфта мешуд: «Парвардигори шумо чӣ чиз нозил кардааст?»,
мегуфтанд: «Хайр (ва саодат)». (Оре), барои касоне, ки некӣ карданд, дар ин дунё
некӣ аст ва сарои охират аз он ҳам беҳтар аст. Ва чӣ хуб аст сарои парҳезгорон!
31 Боғҳое аз
биҳишти ҷовидон аст, ки ҳамагӣ дохили он мешаванд, наҳрҳо аз зери дарахтонаш
мегузарад, ҳар чӣ бихоҳанд дар он ҷо ҳаст. Худованд парҳезгоронро чунин подош
медиҳад.
32 Ҳамонҳо, ки
фариштагон (-и марг) рўҳашонро мегиранд, дар ҳоле, ки поку покизаанд, ба онҳо
мегўянд: «Салом бар шумо! Дохили биҳишт шавед, ба хотири аъмоле, ки анҷом
медодед».
33 Оё онҳо
интизоре ҷуз ин доранд, ки фариштагон (-и қабзи арвоҳ) ба суроғашон биёянд, ё
фармони Парвардигорат (барои муҷозоташон) фаро расад, (он гоҳ тавба кунанд?!
Вале тавбаи онҳо дар он замон беасар аст! Оре,) касоне, ки пеш аз эшон буданд
низ, чунин карданд. Худованд ба онҳо ситам накард, вале онон ба худ ситам
менамуданд.
34 Ва саранҷом
бадиҳои аъмолашон ба онҳо расид ва он чиро (аз ваъдаҳои азоб) масхара мекарданд,
бар онон ворид шуд.
35 Мушрикон
гуфтанд: «Агар Худо мехост, на мо ва на падарони мо, ғайри Ўро парастиш
намекардем ва чизеро беиҷозати Ў ҳаром намесохтем». (Оре,) касоне, ки пеш аз
эшон буданд низ, ҳамин корҳоро анҷом доданд, вале оё пайғамбарон вазифае ҷуз
иблоғи ошкор доранд?!
36 Мо дар ҳар
уммате расуле барангехтем, ки: «Худои якторо бипарастед ва аз тоғут дурӣ кунед».
Худованд гурўҳеро ҳидоят кард ва гурўҳе залолату гумроҳӣ доманашонро гирифт. Пас
дар рўи замин бигардед ва бубинед, оқибат инкоркунандагон чӣ гуна буд!
37 Ҳар қадар бар
ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, (суде надорад, чаро) ки Худованд касеро, ки гумроҳ
сохт, ҳидоят намекунад ва онҳо ёвароне нахоҳанд дошт.
38 Онҳо қасамҳои
шадид ба Худо ёд карданд, ки: «Ҳаргиз Худованд касеро, ки мемирад,
барнамеангезад!». Оре, ин ваъдаи ҳатмии Худост, (ки ҳамаи мурдагонро барои ҷазо
боз мегардонад), вале бештари мардум намедонанд.
39 Мақсад ин аст,
ки он чиро дар он ихтилоф доштанд, барои онҳо равшан созад ва касоне, ки мункир
шуданд, бидонанд дурўғ мегуфтанд.
40 (Растохези
мурдагон барои мо мушкил нест, зеро) вақте чизеро ирода мекунем, фақат ба он
мегўем: «Мавҷуд бош!», билофосила мавҷуд мешавад.
41 Онҳо, ки пас
аз ситам дидан, дар роҳи Худо ҳиҷрат карданд, дар ин дунё ҷойгоҳ (ва мақоми)
хубе ба онҳо медиҳем. Ва подоши охират аз он ҳам бузургтар аст, агар
медонистанд.
42 Онҳо касоне
ҳастанд, ки сабру истиқомат пеша карданд. Ва танҳо бар Парвардигорашон таваккул
мекунанд.
43 Ва пеш аз ту,
ҷуз мардоне, ки ба онҳо ваҳй мекардем, нафиристодем. Агар намедонед, аз огоҳон
бипурсед, (то ҳайрат накунед аз ин ки Пайғамбари Ислом аз миёни ҳамин мардон
барангехта шудааст).
44 (Аз онҳо
бипурсед, ки) аз далелҳои равшан ва китобҳо (-и пайғамбарони пешин огоҳанд). Ва
мо ин Зикр (Қуръон)-ро бар ту нозил кардем, то он чиро, ки ба сўи мардум нозил
шудааст, барои онҳо равшан созӣ. Ва шояд андеша кунанд.
45 Оё тавтиагарон
аз ин эмин гаштанд, ки мумкин аст Худо онҳоро дар замин фурў барад ва ё муҷозот
(-и илоҳӣ) аз он ҷо ки интизорашро надоранд, ба суроғашон ояд?!
46 Ё дар ҳангоме,
(ки барои касби молу сарвати афзунтар), дар рафту омаданд, доманашонро бигирад,
дар ҳоле, ки қодир ба гурез нестанд?!
47 Ё ба таври
тадриҷӣ, бо ҳушдорҳои хавфангез ононро гирифтор созад?! Чаро, ки Парвардигори
шумо, Рауф ва Раҳим аст.
48 Оё онҳо
махлуқоти Худоро надиданд, ки сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва бо хузўъ
барои Худо саҷда мекунанд?!
49 (На танҳо
сояҳо, балки) тамоми он чӣ дар осмонҳову замин аз ҷунбандагон вуҷуд дорад ва
ҳамчунин фариштагон, барои Худо саҷда мекунанд ва такаббур намеварзанд.
50 Онҳо (танҳо)
аз (мухолифати) Парвардигорашон, ки ҳоким бар онҳост, метарсанд ва он чиро
маъмурият доранд, анҷом медиҳанд.
51 Худованд
фармон додааст: «Ду маъбуд (барои худ) интихоб накунед, маъбуд (-и шумо) ҳамон
Худои Ягона аст. Танҳо аз (кайфари) Ман битарсед!».
52 Он чӣ дар
осмонҳо ва замин аст, аз они Ўст. Ва дини холис (низ) ҳамвора аз они Ў мебошад,
оё аз ғайри Ў метарсед?!
53 Он чӣ аз
неъматҳо доред, ҳама аз сўи Худост ва ҳангоме, ки нороҳатӣ ба шумо расад, фақат
Ўро мехонед.
54 (Аммо)
ҳангоме, ки нороҳатӣ ва ранҷро аз шумо бартараф месозад, ногоҳ гурўҳе аз шумо
барои Парвардигорашон ҳамто қоил мешаванд.
55 (Бугузор) то
неъматҳоеро, ки ба онҳо додаем, куфрон кунанд! (Акнун) чанд рўзе (аз матои дунё)
баҳра гиранд, аммо ба зудӣ хоҳед донист, (саранҷоми коратон ба куҷо хоҳад
кашид!).
56 Онон барои
бутҳое, ки ҳеҷ гуна суду зиёне аз онҳо суроғ надоранд, саҳме аз он чӣ ба онон
рўзӣ додаем, қарор медиҳанд. Ба Худо савганд (дар додгоҳи қиёмат) аз ин
тўҳматҳо, ки мебандед, пурсида хоҳед шуд!
57 Онҳо (дар
хиёли худ) барои Худованд духтарон қарор медиҳанд, - муназзаҳ аст (аз ин ки
фарзанде дошта бошад) – вале барои худашон, он чиро майл доранд қоил мешаванд.
58 Дар ҳоле, ки
ҳар гоҳ ба яке аз онҳо башорат диҳанд, духтар насиби ту шудааст, чеҳрааш (аз
шиддати нороҳатӣ) сиёҳ мешавад ва ба шиддат хашмгин мегардад.
59 Ба хотири
башорати баде, ки ба ў дода шудааст, аз қавму қабилаи худ мутаворӣ мегардад (ва
намедонад) оё ўро бо қабули нанг, нигаҳ дорад ё да хок пинҳонаш кунад?! Огоҳ
бошед, ки бад ҳукм мекунанд!
60 Барои онҳо, ки
ба сарои охират имон надоранд, сифатҳои зишт аст ва барои Худо сифатҳои олӣ аст.
Ва Ў Қудратманд ва Ҳаким аст.
61 Ва агар
Худованд мардумро ба хотири зулмашон муҷозот мекард, ҷунбандаеро бар пушти замин
боқӣ намегузорид, вале онҳоро то замони муайяне ба таъхир меандозад. Ва ҳангоме,
ки аҷалашон фаро расад, на соате таъхир мекунанд ва на соате пешӣ мегиранд.
62 Онҳо барои
Худо чизҳое қарор медиҳанд, ки худашон аз он кароҳат доранд (фарзандони духтар).
Бо ин ҳол забонашон ба дурўғ мегўяд, саранҷоми неке доранд! Ба ночор барои онон
оташ аст. Ва онҳо аз пешгомон (-и дўзах) ҳастанд.
63 Ба Худо
савганд, ба сўи умматҳои пеш аз ту пайғамбароне фиристодем, аммо шайтон
аъмолашонро дар назарашон орост. Ва имрўз ў валӣ ва сарпарасташон аст. Ва
муҷозоти дардноке барои онҳост!
64 Мо Қуръонро
бар ту нозил накардем, магар барои ин ки он чиро дар он ихтилоф дранд, барои
онҳо равшан кунӣ. Ва (ин Қуръон) сабаби ҳидоят ва раҳмат аст барои қавме, ки
имон меоваранд.
65 Худованд аз
осмон, обе фиристод ва заминро пас аз он ки мурда буд, ҳаёт бахшид. Дар ин,
нишонаи равшане аст барои ҷамъияте, ки гўши шунаво доранд.
66 Ва дар вуҷуди
чаҳорпоён, барои шумо (дарсҳои) ибрате аст: Аз даруни шиками онҳо, аз миёни
ғазоҳои ҳазмшуда ва хун, шири холис ва гуворо ба шумо менўшонем.
67 Ва аз меваҳои
дарахтони нахлу агнур, мускирот (-и нопок) ва рўзии хуб ва покиза мегиред. Дар
ин нишонаи равшане аст барои ҷамъияте, ки андеша мекунанд.
68 Ва
Парвардигори ту ба занбўри асал «ваҳй» (ва илҳоми ғаризӣ) намуд, ки: «аз кўҳҳо
ва дарахтон ва ховозаҳое, ки (мардум) месозанд, хонаҳое баргузин.
69 Сипас аз
тамоми самараҳо (ва шираи гулҳо) бихўр ва роҳҳоеро, ки Парвардигорат барои ту
таъйин кардааст, ба роҳатӣ бипаймо». «Аз даруни шиками онҳо, нўшиданӣ бо рангҳои
гуногун хориҷ мешавад, ки дар он, шифо барои мардум аст. Ба яқин, дар ин амр
нишонаи равшане аст барои ҷамъияте, ки меандешанд.
70 Худованд
шуморо офарид, сипас шуморо мемиронад. Баъзе аз шумо ба номатлубтарин синини
болои умр мерасанд, то баъд аз илму огоҳӣ, чизе надонанд (ва ҳама чизро фаромўш
кунанд). Худованд Донон ва Тавоност.
71 Худованд баъзе
аз шуморо бар баъзе дигар, аз назари рўзӣ бартарӣ дод, (чаро, ки истеъдодҳо ва
талошҳоятон фарқ дорад). Аммо онҳо, ки бартарӣ дода шудаанд, ҳозир нестанд аз
рўзии худ ба бардагонашон бидиҳанд ва ҳамагӣ дар он барбар гарданд. Оё онон
неъмати Худоро инкор менамоянд, (ки шукри Ўро адо намекунанд?!).
72 Худованд барои
шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо
фарзандон ва набераҳо ба вуҷуд овард ва аз покизаҳо ба шумо рўзӣ дод. Оё ба
ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро инкор мекунанд?!
73 Онҳо ғайр аз
Худо, мавҷудотеро мпарастанд, ки ҳеҷ ризқеро барои онон аз осмонҳо ва замин дар
ихтиёр надоранд ва тавони ин корро низ надоранд.
74 Пас, барои
Худо амсол (ва шабеҳҳо) қоил нашавед. Худо медонад ва шумо намедонед.
75 Худованд
мисоле задааст: бардаи мамлукеро, ки қодир бар ҳеҷ чиз нест ва инсон (-и
боимоне)-ро, ки аз ҷониби худ, ризқи некўе ба ў бахшидаем ва ў пинҳон ва ошкор
аз он чӣ Худо ба ў додааст, бахшиш мекунад, оё ин ду нафар яксонанд?! Ситоиш
махсуси Худост, вале бештари онҳо намедонанд.
76 Худованд
мисоли (дигаре) задааст: ду нафарро, ки яке аз он ду гунги модарзод аст ва қодир
бар ҳеҷ коре нест ва фармонбари соҳибаш мебошад, ўро дар пайи ҳар коре
бифиристад, хуб анҷом намедиҳад. Оё чунин инсоне бо касе, ки амр ба адлу дод
мекунад ва бар роҳи росте қарор дорад, баробар аст?!
77 Ғайби осмонҳо
ва замин, махсуси Худост (ва Ў ҳамаро медонад). Ва амри қиёмат ( ба қадре наздик
ва осон аст), дуруст монанди чашм бар ҳам задан ва ё аз он ҳам наздиктар аст,
зеро Худо бар ҳар чиз Тавоност.
78 Ва Худованд
шуморо аз шиками модаратон берун намуд, дар ҳоле, ки ҳеҷ чиз намедонистед. Ва
барои шумо гўшу чашму ақл қарор дод, то шукри неъмати Ўро ба ҷо оваред.
79 Оё онҳо ба
паррандагоне, ки бар фарози осмонҳо нигоҳ дошта шудаанд, назар наяфканданд? Ҳеҷ
кас ҷуз Худо онҳоро нигоҳ намедорад. Дар ин амр нишонаҳое (аз азамату қудрати
Худо) аст, барои касоне, ки имон меоваранд.
80 Ва Худо барои
шумо аз хонаҳоятон маҳалли сукунат (ва оромиш) қарор дод. Ва аз пўсти чаҳорпоён
низ барои шумо хонаҳое қарор дод, ки рўзи кўч кардан ва рўзи иқомататон, ба
осонӣ метавонед онҳоро ҷо ба ҷо кунед. Ва аз пашму курку мўи онҳо, барои шумо
асосу матоъ (ва василаҳои мухталифи зиндагӣ), то замони муайяне қарор дод.
81 Ва (низ)
Худованд аз он чӣ офаридааст, сояҳое барои шумо қарор дода ва аз кўҳҳо
паноҳгоҳҳое. Ва барои шумо пероҳанҳое офарида, ки шуморо аз гармӣ (ва сардӣ)
ҳифз мекунад. Ва пероҳанҳое, ки дар ҳангоми ҷанг, ҳофизи шумост. Ин гуна
неъматҳояшро бар шумо комил мекунад, шояд таслими фармони Ў шавед.
82 (Бо ин ҳама),
агар рўй бартобанд, (нигарон мабош), ту фақат вазифаи иблоғи ошкор дорӣ.
83 Онҳо неъмати
Худоро мешиносанд, сипас онро инкор мекунанд. Ва бештарашон кофиранд.
84 (Ба хотир
биёваред) рўзеро, ки аз ҳар уммате гувоҳе (бар онон) бармеангезем, сипас ба
онон, ки куфр варзиданд, иҷозат (-и сухан гуфтан) дода намешавад, (балки дасту
по ва гўшу чашм, ҳатто пўсти тани онҳо гувоҳӣ медиҳанд). Ва (низ) иҷозати
узрхоҳӣ ва дархости афв ба онон намедиҳанд.
85 Ва ҳангоме, ки
золимон азобро бубинанд, на ба онҳо тахфиф дода мешавад ва на мўҳлат.
86 Ва ҳангоме, ки
мушрикон маъбудҳоеро, ки ҳамтои Худо қарор доданд мебинанд, мегўянд:
«Парвардигоро! Инҳо ҳамтоёне ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту, онҳоро мехондем». Дар ин
ҳангом, маъбудон ба онҳо мегўянд: «Шумо дурўғгў ҳастед. (Шумо ҳавои нафси худро
парастиш мекардед)».
87 Ва дар он рўз,
ҳамагӣ (ночор) дар пешгоҳи Худо таслим мешаванд ва тамоми он чиро (нисбат ба
Худо) дурўғ мебастанд, гум ва нобуд мешавад.
88 Касоне, ки
кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд, ба хотири фасоде, ки
мекарданд, азобе бар азобашон меафзоем.
89 (Ба ёд оваред)
рўзеро, ки аз ҳар уммате, гувоҳе аз худашон бар онҳо бармеангезем ва туро гувоҳ
бар онон қарор медиҳем. Ва мо ин китобро бар ту нозил кардем, ки баёнгари ҳамаи
чиз ва сабаби ҳидояту раҳмат ва башорат барои мусулмонон аст.
90 Худованд ба
адлу эҳсону бахшиш ба наздикон фармон медиҳад ва аз фаҳшо ва мункар ва ситам
наҳй мекунад. Худованд ба шумо андарз медиҳад, шояд мутазаккир шавед.
91 Ва ҳангоме, ки
бо Худо аҳд бастед, ба аҳди Ў вафо кунед. Ва савгандҳоро баъд аз маҳкам сохтан
нашиканед, дар ҳоле, ки Худоро кафилу зомин бар (савганди) худ қарор додаед. Ба
яқин, Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.
92 Монанди он зан
(-и сабук мағз) нобошед, ки пашмҳои тобидаи худро пас аз истеҳком вометобад! Дар
ҳоле, ки савганд (ва паймони) худро василаи хиёнату фасод қарор медиҳед, ба
хотири ин ки гурўҳе, ҷамъияташон аз гурўҳи дигар бештар аст (ва зиёдии душманро
баҳонае барои шикастани байъат бо Пайғамбар мешуморед). Худо фақат шуморо бо ин
васила имтиҳон мекунад ва ба яқин рўзи қиёмат, он чиро дар он ихтилоф доштед,
барои шумо равшан месозад.
93 Ва агар Худо
мехост, ҳамаи шуморо уммати воҳиде қарор медод (ва ҳамаро маҷбур ба имон мекард,
аммо имони маҷбурӣ фоидае надорад). Вале Худо ҳар касро бихоҳад (ва шоиста
бидонад), гумроҳ ва ҳар касро бихоҳад (ва лоиқ бидонад), ҳидоят мекунад. (Ба
гурўҳе тавфиқи ҳидоят дода ва аз гурўҳе салб мекунад). Ва яқинан шумо аз он чӣ
анҷом медодед, пурсида хоҳед шуд.
94
Савгандҳоятонро василаи тақаллуб ва хиёант дар миёни худ қарор надиҳед, мабодо
гоме баъд аз собит гаштан (бар имон) мутазалзил шавад. Ва ба хотири боздоштан
(-и мардум) аз роҳи Худо, асарҳои бади онро бичашед! Ва барои шумо, азоби
бузурге хоҳад буд!
95 Ва (ҳаргиз)
паймони илоҳиро бо баҳои каме мубодила накунед (ва ҳар баҳое дар баробари он
ночиз аст). Он чӣ назди Худост, барои шумо беҳтар аст, агар медонистед.
96 Он чӣ назди
шумост, фонӣ мешавад, аммо он чӣ назди Худост боқӣ аст. Ва ба касоне, ки сарбу
истиқомат пеша кунанд, мутобиқи беҳтарин аъмоле, ки анҷом медоданд, подош хоҳем
дод.
97 Ҳар кас кори
шоистае анҷом диҳад, хоҳ мард бошад ё зан, дар ҳоле, ки мўъмин аст, ўро ба ҳаёти
поке зинда медорем ва подоши онҳоро ба беҳтарин аъмоле, ки анҷом медоданд, хоҳем
дод.
98 Ҳангоме, ки
Қуръон мехонӣ, аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ бар.
99 Чаро, ки ў,
бар касоне, ки имон доранд ва бар Парвардигорашон таваккул мекунанд, тасаллуте
надорад.
100 Тасаллути ў танҳо бар касоне аст, ки
ўро ба сарпарастии худ баргузидаанд ва онҳо, ки нисбат ба Ў (Худо) ширк
меварзанд (ва фармони шайтонро ба ҷои фармони Худо гардан мениҳанд).
101 Ва ҳангоме, ки оятеро ба ояти дигар
мубаддал куенм (ҳукмеро насх намоем) – ва Худо беҳтар медонад чӣ ҳукмеро нозил
кунад – онҳо мегўянд: «Ту тўҳмат мезанӣ!». Аммо бештарашон (ҳақиқатро)
намедонанд.
102 Бигў: «Рўҳулқудус онро аз ҷониби
Парвардигорат ба ҳақ нозил кардааст, то ашхоси боимонро собитқадам гардонад. Ва
ҳидоят ва башорате бошад барои умуми мусулмонон».
103 Мо медонем, ки онҳо мегўянд: «Ин
оятҳоро инсоне ба ў таълим медиҳад». Дар ҳоле, ки забони касоне, ки инҳоро ба ў
нисбат медиҳанд, аҷамӣ (ғайри арабӣ) аст, вале ин (Қуръон) забони арабии ошкор
аст.
104 Ба яқин, касоне, ки ба оятҳои илоҳӣ
имон намеоваранд, Худо онҳоро ҳидоят намекунад ва барои онон азоби дардноке аст.
105 Танҳо касоне дурўғ мебанданд, ки ба
оятҳои Худо имон надоранд. (Оре,) дурўғгўёни ҳақиқӣ онҳо ҳастанд.
106 Касоне, ки баъд аз имон кофир шаванд
– ба ҷуз онҳо, ки таҳти фишор қарор гирифтаанд, дар ҳоле, ки қалбашон ором ва
боимон аст – Оре, онҳо, ки синаи худро барои пазириши куфр кушодаанд, ғазаби
Худо бар онҳост ва азоби бузурге дар интизорашон!
107 Ин ба хотири он аст, ки зиндагии дунё
(ва пастро), бар охират тарҷеҳ доданд. Ва Худован ашхоси бемион (-и саркаш)-ро
ҳидоят намекунад.
108 Онҳо касоне ҳастанд, ки (бар асари
фузунии гуноҳ), Худо бар қалбу гўшу чашмонашон мўҳр ниҳодааст, (ба ҳамин далел
намефаҳманд). Ва ғофилони ҳақиқӣ ҳамонҳо ҳастанд.
109 Ва ночор онҳо дар охират зиёнкоранд.
110 Аммо Парвардигори ту нисбат ба
касоне, ки баъд аз фиреб хўрдан, (ба имон бозгаштанд ва) ҳиҷрат карданд, сипас
ҷиҳод карданд ва (дар роҳи Худо) истиқомат намуданд, Парвардигорат, баъд аз
анҷоми ин корҳо, Бахшанда ва Меҳрубон аст (ва онҳоро машмули раҳмати худ
месозад).
111 (Ба ёд оваред) рўзеро, ки ҳар кас
(дар фикри худ аст ва танҳо) ба дифоъ аз худ бармехезад ва натиҷаи аъмоли ҳар
касе бе каму кост ба ў дода мешавад. Ва ба онҳо зулм нахоҳад шуд.
112 Худованд (барои онон, ки куфрони
неъмат мекунанд), масале задааст: минтақаи ободе, ки амну ором ва мутмаин буд ва
ҳамвора рўзияш аз ҳар ҷо мерасид, аммо неъматҳои Худоро носипосӣ карданд ва
Худованд ба хотири аъмоле, ки анҷом медоданд, либоси гуруснагиву тарсро бар
андомашон пўшонид.
113 Пайғамбаре аз худашон ба суроғи онҳо
омад, ўро инкор карданд, аз ин рў, азоби илоҳӣ онҳоро фаро гирифт, дар ҳоле, ки
золим буданд.
114 Пас, аз он чӣ Худо рўзиятон кардааст,
ҳалолу покиза бихўред ва шукри неъмати Худоро ба ҷо оваред, агар Ўро мепарастед.
115 Худованд, танҳо мурдор, хун, гўшти
хук ва он чиро бо номи ғайри Худо сар буридаанд, бар шумо ҳаром кардааст, аммо
касоне, ки ночор шаванд, дар ҳоле, ки таҷовуз ва тааддӣ аз ҳад нанамоянд, (Худо
онҳоро мебахшад, зеро) Худо Бахшанда ва Меҳрубон аст.
116 Ба хотири дурўғе, ки бар забонатон
ҷорӣ мешавад (ва чизеро ҷоиз ва чизеро манъ мекунед), нагўед: «Ин ҳалол аст ва
он ҳаром», то бар Худо тўҳмат бибандед. Ба яқин, касоне, ки ба Худо дурўғ
мебанданд, растагор нахоҳанд шуд.
117 Баҳраи каме аст, (ки дар ин дунё
насибашон мешавад) ва азоби дардноке дар интизори онон аст!
118 Чизҳоеро, ки пеш аз ин барои ту шарҳ
додем, бар яҳуд ҳаром кардем. Мо ба онҳо ситам накардем, аммо онҳо ба худашон
зулму ситам мекарданд.
119 Аммо Парвардигорат нисбат ба онҳо, ки
аз рўи ҷаҳолат, бадӣ кардаанд, сипас тавба карда ва дар мақоми ҷуброн
баромадаанд, Парвардигорат баъд аз он Омурзанда ва Меҳрубон аст.
120 Иброҳим (ба танҳоӣ) уммате буд,
пайрави фармони Худо, холӣ аз ҳар гуна каҷӣ ва аз мушрикон набуд.
121 Шукргузори неъматҳои Парвардигор буд,
Худо ўро баргузид ва ба роҳи росте ҳидоят намуд.
122 Мо дар дунё ба ў (ҳиммати) некўе
додем ва дар охират аз некон аст.
123 Сипас ба ту ваҳй фиристодем, ки аз
оини Иброҳим, - ки имони холис дошт ва аз мушрикон набуд - пайравӣ кун.
124 (Таҳримҳои) рўзи шанбе (барои яҳуд)
фақат ба унвони як муҷозот буд, ки дар он ҳам ихтилоф карданд. Ва Парвардигорат
рўзи қиёмат, дар он чӣ ихтилоф доштанд, миёни онҳо доварӣ мекунад.
125 Бо ҳикмату андарзи некў, ба роҳи
Парвардигорат даъват намо. Ва бо онҳо ба равише, ки некўтар аст, истидлол ва
мунозира кун. Парвардигорат, аз ҳар касе беҳтар медонад, чӣ касе аз роҳи Ў
гумроҳ шудааст. Ва Ў ба ҳидоятёфтагон донотар аст.
126 Ва ҳар гоҳ хостед муҷозот кунед,
танҳо ба миқдоре, ки ба шумо тааддӣ шудааст, кайфар диҳед. Ва агар шакебоӣ
кунед, ин кор барои шакебоён беҳтар аст.
127 Сабр кун ва сабри ту фақат барои Худо
ва ба тавфиқи Худо бошад. Ва ба хотири (корҳои) онҳо андўҳгин ва дилсард машав.
Ва аз тавтиаҳои онҳо дар тангно қарор магир.
128 Худованд бо касоне аст, ки тақво пеш
кардаанд ва касоне, ки некўкоранд.
|