Сураи Набаъ

Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон

1  Онҳо аз чӣ чиз аз якдигар савол мекунанд?!

2  Аз хабари бузург ва пур аҳҳамият (рӯзи қиёмат)!

3  Ҳамон хабаре, ки ҳамеша дар он ихтилоф доранд!

4  Чунин нест, ки онҳо фикр мекунанд ва ба зудӣ мефаҳманд!

5  Боз ҳам чунин нест, ки онҳо мепиндоранд ва ба зудӣ мефаҳманд, (ки қиёмат ҳақ аст)!

6  Оё заминро ҷои оромиши (шумо) қарор надодем?!

7  Ва куҳҳоро мехҳои замин (қарор надодем)?!

8  Ва шуморо ба сурати дутоӣ офаридем!

9  Ва хоби шуморо сабаби оромишатон қарор додем

10            Ва шабро пўшише (барои шумо).

11           Ва рӯзро василае барои зиндагӣ ва маош!

12           Ва бар болои сари шумо ҳафт (осмони) мўҳкам бино кардем!

13           Ва чароғи равшан ва ҳароратбахш офаридем!

14           Ва аз абрҳои боронзо оби бисёре нозил кардем,

15           То ба воситаи он дона ва гиёҳи бисёре руёнидем

16           Ва боғҳои пур дарахт!

17           (Оре), рӯзи ҷудоӣ ваъдагоҳи ҳамагон аст!

18           Рӯзе, ки дар “Сур” дамида мешавад ва шумо гурӯҳ гурӯҳ (ба маҳшар) меоед!

19           Осмон кушода мешавад ва ба сурати дарҳои зиёде мегардад!

20           Ва куҳҳо ба ҳаракат медороянд ва ба сурати саробе мешавад!

21           Дар ҳақиқат (дар он рӯз) ҷаҳаннам камингоҳе аст бузург

22           Ва ҷои бозгашт барои саркашон!

23           Муддатҳои дароз дар он мемонанд!

24           Дар он ҷо на чизи хунуке мечашанд ва на нушидании гуворое

25           Магар ин ки оби сӯзон ва мояе аз чирку хун!

26           Ин ҷазое аст мувофиқ ва муносиб (бо амалҳояшон)!

27           Зеро ин ки онҳо ҳеҷ умеде ба ҳисобу китиби (рӯзи қиёмат) надоштанд.

28           Ва ҳамаи оятҳои моро такзиб мекарданд!

29           Ва мо ҳама чизро шумориш карда ва навиштаем!

30           Пас бичашед, ки чизе ғайр аз азоб бар шумо изофа намекунем!

31           Ҳақиқатан барои парҳезгорон наҷот ва пирӯзии бузурге аст:

32           Боғҳои сарсабз ва ангурҳо

33           Ва ҳурриёни бисёр ҷавон ва ҳамсину сол

34           Ва ҷомҳои лабрез ва паё пай (аз шароби пок)!

35           Дар он ҷо на сухани беҳудае мешунаванд ва на дурӯғе!

36           Ин ҷазое аст аз тарафи Парвардигорат ва бахшише аст басанда!

37           Ҳамон Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи дар миёни он ду аст Парвардигор Раҳмон! Ва (дар он рӯз) ҳеҷ кас ҳақ надорад бе иҷозаи ӯ сухане бигӯяд (ё шафоате кунад)!

38           Рӯзе, ки “Руҳ” ва “Малоика” дар як саф меистанд ва ҳеҷ як ҷуз ба иҷозаи Худованди Раҳмон сухан намегӯянд ва (онгоҳ аст, ки сухани) дуруст мегӯяд!

39           Он рӯз ҳақ аст ҳар кас хоҳад роҳе ба тарафи Парвардигораш интихоб мекунад!

40           Ва мо шуморо аз азоби наздике метарсонем! Ин азоб дар рӯзе хоҳад буд, ки инсон он чиро аз пеш бо дастҳои худ фиристодааст мебинад ва кофир мегӯяд: “Эй кош хок будам (ва гирифтори азоб намешудам)!”

Сураи Нозиот

Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон

1  Қасам бар фариштагоне, ки (ҷони гунаҳкоронро ба сахтӣ аз баданҳояшон) мекашанд

2  Ва фариштагоне, ки (руҳи) мӯъминонро бо мудоро ва нишот ҷудо месозанд

3  Ва қасам ба фариштагоне, ки (дар иҷрои фармони илоҳӣ бо суръат ҳаракат мекунанд

4  Ва сипас бар якдигар пешӣмегиранд

5  Ва онҳо, ки корҳоро тадбир мекунанд!

6  Он рӯз, ки зилзилаҳои ваҳшатнок ҳама чизро ба ларза меоварад

7  Ва аз паси он ҳодисаи дуввумин (садои бузург маҳшар) руй медиҳад

8  Дилҳо дар он рӯз сахт нигарон аст

9  Ва чашмҳои онҳо аз тарсидан, сахт ба поён афтода аст!

10           (Вале имрӯз) мегӯянд: “Оё мо ба зиндагии нав бар мегардем?!

11           Оё ҳангоме ки устухонҳои пӯсидае шудем (мумкин аст зинда шавем)?!”

12           Мегӯянд: “Агар қиёмате даркор бошад бозгаште аст пурзарар!”

13           Вале (бидонед) ин бозгашт фақат бо як садои бузург аст!

14           Ногаҳон ҳама бар рўи замин зоҳир мегарданд!

15           Оё достони Мусо ба ту расидааст?!

16           Дар он ҳангоме ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси “Туво” нидо кард (ва гуфт):

17           Ба тарафи Фиръавн бирав, ки саркашӣ кардааст!

18           Ва ба ӯ бигӯ: “Оё мехоҳӣ покиза шавӣ?!

19           Ва ман туро ба сӯи Парвардигорат ҳидоят кунам, то аз ӯ битарсӣ (ва гуноҳ накунӣ)?!”

20           Сипас Мусо бузургтарин мўъҷизаро ба ӯ нишон дод!

21           Аммо ӯ такзиб кард ва гуноҳ намуд!

22           Сипас пушт гардонид ва ҳамеша (барои нобуд сохтани дини ҳақ) талош намуд

23           Ва ҷодугаронро ҷамъ кард ва мардумро даъват намуд

24           Ва гуфт: “Ман Парвардигори болотари шумо ҳастам!”

25           Аз ин рӯ  Худованд ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор сохт!

26           Дар ин ибрате аст барои касе, ки (аз Худо) битарсад!

27           Оё офариниши шумо (баъд аз марг) мушкилтар аст ё офариниши осмон, ки  Худованд онро бино кард?!

28           Сақфи онро боло бурд ва онро муназзам сохт

29           Ва шабашро торик ва рӯзашро ошкор намуд!

30           Ва заминро баъд аз он кушод кард

31           Ва аз он об ва чароҳгоҳашро берун овард

32           Ва кӯҳҳоро сабит ва мўҳкам намуд!

33           Ҳамаи инҳо барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст!

34           Ҳангоме ки он ҳодисаи бузург руй диҳад

35           Дар он рӯз инсон ба кӯшишҳояш меафтад

36           Ва ҷаҳанам барои ҳар бинандае ошкор мегардад

37           Аммо он касе, ки саркашӣ кардааст

38           Ва зиндагии дунёро (аз охират) муқаддам дошта аст

39           Ҳатман дузах ҷойгоҳи ӯст!

40           Ва он касе, ки аз мақоми Парвардигораш тарсон бошад ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавс) нигоҳ дорад

41           Қатъан биҳишт ҷойгоҳи ӯст!

42           Ва аз ту дар бораи қиёмат мепурсанд, ки дар чӣ замоне вақеъ мешавад?!

43           Туро бо ёдоварии ин сухан чӣ кор?!

44           Охири он ба сӯи Парвардигорои ту аст (ва ҳеҷ кас ғайр аз Худо аз замонаш огоҳ нест)!

45           Кори ту фақат тарсондани касоне аст, ки аз он метарсанд!

46           Онҳо дар он рӯз ки барпоии қиёматро мебинанд чунин эҳсос мекунанд, ки гуё тавфиқашон (дар дунё ва барзах) ғайр аз шомгоҳе ё субҳи он бештар набудааст!

 

Сураи Абаса

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Чеҳра дар ҳам кашид ва руй гардонд.

2  Аз ин ки нобиное ба суроғи ӯ омада буд!

3  Ту чӣ медонӣ шояд ӯ покӣ ва тақво пеша кунад

4  Ё ёдовар шавад ва ин ёдоварӣ бо ҳоли ӯ муфид бошад!

5  Аммо он кас ки тавонгар аст

6  Ту ба ӯ рўй меоварӣ

7  Дар ҳоле, ки  агар ӯ худро насозад чизе бар ту нест!

8  Аммо касе, ки ба суроғи ту меояд ва кӯшиш мекунад

9  Ва за Худо тарсон аст

10           Ту аз ӯ ғофил мешавӣ!

11           Ҳаргиз чунин нест, ки онҳо фикр мекунанд ин Қуръон тазаккур ва ёдоварӣ аст

12           Ҳар кас бихоҳад аз он панд мегирад!

13           Дар лавҳҳои пур арзиш навишта шудааст

14           Лавҳҳои воло қадр ва покиза

15           Ба дасти сафироне аст

16           Воло мақом ва фармонбардор ва некӯкор!

17           Марг бар ин инсон чӣ қадар кофир ва носипос аст!

18           (Худованд) ӯро аз чӣчиз офарида аст?!

19           Ўро аз нутфаи ночиз офарид, сипас андоза гирӣ кард ва мавзун сохт

20           Сипас роҳоро барои ӯосон кард,

21           Баъд ӯро миронд ва дар қабр пинҳон намуд

22           Сипас ҳар гоҳ бихоҳад ӯро зинда мекунад!

23           Чунин нест, ки ӯ фикр мекунад ӯ ҳануз он чиро (Худо) фармон додааст итоат накардааст!

24           Инсон бояд ба таоми худ (ва офариниши он) нигоҳ кунад!

25           Мо оби фаровон аз осмон фуру рехтем,

26           Сипас заминро аз ҳам шикофтем

27           Ва дар он донаҳои фаровоне руёнидем

28           Ва ангур ва сабзии бисёр

29           Ва зайтун ва нахли фаровон

30           Ва боғҳои пурдарахт

31           Ва меваҳои чароҳгоҳ,

32           То василае барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон бошад!

33           Ҳангоме ки он садои ҳайбатовар (садои қиёмат) биёяд (кофирон дар ғами амиқе фурў мераванд)!

34           Дар он рӯз, ки  инсон аз бародари худ мегурезад

35           Ва аз модар ва падараш

36           Ва аз зан ва фарзандаш

37           Дар он рӯз ҳар кадоми аз онҳо вазъияте дорад, ки ӯро пурра ба худ машғул месозад!

38           Чеҳраҳое дар он рӯз кушода ва нуронӣ аст

39           Хандон ва хушҳол аст

40           Ва суратҳое дар он рӯз ғубор олуд аст

41           Ва дуди торике онҳоро пўшонида аст

42           Онҳо ҳамон кофирони фоҷир ҳастанд!

 


Сураи Таквир

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Дар он ҳангоме, ки хуршед дар ҳам печида шавад

2  Ва дар он ҳангоме, ки ситорагон бе равшаноӣ шаванд

3  Ва дар он ҳангом, ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд

4  Ва дар он ҳангме, ки бо арзиштарин молҳо ба дасти фармӯшӣсупорида шавад

5  Ва дар он ҳангоме, ки ваҳшиҳо ҷамъ шаванд

6  Ва дар он ҳангоме, ки дарёҳо бар афрохта шаванд

7  Ва дар он ҳангоме, ки ҳар кас бо ҳамсатҳи худ наздик гардад

8  Ва дар он ҳангоме, ки аз духтарони зинда ба гӯр шуда савол шавад:

9  Ба чӣгуноҳе кушта шуданд?!

10           Ва дар он ҳангоме, ки номаҳои амалҳо кушода шавад

11           Ва дар он ҳангоме, ки парда аз рўи осмон гирифта шавад

12           Ва дар он ҳангоме, ки дузух шўълавар гардад

13           Ва дар он ҳангоме ки биҳишт наздик шавад

14           (Оре дар он ҳангом) ҳар кас медонад чӣ чизеро омода кардааст!

15           Савганд ба ситорагоне, ки бозмегарданд

16           Ҳаракат мекунанд ва аз дидаҳо пинҳон мешаванд

17           Ва қасам ба шаб ҳангоме ки пушт кунад ва ба охир расад

18           Ва ( қасам) ба субҳ ҳангоме ки танаффус кунад,

19           Ки ин (Қуръон) каломи фиристодаи бузургворе аст (Ҷибраили Амин),

20           Ки соҳиби қудрат аст ва назди (Худованд) соҳиб арш мақоми волое дорад!

21            Дар осмонҳо мавриди итоати(фариштагон) ва амин аст!

22           Ва соҳиби шумо (Паёмбар) девона нест!

23           Ӯ (Ҷибраил)-ро дар уфуқ равшан дида аст!

24           Ва ӯ нибат ба он чӣ аз тариқи ваҳй дарёфт дошта бухл надорад!

25           Ин (Қуръон) гуфтаи шайтони раҷим нест!

26           Пас ба куҷо меравед?!

27           Ин Қуръон чизе ғайр аз ёдоварӣ барои ҷаҳониён нест

28           Барои касе аз шумо, ки бихоҳад роҳи рост дар пеш гирад!

29           Ва шумо намехоҳед, магар ин ки Худованд – Парвардигор ҷаҳониён – ирода кунад ва бихоҳад!

 

Сураи Инфитор

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Он замоне,  ки осмон (кураҳои осмонӣ) аз ҳам шикофта шавад

2  Ва он замоне,ки ситорагон пароканда шаванд ва фурурезанд

3  Ва он замоне, ки дарёҳо ба ҳам пайваста шавад

4  Ва он замоне,ки қабрҳо зеру ру гардад (ва мурдагон берун шаванд)

5  (Дар он замон) ҳар кас медонад он чиро аз пеш фиристода ва он чиро барои баъд гузошта аст.

6  Эй инсон! Чи чиз туро дар баробари Парвардигори Каримат мағрур сохта аст?!

7  Ҳамон Худое, ки туро офарид ва сомон дод ва муназзам сохт

8  Ва дар ҳар сурате, ки хост туро ҷамъ кард.

9  (Оре) он гуна, ки шумо фикр мекунед нест, балки шумо рӯзи ҷазоро нигоҳ мекунед!

10           Ва бе шак нигаҳбонҳое бар шумо гузошта шудааст.

11           Воло мақом ва нависандаи (амалҳои нек ва бади шумо),

12           Ки медонанд шумо чи кор мекунед!

13           Яқинан некон дар неъмати фаровоне ҳастанд.

14           Ва бад корон дар дузаханд,

15           рӯзи ҷазо вориди он мешаванд ва месӯзанд

16           Ва онҳо ҳаргиз аз ў пинҳон ва дур нестанд!

17           Ту чӣ медонӣ рӯзи ҷазо чист?!

18           Боз чӣ медонӣ рӯзи ҷазо чист?!

19           Рӯзе аст, ки ҳеҷ кас қодир бар анҷоми коре ба фоидаи дигаре нест ва ҳама корҳо дар он рӯз аз они Худост!

 

Сураи Мутаффифин

Ба номи Худованди бахшанди меҳрубон

1  Вой бар кам фурӯшон!

2  Онҳое, ки вақте барои худ вазн мекунанд ҳаққи худро ба таври пурра мегиранд,

3  Аммо ҳангоме, ки мехоҳанд барои дигарон вазн кунанд кам мегузоранд!

4  Оё онҳо гумон намекунанд, ки барангеғта мешаванд

5  Дар рӯзи бузург

6  Рузе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд.

7  Чунин нест, ки онҳо (дар бораи қиёмат) фикр мекунанд, яқинан номаи амалҳои бадкорон дар “Сиҷҷин” аст!

8  Ту чӣ медонӣ “Сиҷҷин” чист?

9  Номае аст рақам зада шуда ва сарнавиште аст ҳатмӣ!

10           Вой дар он рӯз ба такзиб кунандагон!

11           Ҳамонҳо, ки рӯзи ҷазоро инкор мекунанд.

12           Фақат касе онро инкор мекунад, ки таҷовузкор ва гунаҳкор аст!

13           (Ҳамон касе, ки) вақте оятҳои мо бар ӯ хонда шавад мегӯяд: “Ин афсонаҳои гузаштагон аст!

14           Чунин нест, ки онҳо фикр мекунанд, балки амалҳояшон монандизанге бар дилҳояшон нишаста аст!

15           Чунин нест, ки фикр мекунанд, балки онҳо дар он рӯз аз Парвардигорашон пинҳонанд!

16           Сипас онҳо яқинан вориди дузах мешаванд!

17           Баъд ба онҳо гуфта мешавад: “Ин ҳамон чизе аст, ки онро инкор мекардед!”

18           Чунин нест, ки онҳо (дар бораи маод) фикр мекунанд, балки номаи амалҳои некон дар “Иллийин” аст!

19           Ва ту чӣ медонӣ “Иллийин” чист?

20           Номае аст рақам хўрда шуда ва сарнавиште аст қатъӣ,

21           Ки муқаррабон шоҳиди он ҳастанд!

22           Ҳақиқатан некон дар неъматҳои гуногунанд:

23           Бар тахтҳои зебои биҳиштӣ такя карда ва (ба зебоиҳои биҳишт) нигоҳ мекунанд!

24           Дар чеҳраҳояшон тароват ва нишоти неъматро мебинӣ ва мешиносӣ!

25           Онҳо аз шароби (пок) омехта бо “Тасним” аст

26           Муҳре, ки бар он ниҳода шуда аз мушк аст ва дар ин неъматҳои биҳиштӣ рағбатдорон, бояд бар якдигар пешӣ гиранд!

27           Ин шароби (пок) омехта бо “Тасним” аст

28           Ҳамон чашмае, ки муқаррабон аз он менўшанд.

29           Бадкорон, (дар дунё) ҳамеша ба мӯъминон механдиданд

30           Ва ҳангоме, ки аз канорашон мегузаштанд онҳоро бо ишора масхара мекарданд

31           Ва чун ба сӯи хонаводаи худ бармегаштанд хушҳол ва хандон буданд

32           Ва ҳангоме, ки онҳоро медиданд мегуфтанд: “Инҳо гумроҳонанд!”

33           Дар ҳоле ки ҳаргиз маъмури нигаҳбонӣ ва мутакаффили онҳо (мӯъминон) набуданд!

34           Вале имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд,

35           Дар ҳоле, ки бар тахтҳои оростаи биҳиштӣ нишаста ва (ба сарнавишти шўми онҳо) нигоҳ мекунанд!

36           Оё (бо ин ҳол) кофирон подоши амалҳои худро гирифтанд?!

 

Сураи Иншиқоқ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Дар он ҳангоме ки осмон (кураҳои осмонӣ) шикофта шавад

2  Ва таслими фармони Парвардигораш шавад – ва сазовор аст чунин бошад –

3  Ва дар он ҳангоме, ки замин кушодашавад

4  Ва он чи дар дарун дорад берун бирезад ва холӣ шавад

5  Ва таслими фармони Парвардигораш гардад – шоиста аст, ки чунин бошад –

6  Эй инсон! Ту бо талош ва ранҷ ба сӯи Парвардигорат меравӣ ва ӯро мулоқот хоҳӣ кард!

7  Пас касе, ки номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад

8  Ба зудӣ ҳисоби осоне барои ӯ мешавад

9  Ва хушҳол ба аҳлухонаводааш бар мегардад.

10           Ва аммо касе, ки номаи аъмолаш ба пушти сараш дода шавад

11           Ба зудӣ фарёд мезанад вой бар ман, ки ҳалок шудам!

12           Ва дар шўълаҳои сӯзони оташ месӯзад.

13           Чаро ки ӯ дар миёни хонаводааш ҳамеша (аз куфр ва гуноҳи худ) хушҳол буд!

14           Ўгумон мекард ҳар гиз бозгашт намекунад!

15           Оре, Парвардигораш нисбат ба ӯ бино буд (ва аъмолашро барои ҳисоб навишт)!

16           Савганд ба шафақ

17           Ва савганд ба шаб ва он чиро ҷамъоварӣ мекунад

18           Ва савганд ба моҳ онгоҳ, ки пурра ва комил мешавад,

19           Ки ҳамаи шумо ҳамеша аз ҳоле ба ҳоли дигар мегузаред, (то ба камол бирасед).

20           Пас чаро онҳо имон намеоваранд?!

21           Ва ҳангоме ки Қуръон бар онҳо хонда мешуд саҷда намекунанд?!

22           Балки кофирон ҳамеша оятҳои илоҳиро инкор мекунанд!

23           Ва он чиро дар дил пинҳон медоранд Худованд ба хубӣ медонад!

24           Пас онҳоро ба азоби дарднок башорат деҳ!

25           Магар касоне, ки имон оварда ва амалҳои солеҳ анҷом додаанд, ки барои онҳо подоше аст қатъан шуданӣ!

 

Сураи Буруҷ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Савганд ба осмон, ки дорои бурҷҳои бисёре аст

2  Ва савганд ба он рӯзи ваъда дода шуда

3  Ва саганд ба “Шоҳид” ва “Машҳуд”! (“Шоҳид”: Паёмбар ва шоҳидон аъмол ва “Машхуд”: аъмоли уммат аст)

4  Марг ба шиканҷагорони соҳиби чуқурии (оташ)

5  Оташи азим ва шўълавар!

6  Ҳангоме, ки канори он нишаста буданд

7  Ва он чиро ба мӯъминон анҷом медоданд (бо хунсардӣ ва қасоват) тамошо мекарданд!

8  Онҳо ҳеҷ эроде бар мӯъминон надоштанд, магар ин ки ба Худованди Азизу Ҳамид имон оварда буданд

9  Ҳамон касе, ки ҳукумати осмонҳо ва замин аз он ӯст ва Худованд бар ҳама чиз шоҳид аст!

10           Касоне, ки мардон ва занони бо имонро шиканҷа доданд, сипас тавба накарданд барои онҳо азоби оташи сӯзон аст!

11           Ва барои касоне, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста анҷом доданд боғҳое аз биҳишт аст, ки наҳрҳо зери дарахтонаш ҷорӣ аст ва ин наҷот, пирӯзии бузург аст!

12           Гирифтани қаҳромез ва ҷазои Парвардигорат яқинан бисёр сахт аст!

13           Ӯст ки офринишро оғоз мекунад ва боз мегардонад

14           Ва ӯ омурзанда ва дӯстдори (мӯъмин) аст

15           Соҳиби арш ва дорои маҷд ва азамат аст

16           Ва он чиро мехоҳад анҷом медиҳад!

17           Оё достони лашкарҳо ба ту расида аст

18           Лашкариёни Фиръавн ва Самуд?

19           Вале кофирон ҳамеша ҳақро инкор мекунанд.

20           Ва Худованд ба ҳамаи онҳо иҳота дорад!

21           (Ин оятҳо сеҳр ва дурӯғ нест), балки Қуръони бо азамат аст...

22           Ки дар лавҳи маҳфуз ҷой дорад!

 

Сураи Ториқ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Қасам ба осмон ва кўбандаи шаб!

2  Ва ту намедон- кўбандаи шаб чист?

3  Ҳамон ситораи дурахшон ва шикофандаи торикиҳо!

4  (Ба ин ояти бузурги илоҳӣ қасам), ки ҳар кас нигаҳбон ва муҳофиз дорад!

5  Инсон бояд нигоҳ кунад, ки аз чӣ чизе офарида шудааст!

6  Аз як оби ҷаҳанда офарида шудааст!

7  Обе, ки аз миёни пушт ва синаҳо хориҷ мешавад!

8  Қатъан ӯ (Худое, ки  инсонро аз чунин чизи пасте офарид) метавонад ӯро бозгардонад!

9  Дар он рӯз, ки асрори пинҳони (инсон) ошкор мешавад

10           Ва барои ӯ ҳеҷ нерў ва ёрикунандае нест!

11           Қасам ба осмони пур борон

12           Ва қасам ба замини пуршикоф, (ки гиёҳон аз он сар бармеоваранд),

13           Ки ин (Қуръон) сухане аст, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад

14           Ва ҳаргиз шухӣ нест!

15           Онҳо ҳамеша ҳила мекунанд

16           Ва ман ҳам дар баробари онҳо чора мекунам!

17           Ҳол ки чунин аст кофиронро (фақат) андаке мўҳлат деҳ, (то сазои амалҳояшонро бўбинанд)!

 

Сураи Аъло

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Пок шумор номи Парвардигори баланд мартабаатро!

2  Ҳамон Худованде, ки офарид ва муназзам кард

3  Ва ҳамон, ки андозагирӣ кард ва ҳидоят намуд

4  Ва он касеро, ки чароҳгоҳро ба вуҷуд овард,

5  Сипас онро хушк ва беранг қарор дод!

6  Мо ба зудӣ (Қуръонро) ба ту мехонем ва ҳаргиз фаромӯш нахоҳӣ кард,

7  Магар он чиро Худо бихоҳад, ки ӯ ошкор ва пинҳонро медонад!

8  Ва мо туро барои анҷоми ҳар кори хайр омода мекунем!

9  Пас ёдоварӣ кун агар ёдоварӣ муфид бошад!

10           Ва ба зудӣ касе, ки аз Худо метарсад ёдовар мешавад.

11           Аммо бадбахтарин инсонҳо аз он дурӣ меҷӯянд

12           Ҳамон касе, ки дар оташи бузург вориди мешавад,

13           Сипас дар он оташ намемирад ва на зинда мешавад!

14           Яқинан касе, ки покӣ ҷуст (ва худро пок кард) растагор шуд.

15           Ва (он ки) номи Парвардигорашро ёд кард сипас намоз хонд!

16           Вале шумо зиндагии дунёро (бар охират) муқаддам медоред,

17           Дар ҳоле, ки охират беҳтар ва пойдортар аст!

18           Ин дастурҳо дар китобҳои осмонии гузашта (низ) омадааст

19           Дар китоби Иброҳим ва Мўсо.

 

Сураи Ғошия

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Оё достони Ғошия (рӯзи қиёмат, ки ҳодисаи ваҳшатнок ҳамаро мепӯшонад) ба ту расидааст?!

2  Чеҳраҳо дар он рӯз хошеъ ва зиллатборанд

3  Онҳо ки ҳамеша амал карда ва хаста шудаанд (ва натиҷаи баргашташон нашудааст)

4  Ва дар оташи сӯзон варид мегарданд

5  Аз чашмаи бисёр доғ ба онҳо менўшонанд

6  Таоме ғайр аз зариъ (хори хушки талх ва бадбӯ) надоранд!

7  Таоме, ки на онҳоро фарбеҳ мекунад ва на за гуруснагӣ мераҳонад!

8  Чеҳраҳо дар он рӯз шодоб ва бо тароват

9  Ва за саъй ва талоши худ хушнуданд

10           Дар биҳишти олӣ, ҷой доранд,

11           Ки дар он ҳеҷ сухани беҳудаенамешунаванд!

12           Дар он чашма ҷорӣ аст

13           Дар он тахтҳои зебои баланд аст

14           Ва қадаҳҳое, (ки дар канори ин чашма) ниҳода

15           Ва болишҳо ва пуштиҳо сафо дода шуда

16           Ва фаршҳои фохир паҳн карда!

17           Оё онҳо ба шутур нигоҳ намекунанд, ки чӣ гуна офарида шудааст?!

18           Ва ба осмон нигоҳ намекунанд, ки чӣ гуна барафрошта шуда?!

19           Ва ба кӯҳҳо, ки чӣ гуна дар ҷои худ насб гардида аст?!

20           Ва ба замин (нигоҳ намекунад), ки чӣ гуна ҳамвор гаштааст?!

21           Пас ба ёд овар, ки ту фақат ёдоварандаӣ?!

22           Ту султагар бар онҳо нестӣ, ки (бар имон) маҷбурашон кунӣ

23           Магар касе, ки пушт кунад ва кафир шавад,

24           Ки Худованд ӯро ба азоби бузург ҷазо медиҳад!

25           Яқинан бозгашти (ҳамаи) онҳо ба сӯи мост

26           Ва яқинан ҳисобашон (низ бо мост)!

 

Сураи Фаҷр

Ба номи Худованд бахшандаи меҳрубон

1  Қасам ба сапеда дам

2  Ва(қасам) ба шабҳои даҳгона

3  Ва (қасам) ба дугона ва ягона

4  Ва ба шаб ҳангоме ки (ба сӯи равшании рӯз) ҳаракат мекунад қасам, (ки Парвардигорат дар камини золимон аст)!

5  Оё дар он чи гуфта шуд қасами муҳимме барои соҳибони хирад нест?!

6  Оё надидӣ Парвардигорат бо қавми “Од” чӣ кард?!

7  Ва бо он шаҳри “Ирам”-и бо азамат

8  Ҳамон шаҳре, ки монандаш дар шаҳрҳо офарида нашуда буд!

9  Ва қавми “Самуд”, ки сангҳои азимро аз (канори) дарра мебуриданд (ва аз он хона ва кох месохтанд)!

10           Ва Фиръавн, ки қудратманд ва шиканҷагар буд

11           Ҳамон қавмҳое, ки дар шаҳрҳо саркашӣ карданд

12           Ва фасоди зиёд дар онҳо ба бор оварданд

13           Ба ҳамин сабаб, Худованд тозиёни азобро ба онҳо фурў рехт!

14           Яқинан Парвардигори ту дар камингоҳи (ситамгарон) аст!

15           Аммо инсон ҳангоме ки Парвардигораш ӯро барои санҷиш икром мекунад ва неъмат мебахшад (мағрур мешавад ва) мегӯяд: “Парвардигорам маро гироми дошта аст!”

16           Ва аммо ҳангоме ки бароаръӣ) ҷамъ карда мехўред

20           Ва молусарватро бисёр дӯст доред (ва ба хотири он гуноҳони зиёде анҷом медиҳед)!

21           Чунин нест, ки онҳо фикр мекунанд! Дар он ҳангом ки замин сахт ба ҳам кўбида шавад

22           Ва фармони Парвардигорат фаро расад ва фариштагон саф дар саф ҳозир шаванд

23           Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир мекунанд (оре) дар он рӯз инсон мефаҳмад, аммо ин фаҳмидан чӣ фоидае барои ӯ дорад?!

24           Мегӯяд: “Эй кош барои (ин) зиндагиам чизе аз пеш фиристода будам!”

25           Дар он рӯз ҳеҷкас монанди ӯ (Худо) азоб намекунад

26           Ва ҳеҷ кас ҳам чун ӯ касеро ба банд намекашад!

27           Ту эй руҳи ором ёфта!

28           Ба сӯи Парвардигорат баргард дар ҳоле, ки ҳам ту аз ӯ хушҳолӣ ва ҳам ӯ аз ту хушҳол аст

29           Пас дар роҳи бандагонам дароӣ

30           Ва дар биҳишт дохил шав?

 

Сураи Балад

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Қасам ба ин шаҳри муқаддас (Макка)

2  Шаҳре, ки ту дар он сокинӣ

3  Ва қасам ба падар ва фарзандаш (Иброҳиби Халил ва фарзандаш Исмоили Забиҳ),

4  Ки мо инсонро дар ранҷ офаридем (ва зиндагии ӯ пур аз ранҷҳост)!

5  Оё ӯ гумон мекунад, ки ҳеҷ кас наметавонад ба ӯ даст ёбад?!

6  Мегӯяд:“Моли зиёдеро (дар корҳои хайр) нобуд кардаам!”

7  Оё (инсон) гумон мекунад ҳеҷ кас ӯро надида, (ки амали хайре анҷом надода) аст?!

8  Оё барои ӯ ду чашм қарор надодем

9  Ва як забон ва ду лаб?!

10           Ва ӯро ба роҳи хайр ва бад ҳидоят кардем!

11           Вале ӯ аз он гарданаи муҳим нагузашт!

12           Ва ту намедонӣ он гардана чист

13           Озод кардани ғуломе

14           Ё таом додан дар рӯзи гуруснагӣ...

15           Ятиме аз хешовандон

16           Ё мустаманди хок нишинро

17           Сипас аз касоне бошад, ки имон оварда ва якдигарро ба сабр ва раҳмат тавсия мекунанд!

18           Онҳо “Асҳоби яминанд”, (ки номаи аъмолашонро ба дасти росташон медиҳанд)!

19           Ва касоне, ки оятҳои моро инкор кардаанд инсонҳои баданд, (ки номаи аъмолашон ба дасти чапашон дода мешавад).

20           Бар онҳо оташе аст фурӣбаста (ки роҳи гурезе аз он нест)!

 

Сураи Шамс

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Ба хуршед ва паҳн шудани нури он савганд

2  Ва ба моҳ ҳангоме, ки баъд аз он барояд

3  Ва (қасам) ба рӯз ҳангоме, ки сатҳи заминро равшан созад

4  Ва (қасам) ба шаб ҳангоме, ки заминро пўшонад

5  Ва қасам бо он осмон ва касе, ки осмонро бино кардааст

6  Ва ба замин ва касе,ки онро паҳн кардааст

7  Ва қасам ба ҷони одамӣ ва он касе, ки онро (офарида ва) муназзам сохтааст,

8  Сипас фуҷур ва тақво (бадӣ ва хайраш)-ро ба ӯ илҳом кардааст,

9  Ки ҳар кас нафаси худро пок кард растагор шуд

10           Он кас, ки нафси худро бо гуноҳ олуда сохт, ноумед ва маҳрум гашт!

11           Қавми Самуд бар асари туғён (паёмбарашонро) такзиб карданд

12           Онгоҳ, ки бадтарини онҳо ба по хест

13           Ва фиристодаи илоҳӣ (Солеҳ) ба онҳо гуфт: “Шутури Худо (ҳамон шутуре, ки мўъҷизаи илоҳӣ буд)-ро ба обишхўраш вогузоред (ва ба он кордор нашавед)!”

14           Вале ӯро такзиб ва ноқаро пай карданд (ва ба ҳалок расониданд) аз ин рӯ Парвардигорашон онҳо (ва сарзаминашон)-ро ба хотири гуноҳонашон дар ҳам кўбид ва бо хок ясон ва соф кард!

15           Ва ӯ ҳаргиз аз оқибати ин кор (ҷазои ситамгарон) тарс надорад!

Сураи Лайл

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Қасам ба шаб дар он ҳангоме, ки (ҷаҳонро) пўшонд

2  Ва қасам ба рӯз ҳангоме, ки таҷаллӣ кунад

3  Ва қасам ба он кас, ки ҷинси мардона ва занонаро офарид,

4  Ки саъй ва талоши шумо гуногун аст:

5  Аммо он кас, ки (дар роҳи Худо) инфоқ кунад ва парҳезгорӣ пеш гирад

6  Ва ҷазои неки (илоҳӣ)-ро тасдиқ кунад

7  Мо ӯро дар роҳи осонеқарор медиҳем!

8  Аммо касе, ки бухл варзад ва (аз ин роҳ) бе ниёзӣталабад

9  Ва подоши неки (илоҳӣ)–ро инкор кунад

10           Ба зудӣ ӯро дар роҳи душвор қарор медиҳем

11           Ва дар он ҳангом, ки (дар ҷаҳаннам) меғалтад молҳояш ба ҳоли ӯ суде нахоҳад дошт!

12           Яқинан ҳидоят кардан бар мост

13           Ва охират ва дунё аз они мост

14           Ва мо шуморо аз оташе, ки забона мекашад метарсонем

15           Касеғайр аз бадбахттаринимардум дохили он намешавад

16           Ҳамон касе, ки (оятҳои Худоро) инкор кард ва ба он пушт намуд!

17           Ва ба зудӣ бо тақвотаринимардум аз он дур дошта мешаванд

18           Ҳамон касе, ки моли худро (дар роҳи Худо) мебахшад, то пок шавад.

19           Ва ҳеҷ касро назди ӯ ҳаққи неъмате нест, то бихоҳад (ба ин васила) ӯро ҷазо диҳад,

20           Балки танҳо мақсадаш ҷалби ризои Парвардигори бузург аст

21           Ва ба зудӣ розӣ ва хушнуд мешавад!

 

Сураи Зуҳо

Ба номи Худованд бахшандаи меҳрубон

1  Қасам ба рӯз дар он ҳангоме, ки офтоб барояд (ва ҳама ҷоро фаро гирад)

2  Ва қасам ба шаб дар он ҳангоме, ки ором гирад,

3  Ки Худованд ҳаргиз туро вонагузоштааст ва мавриди хашм қарор надодааст!

4  Ва яқинан охират барои ту аз дунё беҳтар аст!

5  Ва ба зудӣ Парвардигорат он  қадар ба ту ато хоҳад кард, ки хушнуд шавӣ!

6  Оё ӯ туро ятим наёфт ва паноҳ дод?!

7  Ва туро гумшуда ёфт ва ҳидоят кард

8  Ва туро фақир ёфт ва бе ниёз намуд

9  Ҳоло, ки чунин аст пас, ятимро таҳқир накун

10           Ва савол кунандаро аз худ дур накун

11           Ва неъматҳои Парвардигоратро бозгў кун!

 

Сураи Шарҳ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Оё мо синаи туро кушода насохтем

2  Ва бори вазнини туро аз ту барнадоштем?!

3  Ҳамон боре, ки сахт бар пушти ту вазнинӣ мекард!

4  Ва овозаи туро баланд сохтем!

5  Яқинан бо (ҳар) сахтиеосоние аст,

6  Пас ҳангоме, ки аз кори муҳимме озод шавӣ ба (кори) миҳимми дигаре шурўъ кун

7  Ва ба сӯи Парвардигорат таваҷҷӯҳ намо!

 

Сураи Тин

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Қасам ба анҷир ва зайтун (ё: қасам ба сарзамини Шом ва Байтулмуқаддас)

2  Ва қасам ба “Тури синин”

3  Ва қасам ба ин шаҳри ман (Макка),

4  Ки мо инсонро дар беҳтарин сурат ва низом офаридем,

5  Сипас ӯро ба поинтарин марҳала баргардонидем,

6  Магар касоне, ки имон оварда ва амали солеҳ анҷом додаанд, ки барои онҳо подоши тамом нашуданӣ аст!

7  Пас чӣ сабаб мешавад, ки ин ҳама (далелҳои равшани) рӯзи ҷазоро инкор кунӣ?!

8  Оё Худованд беҳтариниҳукмкунандагон нест?!

 

Сураи Алақ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҷаҳонро) офарид

2  Ҳамон касе, ки инсонро аз хуни бастае халқ кард!

3  Бихон, ки Парвардигорат (аз ҳама) бузургтар аст

4  Ҳамон касе, ки ба василаи қалам таълим намуд

5  Ва ба инсон он чиро намедонист ёд дод!

6  Чунин нест, (ки шумо фикр мекунед) яқинан инсон саркашӣ мекунад

7  Аз ин ки худро бе ниёз мебинад!

8  Ва яқинан баргашти (ҳама) ба сӯи Парвардигори туст!

9  Ба ман хабар деҳ оё касе, ки манъ мекунад

10           Бандаеро замоне, ки намоз мехонад (оё ҳаққаш азоби илоҳӣнест)?!

11           Ба ман хабар деҳ, агар ин банда ба роҳи ҳидоят бошад

12           Ё мардумро ба тақво фармон диҳад (оё манъ кардани ӯ аз ин кор сазовор аст) ?!

13           Ба ман хабар деҳ агар (ин саркаш) ҳақро инкор кунад ва ба он пушт гардонад (оё ҳаққаш ҷазои илоҳӣнест)?!

14           Оё ӯ надонист, ки Худованд (ҳамаиамалҳояшро) мебинад?!

15           Чунон нест, ки ӯ хаёл мекунад, агар даст аз кори худ барнадорад носияаш (мўи пеши сараш)-ро гирифта (ба тарафи азоб мекашонем)

16           Ҳамон носияидурӯғгуи хатокорро!

17           Сипас ҳар киро хоҳад садо бизанад, (то ёриаш кунад)!

18           Чунон нест, (ки он саркаш фикр мекунад) ҳаргиз ӯро итоат накун ва саҷда намо ва (ба Худо) наздик шав!

 

Сураи Қадр

Ба номи худованд бахшандаи меҳрубон

1  Мо он (Қуръон)- ро дар шаби қадр нозил кардем!

2  Ва ту чӣ медонӣ шаби қадр чист?!

3  Шаби Қадр беҳтар за ҳазор моҳ аст!

4  Фариштагон ва “руҳ” дар он шаб ба иҷозаи Парвардигорашон барои (тақдири) ҳар коре нозил мешаванд.

5  Шабе аст саршор аз саломат (ва баракат ва раҳмат), то то баромадни Сапеда!

 

Сураи Баййина

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Кофирон аз аҳли китоб ва мушрикон (мегуфтанд:) даст аз оини худ бар намебардоранд, то далели равшане барои онҳо биёяд

2  Паёмбаре аз сӯи Худо (биёяд), ки саҳифаҳои покеро (бар онҳо) бихонад

3  Ва дар он, навиштаҳоидуруст ва пур арзише бошад! (вале ҳангоме, ки омад имон наёварданд монанди аҳли китоб).

4  Аҳли китоб (низ дар дини Худо) ихтилоф накарданд, магар баъд аз он ки далели равшане барои онҳо омад!

5  Ва ба онҳо дастуре дода нашуда буд ҷуз ин ки Худоро бипарастанд дар ҳоле, ки дини худро барои ӯ холис кунанд ва аз ширк ба ягонапарастӣ бозгарданд, намозро ба по доранд ва закот бидиҳанд ва ин аст оини мустақим ва пойдор!

6  Кофирон аз аҳли китоб ва мушрикон дар оташи дузуханд, ҷовидона дар он мемонанд, онҳо бадтарин махулқанд!

7  (Аммо) касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд беҳтарин махлуқоти (Худо)-янд!

8  Подоши онҳо назди Парвардигорашон боғҳои биҳишти ҷовидон аст, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорист, ҳамеша дар он мемонанд! (ҳам) Худо аз онҳо хушнуд ва ҳам онҳо аз Худо хушнуданд ва ин (мақоми воло) барои касе аст, ки аз Парвардигораш битарсад!

 

Сураи Зилзол

Ба нами Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Ҳангоме ки замин сахт ба ларза дарояд

2  Ва замин борҳои вазнинашро хориҷ созад!

3  Ва инсон мегӯяд: “Заминро чӣ мешавад, (ки ин гуна меларзад)?!”

4  Дар он рӯз замин тамоми хабарҳояшро мегӯяд

5  Чаро ки Парвардигорат ба ӯ ваҳй кардааст!

6  Дар он рӯз мардум ба сурати гурӯҳҳои пароканда (аз қабрҳо) хориҷ мешаванд, то амалҳояшон ба онҳо нишон дода шавад!

7  Пас ҳар кас ба миқдори заррае кори хайр анҷом диҳад онро мебинад!

8  Ва ҳар кас ба миқдоризаррае кори бад карда, онро мебинад!

 

Сураи Одиёт

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Қасам ба аспҳои давандаи (муҷоҳидон) дар ҳоле, ки нафасзанон ба пеш мерафтанд

2  Ва савганд ба равшан кунандагони ҷараққаи оташ (дар бархўрди сумҳояшон бо сангҳои биёбон)

3  Ва қасам ба ҳуҷум оварони сапеда дам,

4  Ки гард ва ғубор ба ҳар сӯ пароканда карданд

5  Ва (ногаҳон) дар миёни душман пайдо шуданд,

6  Ки инсон дар баробари саркашиҳои Парвардигораш бисёр носипос ва бахил аст

7  Ва ӯ худ (низ) бар ин маъно гувоҳ аст!

8  Ва алоқаи сахт ба мол дорад!

9  Оё намедонад дар он рӯз, ки тамоми касоне, ки дар қабрҳо ҳастанд барангехта мешаванд

10           Ва он чи дар даруни синаҳост ошкор мегардад

11           Дар он рӯз Парвардигорашон аз онҳо комилан бо хабар аст!

Сураи Қориа

Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон

1  Он ҳодисаи кўбанда

2  Ва чӣ ҳодисаи кўбандае!

3  Ва ту чӣ медонӣ, ки ҳодисаи кўбанда чист?! (он ҳодиса, ҳамон рӯзи қиёмат аст!)

4  Рӯзе, ки мардум монанди Парвонаҳо,пароканда хоҳанд буд

5  Ва кӯҳҳо монанди пашми рангин ҳаллоҷӣ шуда мегардад!

6  Аммо касе, ки (дар он рӯз) тарозуҳои амалҳояш вазнин аст

7  Дар як зиндагии хушнудкунанда хоҳад буд!

8  Ва аммо касе, ки тарозуҳояш сабук аст!

9  Ҷойгоҳашҳовия (дузах) аст

10           Ва ту чӣ медонӣ “ҳовия” чист?!

11           Оташе аст сӯзон!

 

Сураи Такосур

Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон

1  Бисёр талабӣ (ва фахр кардан) шуморо ба худ машғул дошта (ва аз Худо ғофил намуда) аст.

2  То онҷо, ки ба дидори қабрҳо рафтед  (ва қабрҳои мурдагони худро шумурдед ва ба он ифтихор кардед)!

3  Чунин нест, ки фикр мекунед (оре), ба зудӣ хоҳед донист!

4  Боз чунин нест, ки шумо фикр мекунед ба зудӣ хоҳед донист!

5  Чунин нест, ки шумо хиёл мекунед, агар шумо илми яқин (ба охират) доштед (зиёда талабӣ шуморо аз Худо ғофил намекард)!

6  Қатъан шумо ҷаҳаннамро хоҳед дид.

7  Сипас (бодохил шудани дар он) онро ба айни яқин хоҳед дид.

8  Сипас дар он рӯз (ҳамаи шумо) аз неъматҳое, ки доштед пурсида хоҳед шуд!

 

Сураи Аср

Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон

1  Ба аср қасам,

2  Ки инсонҳо ҳама дар зараранд,

3  Магар касоне, ки имон оварда ва амалҳои солеҳ анҷом додаанд ва якдигарро ба ҳақ супориш карда ва якдигарро ба сабр ва истиқомат тавсия намудаанд!

 

Сураи Ҳумаза

Ба номи худованди бахшандаи меҳрубон

1  Вой бар ҳар айбҷўи масхара кунандае!

2  Ҳамон касе, ки моли зиёде ҷамъоварӣ ва доим ба ҳисоб ва шумориш машғул аст.

3  Ва гумон мекунад, ки молҳояш ӯро ҷовидона месозад.

4  Чунин нест, ки фикр мекунанд ба зудӣ дар “Ҳутама” (оташи майда кунанда) андохта мешаванд!

5  Ва ту чӣ медонӣ “Ҳутама” чист?!

6  Оташи барафрухтаи илоҳӣ аст

7  Оташе, ки аз дилҳо сар мезананд!

8  Ин оташ ба онҳо даҳон баста шудааст

9  Да сутунҳое кашида ва дароз!

Сураи Фил

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Оё надидӣ Парвардигорат бо филсаворон (лашкари Абраҳа, ки барои нобудии Каъба омада буданд) чӣ кард?!

2  Оё нақшаи онҳоро дар хорӣ ва табоҳӣ қарор надод?!

3  Ва бар сари онҳо паррандагонеро гурӯҳ-гурӯҳ фиристод,

4  Ки бо сангҳои хурде онҳоро ҳадаф қарор доданд

5  Оқибат онҳоро ҳам чун коҳи хурд шуда (ва парокарда) қарор дод!

 

Сураи Қурйш

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  (Ҷазои лашкари филсаворон) ба хотири ин буд, ки қурайш (ба ин сарзамини муқаддас) улфат гиранд (ва заминаи зуҳур Паёмбар фароҳам шавад)!

2  Улфати онҳо дар сафарҳои зимистона ва тобистона (ва ба хотири ин улфат ба он боз гарданд)!

3  Пас (ба шукронаи ин неъмати бузуруг) бояд Парвардигори ин хонаро ибодат кунанд

4  Ҳамон касе, ки онҳоро аз гуруснагӣ наҷот дод ва аз тарс ва ноамнӣ эмин сохт.

 

Сураи Кавсар

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Мо ба ту кавсар (хайр ва баракати зиёд) ато кардем!

2  Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун!

3  (Ва бидон) душмани ту қатъан бурида насл ва бе ақиб аст!

Сураи Кофирун

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

1  Бигӯ: Эй кофирон!

2  Он чиро шумо мепарастед ман намепарастам!

3  Ва на шумо он чиро ман мепарастам мепарастед

4  Ва на ман ҳаргиз он чиро шумо парастиш кардаед мепарастам

5  Ва на шумо он чиро ки ман мепрастам парастиш мекунед

6  (Ҳоло ки чунин аст) оини (дини) шумо барои худатон ва оини ман барои худам!

Сураи Масад

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
1-Бурида бод ду дасти Абўлаҳаб (ва марг бар ў бод).
2-Ҳаргиз молу сарваташ ва он чиро ба даст овард суде ба ҳолаш набахшид.
3-Ба зудӣ вориди оташи шўълавар мешавад.
4-Ва (низ) ҳамсараш дар ҳоле, ки ҳузўмкаши (дузах) аст ва дар гарданаш танобе аст аз лифи хурмо.

Сураи Наср

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
1-Ҳангоме, ки ёрии Худо ва пирўзӣ фаро расад.
2-Ва бубинӣ мардум гур ўҳ-гурўҳ вориди диги Худо мешаванд .
3-Парвардигоратро тасбеҳ ва ҳамд бигў ва аз ў омурзиш бихоҳ, ки ў бисёр тавбапазир аст.

Сураи Ихлос

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
1-Бигў Худованд якто ва ягона аст.
2-Худованде, ки поку бениёз аст.
3-Ҳаргиз назод ва зоида нашуд.
4-Ва барои ў ҳеҷ гоҳ монанде набудааст.

Сураи Фалақ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
1-Бигў: Паноҳ мебарам ба Парвардигори сапедаи субҳ.
2-Аз бадии тамоми он чӣ оф а ридааст.
3- Ва аз бадии ҳар мавҷ уди бад ҳангоме, ки шабо на ворид мешавад.
4- Ва аз бадии онҳое, ки бо дамидан дар гиреҳҳо медаманд (ва ҳар тасмимеро суст мекунанд).
5- Ва аз бадии ҳар ҳасуде ҳангоме , ки ҳасад меварзад.

Сураи Нос

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
1-Бигў: Паноҳ мебарам ба Парварбигори мардум.
2-Ба молику ҳокими мардум.
3-Ба (Худо ва) маъбуди мардум.
4-Аз бадии васвасагари пинҳонкор.
5-Ки дар даруни синаи инсонҳо васваса мекунад.
6-Хоҳ аз ҷин бошад ё аз инсон.