Сураи Мулк
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 30 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
Пурбаракат ва пойдор аст касе, ки ҳукумати ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ўст ва Ў бар
ҳар чиз Тавоност.
2
Он кас, ки маргу ҳаётро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадом як аз шумо беҳтар
амал мекунед. Ва Ў Шикастнопазир ва Бахшанда аст.
3
Ҳамон касе, ки ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид, дар офариниши Худованди
Раҳмон ҳеҷ зиддият ва айбе намебинӣ. Бори дигар нигоҳ кун, оё ҳеҷ шикофу халале
мушоҳида мекунӣ?!
4
Бори дигар (ба олами ҳастӣ) нигоҳ кун, саранҷом чашмонат (дар ҷустуҷӯи халалу
нуқсон ноком монда), ба сӯи ту боз мегардад, дар ҳоле, ки хаста ва нотавон аст.
5
Мо осмони поин (наздик)-ро бо чароғҳои фурўзоне зинат бахшидем ва онҳо
(шаҳобҳо)-ро тирҳое барои шайтон қарор додем ва барои онҳо азоби оташи фурўзон
фароҳам сохтем.
6
Ва
барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд,
азоби
ҷаҳаннам
ва оқибати
баде
аст.
7
Ҳангоме ки дар он офканда шаванд, садои ваҳшатноке аз он мешунаванд ва ин дар
ҳоле аст, ки пайваста меҷўшад.
8
Наздик аст (дўзах) аз сахтии ғазаб пора-пора шавад, ҳар замон, ки гурӯҳе дар он
афканда мешаванд, нигаҳбонони дўзах аз онҳо мепурсанд: «Магар бимдиҳандаи илоҳӣ
ба суроғи шумо наёмад?!».
9
Мегӯянд: «Чаро, бимдиҳанда ба суроғи мо омад, вале мо ӯро инкор кардем ва
гуфтем: «Худованд ҳаргиз чизеро нозил накардааст ва шумо дар гумроҳии бузурге
ҳастед».
10
Ва мегӯянд: «Агар мо гўши шунаво доштем ё андеша мекардем, дар миёни дўзахиён
набудем».
11
Инҷост, ки ба гуноҳи худ иқрор мекунанд, дузахиён аз раҳмати Худо дур бошанд!
12
(Аммо) касоне, ки аз Парвардигорашон дар ниҳон метарсанд, ҳатман омурзиш ва
подоши бузурге доранд.
13
Сухани худро пинҳон кунед ё ошкор (фарқе намекунад), Ў ба он чӣ дар синаҳост
огоҳ аст.
14
Оё
он
касе, ки мавҷудотро
офаридааст,
аз ҳоли онҳо огоҳ нест?!
Дар ҳоле, ки Ў (аз асрори дақиқ) бохабар ва огоҳ аст.
15
Ӯ касе аст, ки заминро барои шумо ром кард, бар шонаҳои он роҳ биравед ва аз
рӯзиҳои Худованд бихўред ва бозгашт ва иҷтимои ҳама ба сӯи Ўст.
16
Оё худро аз азоби касе, ки ҳоким бар осмон аст, дар амон медонед, ки дастур
диҳад зимин бишикофад ва шуморо фурў барад ва ба ларзиши худ идома диҳад?!
17
Ё
худро аз азоби Худованди осмон дар
амон
медонед, ки тундбоде пур аз сангреза бар шумо фиристад?! Ва ба зудӣ хоҳед
донист, ки таҳдидҳои ман чӣ гуна аст!
18
Касоне,
ки пеш аз он буданд (оятҳои
илоҳиро) инкор карданд, аммо (бубин)
муҷозоти
ман чӣ гуна буд!
19
Оё ба парандагоне, ки болои сарашон аст ва гоҳе болҳои худро кушода ва гоҳе ҷамъ
мекунанд, нигоҳ накарданд?! Ҷуз Худованди Раҳмон касе онҳоро бар баландии осмон
нигаҳ намедорад, зеро Ў ба ҳар
чиз
биност.
20
Оё ин касе, ки лашкари шумост,
метавонад шуморо дар баробари Худованд ёрӣ
диҳад?!
Вале
кофирон танҳо гирифтори
фиребанд.
21
Ё он касе, ки шуморо рўзӣ медиҳад, агар рўзияшро боздорад, (чӣ касе метавонад
ниёзи шуморо таъмин кунад?!). Вале онҳо дар саркашӣ ва гурез аз ҳақиқат, лаҷоҷат
меварзанд.
22
Оё касе, ки ба сурат афтода, ҳаракат мекунад, ба ҳидоят наздиктар аст ё касе, ки
ростқомат дар сироти мустақим гом мебардорад?!
23
Бигў: «Ў касе аст, ки шуморо офарид ва барои шумо гўшу чашму қалб қарор дод,
аммо камтар сипосгузорӣ мекунед».
24
Бигў: «Ў касе аст, ки шуморо дар замин офарид ва ба сўи Ў маҳшур мешавед».
25
Онҳо мегўянд: «Агар рост мегўед, ин ваъдаи қиёмат чӣ замоне аст?!».
26
Бигў:
«Илми
он танҳо назди Худост ва ман фақат бимдиҳандаи ошкоре
ҳастам».
27
Ҳангоме, ки он (ваъдаи илоҳӣ)-ро аз наздик мебинанд, чеҳраи кофирон зишту сиёҳ
мегардад ва ба онҳо гуфта мешаванд: «Ин ҳамон чизе аст, ки дархости онро
доштед».
28
Бигў: «Ба ман хабар диҳед агар Худованд маро ва тамоми касонеро, ки бо ман
ҳастанд, ҳалок кунад, ё мавриди тараҳҳум қарор диҳад, чӣ касе кофиронро аз азоби
дарднок паноҳ медиҳад?!».
29
Бигў: «Ў Худованди Раҳмон аст, мо ба Ў имон оварда ва бар Ў таваккал кардаем ва
ба зудӣ медонед чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст».
30
Бигў: «Ба ман хабар диҳед агар обҳои (сарзамини) шумо дар замин фурў равад, чӣ
касе метавонад оби ҷорӣ ва гуворо дар дастраси шумо қарор диҳад?!».
Сураи Қалам
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 52 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
Нун, савганд ба қалам ва он чӣ
менависанд,
2
Ки ту
ба
неъмати Парвардигорат маҷнун
нестӣ,
3
Ва
барои ту подоши азим ва ҳамешагӣ аст.
4
Ва
ту
ахлоқи азим ва барҷастае
дорӣ.
5
Ва
ба
зудӣ ту мебинӣ ва онон низ мебинанд,
6
Ки
кадом як аз шумо маҷнунед!
7
Парвардигорат беҳтар аз ҳар кас медонад чӣ касе аз роҳи Ў гумроҳ шудааст.
Ва
ҳидоятёфтагонро
низ
беҳтар мешиносад.
8
Ҳол, ки чунин аст, аз инкоркунандагон итоат макун.
9
Онҳо дўст доранд нармиш нишон диҳӣ, то онҳо (ҳам) нармиш нишон диҳанд, (нармиши
ҳамроҳ, бо инҳироф аз роҳи ҳақ).
10
Ва
аз
касе, ки бисёр савганд ёд мекунад ва паст аст итоат макун,
11
Касе, ки бисёр айбҷў аст ва ба суханчинӣ рафту омад мекунад,
12
Ва
бисёр монеи
кори хайр ва мутаҷовизу
гунаҳкор аст.
13
Илова
бар инҳо кинатўзу пурхўр ва хашену
бадном аст.
14
Мабодо ба хотири ин ки соҳиби молу фарзандони фаровон аст (аз ў пайравӣ кунӣ!).
15
Ҳангоме, ки оятҳои мо бар ў хонда мешавад, мегўяд: «Инҳо афсонаҳои хурофии
пешиниён аст».
16
(Вале) мо ба зудӣ бар бинии
ў аломат ва доғи нанг мениҳем.
17
Мо онҳоро имтиҳон кардем, ҳамон гуна, ки «соҳибони боғ»-ро имтиҳон кардем,
ҳангоме, ки савганд ёд карданд, ки меваҳои боғро субҳгоҳон (дур аз чашми
мустамандон) бичинанд.
18
Ва
ҳеҷ аз он истисно накунанд.
19
Аммо азоби фарогире (ҳангоми шаб) бар (тамоми) боғи онҳо фуруд омад, дар ҳоле,
ки ҳама дар хоб буданд,
20
Ва он боғи сарсабз ҳамчун шаби сиёҳу зулмонӣ шуд.
21
Субҳгоҳон
якдигарро садо заданд,
22
Ки ба сўи киштзор ва боғи худ ҳаракат кунед, агар қасди чидани меваҳоро доред.
23
Онҳо
ҳаракат карданд, дар ҳоле, ки оҳиста бо
ҳам мегуфтанд:
24
«Эҳтиёт кунед, имрўз ҳатто як фақир бар шумо дохил нашавад».
25
(Оре), онҳо субҳгоҳон қасд доштанд, ки бо қудрат аз мустамандон пешгирӣ кунанд.
26
Ҳангоме, ки (дохили боғ шуданд ва) онро диданд, гуфтанд: «Ҳаққо, ки мо гумроҳем.
27
(Оре, ҳама чиз аз дасти мо рафта), балки мо маҳрумем».
28
Яке аз онҳо, ки аз ҳама оқилтар буд, гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам чаро тасбеҳи
Худо намегўед?!».
29
Гуфтанд:
«Муназзаҳ
аст
Парвардигори
мо, ҳатман
мо золим будем».
30
Сипас
рў
ба якдигар карда ба маломати ҳам пардохтанд,
31
(Ва фарёдашон баланд шуд) гуфтанд: «Вой ба мо, ки туғёнгар будем!
32
Умедворем Парвардигорамон (моро бубахшад ва) беҳтар аз онро ба ҷои он ба мо
бидиҳад, зеро мо ба Ў алоқамандем».
33
Ин
гуна аст азоб (-и Худованд дар дунё) ва
азоби охират аз он ҳам бузургтар аст, агар медонистанд.
34
Ҳатман барои парҳезгорон назди Парвардигорашон боғҳои пурнеъмати биҳишт аст.
35
Оё мўъминонро ҳамчун муҷримон қарор медиҳем?!
36
Шуморо
чӣ
мешавад?! Чӣ гуна доварӣ мекунед?!
37
Оё
китобе доред, ки аз он дарс мехонед,
38
Ки
он
чиро шумо интихоб мекунед аз они шумост?!
39
Ё ин ки аҳду паймони муаккад ва мустамир то рўзи қиёмат бар мо додед, ки ҳар
чиро ҳукм кунед барои шумо бошад?!
40
Аз
онҳо бипурс кадом як аз онон чунин чизеро тазмин мекунад?!
41
Ё ин ки маъбудоне доранд, ки онҳоро шарики Худо қарор додаанд (ва барои онон
шафоат мекунанд?!).
Агар
рост мегўянд маъбудони худро
биёваранд!
42
(Ба хотир биёваред) рўзеро, ки соқи поҳо (аз ваҳшат) бараҳна мегардад ва даъват
ба саҷда мешаванд, аммо наметавонанд (саҷда кунанд).
43
Ин дар ҳоле аст, ки чашмҳояшон (аз шиддати шармсорӣ) ба зер афтода ва зиллату
хорӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст. Онҳо пеш аз ин даъват ба саҷда мешуданд, дар
ҳоле, ки солим буданд, (вале имрўз дигар тавоноии онро надоранд).
44
Акнун
Маро бо онҳо, ки ин суханро инкор мекунанд вогузор!
Мо
ононро аз он ҷо
ки намедонанд ба тадриҷ
ба сўи азоб пеш мебарем.
45
Ва ба онҳо мўҳлат (-и бозгашт) медиҳем, зеро нақшаҳои ман маҳкам ва бо диққат
аст.
46
Ё
ин
ки ту аз онҳо музде металабӣ, ки
пардохташ барои онҳо вазнин аст?!
47
Ё
асрори
ғайб назди онҳост ва онро менависанд (ва ба якдигар медиҳанд?!).
48
Акнун, ки чунин аст, сабр кун ва мунтазири фармони Парвардигорат бош ва монанди
соҳиби моҳӣ (Юнус) мабош, (ки дар дархости муҷозоти қавмаш шитоб кард ва
гирифтори муҷозоти тарки авло шуд), дар он замон, ки бо ниҳояти андўҳ Худоро
хонд.
49
Ва агар раҳмати Худо ба ёрияш наомада буд, (аз шиками моҳӣ) берун афканда мешуд,
дар ҳоле, ки накўҳида буд.
50
Вале
Парвардигораш ўро баргузид ва аз солеҳон қарор дод.
51
Наздик аст кофирон ҳангоме, ки оятҳои Қуръонро мешунаванд, бо чашмзахми худ туро
аз байн бубаранд ва мегўянд: «Ў девона аст».
52
Дар ҳоле, ки ин (Қуръон) чизе ҷуз сабаби бедорӣ барои ҷаҳониён нест.
Сураи Ҳоққа
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 52 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
(Рўзи растохез) рўзе аст, ки ҳатман воқеъ мешавад.
2
Чӣ
рўзи воқеъшудане!
3
Ва ту чӣ медонӣ он рўзи воқеъшуданӣ чист?!
4
Қавми «Самуд» ва «Од» азоби кўбандаи илоҳиро инкор карданд (ва натиҷаи шумашро
диданд).
5
Аммо
қавми «Самуд»
бо азоби саркаше ҳалок шуданд.
6
Ва аммо қавми «Од» бо боди тўнди туғёнгар ва сарду пурсадое ба ҳалокат расиданд,
7
(Худованд) ин боди тўнди бунёнканро ҳафт шабу ҳашт рўз пай дар пай бар онҳо
мусаллат сохт (ва агар он ҷо будӣ) медидӣ, ки он қавм ҳамчун танаҳои пўсидаву
пучи дарахтони нахл, дар миёни ин боди тўнд рўи замин афтода ва ҳалок шудаанд.
8
Оё касе аз онҳоро боқӣ мебинӣ?!
9
Ва Фиръавн ва касоне, ки пеш аз ў буданд ва ҳамчунин аҳли шаҳрҳои зеру рў шуда
(-и қавми Лут) муртакиби гуноҳони бузург шуданд,
10
Ва бо фиристодаи Парвардигорашон мухолифат карданд ва Худованд (низ) онҳоро ба
азоби шадид гирифтор сохт.
11
Ва
ҳангоме, ки об туғён кард, мо шуморо бар киштӣ савор кардем,
12
То онро василаи тазаккуре барои шумо қарор диҳем ва гўшҳои шунаво онро дарёбад
ва бифаҳмад.
13
Ба маҳзи ин ки як бор
дар «сур»
дамида шавад,
14
Ва замину кўҳҳо аз ҷо бардошта шаванд ва як бора дарҳам кўбида ва муталошӣ
гарданд,
15
Дар
он
рўз «воқеаи
бузург»
рўй медиҳад,
16
Ва
осмон аз ҳам мешикофад ва суст мегардад ва фурў мерезад.
17
Фариштагон дар атрофи осмон қарор мегиранд (ва барои анҷоми маъмуриятҳо омода
мешаванд). Ва он рўз арши Парвардигоратро ҳашт фаришта бар фарози ҳамаи онҳо
ҳамл мекунанд.
18
Дар он рўз ҳамагӣ ба пешгоҳи Худо арза мешавед ва чизе аз корҳои шумо пинҳон
намемонад.
19
Пас касе, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, (аз шиддати шодӣ) фарёд
мезанад, ки: «(Эй аҳли маҳшар!)
Номаи
аъмоли маро бигиред ва бихонед!
20
Ман
яқин доштам, ки (қиёмате ҳаст ва) ба ҳисоби аъмолам мерасам».
21
Ў
дар як зиндагии (комилан) ризоятбахш қарор хоҳад дошт,
22
Дар
биҳишти олие,
23
Ки меваҳояш дар дастрас аст.
24
(Ва ба онон гуфта мешавад:) Бихўред ва биёшомед гуворо, дар баробари аъмоле, ки
дар гузашта анҷом додед.
25
Аммо касе, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш бидиҳанд, мегўяд: «Эй кош ҳаргиз
номаи аъмоламро ба ман намедоданд.
26
Ва
намедонистам ҳисоби ман чист!
27
Эй
кош маргам фаро мерасид,
28
Молу
сарватам ҳаргиз маро бениёз накард,
29
Қудрати ман низ аз даст рафт».
30
Ўро
бигиред ва дарбанду
занҷираш кунед!
31
Сипас
ўро дар дўзах афканед!
32
Баъд ўро ба занҷире, ки ҳафтод зироъ аст, бубандед.
33
Зеро ў ҳаргиз ба Худованди бузург имон намеовард,
34
Ва ҳаргиз
мардумро бар итъоми мустамандон ташвиқ наменамуд.
35
Бинобар
ин,
имрўз
ҳам дар ин ҷо ёри меҳрубоне надорад,
36
Ва
на
таоме, ҷуз
чирку хун
(бар ў аст).
37
Таоме, ки ҷуз
хатокорон онро намехўранд.
38
Савганд
ба
он чӣ мебинед,
39
Ва
он
чӣ намебинед,
40
Ки
ин
Қуръон гуфтори Расули бузургворе аст,
41
Ва
гуфтаи шоире нест, аммо камтар имон меоваред.
42
Ва
на
гуфтаи
коҳине,
ҳар чанд камтар мутазаккир мешавед.
43
Каломе
аст, ки аз сўи Парвардигори оламиён нозил шудааст.
44
Агар ў
сухани дурўғе бар мо мебаст,
45
Мо
ўро
бо
қудрат мегирифтем,
46
Сипас раги қалбашро қатъ мекардем,
47
Ва ҳеҷ кас аз шумо наметавонист аз (муҷозоти) ў пешгирӣ кунад.
48
Ва
он
ҳатман тазаккуре барои парҳезгорон аст.
49
Ва
мо
медонем, ки баъзе аз шумо (онро) инкор мекунед.
50
Ва
он
сабаби ҳасрати кофирон аст.
51
Ва
он
яқини холис аст.
52
Ҳол, ки чунин аст, ба номи Парвардигори
бузургат тасбеҳ гўй.
Сураи Маориҷ
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 44 оят дорад Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
Дархосткунандае
дархости азобе кард, ки воқеъ шуд.
2
Ин
азоб махсуси кофирон аст ва ҳеҷ кас наметавонад онро дафъ кунад,
3
Аз
сўи Худованди
соҳиби маориҷ,
(Худованде, ки фариштагонаш бар осмонҳо боло мераванд).
4
Фариштагон ва Рўҳ (фариштаи муқарраби Худованд) ба сўи Ў боло мераванд дар он
рўзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст.
5
Пас
сабри ҷамил
пеша кун,
6
Зеро
онҳо он рўзро дур мебинанд,
7
Ва
мо
онро наздик мебинем.
8
Ҳамон рўзе, ки осмон
монанди
оҳан, гудохта мешавад,
9
Ва
кўҳҳо монанди пашми рангин, муталошӣ хоҳад
шуд,
10
Ва ҳеҷ дўсти самимӣ суроғи дўсташро намегирад.
11
Онҳоро нишонашон медиҳанд, (вале ҳар кас гирифтори кори худ аст), чунон аст, ки
гунаҳкор дўст медорад фарзандони худро дар баробари азоби он рўз фидо кунад,
12
Ва
ҳамсару бародарашро,
13
Ва қабилаашро, ки ҳамеша аз ў ҳимоят мекард,
14
Ва
ҳамаи мардуми
рўи заминро,
то сабаби наҷоташ гарданд.
15
Аммо ҳаргиз чунин нест, (ки бо инҳо битавон наҷот ёфт, оре) шўълаҳои сўзони оташ
аст,
16
Дасту по ва пўсти
сарро меканад ва мебарад.
17
Ва
касонеро, ки ба фармони
Худо
пушт карданд,
садо мезанад,
18
Ва (ҳамчунин онҳо, ки) амволро ҷамъу захира карданд.
19
Ба
яқин инсон ҳарису камтоқат офарида
шудааст,
20
Ҳангоме, ки бадие ба ў расад, бетобӣ мекунад,
21
Ва ҳангоме, ки хубие ба ў расад, монеи дигарон мешавад (ва бухл меварзад),
22
Магар
намозгузорон,
23
Онҳо,
ки намозҳоро пайваста ба ҷо
меоваранд,
24
Ва онҳо, ки дар амволашон ҳаққи маълуме аст,
25
Барои
дархосткунанда
ва маҳрум,
26
Ва
онҳо, ки ба рўзи ҷазо
имон доранд,
27
Ва
онҳо, ки аз азоби Парвардигорашон хавфноканд,
28
Зеро ҳеҷ кас аз азоби Парвардигораш дар амон нест,
29
Ва
онҳо, ки доманҳои худро (аз беиффатӣ)
ҳифз мекунанд,
30
Ҷуз
бо
ҳамсарону канизон, (ки дар ҳукми ҳамсаранд, омезиш надоранд). Зеро дар баҳрагирӣ
аз онҳо, сарзаниш нахоҳанд
шуд.
31
Ва ҳар кас ҷуз инҳоро талаб кунад, мутаҷовиз аст.
32
Ва
онҳо, ки амонатҳо ва аҳди худро риоят мекунанд,
33
Ва
онҳо, ки ба
адои
шаҳодаташон қиём менамоянд,
34
Ва
онҳо, ки бар намоз эҳтиёт доранд,
35
Онон бар боғҳои биҳиштӣ (пазироӣ ва) гиромӣ дошта мешаванд.
36
Ин
кофиронро чӣ мешавад, ки бо шитоб назди ту меоянд,
37
Аз
росту чап, гурўҳ-гурўҳ (ва орзуи биҳишт доранд?!).
38
Оё ҳар як аз онҳо (бо ин аъмоли нописандаш) тамаъ дорад, ки ўро дар биҳишти
пурнеъмати илоҳӣ дохил кунанд?!
39
Ҳаргиз чунин нест. Мо онҳоро аз он чӣ
худашон медонанд офаридаем.
40
Савганд ба Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳо, ки мо қодирем,
41
Ки
ҷои
ононро ба касоне бидиҳем, ки аз онҳо беҳтаранд. Ва
мо
ҳаргиз мағлуб нахоҳем шуд.
42
Ононро ба ҳоли худ гузор, то дар ботили худ фурў раванд ва бозӣ кунанд, то
замоне, ки рўзи ваъдашудаи худро мулоқот намоянд.
43
Ҳамон рўзе, ки аз қабрҳо бо шитоб берун мешаванд, гўё ба сўи бутҳо медаванд.
44
Дар ҳоле, ки чашмҳояшон аз шарму ваҳшат ба зер афтода ва пардае аз зиллату хорӣ
онҳоро пўшонидааст.
Ин
ҳамон рўзе аст, ки ба онҳо ваъда дода мешуд.
Сураи Нўҳ
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 28 оят дорад
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
Мо Нўҳро ба сўи қавмаш фиристодем ва гуфтем: «Қавми худро инзор кун пеш аз он ки
азоби дардноке ба суроғашон ояд».
2
Гуфт: «Эй қавм! Ман барои шумо хавфдиҳандаи ошкоре ҳастам,
3
Ки
Худоро парастиш кунед ва аз мухолифати Ў парҳез кунед ва маро итоат намоед.
4
Агар чунин кунед, Худо гуноҳонатонро мебахшад ва то замони муайяне шуморо умр
медиҳад, зеро ҳангоме, ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхире нахоҳад дошт, агар
медонистед».
5
(Нўҳ) гуфт: Парвардигоро! Ман қавми худро шабу рўз (ба сўи
ту)
даъват кардам,
6
Аммо даъвати ман чизе ҷуз гурез аз ҳақ бар онон наафзуд.
7
Ва ман ҳар замон онҳоро даъват кардам, ки (имон оваранд ва) ту онҳоро омурзӣ,
ангуштони худро дар гўшҳояшон қарор дода ва либосҳояшонро бар худ печиданд ва
дар мухолифат исрор варзиданд ва ба шиддат такаббур варзиданд.
8
Сипас
ман онҳоро бо садои баланд (ба итоати фармони
ту)
даъват кардам,
9
Сипас ошкору пинҳонӣ (ҳақиқати тавҳиду имонро) барои онон баён кардам.
10
Ба онҳо гуфтам: «Аз Парвардигори худ омурзиш талабед, ки Ў бисёр омурзанда аст,
11
То
боронҳои пурбаракати
осмонро пай дар пай бар шумо фиристад,
12
Ва шуморо бо амволу фарзандони фаровон кўмак кунад ва боғҳои сарсабзу наҳрҳои
ҷорӣ дар ихтиёратон қарор диҳад.
13
Чаро
шумо барои Худо азамат қоил нестед?!
14
Дар
ҳоле, ки шуморо дар мароҳили мухталиф офарид, (то аз нутфа ба инсони комил
расидед).
15
Оё намедонед чӣ гуна Худованд ҳафт осмонро яке болои дигарӣ офаридааст,
16
Ва моҳро дар миёни осмонҳо сабаби равшаноӣ ва хуршедро чароғи фурўзоне қарор
додааст?!
17
Ва Худованд
шуморо ҳамчун гиёҳе
аз замин рўёнид,
18
Сипас
шуморо ба ҳамон замин бозмегардонад ва бори дигар шуморо хориҷ месозад.
19
Ва Худованд
заминро барои шумо фарши густардае қарор дод,
20
То
аз
роҳҳои васеъ ва дарраҳои он бигузаред
(ва ба ҳар ҷо
мехоҳед биравед)».
21
Нўҳ (баъд аз ноумедӣ аз ҳидояти онон) гуфт: «Парвардигоро! Онҳо маро нофармонӣ
карданд ва аз касоне пайравӣ намуданд, ки амволу фарзандонашон чизе ҷуз зиёнкорӣ
бар онҳо наафзудааст.
22
Ва
(ин роҳбарони гумроҳ) макри азиме ба кор бурданд,
23
Ва гуфтанд: Даст аз худоён ва бутҳои худ барнадоред (ба хусус) бутҳои «Вад»,
«Сувоъ», «Яғус», «Яуқ» ва «Наср»-ро раҳо накунед.
24
Ва онҳо гурўҳи бисёреро гумроҳ карданд. Худовандо,
золимонро ҷуз
залолат
маяфзо!».
25
(Оре, саранҷом) Ҳамагӣ ба хотири гуноҳонашон ғарқ шуданд ва дар оташи дўзах
дохил гаштанд ва ҷуз Худо, ёвароне барои худ наёфтанд.
26
Нўҳ гуфт: Парвардигоро! Ҳеҷ як аз кофиронро бар рўи замин боқӣ магузор!
27
Зеро агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз насли фоҷиру
кофире ба вуҷуд намеоваранд.
28
Парвардигоро! Маро ва падару модарам ва тамоми касонеро, ки бо имон дохили хонаи
ман шуданд ва ҷамии мардону занони боимонро биёмурз ва золимонро ҷуз ҳалокат
маяфзо!».
Сураи Ҷин
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 28 оят дорад
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
Бигў:
Ба ман ваҳй
шудааст, ки ҷамъе
аз ҷин ба суханонам гўш фаро додаанд, сипас гуфтаанд: «Мо Қуръони аҷиб шунидаем,
2
Ки
ба
роҳи рост ҳидоят мекунад, пас мо ба он имон овардаем
ва ҳаргиз касеро шарики
Парвардигорамон
қарор намедиҳем,
3
Ва
ин
ки баланд аст мақоми боазамати Парвардигори мо. Ва Ў ҳаргиз барои худ ҳамсару
фарзанде интихоб накардааст,
4
Ва
ин
ки
сафеҳи
мо (Иблис) дар бораи Худованд суханони нораво мегуфт,
5
Ва ин ки мо гумон мекардем, ки инсу ҷин
ҳаргиз бар Худо дурўғ намебанданд,
6
Ва ин ки мардоне аз башар ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва онҳо сабаби
афзоиши гумроҳӣ ва туғёнашон мешуданд,
7
Ва ин ки онҳо гумон карданд -ҳамон гуна, ки шумо гумон мекардед- ки Худованд
ҳаргиз касеро (ба нубувват) мабъус намекунад,
8
Ва ин ки мо осмонро ҷустуҷў кардем ва ҳамаро пур аз муҳофизони нерўманд ва
тирҳои шаҳоб ёфтем,
9
Ва ин ки мо пеш аз ин ба шунидану дарёфти хабарҳо дар осмонҳо менишастем, аммо
акнун ҳар кас бихоҳад истироқи самъ кунад, шаҳоберо дар камини худ меёбад,
10
Ва ин ки (бо ин вазъиятҳо) мо намедонем оё иродаи шарре дар бораи аҳли замин
шудааст ё Парвардигорашон хостааст ононро ҳидоят кунад?!
11
Ва ин ки дар миёни мо ашхоси солеҳ ва ашхоси носолеҳ ҳастанд ва мо гурўҳҳои
мухталифе ҳастем,
12
Ва ин ки мо яқин дорем ҳаргиз наметавонем бар иродаи Худованд дар замин ғолиб
шавем ва наметавонем аз (панҷаи қудрати) Ў бигурезем,
13
Ва
ин
ки мо ҳангоме, ки ҳидояти Қуръонро шунидем ба он имон овардем.
Ва
ҳар кас ба Парвардигораш
имон
биёварад,
на аз нуқсон метарсад ва на аз зулм,
14
Ва
ин
ки гурўҳе аз мо мусулмон ва гурўҳе золиманд. Ҳар кас Исломро ихтиёр кунад, роҳи
ростро баргузидааст.
15
Ва
аммо золимон
оташгира ва ҳезуми дўзаханд».
16
Ва
ин
ки агар онҳо (ҷинну
инс) дар роҳ (-и имон) истиқомат варзанд,
бо оби фаровон серобашон мекунем.
17
Мақсад ин аст, ки мо онҳоро бо ин неъмати фаровон имтиҳон кунем ва ҳар кас аз
ёди Парвардигораш рўй гардонад, ўро ба азоби шадид ва фазоянда гирифтор месозад.
18
Ва
ин
ки масҷидҳо
аз они Худост, пас ҳеҷ
касро ҳамроҳи Худо нахонед.
19
Ва ин ки ҳангоме, ки бандаи Худо (Паёмбар) ба ибодат бармехост ва Ўро мехонд,
гурўҳе дар атрофи ў ба шиддат издиҳом мекарданд».
20
Бигў: «Ман танҳо Парвардигорамро мехонам ва ҳеҷ касро шарики Ў қарор намедиҳам».
21
Бигў:
«Ман
молики зиён ва ҳидояте
барои шумо нестам».
22
Бигў: «(Агар ман низ бар хилофи фармонаш рафтор кунам), ҳеҷ кас маро дар
баробари Ў ҳимоят намекунад ва паноҳгоҳе ҷуз Ў намеёбам.
23
Танҳо
вазифаи ман иблоғ аз сўи Худо ва расондани рисолати Ўст.
Ва
ҳар кас нофармонии Худо ва Расулаш кунад, оташи дўзах аз они ўст ва ҷовидона
дар он мемонад».
24
(Ин коршикании куффор ҳам чунон идома меёбад), то он чиро ба онҳо ваъда дода
шудааст, бубинанд, он гоҳ медонанд ёвари чӣ касе заифтар ва ҷамъияташ камтар
аст.
25
Бигў:
«Ман
намедонам он чӣ
ба шумо ваъда дода шудааст, наздик аст ё Парвардигорам замоне барои он қарор
медиҳад?!
26
Донои ғайб Ўст ва ҳеҷ касро бар асрори ғайбаш огоҳ намесозад,
27
Магар расулоне, ки ононро баргузида ва муроқибине аз пеши рў ва пушти сар барои
онҳо қарор медиҳад,
28
То
бидонад пайғамбаронашон рисолатҳои Парвардигорашонро иблоғ кардаанд.
Ва Ў ба он чӣ назди онҳо аст иҳота дорад ва ҳама чизро ҳисоб кардааст».
Сураи Муззаммил
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 20 оят дорад
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
Эй
ҷома
ба худ печида!
2
Шабро
ҷуз
каме ба по хез!
3
Ниме
аз
шабро ё каме аз он кам кун,
4
Ё бар нисфи он бияфзо ва Қуръонро бо диққат ва тааммул бихон.
5
Зеро
мо ба зудӣ сухани вазнин ба ту илқо хоҳем кард.
6
Ҳатман намоз ва ибодати шабона по барҷотар
ва бо истиқоматтар аст.
7
Ва
ту
дар рўз, талоши
мустамир ва тўлонӣ
хоҳӣ дошт.
8
Ва
номи Парвардигоратро ёд кун ва танҳо ба Ў дил бубанд.
9
Ҳамон Парвардигори шарқу ғарб, ки маъбуде ҷуз Ў нест, Ўро нигаҳбон ва вакили худ
интихоб кун,
10
Ва дар баробари он чӣ (душманон) мегўянд, шакебо бош ва ба тарзи шоистае аз онон
дурӣ гузин.
11
Ва маро бо инкор кунандагони соҳиби неъмат вогузор ва онҳоро каме мўҳлат деҳ,
12
Ки
назди мо ғуллу занҷирҳо
ва (оташи) дўзах аст,
13
Ва
таоми
гулўгире
ва азоби дардноке,
14
Дар он рўз, ки замин ва кўҳҳо сахт ба ларза меояд ва кўҳҳо (чунон дарҳам кўбида
мешавад, ки) ба шакли тўдаҳое аз шини нарм дармеояд.
15
Мо пайғамбаре ба сўи шумо фиристодем, ки бар шумо гувоҳ аст, ҳамон гуна, ки ба
сўи Фиръавн расуле фиристодем.
16
(Вале) Фиръавн ба мухолифат ва нофармонии
он расул бархост ва мо ўро сахт муҷозот кардем.
17
Шумо (низ) агар кофир шавед, чӣ гуна худро (аз азоби илоҳӣ) барканор медоред?!
Дар
он
рўзе,
ки кўдаконро пир мекунад,
18
Ва осмон аз ҳам шикофта мешавад ва ваъдаи Ў шуданӣ ва ҳатмист.
19
Ин ҳушдор ва тазаккур аст, пас ҳар кас бихоҳад роҳе ба сўи Парвардигораш интихоб
мекунад.
20
Парвардигорат медонад, ки ту ва гурўҳе аз онҳо, ки бо ту ҳастанд, наздики ду
севвуми шаб ё нисф ё се яки онро ба по мехезанд. Худованд шабу рўзро андозагирӣ
мекунад, Ў медонад, ки шумо наметавонед миқдори онро (ба диққат) андозагирӣ
кунед, (барои ибодат кардан), пас шуморо бахшид, акнун он чӣ барои шумо муяссар
аст Қуръон бихонед. Ў медонад ба зудӣ гурўҳе аз шумо бемор мешаванд ва гурўҳи
дигар барои ба даст овардани фазли илоҳӣ (ва касби рўзӣ) ба сафар мераванд ва
гурўҳи дигар дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд (ва аз тиловати Қуръон боз мемонанд),
пас ба андозае, ки барои шумо мумкин аст, аз он тиловат кунед ва намозро барпо
доред ва закотро бипардозед ва ба Худо «қарзул-ҳасана» диҳед, (дар роҳи Ў инфоқ
намоед) ва (бидонед) он чиро аз корҳои нек барои худ аз пеш мефиристед, назди
Худо ба беҳтарин ваҷҳ ва бузургтарин подош хоҳед ёфт.
Ва
аз
Худо омурзиш биталабед, ки Худованд
омурзанда
ва
меҳрубон
аст.
Сураи Муддассир
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 56 оят дорад
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
Эй
ҷомаи
хоб ба худ печида (ва
дар
бастар оромгирифта!).
2
Бархезу
инзор кун (ва оламиёнро бим деҳ),
3
Ва
Парвардигоратро
бузург шумор.
4
Ва
либосатро пок кун,
5
Ва
аз
палидӣ дурӣ кун,
6
Ва
миннат магузор ва фузунӣ маталаб,
7
Ва
ба
хотири Парвардигорат шакебоӣ кун.
8
Ҳангоме, ки дар «сур»
дамида шавад,
9
Он
рўз, рўзи сахте аст,
10
Ва
барои кофирон осон нест!
11
Маро
бо
касе, ки ўро худ ба танҳоӣ офаридаам вогузор!
12
Ҳамон касе, ки барои ў моли густардае қарор додам,
13
Ва
фарзандоне, ки ҳамвора назди ў (ва дар хидмати ў) ҳастанд,
14
Ва
василаҳои зиндагиро
аз ҳар назар барои вай фароҳам сохтам.
15
Боз
ҳам тамаъ дорад, ки бар ў бияфзоям.
16
Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд, зеро ў нисбат ба оятҳои мо душманӣ меварзад.
17
Ва ба зудӣ ўро маҷбур мекунам, ки аз қуллаи зиндагӣ боло равад, (сипас ўро ба
зер меафканам).
18
Ў
(барои мубориза бо Қуръон) андеша кард ва матлабро омода сохт.
19
Марг
бар ў бод!
Чӣ
гуна (барои мубориза бо ҳақ) матлабро омода кард?!
20
Боз ҳам марг бар ў, чӣ гуна матлаб (ва нақшаи шайтонии худро) омода намуд?!
21
Сипас
нигоҳе
афканд,
22
Баъд
чеҳра дарҳам кашид ва бо шитоб даст ба
кор
зад,
23
Сипас
пушт (ба ҳақ) кард ва такаббур варзид,
24
Ва саранҷом гуфт: «Ин (Қуръон) чизе ҷуз афсун ва сеҳре ҳамчун сеҳрҳои пешиниён
нест.
25
Ин
фақат сухани инсон аст (на гуфтори Худо)».
26
(Аммо)
Ба
зудӣ ўро дохили
сақар
(дўзах) мекунам!
27
Ва
чӣ
медонӣ «сақар» чист?!
28
(Оташе аст, ки)
На
чизеро боқӣ мегузорад ва на чизеро раҳо месозад.
29
Пўсти
танро
ба
тамом дигаргун мекунад.
30
Нуздаҳ
нафар (аз фариштагони азоб) бар он гуморида шудаанд.
31
Маъмурони дўзахро фақат фариштагон (-и азоб) қарор додем ва адади онҳоро ҷуз
барои имтиҳони кофирон муайян накардем, то аҳли китоб (яҳуду насоро) яқин пайдо
кунанд ва бар имони мўъминон бияфзояд ва аҳли китоб ва мўъминон (дар ҳаққонияти
ин китоби осмонӣ) шак ба худ роҳ надиҳанд ва бемордилону кофирон бигўянд: «Худо
аз ин тавсиф чӣ манзуре дорад?!». (Оре) Ин гуна Худованд ҳар касро бихоҳад
гумроҳ месозад ва ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад. Ва лашкариёни
Парвардигоратро ҷуз Ў касе намедонад ва ин ҷуз ҳушдор ва тазаккуре барои инсонҳо
нест.
32
Ин
чунин нест, (ки онҳо тасаввур мекунанд). Савганд ба моҳ,
33
Ва ба шаб, ҳангоме, ки (доман барчинад ва) пушт кунад,
34
Ва
ба
субҳ, ҳангоме, ки чеҳра бикушояд,
35
Ки
он
(ҳодисаҳои ваҳшатноки қиёмат) аз масоили муҳим аст.
36
Ҳушдору инзор аст барои ҳамаи инсонҳо,
37
Барои
касоне аз шумо, ки мехоҳанд пеш афтанд ё ақиб монанд.
(Ба сўи ҳидоят ва некӣ пеш раванд ё нараванд).
38
(Оре), ҳар кас дар гарави аъмоли худ аст,
39
Магар «асҳоби ямин», (ки номаи аъмолашонро ба нишонаи имон ва тақвояшон ба дасти
росташон медиҳанд).
40
Онҳо
дар боғҳои биҳиштанд ва савол мекунанд,
41
Аз
муҷримон:
42
Чӣ
чиз шуморо ба дўзах дохил кард?!».
43
Мегўянд:
«Мо
аз намозгузорон набудем,
44
Ва итъоми мустаманд намекардем,
45
Ва
пайваста бо аҳли ботил ҳамнишину ҳамсадо
будем,
46
Ва
ҳамвора рўзи ҷазоро
инкор мекардем,
47
То
замоне, ки марги мо фаро расид».
48
Бинобар
ин
шафоати
шафоаткунандагон ба ҳоли онҳо суде намебахшад.
49
Чаро
онҳо аз тазаккур рўйгардонанд?!
50
Гўё
онҳо монанди гўрхароне рамидаанд,
51
Ки аз (муқобили) шере гурехтаанд.
52
Балки ҳар кадом аз онҳо интизор дорад номаи ҷудогонае (аз сўи Худо) барои ў
фиристода шавад.
53
Чунин
нест, (ки онон мегўянд), балки онҳо аз охират наметарсанд.
54
Чунин нест, (ки онҳо мегўянд), он (Қуръон) як тазаккур ва ёдоварӣ аст.
55
Ҳар кас бихоҳад аз он
панд
мегирад.
56
Ва
ҳеҷ кас панд намегирад, магар ин ки Худо бихоҳад. Ў аҳли тақво ва аҳли омурзиш
аст.
Сураи Қиёмат
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 40 оят дорад
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
Савганд
ба
рўзи қиёмат,
2
Ва
савганд ба (нафси лаввома ва) виҷдони
бедору
маломатгар, (ки растохез ҳақ аст).
3
Оё инсон мепиндорад, ки ҳаргиз устухонҳои ўро ҷамъ нахоҳем кард?!
4
Оре қодирем, ки (ҳатто хатҳои сари) ангуштони ўро мавзун ва мураттаб кунем.
5
(Инсон дар маод шак надорад), балки ў мехоҳад (озод бошад ва бетарс аз додгоҳи
қиёмат) дар тамоми умр гуноҳ кунад.
6
(Бинобар ин) Мепурсад: «Қиёмат кай хоҳад буд?!».
7
(Бигў:) Дар он ҳангоме, ки чашмҳо аз шиддати ваҳшат ба гардиш дарояд,
8
Ва
моҳ бе нур гардад,
9
Ва хуршед ва моҳ як ҷо ҷамъ шаванд,
10
Он
рўз инсон мегўяд: «Роҳи
гурез
куҷост?!».
11
Ҳаргиз чунин нест, роҳи гурез ва паноҳгоҳе вуҷуд
надорад!
12
Он рўз қароргоҳи ниҳоӣ танҳо ба сўи Парвардигори туст.
13
Ва
дар он рўз инсонро аз тамоми корҳое, ки
аз пеш ё пас фиристодааст,
огоҳ мекунанд.
14
Балки
инсон худаш аз вазъияти худ огоҳ аст,
15
Ҳар чанд (дар зоҳир) барои худ узрҳое битарошад.
16
Забонатро
ба
хотири шитоб барои хондани он (Қуръон) ҳаракат мадеҳ,
17
Зеро ҷамъ
кардан ва хондани он бар ўҳдаи мост.
18
Пас
ҳар гоҳ онро хондем, аз хондани он пайравӣ кун.
19
Сипас
баён ва (шарҳи) он (низ) бар ўҳдаи мост.
20
Чунин нест, (ки шумо мепиндоред ва далелҳои маодро бокифоят намедонед), балки
шумо дунёи зудгузар (ва ҳавасронии беқайду шарт)-ро дўст доред
21
Ва
охиратро раҳо мекунед.
22
(Оре), дар он рўз чеҳраҳои шодобу масруре аст,
23
Ва
ба
Парвардигораш менигарад.
24
Ва
дар он рўз чеҳраҳои абус ва дарҳамкашидае аст,
25
Зеро
медонад азобе дар пеш дорад, ки пуштро
дарҳам мешиканад.
26
Чунин
нест, (ки инсон мепиндорад! Ў имон намеоварад), то вақте, ки ҷон
ба
ҳулқумаш
расад,
27
Ва гуфта шавад: «Оё касе ҳаст, ки (ин беморро аз марг) наҷот диҳад?!».
28
Ва ба ҷудоӣ аз дунё яқин пайдо кунад,
29
Ва соқи поҳо (аз сахтии ҷон додан) ба ҳам бипечад.
30
(Оре), дар он рўз роҳи ҳама ба сўи (додгоҳи) Парвардигорат хоҳад буд.
31
(Дар он рўз гуфта мешавад:) Ў ҳаргиз имон наовард ва намоз нахонд,
32
Балки инкор кард ва рўйгардон
шуд,
33
Сипас ба сўи хонаводаи худ бозгашт, дар ҳоле, ки мутакаббирона қадам бар медошт.
34
(Бо ин
аъмол)
азоби илоҳӣ
барои ту
шоистатар аст,
шоистатар!
35
Сипас
азоби илҳӣ барои ту шоистатар аст, шоистатар!
36
Оё
инсон гумон мекунад бемақсад раҳо мешавад?!
37
Оё ў нутфае аз манӣ, ки дар раҳим
рехта
мешавад, набуд?!
38
Сипас
ба
сурати хуни баста даромад ва Худованд ўро офарид ва мавзун сохт,
39
Ва
аз
ў ду завҷи марду зан офарид.
40
Оё
чунин касе қодир нест, ки мурдагонро зинда кунад?!
Сураи Инсон
Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 31 оят дорад Ба номи Худованди Бахшандаи
меҳрубон
1
Оё
замони
тўлоние бар инсон гузашт, ки чизи қобили зикре набуд?!
2
Мо
инсонро аз нутфаи мухталит офаридем ва ўро имтиҳон мекунем. (Ба ин ҷиҳат)
Ўро шунаво ва бино қарор додем.
3
Мо роҳро ба ў нишон додем, хоҳ шокир бошад (ва пазиро гардад) ё носипос.
4
Мо барои кофирон занҷирҳо ва ғулҳо ва шўълаҳои сўзони оташ омода кардаем.
5
Ба
яқин аброр (ва некон) аз ҷоме
менўшанд, ки бо атри хуше
омехта аст,
6
Аз чашмае, ки бандагони хосси Худо аз он менўшанд ва аз ҳар ҷо бихоҳанд онро
ҷорӣ месозанд.
7
Онҳо
ба
назри худ вафо мекунанд ва аз рўзе, ки шар ва азобаш густарда аст, метарсанд.
8
Ва таом
(-и худ)-ро бо ин ки ба он алоқа (ва ниёз) доранд, ба «мискин»
ва «ятим»
ва «асир»
медиҳанд.
9
(Ва мегўянд:) Мо шуморо ба хотири Худо итъом мекунем ва ҳеҷ подошу сипосе аз
шумо намехоҳем.
10
Мо
аз
Парвардигорамон хоифем, дар он рўзе, ки абусу сахт аст.
11
(Ба хотири ин ақида ва амал) Худованд ононро аз шарри он рўз нигаҳ медорад ва
онҳоро мепазирад, дар ҳоле, ки ғарқи шодӣ ва суруранд.
12
Ва дар баробари сабрашон, биҳишт ва либосҳои ҳарири биҳиштиро ба онҳо подош
медиҳад.
13
Ин
дар ҳоле аст, ки дар биҳишт бар тахтҳои зебо такя кардаанд, на офтобро дар он ҷо
мебинанд ва на
сарморо.
14
Ва дар ҳоле аст, ки сояҳои дарахтони биҳиштӣ бар онҳо фурў афтода ва чидани
меваҳояш бисёр осон аст.
15
Ва дар гирдогирди онҳо зарфҳои симине ва қадаҳҳои булурине мегардонанд, ( ки пур
аз беҳтарин таомҳо ва нўшиданиҳост),
16
Зарфҳои
булурине аз нуқра, ки онҳоро ба андозаи муносиб омода кардаанд.
17
Ва дар он ҷо аз ҷомҳое сероб мешаванд, ки лабрез аз шароби таҳур омехта бо
занҷабил аст,
18
Аз
чашмае дар биҳишт, ки номаш Салсабил аст.
19
Ва бар гирдашон (барои пазироӣ), навҷавонони ҷовидоне мегарданд, ки ҳар гоҳ
онҳоро бубинӣ, гумон мекунӣ марвориди парокандаанд.
20
Ва ҳангоме, ки он ҷоро бубинӣ, неъматҳо ва мулки азимеро мебинӣ.
21
Бар андоми онҳо (биҳиштиён) либосҳое аст аз ҳарири нозуки сабзранг ва аз дебои
захим ва бо дастбандҳое аз нуқра оростаанд ва Парвардигорашон шароби таҳур ба
онон менўшонад.
22
Ин
подоши шумост ва саъю талоши шумо
мавриди қадрдонӣ
аст.
23
Ҳатман мо Қуръонро бар ту нозил кардем.
24
Пас дар (таблиғ ва иҷрои) ҳукми Парвардигорат шакебо (ва бо истиқомат) бош ва аз
ҳеҷ гунаҳкор ё кофире аз онон итоат макун.
25
Ва
номи Парвардигоратро ҳар субҳу шом ба ёд овар.
26
Ва дар шабонгоҳ барои Ў саҷда кун ва миқдори дарозе аз шаб Ўро тасбеҳ гўй.
27
Онҳо зиндагии зудгузари дунёро дўст доранд, дар ҳоле, ки рўзи сахтеро пушти сари
худ раҳо мекунанд.
28
Мо онҳоро офаридем ва пайвандҳои вуҷудашонро маҳкам кардем ва ҳар замон бихоҳем
ҷои ононро ба гурўҳи дигаре медиҳем.
29
Ин як тазаккур ва ёдоварӣ аст ва ҳар кас бихоҳад (бо истифода аз он), роҳе ба
сўи Парвардигораш бармегузинад.
30
Ва
шумо ҳеҷ чизро намехоҳед,
магар ин ки Худо бихоҳад. Худованд доно
ва ҳаким
буда
ва ҳаст.
31
Ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад) дар раҳмати (васеи) худ дохил мекунад ва
барои золимон азоби дардноке омода сохтааст.
Сураи Мурсалот
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 50 оят дорад
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон
1
Савганд
ба
фариштагоне, ки пай дар пай фиристода мешаванд,
2
Ва онҳо, ки ҳамчун тўндбод ҳаракат мекунанд,
3
Ва
савганд ба онҳо, ки (абрҳоро) мегустаронанд,
4
Ва
онҳо, ки ҷудо
мекунанд,
5
Ва савганд ба онҳо, ки оятҳои бедоргар (-и илоҳӣ)-ро (ба анбиё) илқо менамоянд,
6
Барои итмоми ҳуҷҷат ё барои инзор,
7
Ки он чӣ ба шумо (дар бораи қиёмат) ваъда дода мешавад, яқинан воқеъшуданист.
8
Дар
он
ҳангом, ки ситорагон маҳв ва торик шаванд,
9
Ва
(кураҳои) осмон аз ҳам бишикофанд,
10
Ва
дар он замон, ки кўҳҳо
аз ҷо
канда шаванд,
11
Ва дар он ҳангом, ки барои пайғамбарон (ба манзури адои шаҳодат) таъйини вақт
шавад.
12
(Ин амр) барои чӣ рўзе ба таъхир афтода?!
13
Барои
рўзи ҷудоӣ
(-и ҳақ аз ботил).
14
Ту чӣ медонӣ рўзи ҷудоӣ чист?!
15
Вой дар он рўз ба инкоркунандагон!
16
Оё
мо
ақвоми (муҷрими)
нахустинро ҳалок накардем?!
17
Сипас
дигар (мурҷимон)-ро
дар паи онҳо мефиристем.
18
(Оре),
Ин
гуна бо муҷримон
рафтор мекунем.
19
Вой дар он рўз ба инкоркунандагон!
20
Оё
шуморо аз оби
пасту
ночизе
наофаридем,
21
Сипас онро дар қароргоҳи маҳфузу омодае қарор додем,
22
То
муддати муайяне?!
23
Мо
қудрат бар ин кор доштем, пас мо қудратманди хубе ҳастем (ва амри маод барои
мо осон аст).
24
Вой
дар он рўз бар инкоркунандагон!
25
Оё
заминро маркази иҷтимои
инсонҳо қарор надодем,
26
Ҳам дар ҳоли ҳаёташон ва ҳам маргашон?!
27
Ва
дар он кўҳҳои устувору баланде қарор додем ва оби гуворое ба шумо нўшондем.
28
Вой
дар он рўз бар инкоркунандагон!
29
(Дар он рўз ба онҳо гуфта мешавад:) Бедаранг ба сўи ҳамон чизе, ки пайваста онро
инкор мекардед, биравед.
30
Биравед ба сўи сояи се шоха, (дудҳои хафақонбор ва оташзо).
31
Сояе,
ки на оромбахш
аст ва на аз шўълаҳои оташ пешгирӣ
мекунад.
32
Шарораҳое
аз
худ
меафканад монанди як кох.
33
Гўё (дар шитоб ва зиёдӣ) ҳамчун шутурони зардранге ҳастанд, (ки ба ҳар сў
пароканда мешаванд).
34
Вой
дар он рўз бар инкоркунандагон!
35
Имрўз рўзе аст, ки сухан намегўянд (ва қодир бар дифоъ аз худ нестанд),
36
Ва
ба
онҳо иҷозат
дода намешавад, ки узрхоҳӣ
кунанд.
37
Вой
дар он рўз бар инкоркунандагон!
38
(Ва ба онҳо гуфта мешавад:) Имрўз ҳамон рўзи ҷудоӣ (-и ҳақ аз ботил) аст, ки
шумо ва пешиниёнро дар он ҷамъ кардаем.
39
Агар
чорае дар баробари ман (барои гурез аз чанголи муҷозот)
доред,
анҷом диҳед.
40
Вой
дар он рўз бар инкоркунандагон!
41
(Дар он рўз) парҳезгорон дар сояҳо (-и дарахтони биҳиштӣ) ва дар миёни чашмаҳо
қарор доранд,
42
Ва
меваҳое аз он чӣ моил бошанд.
43
Бихўред ва бинўшед гуворо, инҳо дар баробари аъмоле аст, ки анҷом медодед.
44
Мо
ин
гуна некўкоронро подош медиҳем.
45
Вой
дар он рўз бар инкоркунандагон!
46
(Ва ба муҷримон бигў:) Бихўред ва баҳра гиред дар ин муддати кам (аз зиндагии
дунё, вале бидонед азоби илоҳӣ дар интизори шумост), зеро шумо муҷримед.
47
Вой
дар он рўз бар инкоркунандагон!
48
Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад рукўъ кунед, рукўъ намекунанд.
49
Вой
дар он рўз бар инкоркунандагон!
(Ва агар онҳо ба ин Қуръон имон намеоваранд), пас ба кадом сухан баъд аз он имон
меоваранд?!
|