Сураи Муҳаммад

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 38 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Касене, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд, (Худованд) аъмолашонро нобуд мекунад.

2  Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд ва ба он чӣ бар Муҳаммад (с) нозил шуда – ва ҳама ҳақ аст ва аз сўи Парвардигорашон – низ имон оварданд, Худованд гуноҳонашонро мебахшад ва корашонро ислоҳ мекунад.

3  Ин ба хотири он аст, ки кофирон аз ботил пайравӣ карданд ва мўъминон аз ҳаққе, ки аз сўи Парвардигорашон буд, табаият намуданд. Ин гуна Худованд барои мардум масалҳои (зиндагии) ононро баён мекунад.

4  Ва ҳангоме, ки бо кофирон (-и ҷиноятпеша) дар майдони ҷанг рў ба рў шудед, гарданҳояшонро бизанед (ва ин корро ҳамчунон идома диҳед), то ба андозаи лозим душманро дарҳам бикўбед. Дар ин ҳангом асиронро маҳкам бибандед, сипас ё бар онон миннат гузоред (ва озодашон кунед), ё дар баробари озодӣ аз онон фидя (ғаромат) бигиред. (Ва ин вазъият бояд ҳамчунон идома ёбад), то ҷанг бори вазнини худро бар замин ниҳад. (Оре), барнома ин аст ва агар Худо мехост худаш онҳоро муҷозот мекард, аммо мехоҳад баъзе аз шуморо бо баъзе дигар имтиҳон кунад. Ва касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, Худованд ҳиргиз аъмолашонро аз байн намебарад.

5  Ба зудӣ ононро ҳидоят намуда ва корашонро ислоҳ мекунад.

6  Ва онҳоро дар биҳишт (-и ҷовидонаш), ки сифатҳои онро барои онон бозгў кардааст, дохил мекунад.

7  Эй касоне, ки имон овардаед! Агар (оини) Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро устувор медорад.

8  Ва касоне, ки кофир шуданд, марг бар онон! Ва аъмолашон нобуд бод!

9  Ин ба хотири он аст, ки аз он чӣ Худованд нозил кардааст, кароҳат доштанд, бинобар ин Худо аъмолашонро нобуд кард.

10  Оё дар замин сайр накарданд, то бубинанд оқибати касоне, ки пеш аз онон буданд, чӣ гуна буд?! Худованд онҳоро ҳалок кард. Ва барои кофирон آ монанди ин муҷозотҳо хоҳад буд.

11  Ин барои он аст, ки Худованд мавло ва сарпарасти касоне аст, ки имон оварданд, аммо кофирон сарпарасте надоранд.

12  Худованд касонеро, ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом доданд, дохили боғҳое аз биҳишт мекунад, ки наҳрҳо аз зер (-и дарахтонаш) ҷорӣ аст, дар ҳоле, ки кофирон аз матои зудгузари дунё баҳра мегиранд ва ҳамчун чаҳорпоён мехўранд ва саранҷом оташи дўзах ҷойгоҳи онҳост.

13  Ва чӣ бисёр шаҳрҳое, ки аз шаҳре, ки туро берун кард, нерўмандтар буданд, мо ҳамаи онҳоро нобуд кардем ва ҳеҷ ёваре надоштанд.

14  Оё касе, ки далели равшане аз сўи Парвардигораш дорад, монанди касе аст, ки палидии аъмолаш дар назараш ороста шуда ва аз ҳавои нафсашон пайравӣ мекунанд?!

15  Сифатҳои биҳиштӣ, ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст, чунин аст: дар он наҳрҳое аз оби софу холис, ки бадбў нашуда ва наҳрҳое аз шир, ки таъми он дигаргун нагаштаآ  ва наҳрҳое аз шароб (-и таҳур), ки сабаби лаззати нўшандагон аст ва наҳрҳое аз асали мусаффо аст ва барои онҳо дар он аз ҳама гуна меваҳо вуҷуд дорад ва (аз ҳама болотар) омурзише аст аз сўи Парвардигорашон. Оё инҳо монанди касоне ҳастанд, ки ҳамеша дар оташи дўзаханд ва аз оби ҷўшон нўшонда мешаванд, ки андарунашонро аз ҳам муталошӣ мекунад?!

16  Гурўҳе аз онон ба суханонат гўш фаро медиҳанд, аммо ҳангоме, ки аз назди ту берун мешаванд, ба касоне, ки илму дониш ба онон бахшида шудааст, (аз рўи масхара) мегўянд: آ«(Ин мард) акнун чӣ гуфт?!آ». Онҳо касоне ҳастанд, ки Худованд бар дилҳояшон мўҳр ниҳода ва аз ҳавои нафсашон пайравӣ кардаанд, (бинобар ин чизе намефаҳманд).

17  Касоне, ки ҳидоят ёфтаанд, (Худованд) бар ҳидояташон меафзояд ва рўҳи тақво ба онон мебахшад.

18  Оё онҳо (кофирон) ҷуз ин интизоре доранд, ки қиёмат ногаҳон фаро расад, (он гоҳ имон оваранд), дар ҳоле, ки ҳамакнун нишонаҳои он омадааст, аммо ҳангоме, ки биёяд тазаккур (ва имони) онҳо суде нахоҳад дошт.

19  Пас бидон, ки маъбуде ҷуз آ«Аллоҳآ» нест ва барои гуноҳони худ ва мардону занони боимон истиғфор кун. Ва Худованд маҳалли ҳаракат ва қароргоҳи шуморо медонад.

20  Касоне, ки имон овардаанд, мегўянд: آ«Чаро сурае нозил намешавад, (ки дар он фармони ҷиҳод бошад?!)آ». Аммо ҳангоме, ки сураи равшане нозил мегардад, ки дар он сухане аз ҷанг аст, мунофиқони бемордилро мебинӣ, ки ҳамчун касе, ки дар остонаи марг қарор гирифтааст, ба ту нигоҳ мекунанд, пас маргу нобудӣ барои онон сазовортар аст.

21  (Вале) итоат ва сухани санҷида барои онон беҳтар аст. Ва агар ҳангоме, ки фармони ҷиҳод ҳатмӣ мешавад, ба Худо рост гўянд (ва аз дари сидқу сафо дароянд), барои онҳо беҳтар мебошад.

22  Агар (аз ин дастурҳо) рўйгардон шавед, ҷуз ин интизор меравад, ки дар замин фасод ва қатъи пайванди хешовандӣ кунед?!

23  Онҳо касоне ҳастанд, ки Худованд аз раҳмати худ дурашон сохтааст, гўшҳояшонро кар ва чашмҳояшонро кўр кардааст.

24  Оё онҳо дар Қуръон тадаббур намекунанд ё бар дилҳояшон қулф ниҳода шудааст?!

25  Касоне, ки баъд аз равшан шудани ҳидоят барои онҳо, пушт ба ҳақ карданд, шайтон аъмоли палидашонро дар назарашон зинат дода ва ононро бо орзуҳои дароз фирефта аст.

26  Ин ба хотири он аст, ки онон ба касоне, ки нузули ваҳйи илоҳиро кароҳат доштан, гуфтанд: آ«Мо дар баъзе аз корҳо аз шумо пайравӣ мекунемآ», дар ҳоле, ки Худованд пинҳонкории ононро медонад.

27  Ҳоли онҳо чӣ гуна хоҳад буд, ҳангоме, ки фариштагон (-и марг) бар чеҳра ва пушти онон мезананд ва ҷонашонро мегиранд?!

28  Ин ба хотири он аст, ки онҳо аз он чӣ Худовандро ба хашм меоварад, пайравӣ карданд ва он чиро сабаби хушнудии Ўст, кароҳат доштанд. Бинобар ин (Худованд) аъмолашонро нобуд кард.

29  Оё касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ аст, гумон карданд Худо кинаҳояшонро ошкор намекунад?!

30  Ва агар мо бихоҳем онҳоро ба ту нишон медиҳем, то ононро бо қиёфаҳояшон бишносӣ, ҳар чанд метавонӣ онҳоро аз тарзи суханонашон бишносӣ. Ва Худованд аъмоли шуморо медонад.

31  Мо ҳамаи шуморо ҳатман имтиҳон мекунем, то маълум шавад муҷоҳидони ҳақиқӣ ва собирон аз миёни шумо киёнанд ва ахбори шуморо имтиҳон кунем.

32  Онон, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд ва баъд аз равшан шудани ҳидоят барои онон, ( боз) ба мухолифат бо Расул (-и Худо) бархостанд, ҳаргиз зиёне ба Худо намерасонанд ва (Худованд) ба зудӣ аъмолашонро нобуд мекунад.

33  Эй касоне, ки имон овардаед! Итоат кунед Худоро ва итоат кунед Расул (-и Худо)-ро ва аъмоли худро ботил насозед.

34  Касоне, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд, сипас дар ҳоли куфр аз дунё рафтанд, Худо ҳаргиз онҳоро нахоҳад бахшид.

35  Пас ҳаргиз суст нашавед ва (душманонро) ба сулҳ (-и зиллатбор) даъват накунед, дар ҳоле, ки шумо бартар ҳастед ва Худованд бо шумо аст ва чизе аз (савоби) аъмолатонро кам намекунад.

36  Зиндагии дунё танҳо бозӣ ва саргармӣ аст ва агар имон оваред ва тақво пеша кунед, подошҳои шуморо медиҳад ва амволи шуморо наметалабад,

37  Зеро ҳар гоҳ авмоли шуморо мутолиба кунад ва ҳатто исрор намояд, бухл меварзед ва кинаву хашми шуморо ошкор месозад.

38  Оре, шумо ҳамон гурўҳе ҳастед, ки барои бахшиш дар роҳи Худо даъват мешавед, баъзе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар кас бухл варзад, нисбат ба худ бухл кардааст ва Худованд бениёз аст ва шумо ҳама ниёзмандед. Ва ҳар гоҳ сарпечӣ кунед, Худованд гурўҳи дигареро ба ҷои шумо меоварад, пас онҳо монанди шумо нахоҳанд буд (ва саховатмандона дар роҳи Худо бахшиш мекунанд).

Сураи Фатҳ

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 29 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Мо барои ту пирўзии ошкоре фароҳам сохтаем,

2  То Худованд гуноҳони газашта ва ояндаеро, ки ба ту нисбат медоданд, бубахшад (ва ҳаққонияти туро собит намуда) ва неъматашро бар ту тамом кунад ва ба роҳи рост ҳидоятат намояд,

3  Ва пирўзии шикастнопазире насиби ту кунад.

4  Ў касе аст, ки оромишро дар дилҳои мўъминон нозил кард, то имоне бар имонашон бияфзояд. Лашкариёни осмонҳо ва замин аз они Худост ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

5  Мақсад (-и дигар аз он фатҳи мубин) ин буд, ки мардону занони бо имонро дар боғҳое (аз биҳишт) дохил кунад, ки наҳрҳо аз зер (-и дарахтонаш) ҷорӣ аст, дар ҳоле, ки ҷовидона дар он мемонанд ва гуноҳонашонро мебахшад ва ин назди Худо растагории бузурге аст.

6  Ва (низ) мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки ба Худо гумони бад мебаранд, муҷозот кунад. (Оре), ҳодисаҳои ногуворе, (ки барои мўъминон интизор мекашанд), танҳо бар худашон нозил мешавад. Худованд бар онон ғазаб карда ва аз раҳмати худ дурашон сохта ва ҷаҳаннамро барои онон омода кардааст. Ва чӣ саранҷоми баде аст.

7  Лашкариёни осмонҳо ва замин танҳо аз они Худост ва Худованд Шикастнопазир ва Ҳаким аст.

8  Ба яқин мо туро гувоҳ (бар аъмоли онҳо) ва башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем,

9  То (шумо мардум) ба Худо ва Расулаш имон оваред ва аз ў дифоъ кунед ва ўро бузург доред ва Худоро субҳу шом тасбеҳ гўед.

10  Касоне, ки бо ту байъат мекунанд, (дар ҳақиқат) танҳо бо Худо байъат менамоянд. Ва дасти Худо болои дасти онҳост, пас ҳар кас паймоншиканӣ кунад, танҳо ба зиёни худ паймон шикастааст ва он кас, ки нисбат ба аҳде, ки бо Худо бастааст, вафо кунад, ба зудӣ подоши бузурге ба ў хоҳад дод.

11  Ба зудӣ мухолифон аз аъроби бодиянишин (узртарошӣ карда), мегўянд: آ«(Ҳифзи) молҳо ва хонаводаҳои мо, моро ба худ машғул дошт (ва натавонистем дар сафари Ҳудайбия туро ҳамроҳӣ кунем), барои мо талаби омурзиш кунآ». Онҳо ба забони худ чизе мегўянд, ки дар дил надоранд. Бигў: آ«Чӣ касе метавонад дар баробари Худованд аз шумо дифоъ кунад, ҳаргоҳ зиёне барои шумо бихоҳад ва ё агар нафъе ирода кунад, (монеъ гардад?!). Ва Худованд ба ҳамаи корҳое, ки анҷом медиҳед, Огоҳ астآ».

12  Вале шумо гумон кардед, ки Паёмбар ва мўъминон ҳаргиз ба хонаводаҳои худ бознахоҳанд гашт. Ва ин (пиндори ғалат) дар дилҳои шумо зинат ёфта буд ва гумони бад кардед. Ва саранҷом (дар доми шайтон афтодед ва) ҳалок шудед.

13  Он кас, ки ба Худо ва Паёмбараш имон наёварда (сарнавишташ дўзах аст), зеро мо барои кофирон оташи фурўзон омода кардаем.

14  Моликият ва ҳокимияти осмонҳо ва замин аз они Худост. Ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), мебахшад ва ҳар касро бихоҳад, муҷозот мекунад. Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

15  Ҳангоме, ки шумо барои ба даст овардани ғаниматҳое ҳаракат кунед, ақибмондагони (Ҳудайбия) мегўянд: آ«Бигузоред, мо ҳам ба дунболи шумо биёем, онҳо мехоҳанд каломи Худоро тағйир диҳандآ». Бигў: آ«Ҳаргиз набояд ба дунболи мо биёед, ин гуна Худованд аз қабл гуфтаастآ». Онҳо ба зудӣ мегўянд: آ«Шумо нисбат ба мо ҳасад меварзедآ», вале онҳо ҷуз андаке намефаҳманд.

16  Ба бозмондагони аз аъроб бигў: آ«Ба зудӣ аз шумо даъват мешавад, ки ба сўи қавми нерўманд ва ҷангҷўе биравед ва бо онон пайкор кунед, то Ислом биёваранд, агар итоат кунед, Худованд подоши неке ба шумо медиҳад ва агар сарпечӣ намоед-ҳамон гуна, ки дар гузашта низ сарпечӣ кардед-шуморо бо азоби дардноке кайфар медиҳадآ».

17  Бар нобино ва лангу бемор гуноҳе нест, (агар дар майдони ҷиҳод ширкат накунанд). Ва ҳар кас Худо ва Расулашро итоат намояд, ўро дар боғҳое (аз биҳишт) ворид мекунад, ки наҳрҳо аз зери (дарахтонаш) ҷорӣ аст. Ва он кас, ки сарпечӣ кунад, ўро ба азоби дардноке гирифтор месозад.

18  Худованд аз мўъминон-ҳангоме, ки дар зери он дарахт бо ту байъат карданд-розӣ ва хушнуд шуд. Худо он чиро дар даруни дилҳояшон (аз имону садоқат) нуҳуфта буд, медонист. Бинобар ин оромишро бар дилҳояшон нозил кард ва пирўзии наздике ба унвони подош насиби онҳо фармуд.

19  Ва (ҳамчунин) ғаниматҳои бисёре, ки онро ба даст меоваред. Ва Худованд Шикастнопазир ва Ҳаким аст.

20  Худованд ғаниматҳои фаровоне ба шумо ваъда дода буд, ки онҳоро ба даст меоваред, вале ин якеро зудтар барои шумо фароҳам сохт. Ва дасти таҷовузи мардум (душманон)-ро аз шумо боздошт, то нишонае барои мўъминон бошад ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад.

21  Ва низ ғаниматҳо ва футуҳоти дигаре (насибатон мекунад), ки шумо тавоноии онро надоред, вале қудрати Худо ба он иҳота дорад ва Худованд бар ҳама чиз Тавоност.

22  Ва агар кофирон (дар сарзамини Ҳудайбия) бо шумо пайкор мекарданд, ба зудӣ мегурехтанд, сипас валию ёваре намеёфтанд.

23  Ин суннати илоҳӣ аст, ки дар гузашта низ будааст. Ва ҳаргиз барои суннати илоҳӣ тағйиру табдиле нахоҳӣ ёфт.

24  Ў касе аст, ки дасти онҳоро аз шумо ва дасти шуморо аз онон дар дили Макка кўтоҳ кард, баъд аз он ки шуморо бар онҳо пирўз сохт. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳад, Биност.

25  Онҳо касоне ҳастанд, ки кофир шуданд ва шуморо аз (зиёрати) Масҷид-ул-Ҳаром ва расидани қурбониҳоятон ба маҳалли қурбонгоҳ боздоштанд. Ва ҳаргоҳ мардону занони боимоне дар ин миён бидуни огоҳии шумо, зери дасту по, аз байн намерафтанд, ки аз ин роҳ айбу ори ноогоҳонае ба шумо мерасид, (Худованд ҳаргиз монеи ин ҷанг намешуд). Ҳадаф ин буд, ки Худо ҳар касро мехоҳад, дар раҳмати худ ворид кунад. Ва агар мўъминон ва кофирон (дар Макка) аз ҳам ҷудо мешуданд, кофиронро азоби дардноке мекардем.

26  (Ба хотир биёваред) ҳангомеро, ки кофирон дар дилҳои худ хашму нихвати ҷоҳилият доштанд. Ва (дар муқобил), Худованд оромиш ва сакинаи худро бар Паёмбараш ва мўъминон нозил фармуд ва онҳор ба ҳақиқати тақво мулзам сохт. Ва онон аз ҳар кас шоистатар ва аҳли он буданд. Ва Худованд ба ҳама чиз Доност.

27  Худованд он чиро ба Паёмбараш дар олами хоб нишон дод, рост гуфт. Ба таври қатъ ҳамаи шумо ба хости Худо вориди Масҷид-ул-Ҳаром мешавед, дар ниҳояти амният ва дар ҳоле, ки сарҳои худро тарошида ё кўтоҳ кардаед ва аз ҳеҷ кас тарсу ваҳшате надоред. Вале Худованд чизҳоеро медонист, ки шумо намедонистед (ва дар ин таъхир ҳикмате буд). Ва қабл аз он фатҳи наздике (барои шумо) қарор додааст.

28  Ў касе аст, ки расулашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристода, то онро бар ҳамаи динҳо пирўз кунад. Ва кофӣ аст, ки Худо гувоҳи ин мавзўъ бошад.

29  Муҳаммад (с) фиристодаи Худост. Ва касоне, ки бо ў ҳастанд, дар баробари куффор сарсахту шадид ва дар миёни худ меҳрубонанд. Ҳамеша онҳоро дар ҳоли рукўъ ва суҷуд мебинӣ, дар ҳоле, ки ҳамвора фазли Худо ва ризои Ўро металабанд. Нишонаи онҳо дар чеҳраашон аз асари саҷда намоён аст. Ин тавсифи онон дар Таврот ва тавсифи онон дар Инҷил аст, монанди зироате, ки ҷавонаҳои худро берун карда, сипас ба тақвияти он пардохта, то маҳкам шуда ва бар пои худ истодааст ва ба қадре рушду намо карда, ки кишоварзонро ба шигефтӣ вомедорад. Ин барои он аст, ки кофиронро ба хашм оварад, (вале) касоне аз онҳоро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, Худованд ваъдаи омурзиш ва аҷри азиме додааст.

Сураи Ҳуҷурот

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 18 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Эй касоне, ки имон овардаед! Чизеро бар Худо ва Расулаш муқаддам нашумуред (ва пешӣ магиред) ва тақвои илоҳӣ пеша кунед, ки Худованд Шунаво ва Доност.

2  Эй касоне, ки имон овардаед! Садои худро баландтар аз садои Паёмбар накунед ва дар баробари ў баланд сухан магўед (ва доду фарёд назанед), он гуна, ки баъзе аз шумо дар баробари баъзе баланд садо мекунанд, мабодо аъмоли шумо нобуд гардад, дар ҳоле, ки намедонед.

3  Онҳо, ки садои худро назди Расули Худо поин меоваранд, ҳамон касоне ҳастанд, ки Худованд дилҳояшонро барои тақво холис намуда ва барои онон омурзиш ва подоши азиме аст.

4  (Вале) касоне, ки туро аз пушти ҳуҷраҳо баланд садо мезананд, бештарашон намефаҳманд.

5  Агар онҳо сабр мекарданд, то худ ба суроғашон оӣ, барои онон беҳтар буд. Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

6  Эй касоне, ки имон овардаед! Агар шахси фосиқе хабаре барои шумо биёварад, дар бораи он таҳқиқ кунед, мабодо ба гурўҳе аз рўи нодонӣ осеб бирасонед ва аз кардаи худ пушаймон шавед.

7  Ва бидонед Расули Худо дар миёни шумост, ҳаргоҳ дар бисёре аз корҳо аз шумо итоат кунад, ба машаққат хоҳед афтод. Вале Худованд имонро маҳбуби шумо қарор дода ва онро дар дилҳоятон зинат бахшида ва (баръакс) куфру фисқу гуноҳро манфуратон қарор додааст. Касоне, ки дорои ин сифотанд, ҳидоят ёфтангонанд.

8  (Ва ин барои шумо ба унвони) фазлу неъмате аз сўи Худост ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

9  Ва ҳар гоҳ ду гурўҳ аз мўъминон бо ҳам ба ҷангу низоъ пардозанд, онҳоро оштӣ диҳед. Ва агар яке аз он ду бар дигарӣ таҷовуз кунад, бо гурўҳи мутаҷовиз пайкор кунед, то ба фармони Худо бозгардад. Ва ҳаргоҳ бозгашт (ва заминаи сулҳ фароҳам шуд), дар миёни он ду ба адолат сулҳ барқарор созед. Ва адолат пеша кунед, ки Худованд адолатпешагонро дўст медорад.

10  Мўъминон бародари якдигаранд, пас ду бародари худро сулҳу оштӣ диҳед ва тақвои илоҳӣ пеша кунед, то машмули раҳмати Ў шавед.

11  Эй касоне, ки имон овардаед! Набояд гурўҳе аз мардони шумо гурўҳи дигареро масхара кунанд, шояд онҳо аз инҳо беҳтар бошанд. Ва на заноне занони дигареро, шояд онон беҳтар аз инон бошанд. Ва якдигарро мавриди таъну айбҷўӣ қарор мадиҳед ва бо лақабҳои зишту нописанд якдигарро ёд накунед, бисёр бад аст, ки бар касе пас аз имон, номи куфромез бигузоред. Ва онҳо, ки тавба накунанд, золиму ситамкоранд.

12  Эй касоне, ки имон овардаед! Аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед, зеро баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст. Ва ҳаргиз (дар кори дигарон) ҷосусӣ накунед. Ва ҳеҷ як аз шумо дигариро ғайбат накунад, оё касе аз шумо дўст дорад, ки гўшти бародари мурдаи худро бихўрад?! (Ба яқин) ҳамаи шумо аз ин амр кароҳат доред. Тақвои илоҳӣ пеша кунед, ки Худованд Тавбапазир ва Меҳрубон аст.

13  Эй мардум! Мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо тираҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишиносед. (Инҳо милоки имтиёз нест), гиромитарини шумо назди Худованд бо тақвотарини шумост. Худованд Доно ва Огоҳ аст.

14  Арабҳои бодиянишин гуфтанд: آ«Имон овардаемآ». Бигў: آ«Шумо имон наёвардаед, вале бигўед Ислом овардаем, аммо ҳанўз имон вориди қалби шумо нашудааст. Ва агар аз Худо ва Расулаш итоат кунед, чизе аз подоши корҳои шуморо фурўгузор намекунад, Худованд, Омурзандаи Меҳрубон астآ».

15  Мўъминони ҳақиқӣ танҳо касонеанд, ки ба Худо ва Расулаш имон овардаанд, сипас ҳаргиз шакку тардиде ба худ роҳ надода ва бо молҳо ва ҷонҳои худ дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд, онҳо ростгўёнанд.

16  Бигў: آ«Оё Худоро аз имони худ бохабар месозед?! Ў тамоми он чиро дар осмонҳо ва замин аст, медонад. Ва Худованд аз ҳама чиз огоҳ астآ».

17  Онҳо бар ту миннат мениҳанд, ки Ислом овардаанд. Бигў: آ«Ислом овардани худро бар ман миннат нагузоред, балки Худованд бар шумо миннат мениҳад, ки шуморо ба сўи имон ҳидоят кардааст, агар (дар иддиои имон) ростгў ҳастед.

18  Худованд ғайби осмонҳо ва заминро медонад ва нисбат ба он чӣ анҷом медиҳед, Биностآ».

Сураи Қоф

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 45 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Қоф, савганд ба Қуръони Маҷид, (ки қиёмат ва растохез ҳақ аст!).

2  Онҳо тааҷҷуб карданд, ки Паёмбари инзоргаре аз миёни худашон омада ва кофирон гуфтанд: آ«Ин чизи аҷибе аст!

3  Оё ҳангоме, ки мурдем ва хок шудем (дубора ба зиндагӣ бозмегардем?!). Ин бозгашти дуре аст!آ».

4  Вале мо медонем он чиро замин аз бадани онҳо мекоҳад. Ва назди мо китобе ҳаст, ки ҳама чиз дар он маҳфуз аст.

5  Онҳо ҳақро ҳангоме, ки ба суроғашон омад, инкор карданд. Бинобар ин пайваста дар кори парокандаи худ ҳайратзадаанд.

6  Оё онон ба осмони болои сарашон нигоҳ накарданд, ки чӣ гуна мо онро бино кардаем ва чӣ гуна онро (ба василаи ситорагон) зинат бахшидаем ва ҳеҷ шикофу шикасте дар он нест?!

7  Ва заминро густариш додем ва дар он кўҳҳои азиму устуворе афкандем ва аз ҳар гуна гиёҳи баҳҷатангезе дар он рўёнидем,

8  То василаи биноӣ ва ёдоварӣ барои ҳар бандаи тавбакоре бошад.

9  Ва аз осмон, оби пурбаракате нозил кардем ва ба василаи он боғҳо ва донаҳоеро, ки дирав мекунанд, рўёнидем,

10  Ва нахлҳои баландқомат, ки меваҳои мутароким доранд.

11  Ҳамаи инҳо барои рўзӣ бахшидан ба бандагон аст. Ва ба василаи борон сарзамини мурдаро зинда кардем. (Оре) зинда шудани мурдагон низ ҳамин гуна аст.

12  Пеш аз онон қавми Нўҳ ва آ«Асҳоби Расآ» (қавме, ки дар Ямома зиндагӣ мекарданд ва паёмбаре ба номи Ҳанзала доштанд) ва қавми Самуд (паёмбаронашонро) инкор карданд.

13  Ва ҳамчунин қавми Од ва Фиръавн ва қавми Лут,

14  Ва آ«Асҳоб-ул-айкаآ» (қавми Шуайб) ва қавми Туббаъ, (ки дар сарзамини Яман зиндагӣ мекарданд), ҳар як аз онҳо фиристодагони илоҳиро инкор карданд ва ваъдаи азоб дар бораи онон таҳаққуқ ёфт.

15  Оё мо аз офариниши нахустин оҷиз мондем, (ки қодир ба офариниши растохез набошем?!). Вале онҳо онҳо (бо ин ҳама далелҳои равшан) боз дар офариши нав шак доранд.

16  Мо инсонро офаридем ва васвасаҳои нафси ўро медонем ва мо ба ў аз раги гарданаш наздиктарем.

17  (Ба хотир биёваред) ҳангомеро, ки ду фариштаи росту чап, ки мулозими инсонанд, аъмоли ўро дарёфт медоранд,

18  Инсон ҳеҷ суханеро бар замбон намеоварад, магар ин ки ҳамон дам, фариштаи муроқиб ва омодае барои анҷоми маъмурият (ва забти он) аст.

19  Ва саранҷом, сакарот (ва бехудӣ дар остонаи) марг ҳақиқатро (пеши чашми ў) меоварад (ва ба инсон гуфта мешавад:) Ин ҳамон чизе аст, ки ту аз он мегурехтӣ!

20  Ва дар آ«Сурآ» дамида мешавад. Он рўз, рўзи таҳаққуқи ваъдаи ваҳшатнок аст!

21  Ҳар инсоне вориди маҳшар мегардад, дар ҳоле, ки ҳамроҳи ў ҳаракатдиҳанда ва гувоҳе аст.

22  (Ба ў хитоб мешавад:) Ту аз ин саҳна (ва додгоҳи бузург) ғофил будӣ ва мо пардаро аз чашми ту канор задем ва имрўз чашмат комилан тезбин аст.

23  Фариштаи ҳамнишини ў мегўяд: آ«Ин номаи аъмоли ўст, ки назди ман ҳозиру омода астآ».

24  (Худованд фармон медиҳад:) Ҳар кофири мутакаббири саркашро дар ҷаҳаннам афканед!

25  Он касе, ки ба шиддат монеи хайр ва мутаҷовиз ва дар шакку тардид аст, (ҳатто дигаронро ба тардид меафканад).

26  Ҳамон касе, ки маъбуди дигаре бо Худо қарор додааст, (оре) ўро дар азоби шадид бияфканед!

27  Ва ҳамнишинаш (аз шайтон) мегўяд: آ«Парвардигоро! Ман ўро ба туғён вонадоштам, локин ў худ дар гумроҳии дуру дарозе будآ».

28  (Худованд) мегўяд: آ«Назди Ман ҷидолу мухосама накунед. Ман пештар ба шумо ҳушдор додаам (ва итмоми ҳуҷҷат кардаам).

29  Сухани Ман тағйирнопазир аст ва Ман ҳаргиз ба бандагон ситам нахоҳам кардآ».

30  (Ба хотир биёваред) рўзеро, ки ба ҷаҳаннам мегўем: آ«Оё пур шудаӣ?!آ» ва ў мегўяд: آ«Оё афзун бар ин ҳам ҳаст?!آ».

31  (Дар он рўз) биҳиштро ба парҳезгорон наздик мекунанд ва фосилае аз онон надорад.

32  Ин чизе аст, ки ба шумо ваъда дода мешавад ва барои касоне аст, ки ба сўи Худо бозмегарданд ва паймонҳо ва аҳкоми ўро ҳифз мекунанд,

33  Он кас, ки аз Худованди Раҳмон дар ниҳон битарсад ва бо қалби пуринобате дар маҳзари Ў ҳозир шавад.

34  (Ба онон гуфта мешавад:) Ба саломат вориди биҳишт шавед, имрўз рўзи ҷовидонагӣ аст.

35  Ҳар чӣ бихоҳанд дар он ҷо барои онон ҳаст ва назди мо неъматҳои бештаре аст, (ки ба фикри ҳеҷ кас намерасад).

36  Чӣ бисёр қавмҳоеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем, қавмҳое, ки аз онон нерўмандтар буданд ва шаҳрҳо (ва кишварҳо)-ро фатҳ карданд. Оё роҳи гурезе (аз азоби илоҳӣ) вуҷуд дорад?!

37  Дар ин тазаккуре аст барои он кас, ки ақл дорад, ё гўши дил фаро диҳад, дар ҳоле, ки ҳозир бошад.

38  Мо осмонҳо ва замин ва ончиро дар миёни онҳост, дар шаш рўз (шаш даврон) офаридем ва ҳеҷ гуна ранҷу сахтие ба мо нарасид. (Бо ин ҳол чӣ гуна зинда кардани мурдагон барои мо мушкил аст?!).

39  Дар баробари он чӣ онҳо мегўянд шакебо бош ва пеш аз тулўи офтоб ва пеш аз ғуруб, тасбеҳ ва ҳамди Парвардигоратро ба ҷо овар,

40  Ва дар бахше аз шаб Ўро тасбеҳ кун ва баъд аз саҷдаҳо.

41  Ва гўш фаро деҳ ва мунтазири рўзе бош, ки мунодӣ аз макони наздике нидо медиҳад,

42  Рўзе, ки ҳамагон сайҳаи растохезро ба ҳақ мешунаванд. Он рўз, рўзи хуруҷ (аз қабрҳо) аст.

43  Моем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва бозгашт танҳо ба сўи мост.

44  Рўзе, ки замин бо шитоб аз рўи онҳо шикофта мешавад ва (аз қабрҳо) хориҷ мегарданд. Ва ин ҷамъ кардан барои мо осон аст.

45  Мо ба он чӣ онҳо мегўянд, огоҳтарем ва ту маъмур ба иҷбори онҳо (ба имон) нестӣ. Пас ба василаи Қуръон, касонеро, ки аз азоби Ман метарсанд, мутазаккир соз, (вазифаи ту ҳамин аст).

Сураи Зориёт

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 60 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Савганд ба бодҳое, ки (абрҳоро) ба ҳаракат медарованд,

2  Савганд ба он абрҳо, ки бори сангине (аз боронро) бо худ ҳамл мекунанд,

3  Ва савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ ба ҳаракат медароянд,

4  Ва савганд ба фариштагоне, ки корҳоро тақсим мекунанд,

5  (Оре, савганд ба ҳамаи инҳо), ки он чӣ ба шумо ваъда дода шудааст, ҳатман рост аст.

6  Ва бешак (растохез ва) ҷазои аъмол воқеъ шуданӣ аст!

7  Қасам ба осмон, ки дорои чину шиканҳои зебост,

8  Ки шумо (дар бораи қиёмат) дар гуфтори мухталиф ва гуногунед!

9  (Танҳо) касе аз имон ба он гумроҳ мешавад, ки аз қабули ҳақ саркашӣ мекунад.

10  Кушта бод дурўғгўён (ва марг бар онҳо!).

11  Ҳамонҳо, ки дар ҷаҳлу ғафлат фурў рафтаанд,

12  Ва пайваста савол мекунанд: آ«Рўзи ҷазо кай аст?!آ».

13  (Оре) ҳамон рўзе аст, ки онҳоро бар оташ месўзонанд!

14  (Ва гуфта мешавад:) Бичашед азоби худро, ин ҳамон чизе аст, ки барои он шитоб доштед!

15  Ба яқин, парҳезгорон дар боғҳои биҳишт ва дар миёни чашмаҳо қарор доранд,

16  Ва он чӣ Парвардигорашон ба онҳо бахшидааст, дарёфт мекунанд, зеро пеш аз он (дар сарои дунё) аз некўкорон буданд.

17  Онҳо каме аз шабро мехобиданд,

18  Ва дар саҳаргоҳон истиғфор мекарданд,

19  Ва дар молҳои онҳо ҳаққе барои гадову маҳрум буд.

20  Ва дар замин оёте барои ҷўяндагони яқин аст,

21  Ва дар вуҷуди худи шумо (низ оёте аст). Оё намебинед?!

22  Ва рўзии шумо дар осмон аст ва он чӣ ба шумо ваъда дода мешавад.

23  Савганд ба Парвардигори осмон ва замин, ки ин матлаб ҳақ аст, ҳамон гуна, ки шумо сухан мегўед.

24  Оё хабари меҳмонҳои бузургвори Иброҳим ба ту расидааст?!

25  Дар он замон, ки бар ў ворид шуданд ва гуфтанд: آ«Салом бар ту!آ». Ў гуфт: آ«Салом бар шумо, ки ҷамъияти ношинохтаед!آ».

26  Сипас пинҳонӣ ба сўи хонаводаи худ рафт ва гўсолаи фарбеҳ (ва бирён шудаеро барои онҳо) овард,

27  Ва назди онҳо гузорид, (вале бо тааҷҷуб дид даст ба сўи таом намебаранд), гуфт: آ«Оё шумо таом намехўред?!آ».

28  Ва аз онҳо эҳсоси ваҳшат кард, гуфтанд: آ«Натарс (мо расулон ва фариштагони Парваридгори туем)آ». Ва ўро ба таваллуди писари доное башорат доданд.

29  Дар ин ҳангом ҳамсараш пеш омад, дар ҳоле, ки (аз хушҳолӣ ва тааҷҷуб) фарёд мекашид, ба рўи худ заду гуфт: آ«(Оё писаре хоҳам овард, дар ҳоле, ки) пиразани нозое ҳастам?!آ».

30  Гуфтанд: آ«Парвардигорат чунин гуфтааст ва Ў Ҳакиму Доностآ».

31  (Иброҳим) гуфт: آ«Маъмурияти шумо чист эй фариштагони (Худо?)آ».

32  Гуфтанд: آ«Мо ба сўи қавми муҷриме фиристода шудаем,

33  То бороне аз آ«Санг-гил آ» бар онҳо бифиристем.

34  Сангҳое, ки аз ноҳияи Парвардигорат барои исрофкорон нишон гузошта шудаастآ».

35  Мо мўъминонеро, ки дар он шаҳрҳо (-и қавми Лут) зиндагӣ мекарданд, (пеш аз нузули азоб) хориҷ кардем,

36  Вале ҷуз як хонаводаи боимон дар тамоми онҳо наёфтем.

37  Ва дар он (шаҳрҳои балодида) нишонаи равшане барои касоне, ки аз азоби дарднок метарсанд, ба ҷой гузоридем.

38  Ва дар (зиндагии) Мўсо низ (нишона ва дарси ибрате буд), ҳангоме, ки ўро бо далели ошкоре ба сўи Фиръавн фиристодем.

39  Аммо ў бо тамоми вуҷудаш аз вай рўй бартофт ва гуфт: آ«Ин мард ё сеҳргар аст ё девона!آ».

40  Бинобар ин мо ў ва лашкариёнашро гирифтем ва ба дарё афкандем, дар ҳоле, ки шоистаи сарзаниш буд.

41  Ва (ҳамчунин) дар саргузашти آ«Одآ» (ояте аст) дар он ҳангом, ки тундбоди бебороне бар онҳо фиристодем,

42  Ки бар ҳеҷ чиз намегузашт, магар ин ки онро ҳамчун устухонҳои пўсида месохт.

43  Ва низ дар саргузашти қавми آ«Самудآ» ибрате аст, дар он ҳангом, ки ба онон гуфта шуд: آ«Муддати кўтоҳе баҳраманд бошед (ва сипас мунтазири азоб)آ».

44  Онҳо аз фармони Парвардигорашон саркашӣ карданд ва соиқа ононро фаро гирифт, дар ҳоле, ки (хира-хира) нигоҳ мекарданд (бе он ки қудрати дифоъ дошта бошанд).

45  Чунон бар замин афтоданд, ки тавони бархостан надоштанд ва натавонистанд аз касе ёрӣ талабанд.

46  Ҳамчунин қавми Нўҳро пеш аз онҳо ҳалок кардем, зеро қавми фосиқе буданд.

47  Ва мо осмонро бо қудрат бино кардем ва ҳамеша онро вусъат мебахшем.

48  Ва заминро густардем ва чӣ густаронандаи хубе ҳастем!

49  Ва аз ҳар чиз ду ҷуфт офаридем, шояд мутазаккир шавед.

50  Пас ба сўи Худо бигурезед, ки ман аз сўи Ў барои шумо бимдиҳандаи ошкореам.

51  Ва бо Худо маъбуди дигаре қарор надиҳед, ки ман аз сўи ў барои шумо бимдиҳандаи ошкореам.

52  Ин гуна аст, ки ҳеҷ паёмбаре қабл аз инҳо ба сўи қавме фиристода нашуд, магар ин ки гуфтанд: آ«Ў соҳир аст ё девона!آ».

53  Оё якдигарро ба он суфориш мекарданд, (ки ҳама чунин тўҳмате бизананд?!). На, балки онҳо қавми туғёнгареанд.

54  Ҳол ки чунин аст аз онҳо рўй бигардон, ки ҳаргиз сазовори маломат нахоҳӣ буд.

55  Ва пайваста тазаккур деҳ, зеро тазаккур мўъминонро суд мебахшад.

56  Ман ҷинну инсро наёфаридам, ҷуз барои ин ки ибодатам кунанд (ва аз ин роҳ такомул ёбанд ва ба Ман наздик шаванд).

57  Ҳаргиз аз онҳо рўзӣ намехоҳам ва намехоҳам маро таом диҳанд.

58  Худованд рўзидиҳанда ва соҳиби қуввату қудрат аст.

59  Ва барои касоне, ки ситам карданд, саҳми бузурге аз азоб аст, монанди саҳми ёронашон (аз қавмҳои ситамгари пешин). Бинобар ин саросема нашаванд.

60  Пас вой бар касоне, ки кофир шуданд аз рўзе, ки ба онҳо ваъда дода мешавад.

Сураи Тур

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 49 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Савганд ба кўҳи Тур,

2  Ва китобе, ки навишта шудааст,

3  Дар саҳифаи густардае,

4  Ва савганд ба آ«Байт-ул-маъмурآ»,

5  Ва сақфи барафрошта,

6  Ва баҳри пур ва барафрўхта,

7  Ки азоби Парвардигорат воқеъ мешавад,

8  Ва чизе аз он монеъ нахоҳад буд.

9  (Ин азоби илоҳӣ) дар он рўзе аст, ки осмон ба шиддат ба ҳаракат медарояд,

10  Ва кўҳҳо аз ҷо канда ва мутаҳаррик мешаванд.

11  Вой дар он рўз бар инкор кунандагон!

12  Ҳамонҳо, ки дар суханони ботил ба бозӣ машғуланд.

13  Дар он рўз, ки онҳоро ба зўр ба сўи оташи дўзах меронанд.

14  (Ба онҳо мегўянд:) Ин ҳамон оташе аст, ки онро инкор мекардед.

15  Оё ин сеҳр аст ё шумо намебинед?!

16  Дар он ворид шавед ва бисўзед. Мехоҳед сабр кунед ё накунед, барои шумо яксон аст, зеро танҳо ба аъмолатон ҷазо дода мешавед.

17  Вале парҳезгорон дар миёни боғҳои биҳишт ва неъматҳои фаровон ҷой доранд,

18  Ва аз он чӣ Парвардигорашон ба онҳо дода ва ононро аз азоби дўзах нигоҳ доштааст, шоду масруранд.

19  (Ба онҳо гуфта мешавад:) Бихўред ва биошомед гуворо. Инҳо дар баробари аъмоле аст, ки анҷом медодед.

20  Ин дар ҳоле аст, ки бар тахтҳои сафкашида дар канори ҳам такя мезананд ва آ«Ҳурул-айн آ»-ро ба ҳамсарии онҳо медароварем.

21  Касоне, ки имон оварданд ва фарзандонашон ба пайравӣ аз онон имон ихтиёр карданд, фарзандонашонро (дар биҳишт) ба онон мулҳақ мекунем. Ва аз (подоши) амалашон чизе намекоҳем. Ва ҳар кас дар гарави аъмоли худ аст.

22  Ва ҳамвора аз навъҳои меваҳо ва гўштҳо - аз ҳар навъ, ки бихоҳанд - дар ихтиёрашон мегузорем.

23  Онҳо дар биҳишт ҷомҳои пур аз шароби таҳурро, ки на беҳудагўӣ дар он аст ва на гуноҳ, аз якдигар мегиранд.

24  Ва пайваста бар гирдашон навҷавононе барои (хидмати) онон гардиш мекунанд, ки ҳамчун марворидҳои даруни садафанд.

25  Дар ин ҳангом рў ба якдигар карда (аз гузашта) савол менамоянд.

26  Мегўянд: آ«Мо дар миёни хонаводаи худ тарсон будем (мабодо гуноҳони онҳо домани моро бигирад).

27  Аммо Худованд бар мо миннат ниҳод ва аз азоби кушанда моро ҳифз кард.

28  Мо аз пеш Ўро мехондем (ва мепарастидем), ки Ўст Некўкор ва Меҳрубонآ».

29  Пас тазаккур деҳ, ки ба лутфи Парвардигорат ту коҳину маҷнун нестӣ.

30  Балки онҳо мегўянд: آ«Ў шоире аст, ки мо интизори маргашро мекашемآ».

31  Бигў: آ«Интизор бикашед, ки ман ҳам бо (шумо интизор мекашам, шумо интизори марги маро ва ман интизори нобудии шуморо бо азоби илоҳӣ)آ».

32  Оё ақлҳояшон онҳоро ба ин аъмол дастур медиҳад, ё қавми туғёнгареанд?!

33  Ё мегўянд: آ«Қуръонро ба Худо тўҳмат задааст?!آ», вале онон имон надоранд.

34  Агар рост мегўянд, сухане монанди он биёваранд!

35  Ё онҳо бе ҳеҷ офарида шудаанд, ё худ холиқи хешад?!

36  Оё онҳо осмонҳо ва заминро офаридаанд?! Балки онҳо ҷўёи яқин нестанд.

37  Оё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост?! Ё бар ҳама чизи олам сайтара доранд?!

38  Оё нардбоне доранд, (ки ба осмон боло мераванд) ва ба василаи он асрори ваҳйро мешунаванд?! Касе, ки аз онҳо ин иддиоро дорад, далели равшане биёварад.

39  Оё саҳми Худо духтарон аст ва саҳми шумо писарон, (ки фариштагонро духтарони Худо меномед?!).

40  Оё ту аз онҳо подоше металабӣ, ки дар зери бори гарони он қарор доранд?!

41  Оё асрори ғайб назди онҳост ва аз рўи он менависанд?!

42  Оё мехоҳанд нақшаи шайтонӣ барои ту бикашанд?! Вале бидонанд худи кофирон дар доми ин нақшаҳо гирифтор мешаванд.

43  Ё маъбуде ғайр аз Худо доранд, (ки ваъдаи ёрӣ ба онҳо додааст?!). Муназзаҳ аст Худо аз он чӣ ҳамтои Ў қарор медиҳанд!

44  Онҳо (чунон саркашанд, ки) агар бибинанд қитъаи санге аз осмон (барои азобашон) меафтад, мегўянд: آ«Ин абри мутарокиме астآ».

45  Ҳол ки чунин аст онҳоро раҳо кун, то рўзи марги худро мулоқот кунанд.

46  Рўзе, ки нақшаҳои онон суде ба ҳолашон нахоҳад дошт ва (аз ҳеҷ сў) ёрӣ намешаванд.

47  Ва барои ситамгарон азобе қабл аз он аст (дар ҳамин ҷаҳон), вале бештарашон намедонанд.

48  Дар роҳи иблоғи ҳукми Парвардигорат сабру истиқомат кун, зеро ту дар ҳифозати комили мо қарор дорӣ. Ва ҳангоме, ки бармехезӣ Парвардигоратро тасбеҳ ва ҳамд гўй.

49  (Ҳамчунин) дар ҳангоми шаб ўро тасбеҳ кун ва дар ҳангоми пушт кардани ситорагон (ва тулўи субҳ).

Сураи Наҷм

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 62 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Савганд ба ситора ҳангоме, ки уфул мекунад,

2  Ки ҳаргиз дўсти шумо (Муҳаммад آ«с آ») мунҳариф нашуда ва мақсадро гум накардааст,

3  Ва ҳаргиз аз рўи ҳавои нафс сухан намегўяд.

4  Он чӣ мегўяд чизе ҷуз ваҳй, ки бар ў нозил шудааст, нест.

5  Он кас, ки қудрати азиме дорад (Ҷабраили Амин), ўро таълим додааст.

6  Ҳамон кас, ки тавоноии фавқулоддае дорад. Ў султа ёфт,

7  Дар ҳоле, ки дар уфуқи аъло қарор дошт.

8  Сипас наздиктар ва наздиктар шуд,

9  То он ки фосилаи ў (бо Паёмбар) ба андозаи фосилаи ду камон ё камтар буд.

10  Дар ин ҷо Худованд он чиро ваҳй карданӣ буд, ба бандааш ваҳй намуд.

11  Қалби (поки ў) дар он чӣ дид, ҳаргиз дурўғ нагуфт.

12  Оё бо ў дар бораи он чӣ (бо чашми худ) дидааст, муҷодила мекунед?!

13  Ва бори дигар низ ўро мушоҳида кард,

14  Назди آ«Сидрат-ул-мунтаҳоآ»,

15  Ки آ«Ҷаннат-ул-маъвоآ» дар онҷост.

16  Дар он ҳангом, ки чизе (нури хиракунандае) Сидрат-ул-мунтаҳоро пўшонида буд,

17  Чашми ў ҳаргиз мунҳариф нашуд ва туғён нанамуд, (он чи дид ҳақиқат буд).

18  Ў порае аз оёт ва нишонаҳои бузурги Парвардигорашро дид.

19  Ба ман хабар диҳед, оё бутҳои آ«Лотآ» ва آ«Уззоآ»,

20  Ва آ«Манотآ», ки севвўмини онҳост (духтарони Худо ҳастанд?!).

21  Оё саҳми шумо писар аст ва саҳми Ў духтар?! (Дар ҳоле, ки ба гумони шумо духтарон камарзиштаранд).

22  Дар ин сурат ин тақсими ноодилонае аст.

23  Инҳо фақат номҳое аст, ки шумо ва падаронатон бар онҳо гузоштаед, (номҳои бемаъно ва исмҳои бемусаммо) ва ҳаргиз Худованд далел ва ҳуҷҷате бар он нозил накардааст. Онон фақат аз гумонҳои беасос ва ҳавои нафс пайравӣ мекунанд, дар ҳоле, ки ҳидоят аз сўи Парвардигорашон барои онҳо омадааст.

24  Ё он чӣ инсон таманно дорад ба он мерасад?!

25  Дар ҳоле, ки охират ва дунё аз они Худост.

26  Ва чӣ бисёр фариштагони осмонҳо, ки шафоати онҳо суде намебахшад, магар пас аз он ки Худо барои ҳар кас бихоҳад ва розӣ бошад, иҷозати (шафоат) диҳад.

27  Касоне, ки ба охират имон надоранд, фариштагонро духтари (Худо) номгузорӣ мекунанд.

28  Онҳо ҳаргиз ба ин сухан донише надоранд, танҳо аз гумони бепоя пайравӣ мекунанд, бо ин ки آ«гумонآ» ҳаргиз инсонро аз ҳақ бениёз намекунад.

29  Ҳол ки чунин аст аз касе, ки аз ёди мо рўй мегардонад ва ҷуз зиндагии моддии дунёро наметалабад, рўй гардон.

30  Ин охирин ҳадди огоҳии онҳост. Парвардигори ту касонеро, ки аз роҳи Ў гумроҳ шудаанд, беҳтар мешиносад ва (ҳамчунин) ҳидоятёфтагонро аз ҳама беҳтар мешиносад.

31  Ва барои Худост он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, то бадкоронро ба кайфари корҳои бадашон бирасонад ва некўкоронро дар баробари аъмоли некашон подош диҳад.

32  Ҳамонҳо, ки аз гуноҳони бузург ва аъмоли зишт дурӣ мекунанд, ҷуз гуноҳони сағира, (ки гоҳ олудаи он мешаванд). Омурзиши Парвардигори ту густарда аст. Ў нисбат ба шумо аз ҳама огоҳтар аст, аз он ҳангом, ки шуморо аз замин офарид ва дар он вақт, ки ба сурати ҷанинҳое дар шиками модаронатон будед. Пас худситоӣ накунед, Ў парҳезгоронро беҳтар мешиносад.

33  Оё дидӣ он касро, ки (аз Ислом ё инфоқ) рўйгардон шуд?!

34  Ва каме ато кард ва аз бештар худдорӣ намуд.

35  Оё назди ў илми ғайб аст ва мебинад, (ки дигарон метавонанд гуноҳони ўро бар дўш гиранд?!).

36  Ё аз он чӣ дар китобҳои Мўсо нозил гардидааст, бохабар нашудааст?!

37  Ва (дар китобҳои) Иброҳим, ҳамон касе, ки вазифаи худро ба таври комил адо кард,

38  Ки ҳеҷ кас бори гуноҳи дигариро бар дўш намегирад,

39  Ва ин ки барои инсон баҳрае ҷуз саъю кўшиши ў нест,

40  Ва ин ки талоши ў ба зудӣ дида мешавад,

41  Сипас ба ў ҷазои кофӣ дода хоҳад шуд.

42  (Ва оё аз китобҳои пешини анбиё ба ў нарасидааст), ки ҳамаи умур ба Парвардигорат поён мегирад?!

43  Ва ин ки Ўст хандонд ва гирёнд,

44  Ва Ўст, ки миронд ва зинда кард,

45  Ва Ўст, ки ду завҷи нару модаро офарид,

46  Аз нутфае ҳангоме, ки хориҷ мешавад (ва дар раҳим мерезад),

47  Ва ин ки бар Худост эҷоди олами дигар, (то адолат иҷро гардад),

48  Ва ин ки Ўст бениёз кард ва сармояи боқӣ бахшид,

49  Ва ин ки Ўст Парвардигори ситораи آ«Шаъроآ».

50  (Ва оё ба инсон нарасидааст, ки дар китобҳои анбиёи пешин омада), ки Худованд қавми آ«Оди нахустинآ»-ро ҳалок кард?!

51  Ва ҳамчунин қавми آ«Самудآ»-ро ва касе аз ононро боқӣ нагузорид.

52  Ва низ қавми Нўҳро пеш аз онҳо, зеро онон аз ҳама золимтар ва туғёнгартар буданд.

53  Ва низ шаҳрҳои зеру рў шудаи (қавми Лут)-ро фурў кўбид,

54  Сипас онҳоро бо азоби сангин пўшонид.

55  (Бигў:) Дар кадом як аз неъматҳои Парвардигорат шак дорӣ?!

56  Ин (Паёмбар) бимдиҳандае аз бимдиҳандагони пешин аст.

57  Он чӣ бояд наздик шавад, наздик шудааст (ва қиёмат фаро мерасад),

58  Ва ҳеҷ кас ҷуз Худо наметавонад сахтиҳои онро бартараф созад.

59  Оё аз ин сухан тааҷҷуб мекунед,

60  Ва механдед ва гиря намекунед,

61  Ва пайваста дар ғафлату ҳавасронӣ басар мебаред?!

62  Ҳол ки чунин аст, ҳама барои Худо саҷда кунед ва Ўро бипарастед.

СураиҚамар

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 55 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1  Қиёмат наздик шуд ва моҳ аз ҳам шикофт.

2  Ва ҳаргоҳ нишона ва мўъҷизаеро бибинанд рўй гардонида мегўянд: آ«Ин сеҳри мустамирре астآ».

3  Онҳо (оёти Худоро) инкор карданд ва аз ҳавои нафсашон пайравӣ намуданд. Ва ҳар амре қароргоҳе дорад.

4  Ба андозаи кофӣ барои боздоштан аз бадиҳо ахбори (анбиё ва умматҳои пешин) ба онон расидааст.

5  (Ин оёт) ҳикмати болиғаи илоҳист, аммо инзорҳо (барои ашхоси саркаш) фоида намедиҳад.

6  Бинобар ин аз онҳо рўй бигардон ва рўзеро ба ёд овар, ки даъваткунандаи илоҳӣ мардумро ба амри ваҳшатноке даъват мекунад (даъват ба ҳисоби аъмол).

7  Онон дар ҳоле, ки чашмҳояшон аз шиддати ваҳшат ба зер афтода, ҳамчун малахҳои пароканда аз қабрҳо хориҷ мешаванд,

8  Дар ҳоле, ки (бар асари ваҳшату изтироб) ба сўи ин даъваткунанда гардан мекашанд, кофирон мегўянд: آ«Имрўз рўзи сахт ва дардноке астآ».

9  Пеш аз онҳо қавми Нўҳ инкор карданд, (оре) бандаи мо (Нўҳ)-ро инкор карда ва гуфтанд: آ«Ў девона астآ». Ва (бо анвои озорҳо аз идомаи рисолаташ) боздошта шуд.

10  Ў ба даргоҳи Парвардигор дуо кард (ва гуфт:) آ«Ман мағлуби (ин қавми туғёнгар) шудаам, интиқоми маро аз онҳо бигир!آ».

11  Дар ин ҳангом дарҳои осмонро бо оби фаровон ва пай дар пайе кушудем.

12  Ва заминро шикофтем ва чашмаҳои зиёде берун фиристодем. Ва ин ду об ба андозаи муқаддар бо ҳам даромехтанд (ва дарёи ваҳшатноке шуд).

13  Ва ўро бар маркабе аз лавҳҳо ва мехҳои сохташуда савор кардем.

14  (Маркабе), ки зери назари мо ҳаракат мекард. Ин кайфаре буд барои касоне, ки (ба ў) кофир шуда буданд.

15  Мо ин моҷароро ба унвони нишонае дар миёни умматҳо боқӣ гузоридем, оё касе ҳаст, ки панд гирад?!

16  (Акнун бинигаред) азоб ва инзорҳои Ман чӣ гуна буд!

17  Мо Қуръонро барои тазаккур осон сохтем, оё касе ҳаст, ки мутазаккир шавад?!

18  Қавми Од (низ паёмбари худро) инкор карданд, пас (бибинед) азоб ва инзорҳои Ман чӣ гуна буд.

19  Мо тундбоди ваҳшатнок ва сардеро дар як рўзи шуми мустамир бар онон фиристодем,

20  Ки мардумро ҳамчун танаҳои нахли решаканшуда аз ҷо бармеканад.

21  Пас (бибинед) азоб ва инзорҳои Ман чӣ гуна буд.

22  Мо Қуръонро барои тазаккур осон сохтем, оё касе ҳаст, ки мутазаккир шавад?!

23  Тоифаи Самуд (низ) инзорҳои илоҳиро инкор карданд,

24  Ва гуфтанд: آ«Оё мо аз башаре аз ҷинси худ пайравӣ кунем?! Агар чунин кунем, дар гумроҳӣ ва ҷунун хоҳем буд.

25  Оё аз миёни мо танҳо бар ў ваҳй нозил шудааст?! На, ў одами бисёр дурўғгўи ҳавасбозе астآ».

26  Вале фардо мефаҳманд, чӣ касе дурўғгўи ҳавасбоз аст.

27  Мо آ«Ноқаآ»-ро барои имтиҳони онҳо мефиристем. Дар интизори поёни кори онон бош ва сабр кун!

28  Ва ба онҳо хабар деҳ, ки оби (қаря) бояд дар миёнашон тақсим шавад, (як рўз саҳми ноқа ва як рўз барои онҳо) ва ҳар як дар навбати худ бояд ҳозир шаванд.

29  Онҳо яке аз ёрони худро садо заданд, ў ба суроғи ин кор омад ва (ноқаро) пай кард.

30  Пас (бинигаред) азоб ва инзорҳои Ман чӣ гуна буд.

31  Мо фақат як сайҳа (соиқаи азим) бар онҳо фиристодем ва ба дунболи он ҳамагӣ ба сурати гиёҳи хушке даромаданд, ки соҳиби чаҳорпоён (дар оғул) ҷамъоварӣ мекунад.

32  Мо Қуръонро барои ёдоварӣ осон сохтем, оё касе ҳаст, ки мутазаккир шавад?!

33  Қавми Лут инзорҳои (пай дар пайи паёмбарашон)-ро инкор карданд.

34  Мо бар онҳо тундбоде, ки регҳоро ба ҳаракат дармеоварад, фиристодем (ва ҳамаро ҳалок кардем), ҷуз хонадони Лутро, ки саҳаргоҳон наҷоташон додем.

35  Ин неъмате буд аз ноҳияи мо. Ин гуна ҳар касеро, ки шукр кунад, подош медиҳем.

36  Ў онҳоро аз муҷозоти мо бим дод, вале онҳо бар муҷодила ва илқои шак исрор доштанд.

37  Онҳо аз Лут хостанд меҳмононашро дар ихтиёрашон бигузорад, вале мо чашмонашонро нобино ва маҳв кардем (ва гуфтем:) Бичашед азоб ва инзорҳои Маро!

38  Саранҷом субҳгоҳон ва дар аввали рўз азоби пойдору собите ба суроғашон омад.

39  (Ва гуфтем:) Пас бичашед азоб ва инзорҳои Маро!

40  Мо Қуръонро барои ёдоварӣ осон сохтем, оё касе ҳаст, ки мутазаккир шавад?!

41  Ва (ҳамчунин) инзорҳо ва ҳушдорҳо (яке пас аз дигаре) ба суроғи оли Фиръавн омад,

42  Аммо онҳо ҳамаи оёти моро инкор карданд ва мо онҳоро гирифтем ва муҷозот кардем, гирифтани шахси қудратманд ва тавоно.

43  Оё куффори шумо аз онон беҳтаранд ё барои шумо амонномае дар кутуби осмонӣ нозил шудааст?!

44  Ё мегўянд: آ«Мо ҷамоати муттаҳид ва нерўманду пирўзем?!آ».

45  (Вале бидонанд), ки ба зудӣ ҷамъашон шикаст мехўрад ва по ба гурез мегузоранд.

46  (Илова бар ин) растохез мавъиди онҳост ва муҷозоти қиёмат ҳавлноктар ва талхтар аст.

47  Муҷримон дар гумроҳӣ ва шўълаи оташанд,

48  Дар он рўз, ки дар оташи дўзах ба чеҳраашон кашида мешаванд (ва ба онҳо гуфта мешавад:) Бичашед оташи дўзахро!

49  Албатта мо ҳар чизеро ба андоза офаридем.

50  Ва фармони мо як амр беш нест, ҳамчун як чашм барҳам задан.

51  Мо касонеро, ки дар гузашта шабеҳи шумо буданд, ҳалок кардем. Оё касе ҳаст, ки панд гирад?!

52  Ва ҳар кореро анҷом доданд, дар номаҳои аъмолашон сабт аст,

53  Ва ҳар кори кўчаку бузурге навишта шудааст.

54  Яқинан парҳезкорон дар боғҳо ва наҳрҳои биҳиштӣ ҷой доранд,

55  Дар ҷойгоҳи сидқ назди Худованди Молики Муқтадир.