|
|||||
Сураи РаҳмонИн сура дар Макка нозил шуда ва 78 оят дорад.Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар1 Худованди Раҳмон, 2 Қуръонро таълим фармуд, 3 Инсонро офарид, 4 Ва ба ў «баён»-ро омўхт. 5 Хуршеду моҳ бо ҳисоби муназзаме мегарданд, 6 Ва гиёҳу дарахт барои Ў саҷда мекунанд. 7 Ва осмонро барафрошт ва мизону қонун (дар он) гузошт, 8 То дар мизон туғён накунед (ва аз масири адолат гумроҳ нашавед), 9 Ва вазнро бар асоси адл барпо доред ва мизонро кам нагузоред. 10 Заминро бар халоиқ офарид, 11 Ки дар он меваҳо ва нахлҳои пуршукуфа аст, 12 Ва донаҳое, ки ҳамроҳ бо соқа ва барге аст, ки ба сурати каҳ дармеояд ва гиёҳони хушбў. 13 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед (шумо эй гурўҳи ҷинну инс?!). 14 Инсонро аз гили хушкидае ҳамчун сафол офарид, 15 Ва ҷинро аз шўълаҳои омехташуд ва мутаҳаррики оташ халқ кард. 16 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 17 Ў Парвардигори ду машриқ ва Парвардигори ду мағриб аст. 18 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 19 Ду дарёи мухталиф (шўру ширин, гарму сард)-ро дар канори ҳам қарор дод, дар ҳоле, ки бо ҳам тамос доранд. 20 Дар миёни он ду барзахе аст, ки яке бар дигарӣ ғалаба намекунад (ва ба ҳам намеомезанд). 21 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 22 Аз он ду, луълуъ ва марҷон хориҷ мешавад. 23 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 24 Ва барои Ўст киштиҳои сохташуда, ки дар дарё ба ҳаракат медароянд ва ҳамчун кўҳе ҳастанд. 25 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 26 Ҳамаи касоне, ки рўи он (замин) ҳастанд, фонӣ мешаванд, 27 Ва танҳо зоти Зулҷалол ва Гиромии Парвардигорат боқӣ мемонад. 28 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 29 Тамоми касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, аз Ў дархост мекунанд ва Ў ҳар рўз дар шаъну коре аст. 30 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 31 Ба зудӣ ба ҳисоби шумо мепардозем, эй ду гурўҳи инсу ҷин. 32 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 33 Эй гурўҳи ҷинну инс! Агар метавонед аз марзҳои осмонҳо ва замин бигузаред, пас бигузаред, вале ҳаргиз наметавонед, магар бо нерўи (фавқулодда). 34 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 35 Шўълаҳое аз оташи бедуд ва дудҳои мутарокиме бар шумо фиристода мешавад ва наметавонед аз касе ёрӣ биталабед. 36 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 37 Дар он ҳангом, ки осмон шикофта шавад ва ҳамчун равғани обшуда гулгун гардад (ҳаводиси ҳавлноке рух медиҳад, ки тоби таҳаммули онро нахоҳед дошт). 38 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 39 Дар он рўз ҳеҷ кас аз инсу ҷин аз гуноҳаш савол намешавад (ва ҳама чиз равшан аст). 40 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 41 Муҷримон аз чеҳраҳояшон шинохта мешаванд ва онгоҳ онҳоро аз мўҳои пеши сар ва поҳояшон мегиранд (ва ба дўзах меафкананд). 42 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 43 Ин ҳамон дўзахе аст, ки муҷримон онро инкор мекарданд. 44 Имрўз дар миёни он ва оби сўзон дар рафту омаданд. 45 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 46 Ва барои касе, ки аз мақоми Парвардигораш битарсад, ду боғи биҳиштӣ аст. 47 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 48 (Он ду боғи биҳиштӣ) дорои анвои неъматҳо ва дарахтони пуртароват аст. 49 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 50 Дар онҳо ду чашмаи ҳамеша ҷорӣ аст. 51 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 52 Дар он ду, аз ҳар мевае ду навъ вуҷуд дорад, (ҳар як аз дигарӣ беҳтар). 53 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 54 Ин дар ҳоле аст, ки онҳо бар фаршҳое такя кардаанд, бо астарҳое аз дебо ва абрешим ва меваҳои расидаи он ду боғи биҳиштӣ дар дастраст аст. 55 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 56 Дар он боғҳои биҳиштӣ заноне ҳастанд, ки ҷуз ба ҳамсарони худ ишқ намеварзанд ва ҳеҷ инсу ҷинне пеш аз инҳо бо онон тамос нагирифтааст. 57 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 58 Онҳо ҳамчун ёқут ва марҷонанд. 59 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 60 Оё ҷазои некӣ ҷуз некӣ аст?! 61 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 62 Ва поинтар аз онҳо, ду боғи биҳиштии дигаре аст. 63 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 64 Ҳарду хурраму сарсабзанд. 65 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 66 Дар онҳо ду чашмаи ҷўшанда аст. 67 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 68 Дар онҳо меваҳои фаровон ва дарахти хурмо ва анор аст. 69 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 70 Ва дар он боғҳои биҳиштӣ, занони некўхулқу зебоянд. 71 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 72 Ҳуриёне, ки дар хаймаҳои биҳиштӣ мастуранд. 73 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 74 Ҳеҷ инсу ҷин пеш аз эшон бо онҳо тамос нагирифта (ва дўшизаанд). 75 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 76 Ин дар ҳоле аст, ки биҳиштиён бар тахтҳое такя задаанд, ки бо беҳтарин ва зеботарин порчаҳои сабзранг пўшида шудааст. 77 Пас кадомин неъматҳои Парвардигоратонро инкор мекунед?! 78 Пурбаракат ва заволнопазир аст номи Парвардигори соҳиби ҷалол ва бузургвори ту. СураиВоқиаИн сура дар Макка нозил шуда ва 96 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар 1 Ҳангоме, ки воқиаи азими (қиёмат) воқеъ шавад, 2 Ҳеҷ кас наметавонад онро инкор кунад. 3 (Ин воқиа) гурўҳеро поин меоварад ва гурўҳеро боло мебарад. 4 Дар он ҳангом, ки замин ба шиддат ба ларза медароянд, 5 Ва кўҳҳо дарҳам кўбида мешавад, 6 Ва ба сурати ғубори пароканда медарояд, 7 Ва шумо се гурўҳ хоҳед буд. 8 (Нахуст) саодатмандон ва хуҷастагон (ҳастанд), чӣ саодатмандон ва хуҷастагоне! 9 Гурўҳи дигар шақоватмандон ва шумонанд, чӣ шақоватмандон ва шумоне! 10 Ва (саввўмин гурўҳ) пешқадамони пешқадамонанд, 11 Онҳо муқаррабонанд. 12 Дар боғҳои пурнеъмати биҳишт (ҷой доранд). 13 Гурўҳи зиёде (аз онҳо) аз умматҳои нахустинанд, 14 Ва андаке аз умматҳои охирин. 15 Онҳо (муқаррабон) бар тахтҳое, ки саф кашида ва ба ҳам пайвастааст, қарор доранд, 16 Дар ҳоле, ки бар он такя зада ва рў ба рўи якдигаранд. 17 Навҷавонони ҷовидоне (дар шукўҳу тароват) пайваста гирдогирди онон мегарданд, 18 Бо қадаҳҳо ва кўзаҳо ва ҷомҳое аз наҳрҳои ҷории биҳиштӣ (ва шароби таҳур). 19 Аммо шаробе, ки аз он дарди сар намегиранд ва на маст мешаванд. 20 Ва меваҳое аз ҳар гуна, ки интихоб кунанд, 21 Ва гўшти парранда аз ҳар гуна, ки моил бошанд. 22 Ва ҳамсароне аз ҳурул-айн доранд, 23 Ҳамчун марвориди дар садаф пинҳон. 24 Инҳо подоше аст дар баробари аъмоле, ки анҷом медоданд. 25 Дар он (боғҳои биҳиштӣ) на лағву беҳудае мешунаванд, на суханони гуноҳолуд. 26 Танҳо чизе, ки мешунаванд «салом» аст «салом». 27 Ва асҳоби ямин ва хуҷастагон, чӣ асҳоби ямин ва хуҷастагоне! 28 Онҳо дар сояи дарахтони «сидр»-и бехор қарор доранд, 29 Ва дар сояи дарахти «талҳ»-и пурбарг (дарахти хушрангу хушбўе), 30 Ва сояи кашида ва густарда, 31 Ва дар канори обшорҳо, 32 Ва меваҳои фаровон, 33 Ки ҳаргиз қатъ ва мамнўъ намешавад, 34 Ва ҳамсарони баландмартабае. 35 Мо онҳоро офариниши навине бахшидем, 36 Ва ҳамаро дўшиза қарор додем, 37 Заноне, ки танҳо ба ҳамсаронашон ишқ меварзанд ва хушзабону фасеҳ ва ҳамсинну соланд. 38 Инҳо ҳама барои асҳоби ямин аст, 39 Ки гурўҳе аз умматҳои нахустинанд, 40 Ва гурўҳе аз умматҳои охирин. 41 Ва асҳоби шимол, чӣ асҳоби шимоле, (ки номаи аъмолашон ба нишонаи ҷурмашон ба дасти чапи онҳо дода мешавад). 42 Онҳо дар миёни бодҳои кушанда ва оби сўзон қарор доранд, 43 Ва дар сояи дудҳои мутарокиму оташзо. 44 Сояе, ки на хунук аст ва на оромбахш. 45 Онҳо пеш аз ин (дар олами дунё) масту мағрури неъмат буданд, 46 Ва бар гуноҳони бузург исрор меварзиданд, 47 Ва мегуфтанд: «Ҳангоме, ки мо мурдем ва хоку устухон шудем, оё барангехта хоҳем шуд?! 48 Ё ниёкони нахустини мо (барангехта мешаванд?!)». 49 Бигў: «Аввалин ва охирин, 50 Ҳамагӣ дар мавъиди рўзи муайяне гирдоварӣ мешаванд, 51 Сипас шумо эй гумроҳони инкоркунанда! 52 Ҳатман аз дарахти заққум мехўред, 53 Ва шикамҳоро аз он пур мекунед, 54 Ва рўи он аз оби сўзон менўшед, 55 Ва ҳамчун шутурони мубтало ба бемории ташнагӣ, аз он меошомед. 56 Ин аст василаи пазироӣ аз онҳо дар қиёмат». 57 Мо шуморо офаридем, пас чаро (офариниши дубораро) тасдиқ намекунед?! 58 Оё аз нутфае, ки дар раҳим мерезад огоҳед?! 59 Оё шумо онро (дар даврони ҷанинӣ) офариниши (пай дар пай) медиҳед ё мо офаридгорем?! 60 Мо дар миёни шумо маргро муқаддар сохтем ва ҳаргиз касе бар мо пешӣ намегирад. 61 То гурўҳеро ба ҷои гурўҳи дигаре биёварем ва шуморо дар ҷаҳоне, ки намедонед, офариниши тозае бахшем. 62 Шумо олами нахустинро донистед, чӣ гуна мутазаккир намешавед, (ки ҷаҳоне баъд аз он аст?!). 63 Оё ҳеҷ дар бораи он чӣ кишт мекунед, андешидаед?! 64 Оё шумо онро мерўёнед ё мо мерўёнем?! 65 Ҳаргоҳ бихоҳем онро мубаддал ба каҳи дарҳам кўбида мекунем, ки тааҷҷуб кунед. 66 (Ба гунае, ки бигўед:) Ба ростӣ мо зиён кардаем, 67 Балки мо ба куллӣ маҳрумем! 68 Оё ба обе, ки менўшед, андешидаед?! 69 Оё шумо онро аз абр нозил кардаед ё мо нозил мекунем?! 70 Ҳаргоҳ бихоҳем, ин оби гувороро талху шўр қарор медиҳем, пас чаро шукр намекунед?! 71 Оё дар бораи оташе, ки меафрўзед фикр кардеад?! 72 Оё шумо дарахти онро офаридаед ё мо офаридаем?! 73 Мо онро василаи ёдоварӣ (барои ҳамагон) ва василаи зиндагӣ барои мусофирон қарор додаем. 74 Ҳол, ки чунин аст ба номи Парвардигори Бузаргат тасбеҳ кун (ва Ўро поку муназзаҳ бишумор). 75 Савганд ба ҷойгоҳи ситорагон (ва маҳалли тулўу ғуруби онҳо). 76 Ва ин савганде аст бисёр бузург, агар бидонед. 77 Ки он, Қуръони Кариме аст, 78 Ки дар китоби маҳфузе ҷой дорад, 79 Ва ҷуз покон наметавонанд ба он даст зананд (даст ёбанд). 80 Он аз сўи Парвардигори оламиён нозил шудааст. 81 Оё ин суханро (ин Қуръонро бо сифатҳое, ки гуфта шуд), сусту кўчак мешумуред?! 82 Ва ба ҷои шукри рўзиҳое, ки ба шумо додашудааст, онро инкор мекунед?! 83 Пас чаро ҳангоме, ки ҷон ба ҳулқум мерасад, (тавоноии бозгардонидани онро надоред?!). 84 Ва шумо дар ин ҳол наззора мекунед (ва коре аз дастатон сохта нест). 85 Ва мо аз шумо ба ў наздиктарем, вале намебинед. 86 Агар ҳаргиз (дар баробари аъмолатон) ҷазо дода намешавед, 87 Пас он (рўҳ)-ро бозгардонед, агар рост мегўед. 88 Пас агар ў аз муқаррабон бошад, 89 Дар равҳу райҳон ва биҳишти пурнеъмат аст. 90 Аммо агар аз асҳоби ямин бошад, 91 (Ба ў гуфта мешавад:) Салом бар ту аз сўи дўстонат, ки аз асҳоби яминанд. 92 Аммо агар ў аз инкоркунандагони гумроҳ бошад, 93 Бо оби ҷўшони дўзах аз ў пазироӣ мешавад. 94 Ва сарнавишти ў вуруд дар оташи ҷаҳаннам аст. 95 Ин матлаб ҳаққу яқин аст. 96 Пас ба номи Парвардигори Бузургат тасбеҳ кун (ва Ўро муназзаҳ бишумор). Сураи ҲадидИн сура дар Мадина нозил шуда ва 29 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар 1 Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст барои Худо тасбеҳ мегўянд. Ва Ў Азизи ва Ҳаким аст. 2 Моликият (ва ҳокимияти) осмонҳо ва замин аз они Ўст. Зинда мекунад ва мемиронад ва Ў бар ҳар чиз Тавоност. 3 Аввалу Охир ва Пайдову Пинҳон Ўст. Ва Ў ба ҳар чиз Доност. 4 Ў касе аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рўз (шаш даврон) офарид, сипас бар тахти қудрат қарор гирифт (ва ба тадбири ҷаҳон пардохт). Он чиро дар замин фурў меравад ва он чиро аз он хориҷ мешавад ва он чӣ аз осмон нозил мегардад ва он чӣ ба осмон боло меравад, медонад. Ва ҳар ҷо бошед Ў бо шумост. Ва Худованд нисбат ба он чӣ анҷом медиҳед, Биност. 5 Моликияти осмонҳо ва замин аз они Ўст ва ҳамаи корҳо ба сўи Ў бозгардонида мешавад. 6 Шабро дар рўз мекунад ва рўзро дар шаб. Ва Ў ба он чӣ дар дили синаҳо вуҷуд дорад, Доност. 7 Ба Худо ва расулаш имон биёваред ва аз он чӣ шуморо ҷонишин ва намояндаи (худ) дар он қарор додааст, инфоқ кунед. (Зеро) касоне, ки аз шумо имон биёваранд ва инфоқ кунанд, аҷри бузурге доранд. 8 Чаро ба Худо имон наёваред, дар ҳоле, ки расули (Ў) шуморо мехонад, ки ба Парвардигоратон имон биёваред ва аз шумо паймон гирифтааст (паймоне аз тариқи фитрат ва хирад), агар омодаи имон овардан ҳастед?! 9 Ў касе аст, ки оёти равшане бар бандааш (Муҳаммад) нозил мекунад, то шуморо аз торикиҳо ба сўи нур барад. Ва Худованд нисбат ба шумо Меҳрубон ва Раҳим аст. 10 Чаро дар роҳи Худо инфоқ накунед, дар ҳоле, ки мероси осмонҳо ва замин ҳама аз они Худост (ва касе чизеро бо худ намебарад?!). Касоне, ки қабл аз пирўзӣ инфоқ карданд ва ҷангиданд (бо касоне, ки пас аз пирўзӣ инфоқ карданд), баробар нестанд. Онҳо баландмақомтар аз касоне ҳастанд, ки баъд аз фатҳ инфоқ намуданд ва ҷиҳод карданд. Ва Худованд ба ҳар ду ваъдаи нек додааст. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, Огоҳ аст. 11 Кист, ки ба Худо қарзи некў диҳад (ва аз амволе, ки ба ў арзонӣ дошта инфоқ кунад), то Худованд онро барои ў чандин баробар кунад? Ва барои ў подоши пурарзише аст. 12 (Ин подоши бузург) дар рўзе аст, ки мардону занони боимонро менигарӣ, ки нурашон пеши рў ва дар самти росташон бо шитоб ҳаракат мекунад (ва ба онҳо мегўянд:) Башорат бод бар шумо имрўз ба боғҳое аз биҳишт, ки наҳрҳо зери (дарахтонаш) ҷорӣ аст. Ҷовидона дар он хоҳед монд. Ва ин ҳамон растагории бузург аст. 13 Рўзе, ки мардону занони мунофиқ ба мўъминон мегўянд: «Назаре ба мо бияфканед, то аз нури шумо партаве баргирем». Ба онҳо гуфта мешавад: «Ба пушти сари худ бозгардед ва касби нур кунед». Дар ин ҳангом деворе миёни онҳо зада мешавад, ки даре дорад, дарунаш раҳмат аст ва берунаш азоб. 14 Онҳоро садо мезананд: «Магар мо бо шумо набудем?!». Мегўянд: «Чаро, вале шумо худро ба ҳалокат афкандед ва интизори (марги Паёмбарро) кашидед ва (дар ҳама чиз) шакку тардид доштед ва орзуҳои дуру дароз шуморо фиреб дод, то фармони Худо фаро расид ва шайтони фиребкор шуморо дар баробари (фармони) Худованд фиреб дод. 15 Пас имрўз на аз шумо фидяе пазируфта мешавад ва на аз кофирон ва ҷойгоҳатон оташ аст ва ҳамон сарпарастатон мебошад ва чӣ ҷойгоҳи баде аст! 16 Оё вақти он нарасидааст, ки дилҳои мўъминон дар баробари зикри Худо ва он чӣ аз ҳақ нозил шудааст, хошеъ гардад ва монанди касоне набошанд, ки дар гузашта ба онҳо китоби осмонӣ дода шуд, сипас замони дарозе бар онҳо гузашт ва қалбҳояшон қасоват пайдо кард. Ва бисёре аз онҳо гунаҳкоранд?! 17 Бидонед, Худованд заминро баъд аз марги он зинда мекунад. Мо оёти (худ)-ро барои шумо баён кардем, шояд андеша кунед. 18 Мардону занони инфоқкунанда ва онҳое, ки (аз ин роҳ) ба Худо «қарзул-ҳасана» диҳанд, (ин қарзул-ҳасана) барои онон дучанд мешавад ва подоши пурарзише доранд. 19 Касоне, ки ба Худо ва расулонаш имон оварданд, онҳо назди Парвардигорашон сиддиқон ва шаҳидонанд. Барои онон подоши (аъмол)-ашон ва нури (имон)-ашон аст. Ва касоне, ки кофир шуданд ва оёти моро инкор карданд, онҳо дўзахиёнанд. 20 Бидонед зиндагии дунё танҳо бозиву саргармӣ ва зинатпараству фахрфурўшӣ дар миёни шумо ва афзунталабӣ дар амволу фарзандон аст, монанди бороне, ки маҳсулаш кишоварзонро дар шигифтӣ фурў мебарад, сипас хушк мешавад, ба гунае, ки онро зардранг мебинӣ, сипас табдил ба каҳ мешавад. Ва дар охират, азоби шадиде аст ё мағфират ва ризои илоҳӣ. Ва (ба ҳар ҳол) зиндагии дунё чизе ҷуз матои фиреб нест. 21 Ба пеш тозед барои расидан ба мағфирати Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнаи он монанди паҳнаи осмону замин аст ва барои касоне, ки ба Худо ва расулонаш имон овардаанд, омода шудааст. Ин фазли Худованд аст, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад. Ва Худованд соҳиби фазли азим аст. 22 Ҳеҷ мусибате (нохоста) дар замин ва на дар вуҷуди шумо рўй намедиҳад, магар ин ки ҳамаи онҳо қабл аз он ки заминро биёфаринем, дар лавҳи маҳфуз сабт аст. Ва ин амр барои Худо осон аст. 23 Ин ба хотири он аст, ки барои он чӣ аз даст додаед, таассуф нахўред ва ба он чӣ ба шумо додааст, дилбаставу шодмон набошед. Ва Худованд ҳеҷ мутакаббири фахрфурўшеро дўст надорад. 24 Ҳамонҳо, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл даъват мекунанд ва ҳар кас (аз ин фармон) рўйгардон шавад, (ба худ зиён мерасонад на ба Худо), зеро Худованд бениёз ва шоистаи ситоиш аст. 25 Мо расулони худро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китоб (-и осмонӣ) ва мизон (-и шиносоии ҳақ аз ботил ва қонунҳои одилона) нозил кардем, то мардум ба адолат қиём кунанд. Ва оҳанро нозил кардем, ки дар он нерўи шадид ва манфиатҳое барои мардум аст, то Худованд бидонад чӣ касе Ў ва расулонашро ёрӣ мекунад, бе он ки Ўро бибинанд. Худованд Қудратманд ва Шикастнопазир аст. 26 Мо Нўҳ ва Иброҳимро фиристодем ва дар насли он ду нубувват ва китоб қарор додем, баъзе аз онҳо ҳидоятёфтаанд ва бисёре аз онҳо гунаҳкоранд. 27 Сипас дар пайи онон расулони дигари худро фиристодем ва баъд аз онон Исо ибни Марямро барангехтем ва ба ў Инҷил ато кардем ва дар дили касоне, ки аз ў пайравӣ карданд, раъфату раҳмат қарор додем ва раҳбониятеро ки ибдоъ карда буданд, мо бар онон муқаррар надошта будем, гарчи ҳадафашон ҷалби хушнудии Худо буд, вале ҳаққи онро риоят накарданд, бинобар ин мо ба касоне аз онҳо, ки имон оварданд, подошашонро додем ва бисёре аз онҳо фосиқанд. 28 Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои илоҳӣ пеша кунед ва ба Расулаш имон биёваред, то ду саҳм аз раҳматаш ба шумо бибахшад ва барои шумо нуре қарор диҳад, ки бо он (дар миёни мардум ва дар масири зиндагии худ) роҳ биравед ва гуноҳони шуморо бибахшад. Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст. 29 То Аҳли Китоб бидонанд, ки қодир бар чизе аз фазли Худо нестанд ва тамоми фазл (ва раҳмат) ба дасти Ўст, ба ҳар кас бихоҳад онро мебахшад. Ва Худованд фазли азим дорад. Сураи МуҷодилаИн сура дар Мадина нозил шуда ва 22 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар 1 Худованд сухани занеро, ки дар бораи шавҳараш ба ту муроҷиат карда буд ва ба Худованд шикоят мекард, шунид (ва дархости ўро иҷобат кард). Худованд гуфтугўи шуморо бо ҳам (ва исрори он занро дар бораи ҳалли мушкилаш) мешунид. Ва Худованд Шунаво ва Биност. 2 Касоне, ки аз шумо нисбат ба ҳамсаронашон «зиҳор» мекунанд (ва мегўянд: Ту нисбат ба ман ба манзилаи модарам ҳастӣ), онон ҳаргиз модаронашон нестанд. Модаронашон танҳо касонеанд, ки онҳоро ба дунё овардаанд. Онҳо сухани зишту ботиле мегўянд. Ва Худованд Бахшанда ва Омурзанда аст. 3 Касоне, ки ҳамсарони худро «зиҳор» мекунанд, сипас аз гуфтаи худ бозмегарданд, бояд пеш аз омезиши ҷинсӣ бо ҳам, бардаеро озод кунанд. Ин дастуре аст, ки ба он андарз дода мешавед. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед огоҳ аст. 4 Ва касе, ки тавоноии (озодкандани бардае) надошта бошад, ду моҳ паёпай қабл аз омезиш рўза бигирад ва касе, ки инро ҳам натавонад, шаст мискинро таом диҳад, ин кор барои он аст, ки ба Худо ва расулаш имон биёваред. Ин марзҳои илоҳӣ аст ва касоне, ки бо он мухолифат кунанд, азоби дардноке доранд. 5 Касоне, ки бо Худо ва Расулаш душманӣ мекунанд, хору залил шуданд, он гуна, ки пешиниён хору залил шуданд. Мо оёти равшане нозил кардем ва барои кофирон азоби хоркунандае аст, 6 Дар он рўз, ки Худованд ҳамаи онҳоро бармеангезад ва аз аъмоле, ки анҷом доданд бо хабар месозад, аъмоле, ки Худованд ҳисоби онро нигаҳ дошта ва онҳо фаромўшаш карданд. Ва Худованд ба ҳар чиз Шоҳиду Нозир аст. 7 Оё намедонӣ, ки Худованд он чиро дар осмонҳо ва он чиро дар замин аст, медонад. Ҳеҷгоҳ се нафар бо ҳам наҷво намекунанд, магар ин ки Худованд чаҳорўмини онҳост ва ҳеҷгоҳ панҷ нафар бо ҳам наҷво намекунанд, магар ин ки Худованд шашўмини онҳост ва на теъдоди камтаре ва на бештар аз он, магар ин ки Ў ҳамроҳи онҳост, ҳар ҷо ки бошанд, сипас рўзи қиёмат онҳоро аз аъмолашон огоҳ месозад, зеро ки Худованд ба ҳар чизе Доност. 8 Оё надидӣ касонеро, ки аз наҷво (сухан гуфтан дар гўш) наҳй шуданд, сипас ба коре, ки аз он наҳй шуда буданд бозмедоранд ва барои анҷоми гуноҳ ва таҷовузу нофармонии Расули Худо ба наҷво мепардозанд ва ҳангоме, ки назди ту меоянд, туро таҳият (ва хушомаде) мегўянд, ки Худо ба ту нагуфтааст ва дар дил мегўянд: «Чаро Худованд моро ба хотири гуфтаҳоямон азоб намекунад?!». Ҷаҳаннам барои онҳо кофӣ аст, вориди он мешаванд ва оқибати баде аст! 9 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки наҷво мекунед, ба гуноҳу таҷовуз ва нофармонии Расули (Худо) наҷво накунед ва ба кори нек ва тақво наҷво кунед ва аз Худое, ки ҳамагӣ назди Ў ҷамъ мешавед, бипарҳезед. 10 Наҷво танҳо аз сўи шайтон аст, мехоҳад бо он мўъминон ғамгин шаванд, вале наметавонад ҳеҷ гуна зараре ба онҳо бирасонад, ҷуз ба фармони Худо. Пас мўъминон танҳо бар Худо таваккул кунанд. 11 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки ба шумо гуфта шавад: «Маҷлисро вусъат бахшед (ва ба навомадаҳо ҷой диҳед)», вусъат бахшед, Худованд (биҳиштро) барои шумо вусъат мебахшад. Ва ҳангоме, ки гуфта шавад: «Бархезед», бархезед. Агар чунин кунед, Худованд касонеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки илм ба онон дода шудааст, дараҷоти азиме мебахшад. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст. 12 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки мехоҳед бо Расули Худо наҷво кунед (ва суханони пинҳонӣ бигўед), қабл аз он садақае (дар роҳи Худо) бидиҳед. Ин барои шумо беҳтар ва покизатар аст. Ва агар тавоноӣ надошта бошед, Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст. 13 Оё тарсидед фақир шавед, ки аз додани садақот қабл аз наҷво худдорӣ кардед?! Акнун, ки ин корро накардед ва Худованд тавбаи шуморо пазируфт, намозро барпо доред ва закотро адо кунед ва Худо ва Паёмбарашро итоат намоед ва (бидонед) Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, бохабар аст. 14 Оё надидӣ касонеро, ки тарҳи дўстӣ бо гурўҳе, ки мавриди ғазаби Худо буданд рехтанд?! Онҳо на аз шумо ҳастанд ва на аз онон. Савганди дурўғ ёд мекунанд, (ки аз шумо ҳастанд), дар ҳоле, ки худашон медонанд (дурўғ мегўянд). 15 Худованд азоби шадиде барои онон фароҳам сохтааст, зеро аъмоли баде анҷом медоданд. 16 Онҳо савгандҳои худро сипаре қарор доданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд. Бинобар ин барои онон азоби хоркунандае аст. 17 Ҳаргиз амвол ва авлодашон онҳоро аз азоби илоҳӣ ҳифз намекунад. Онҳо аҳли оташанд ва ҷовидона дар он мемонанд. 18 (Ба хотир биёваред) рўзеро, ки Худованд ҳамаи онҳоро бармеангезад, онҳо барои Худо низ савганди (дурўғ) ёд мекунанд, ҳамон гуна, ки (имрўз) барои шумо ёд мекунанд ва гумон мекунанд коре метавонанд анҷом диҳанд. Бидонед онҳо дурўғгўёнанд. 19 Шайтон бар онҳо мусаллат шуда ва ёди Худоро аз хотири онҳо бурдааст. Онон ҳизби шайтонанд. Бидонед ҳизби шайтон зиёнкоронанд. 20 Касоне, ки бо Худо ва Расулаш душманӣ мекунанд, онҳо дар зумраи залилтарин ашхосанд. 21 Худованд чунин муқаррар дошта, ки Ман ва расулонам пирўз мешавем, зеро Худованд Қудратманд ва Шикастнопазир аст. 22 Ҳеҷ қавмеро, ки имон ба Худо ва рўзи қиёмат доранд, намеёбӣ, ки бо душманони Худо ва Расулаш дўстӣ кунанд, ҳарчанд падарон ё фарзандон ё бародарон ё хешовандонашон бошанд. Онон касоне ҳастанд, ки Худо имонро бар саҳифаи дилҳояшон навишта ва бо рўҳе аз ноҳияи худаш онҳоро қувват бахшида ва онҳоро дар боғҳое аз биҳишт ворид мекунад, ки наҳрҳо аз зери (дарахтонаш) ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд. Худо аз онон хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Онҳо Ҳизбуллоҳанд, бидонед «Ҳизбуллоҳ » пирўзон ва растагоронанд. Сураи ҲашрИн сура дар Мадина нозил шуда ва 24 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар 1 Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, барои Худо тасбеҳ мегўянд. Ва Ў Азиз ва Ҳаким аст. 2 Ў касе аст, ки кофирони Аҳли Китобро дар нахустин бархўрд (бо мусулмонон) аз хонаҳояшон берун ронд. Гумон намекардед онон хориҷ шаванд ва худашон низ гумон мекарданд, ки қалъаҳои мустаҳкамашон онҳоро аз азоби илоҳӣ монеъ мешавад. Аммо Худованд аз он ҷо ки гумон намекарданд ба суроғашон омад ва дар дилҳояшон тарсу ваҳшат афканд, ба гунае, ки хонаҳои худро бо дасти хеш ва бо дасти мўъминон вайрон мекарданд. Пас ибрат бигиред эй соҳибон чашм! 3 Ва агар на ин буд, ки Худованд тарки ватанро бар онон муқаррар дошта буд, онҳоро дар ҳамин дунё муҷозот мекард ва барои онон дар охират низ азоби оташ аст. 4 Ин ба хотири он аст, ки онҳо бо Худо ва Расулаш душманӣ карданд ва ҳар кас бо Худо душманӣ кунад, (бояд бидонад, ки) Худо муҷозоти шадиде дорад. 5 Ҳар дарахти боарзиши нахлро қатъ кардед ё онро ба ҳоли худ вогузоштед, ҳама ба фармони Худо буд ва барои ин буд, ки фосиқонро хору расво кунад. 6 Ва он чиро Худо аз онон (яҳуд) ба Расулаш бозгардонида (ва бахшида) чизе аст, ки шумо барои ба даст овардани он (заҳмате накашидед), на аспе тохтед ва на шутуре, вале Худованд расулони худро бар ҳар кас бихоҳад мусаллат месозад. Ва Худо ба ҳар чиз Тавоност. 7 Он чиро Худованд аз аҳли ин ободиҳо ба Расулаш бозгардонид, аз они Худо ва Расулаш ва хешовандони ў ва ятимону мустамандон ва дар роҳ мондагон аст, то (ин амволи азим) дар миёни сарватмандони шумо даст ба даст нагардад. Он чиро Расули Худо барои шумо овардааст, бигиред (ва иҷро кунед) ва аз он чӣ наҳй кардааст, худдорӣ намоед ва аз (мухолифати) Худо бипарҳезед, ки Худованд кайфараш шадид аст. 8 Ин амвол барои фақирони муҳоҷироне аст, ки аз хонаву кошона ва амволи худ берун ронда шуданд, дар ҳоле, ки фазли илоҳӣ ва ризои Ўро металабанд ва Худову Расулашро ёрӣ мекунанд, ва онҳо ростгўёнанд. 9 Ва барои касоне аст, ки дар ин саро (сарзамини Мадина) ва дар сарои имон пеш аз муҳоҷирон маскан гузиданд ва касонеро, ки ба сўяшон ҳиҷрат кунанд, дўст медоранд ва дар дили худ ниёзе ба он чӣ ба муҳоҷирон дода шудааст, эҳсос намекунанд ва онҳоро бар худ муқаддам медоранд, ҳарчанд худашон бисёр ниёзманд бошанд. Касоне, ки аз бухлу ҳирси нафси хеш боздошта шудаанд, растагоронанд. 10 (Ҳамчунин) касоне, ки баъд аз онҳо (баъд аз муҳоҷирону ансор) омаданд ва мегўянд: «Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки дар имон бар мо пешӣ гирифтанд, биёмурз ва дар дилҳоямон ҳасаду кинае нисбат ба мўъминон қарор мадеҳ! Парвардигоро! Ту Меҳрубон ва Раҳимӣ». 11 Оё мунофиқонро надидӣ, ки пайваста ба бародарони куффорашон аз Аҳли Китоб мегуфтанд: «Ҳаргоҳ шуморо (аз ватан) берун кунанд, мо ҳам бо шумо берун хоҳем рафт ва ҳаргиз сухани ҳеҷ касро дар бораи шумо итоат нахоҳем кард ва агар бо шумо пайкор шавад, ёриятон хоҳем намуд?!». Худованд шаҳодат медиҳад, ки онҳо дурўғгўёнанд. 12 Агар онҳоро берун кунанд, бо онон берун намераванд ва агар бо онҳо пайкор шавад, ёрияшон нахоҳанд кард ва агар ёрияшон кунанд, пушт ба майдон карда мегурезанд, сипас касе ононро ёрӣ намекунад. 13 Ваҳшат аз шумо дар дилҳои онон беш аз тарси Худост. Ин ба хотири он аст, ки онҳо гурўҳи нодонеанд. 14 Онҳо ҳаргиз бо шумо ба сурати гурўҳӣ намеҷанганд, ҷуз дар қалъаҳои маҳкам ё аз пушти деворҳо. Пайкорашон дар миёни худашон шадид аст, (аммо дар баробари шумо заиф). Онҳоро муттаҳид мепиндорӣ, дар ҳоле, ки дилҳояшон пароканда аст. Ин ба хотири он аст, ки онҳо қавме ҳастанд, ки андеша намекунанд. 15 (Кори ин гурўҳ аз яҳуд) монанди касоне аст, ки каме қабл аз онон буданд, таъми талхи кори худро чашиданд ва барои онҳо азоби дардноке аст. 16 Кори онҳо ҳамчун шайтон аст, ки ба инсон гуфт: «Кофир шав, (то мушкилоти туро ҳал кунам)», аммо ҳангоме, ки кофир шуд, гуфт: «Ман аз ту безорам, ман аз Худованде, ки Парвардигори оламиён аст, бим дорам». 17 Саранҷоми корашон ин шуд, ки ҳар ду дар оташи дўзах хоҳанд буд, ҷовидона дар он мемонанд. Ва ин аст кайфари ситамкорон. 18 Эй касоне, ки имон овардаед! Аз (мухолифати) Худо бипарҳезед ва ҳар кас бояд бинигарад, то барои фардояш чӣ чиз аз пеш фиристодааст. Ва аз Худо бипарҳезед, ки Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст. 19 Ва ҳамчун касоне набошед, ки Худоро фаромўш карданд ва Худо низ онҳоро ба «худфаромушӣ» гирифтор кард, онҳо фосиқонанд. 20 Ҳаргиз дўзахиёну биҳиштиён яксон нестанд. Асҳоби биҳишт растагору пирўзанд. 21 Агар ин Қуръонро бар кўҳе нозил мекардем, медидӣ, ки дар баробари он хошеъ мешавад ва аз хавфи Худо мешикофад. Инҳо мисолҳое аст, ки барои мардум мезанем, шояд дар он бияндешанд. 22 Ў Худое аст, ки маъбуде ҷуз Ў нест, Донои ошкору ниҳон аст. Ва Ў Раҳмону Раҳим аст. 23 Ў Худое аст, ки маъбуде ҷуз Ў нест, Ҳокиму Молики аслӣ Ўст, аз ҳар айб муназзаҳ аст, ситам намекунад, Амниятбахш аст, Муроқиби ҳама чиз аст, Қудратманди Шикастнопазире, ки бо иродаи нофизи худ ҳар амреро ислоҳ мекунад ва шоистаи азамат аст. Худованд муназзаҳ аст аз он чӣ шарик барои Ў қарор медиҳанд. 24 Ў Худованде аст Холиқ, Офаринандаи бесобиқа ва Суратгари (беназире). Барои Ў номҳои нек аст. Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳи Ў мегўянд. Ва Ў Азиз ва Ҳаким аст. Сураи МумтаҳанаИн сура дар Мадина нозил шуда ва 13 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар 1 Эй касоне, ки имон овардаед! Душмани Ман ва душмани худатонро дўст нагиред. Шумо нисбат ба онон изҳори муҳаббат мекунед, дар ҳоле, ки онҳо ба он чӣ аз ҳақ барои шумо омадааст, кофир шудаанд ва Расулуллоҳ ва шуморо ба хотири имон ба Худованде, ки Парвардигори ҳамаи шумост, аз шаҳру диёратон берун меронанд. Агар шумо барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва ҷалби хушнудиям ҳиҷрат кардаед, (пайванди дўстӣ бо онон барқарор насозед). Шумо махфиёна бо онҳо робитаи дўстӣ барқарор мекунед, дар ҳоле, ки Ман ба он чӣ пинҳон ё ошкор месозед, аз ҳама донотарам. Ва ҳар кас аз шумо чунин коре кунад, аз роҳи рост гумроҳ шудааст. 2 Агар онҳо бар шумо мусаллат шаванд, душманонатон хоҳанд буд ва дасту забони худро ба бадӣ кардан нисбат ба шумо мекушоянд ва дўст доранд шумо ба куфр бозгардед. 3 Ҳаргиз наздикону фарзандонатон рўзи қиёмат суде ба ҳолатон нахоҳанд дошт. Миёни шумо ҷудоӣ меафканад. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, Биност. 4 Барои шумо сармашқи хубе дар зиндагии Иброҳим ва касоне, ки бо ў буданд, вуҷуд дошт. Дар он ҳангоме, ки ба қавми (мушрики) худ гуфтанд: «Мо аз шумо ва он чӣ ғайр аз Худо мепарастед, безорем. Мо нисбат ба шумо кофирем ва миёни мо ва шумо адовату душмании ҳамешагӣ ошкор шудааст, то он замон, ки ба Худои Ягона имон биёваред. - Ҷуз он сухани Иброҳим, ки ба падараш (амакаш Озар) гуфт (ва ваъда дод), ки барои ту омурзиш талаб мекунам ва дар айни ҳол дар баробари Худованд барои ту молики чизе нестам (ва ихтиёре надорам). - Парвардигоро! Мо бар Ту таваккул кардем ва ба сўи Ту бозгаштем ва ҳамаи фарҷомҳо ба сўи Туст. 5 Парвардигоро! Моро сабаби гумроҳии кофирон қарор мадеҳ ва моро бибахш, эй Парвардигори мо, ки Ту Азиз ва Ҳакимӣ». 6 (Оре) барои шумо дар зиндагии онҳо усваи ҳасана (ва сармашқи некўе) буд, барои касоне, ки умед ба Худо ва рўзи қиёмат доранд. Ва ҳар кас сарпечӣ кунад (ба хештан зарар задааст, зеро) Худованд Бениёз ва шоистаи ситоиш аст. 7 Умед аст Худо миёни шумо ва касоне аз мушрикин, ки бо шумо душманӣ карданд, (аз роҳи Ислом) пайванди муҳаббат барқарор кунад. Худованд Тавоност ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст. 8 Худо шуморо аз некӣ кардан ва риояти адолат нисбат ба касоне, ки дар роҳи дин бо шумо пайкор накарданд ва аз хонаву диёратон берун наронданд, наҳй намекунад, зеро Худованд адолатпешагонро дўст дорад. 9 Танҳо шуморо аз дўстӣ ва робита бо касоне наҳй мекунад, ки дар амри дин бо шумо пайкор карданд ва шуморо аз хонаҳоятон берун ронданд ё ба берун рондани шумо кўмак карданд ва ҳар кас бо онон робитаи дўстӣ дошта бошад, золиму ситамгар аст. 10 Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки занони боимон ба унвони ҳиҷрат назди шумо оянд, онҳоро озмоиш кунед. - Худованд ба имонашон огоҳтар аст. - Ҳаргоҳ ононро мўъмин ёфтед, онҳоро ба сўи куффор бознагардонед. На онҳо барои куффор ҳалоланд ва на куффор барои онҳо ҳалол. Ва он чиро ҳамсарони онҳо (барои издивоҷ бо ин занон) пардохтаанд, ба онон бипардозед. Ва гуноҳе бар шумо нест, ки бо онҳо издивоҷ кунед, ҳар гоҳ маҳрашонро ба онон бидиҳед. Ва ҳаргиз занони кофирро дар ҳамсарии худ нигаҳ надоред (ва агар касе аз занони шумо кофир шуд ва ба билоди куфр гурехт), ҳақ доред маҳреро, ки пардохтаед, мутолиба кунед, ҳамон гуна, ки онҳо ҳақ доранд маҳри (занонашонро, ки аз онон ҷудо шудаанд), аз шумо мутолиба кунанд. Ин ҳукми Худованд аст, ки дар миёни шумо ҳукм мекунад ва Худованд Доно ва Ҳаким аст. 11 Ва агар баъзе аз ҳамсарони шумо аз дастатон бираванд (ва ба сўи куффор бозгарданд) ва шумо дар ҷанге бар онон пирўз шудед ва ғаноиме гирифтед, ба касоне, ки ҳамсаронашон рафтаанд, монанди маҳреро, ки пардохтаанд, бидиҳед. Ва аз (мухолифати) Худованде, ки ҳама ба Ў имон доред, бипарҳезед. 12 Эй Паёмбар! Ҳангоме, ки занони мўъмин назди ту оянд, то бо ту байъат кунанд, ки чизеро шарики Худо қарор надиҳанд, дуздиву зино накунанд, фарзандони худро накушанд, тўҳмату ифтирое пеши дасту пои худ наёваранд ва дар ҳеҷ кори шоистае мухолифати фармони ту накунанд, бо онҳо байъат кун ва барои онон аз даргоҳи Худованд омурзиш биталаб, ки Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст. 13 Эй касоне, ки имон овардаед! Бо қавме, ки Худованд ононро мавриди ғазаб қарор додааст, дўстӣ накунед. Онон аз охират ноумеданд, ҳамон гуна, ки куффори мадфун дар қабрҳо ноумед мебошанд. Сураи СафИн сура дар Мадина нозил шуда ва 14 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар 1 Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, ҳама тасбеҳи Худо мегўянд. Ва Ў Шикастнопазир ва Ҳаким аст. 2 Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро сухане мегўед, ки амал намекунед?! 3 Назди Худо бисёр сабаби хашм аст, ки сухане бигўед, ки амал намекунед. 4 Худованд касонеро дўст медорад, ки дар роҳи Ў пайкор мекунанд, гўё бинои оҳанинеанд. 5 (Ба ёд оваред) ҳангомеро, ки Мўсо ба қавмаш гуфт: «Эй қавми ман! Чаро маро озор медиҳед, бо он ки медонед ман фиристодаи Худо ба сўи шумо ҳастам?!». Ҳангоме, ки онҳо аз ҳақ гумроҳ шуданд, Худованд қалбҳояшонро гумроҳ сохт. Ва Худо фосиқонро ҳидоят намекунад. 6 Ва (ба ёд оваред) ҳангомеро, ки Исо ибни Марям гуфт: «Эй Банӣ Исроил! Ман фиристодаи Худо ба сўи шумо ҳастам, дар ҳоле, ки тасдиқкунандаи китобе, ки қабл аз ман фиристода шуда (Таврот) мебошам ва башоратдиҳанда ба расуле, ки баъд аз ман меояд ва номи ў Аҳмад аст». Ҳангоме, ки ў (Аҳмад) бо мўъҷизот ва далелҳои равшан ба суроғи онон омад, гуфтанд: «Ин сеҳри ошкоре аст». 7 Чӣ касе золимтар аст аз он кас, ки бар Худо дурўғ бастааст, дар ҳоле, ки ба Ислом даъват мешавад?! Худованд гурўҳи ситамкоронро ҳидоят намекунад. 8 Онон мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомўш созанд, вале Худо нури худро комил мекунад, ҳарчанд кофирон хуш надошта бошанд. 9 Ў касе аст, ки расули худро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то ўро бар ҳамаи динҳо ғолиб созад, ҳарчанд мушрикон кароҳат дошта бошанд. 10 Эй касоне, ки имон овардаед! Оё шуморо ба тиҷорате роҳнамоӣ кунам, ки шуморо аз азоби дарднок раҳоӣ мебахшад?! 11 Ба Худо ва Расулаш имон биёваред ва бо амволу ҷонҳоятон дар роҳи Худо ҷиҳод кунед. Ин барои шумо (аз ҳар чиз) беҳтар аст, агар бидонед. 12 (Агар чунин кунед), гуноҳонатонро мебахшад ва шуморо дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунад, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст ва дар масканҳои покиза дар биҳишти ҷовидон ҷой медиҳад. Ва ин пирўзии азим аст. 13 Ва (неъмати) дигаре, ки онро дўст доред (ба шумо мебахшад). Ва он ёрии Худованд ва пирўзии наздик аст. Ва мўъминонро башорат деҳ (ба ин пирўзии бузург). 14 Эй касоне, ки имон овардаед! Ёварони Худо бошед, ҳамон гуна, ки Исо ибни Марям ба ҳаввориюн гуфт: «Чӣ касоне дар роҳи Худо ёварони ман ҳастанд?!». Ҳаввориюн гуфтанд: «Мо ёварони Худоем». Дар ин ҳангом гурўҳе аз Банӣ Исроил имон оварданд ва гурўҳе кофир шуданд. Мо касонеро, ки имон оварда буданд, дар баробари душманонашон таъйид кардем ва саранҷом бар онон пирўз шуданд. |