Сураи Ҳуд
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 123 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
1
Алиф, Лом, Ро. Ин китобе аст, ки оятҳояш мустаҳкам шудааст. Сипас шарҳ дода шуда
ва аз назди Худованди Ҳакимe Огоҳ (нозил гардида) аст.
2
(Даъвати ман ин аст), ки: ҷуз «Аллоҳ»-ро напарастед. Ман аз сўи Ў барои шумо
бимдиҳанда ва башоратдиҳандаам.
3
Ва ин ки: аз Парвардигори худ омурзиш биталабед, сипас ба сўи Ў бозгардед, то
шуморо то муддати муайяне (аз мавоҳиби зиндагии ин ҷаҳон), ба хубӣ баҳраманд
созад ва ба ҳар соҳиби фазилате ба миқдори фазилаташ бибахшад. Ва агар (аз ин
фармон) рўйгардон шавед, ман бар шумо аз азоби рўзи бузурге хавфнокам!
4
(Бидонед), бозгашти шумо ба сўи «Аллоҳ» аст ва Ў бар ҳар чиз тавоност.
5
Огоҳ бошед, онҳо (сарҳоро ба ҳам наздик сохта ва) синаҳояшонро дар канори ҳам
қарор медиҳанд, то худ (ва суханони худ)-ро аз ў (Пайғамбар) пинҳон доранд. Огоҳ
бошед, онгоҳ, ки онҳо либосҳояшонро ба худ мепечанд ва худро дар он пинҳон
мекунанд, (Худованд) медонад он чиро пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд,
зеро Ў аз асрори даруни синаҳо огоҳ аст.
6
Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рўзии ў бар Худост. Ў қароргоҳ ва
маҳалли нақлу интиқолашро медонад, ҳамаи инҳо дар китоби ошкоре сабт аст. (Дар
лавҳи маҳфуз, дар китоби илми Худо).
7
Ў касе аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рўз (шаш даврон) офарид. Ва арши
(ҳукумати) Ў, бар об қарор дошт, (ба хотири ин офарид), то шуморо имтиҳон
намояд, ки кадом як амалатон беҳтар аст. Ва агар (ба онҳо) бигўӣ: «Шумо баъд аз
марг барангехта мешавед», ҳатман кофирон мегўянд: «ин сеҳри ошкоре аст!».
8
Ва агар муҷозотро то замони муайяне аз онҳо ба таъхир андозем, (аз рўи истеҳзо
мегўянд: «Чӣ чиз монеи он шудааст?!». Огоҳ бошед, он рўз, ки (азоб) ба суроғашон
ояд, аз онҳо бозгардонида нахоҳад шуд (ва ҳеҷ қудрате монеи он нахоҳад буд). Ва
он чиро масхара мекарданд, доманашонро мегирад.
9
Ва агар аз ҷониби худ неъмате ба инсон бичашонем, сипас онро аз ў бигирем, бисёр
ноумед ва носипос хоҳад буд.
10 Ва агар баъд аз
шиддату ранҷе, ки ба ў расидааст, неъматҳое ба ў бичашонем, мегўяд: «Мушкилот аз
ман бартараф шуд ва дигар боз нахоҳад гашт!». Ва ғарқи шодиву ғафлат ва
фахрфурўшӣ мешавад.
11 Магар онҳо, ки
(дар сояи имони ростин), сабру истиқомат варзиданд ва корҳои шоиста анҷом
доданд, ки барои онҳо омурзиш ва аҷри бузурге аст.
12 Шояд (иблоғи)
баъзе оятҳоеро, ки ба ту ваҳй мешавад, (ба хотири напазируфтани онҳо) тарк кунӣ
(ва ба таъхир андозӣ) ва синаат аз ин ҷиҳат танг (ва нороҳат) шавад, ки мегўянд:
«Чаро ганҷе бар ў нозил нашудааст ва ё чаро фариштае ҳамроҳи ў наомадааст?!».
(Иблоғ кун ва нигарон ва нороҳат мабош! Чаро, ки) ту фақат бимдиҳандаӣ ва
Худованд нигаҳбон ва нозир бар ҳамаи чиз аст (ва ба ҳисоби онон мерасад).
13 Оё мегўянд: «Ў ба
дурўғ ин (Қуръон)-ро (ба Худо) нисбат дода (ва сохтагӣ аст?!)». Бигў: «Агар рост
мегўед, шумо ҳам даҳ сураи сохтагӣ монанди ин Қуръон биёваред. Ва тамоми
касонеро, ки метавонед – ғайр аз Худо – (барои ин кор) даъват кунед!».
14 Ва агар онҳо
даъвати шуморо напазируфтанд, бидонед (Қуръон) танҳо бо илми илоҳӣ нозил шуда ва
ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест. Оё бо ин ҳол таслим мешавед?!
15 Касоне, ки
зиндагии дунё ва зинати онро бихоҳанд, (натиҷаи) аъмолашонро дар ҳамин дунё ба
таври комил ба онҳо медиҳем ва чизе каму кост аз онҳо нахоҳад шуд.
16 (Вале) онҳо дар
охират, ҷуз оташ, (саҳме) нахоҳанд дошт. Ва он чиро дар дунё (барои ғайри Худо)
анҷом доданд, барбод меравад ва он чиро амал мекарданд, ботил ва беасар мешавад.
17 Оё он кас, ки
далели ошкоре аз Парвардигори худ дорад ва дар пайи он шоҳиде аз сўи Ў мебошад
ва пеш аз он, китоби Мўсо, ки пешво ва раҳмат буд, (гувоҳӣ бар он медиҳад,
ҳамчун касе аст, ки чунин набошад?!). Онҳо (ҳақталабон ва ҳақтқатҷўён) ба ў, (ки
ин хусусиятҳоро дорад), имон меоваранд. Ва ҳар кас аз гурўҳҳои мухталиф ба ў
кофир шавад, оташ ваъдагоҳи ўст. Пас, шакке дар он надошта бош, ки он ҳақ аст аз
Парвардигорат, вале бештари мардум имон намеоваранд.
18 Чӣ касе
ситамкортар аст аз касоне, ки бар Худо тўҳмат мебанданд?! Онон (рўзи растохез)
бар Парвардигорашон арза мешаванд, дар ҳоле, ки шоҳидон (пайғамбарон ва
фариштагон) мегўянд: «Инҳо ҳамонҳо ҳастанд, ки ба парвардигорашон дурўғ бастанд.
Эй лаънати Худо бар золимон бод!».
19 Ҳамонҳо, ки
(мардумро) аз роҳи Худо бозмедоранд ва роҳи ҳақро каҷу килеб нишон медиҳанд ва
ба сарои охират кофиранд.
20 Онҳо ҳеҷ гоҳ
тавоноии гурез дар заминро надоранд ва ҷуз Худо, пуштибонҳое намеёбанд. Азоби
Худо барои онҳо дучанд хоҳад буд, (чаро, ки ҳам худашон гумроҳ буданд ва ҳам
дигаронро гумроҳ сохтанд). Онҳо ҳаргиз тавоноии шунидан (-и ҳақро) надоштанд ва
(ҳақиқатро) намедиданд.
21 Онон касоне
ҳастанд, ки сармояи вуҷуди худро аз даст додаанд ва тамоми маъбудҳои дурўғин аз
назарошон гум шуданд.
22 (Ба ночор) онҳо
дар сарои охират, қатъан аз ҳама зиёнкортар ҳастанд!
23 Касоне, ки имон
оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд ва дар баробари Парвардигорашон хузўу
хушўъ карданд, онҳо аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.
24 Ҳоли ин ду гурўҳ
(мўъмион ва мункирон), ҳоли нобино ва кар ва бино ва шунавост. Оё ин ду, монанди
якдигаранд?! Оё панд намегиред?!
25 Мо Нўҳро ба сўи
қавмаш фиристодем. (нахустин бор ба онҳо гуфт): «Ман барои шумо бимдиҳандаи
ошкорам.
26 Ҷуз «Аллоҳ»
(Худои Ягонаи Якто)-ро напарастед, зеро бар шумо аз азоби рўзи дардноке
метарсам».
27 Ашрофи кофири
қавмаш (дар ҷавоби ў) гуфтанд: «Мо туро ҷуз башаре ҳамчун худамон намебинем ва
касонеро, ки аз ту пайравӣ кардаанд, ҷуз гурўҳи палиди соддалавҳ мушоҳида
намекунем. Ва барои шумо фазилате нисбат ба худ намебинем, балки шуморо дурўғгў
тасаввур мекунем».
28 (Нўҳ) гуфт: «Эй
қавми ман! Ба ман хабар диҳед, агар ман далели равшане аз Парвардигорам дошта
бошам ва аз назди худаш раҳмате ба ман дода бошад – ва бар шумо пўшида монда
бошад – (оё боз ҳам рисолати маро инкор мекунед?!). Оё мо метавонем шуморо ба
пазириши ин далели равшан маҷбур созем, бо ин ки шумо кароҳат доред?!
29 Эй қавми ман! Ба
хотири ин даъват, аҷру подоше аз шумо наметалабам, аҷри ман, танҳо бар Худост.
Ва ман, онҳоро, ки имон овардаанд, (ба хотири шумо) аз худ дур намекунам, чаро,
ки онҳо Парвардигорашонро мулоқот хоҳанд кард. (Агар онҳоро аз худ биронам, дар
додгоҳи қиёмат хасми ман хоҳанд буд), вале шуморо қавми ҷоҳиле мебинам.
30 Эй қавми ман! Чӣ
касе маро дар баробари (муҷозоти) Худо ёрӣ медиҳад, агар онҳоро раҳо кунам?! Оё
андеша намекунед?!
31 Ман ҳаргиз ба
шумо намегўям хазинаҳои илоҳӣ назди ман аст ва ғайб ҳам намедонам ва намегўям,
ман фариштаам. Ва (низ) намегўям, касоне, ки дар назари шумо хор меоянд,
Худованд хайре ба онҳо нахоҳад дод. Худо аз дили онон огоҳтар аст. (Бо ин ҳол
агар онҳоро биронам), дар ин сурат аз ситамкорон хоҳам буд».
32 Гуфтанд: «Эй Нўҳ!
Бо мо ҷарру баҳс кардӣ ва зиёд ҳам ҷарру баҳс кардӣ! (Бас аст!). Акнун агар рост
мегўӣ, он чиро (аз азоби илоҳӣ) ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!».
33 (Нўҳ) гуфт: «Агар
Худо ирода кунад, хоҳад овард ва шумо қудрати гурез (аз онро) нахоҳед дошт!
34 (Аммо чӣ суд, ки)
ҳар гоҳ Худо бихоҳад шуморо (ба хотири гуноҳонатон) гумроҳ созад ва ман бихоҳам
шуморо андарз диҳам, андарзи ман суде ба ҳолатон нахоҳад дошт. Ў Парвардигори
шумост ва ба сўи Ў бозгашт дода мешавед».
35 Оё (мушрикон)
мегўянд: «Ў (Муҳаммад (с)) ин суханонро ба дурўғ ба Худо нисбат додааст?!».
Бигў: «Агар ман инҳоро аз пеши худ сохта бошам ва ба Ў нисбат диҳам, гуноҳонаш
бар ўҳдаи ман аст, вале ман аз гуноҳони шумо безорам».
36 Ба Нўҳ ваҳй шуд,
ки: «ҷуз онҳо, ки (то кунун) имон овардаанд, дигар ҳеҷ кас аз қавми ту имон
нахоҳад овард. Пас аз корҳое, ки мекарданд, ғамгин мабош.
37 Ва (акнун) дар
ҳузури мо ва тибқи ваҳйи мо, киштӣ бисоз. Ва дар бораи онҳо, ки ситам карданд,
шафоат макун, ки (ҳамаи) онҳо ғарқ шуданӣ ҳастанд!».
38 Ў машғули сохтани
киштӣ буд ва ҳар замон гурўҳе аз бузургони қавмаш бар ў мегузаштанд, ўро масхара
мекарданд, (вале Нўҳ) гуфт: «Агар моро масхара мекунед, мо низ шуморо ҳамин гуна
масхара хоҳем кард.
39 Ба зудӣ хоҳед
донист, чӣ касе азоби хоркунанда ба суроғаш хоҳад омад ва муҷозоти ҷовидона бар
ў ворид хоҳад шуд!».
40 (Ин вазъ ҳамчунон
идома ёфт), то он замон, ки фармони мо фаро расид ва танўр ҷўшидан гирифт. (Ба
Нўҳ) гуфтем: «Аз ҳар ҷуфте аз ҳайвонот, (аз нару мода) як завҷ дар он (киштӣ)
ҳамл кун. Ҳамчунин хонадонатро (бар он савор кун) – магар онҳо, ки пеш аз ин
ваъдаи ҳалоки онон дода шудааст, (ҳамсар ва яке аз фарзандонат) – ва ҳамчунин
мўъминонро». Аммо ҷуз шумори каме ҳамроҳи ў имон наоварданд.
41 Ў гуфт: «Ба номи
Худо бар он савор шавед. Ва ҳангоми ҳаракат ва таваққуфи киштӣ, ёди Ў кунед, ки
Парвардигорам Омурзанда ва Меҳрубон аст».
42 Ва он (киштӣ)
онҳоро аз миёни мавҷҳое ҳамчун кўҳҳо ҳаракат медод, (дар ин ҳангом), Нўҳ
фарзандошро, ки дар гўшае буд, фарёд зад: «Писарам! Ҳамроҳи мо савор шав ва бо
кофирон мабош!».
43 Гуфт: «Ба зудӣ ба
кўҳе паноҳ мебарам, ки маро аз об ҳифз мекунад!». (Нўҳ) гуфт: «Имрўз ҳеҷ
нигаҳдоре дар баробари фармони Худо нест, магар он касро, ки Ў раҳм кунад». Дар
ин ҳангом, мавҷ дар миёни он ду ҳоил шуд ва ў дар зумраи ғарқшудагон қарор
гирифт.
44 Ва гуфта шуд: «Эй
замин, обатро фурў бар! Ва эй осмон, худдорӣ кун! Ва об фурў нишаст ва кор поён
ёфт ва (киштӣ) бар (доманаи кўҳи) Ҷудӣ паҳлў гирифт. Ва (дар ин ҳангом) гуфта
шуд: «Дур бод қавми ситамгар (аз саодат ва наҷоту раҳмати Худованд!)».
45 Нўҳ ба
Парвардигораш гуфт: «Парвардигоро! Писарам аз хонадони ман аст ва ваъдаи Ту (дар
мавриди наҷоти хонадонам) ҳақ аст ва Ту аз ҳамаи ҳукмкунандагон бартарӣ».
46 Гуфт: «Эй Нўҳ! Ў
аз аҳли ту нест, ў амали ғайри солиҳе аст, (шахси ношоистае аст). Пас, он чиро
аз он огоҳ нестӣ, аз ман махоҳ, ман ба ту андарз медиҳам, ки аз ҷоҳилон мабошӣ».
47 Гуфт:
«Парвардигоро! Ман ба Ту паноҳ мебарам, ки аз Ту чизе бихоҳам, ки аз он огоҳӣ
надорам. Ва агар маро набахшӣ ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳам буд».
48 (Ба Нўҳ) гуфта
шуд: «Эй Нўҳ! Бо саломат ва барокоте аз ноҳияи мо бар ту ва бар тамоми уматҳое,
ки бо ту ҳастанд, фуруд ой! Ва умматҳое низ ҳастанд, ки мо онҳоро аз неъматҳо
баҳраманд хоҳем сохт, сипас азоби дардноке аз сўи мо ба онҳо мерасад, (чаро, ки
ин неъматҳоро куфрон мекунанд)».
49 Инҳо аз хабарҳои
ғайб аст, ки ба ту (эй Пайғамбар) ваҳй мекунем. На ту ва на қавмат, инҳоро пеш
аз ин намедонистед. Бинобар ин, сабру истиқомат кун, ки оқибат аз они
парҳезгорон аст.
50 (Мо) ба сўи
(қавми) Од, бародарашон «Ҳуд»-ро фиристодем. (Ба онҳо) гуфт: «Эй қавми ман!
Худоро парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз Ў барои шумо нест. Шумо фақат тўҳмат
мезанед (ва бутҳоро шарики Ў мехонед).
51 Эй қавми ман! Ман
аз шумо барои ин (рисолат), подоше наметалабам. Подоши ман танҳо бар касе аст,
ки маро офаридааст. Оё намефаҳмед?!
52 Ва эй қавми ман!
Аз Парвардигоратон талаби омурзиш кунед, сипас ба сўи Ў бозгардед, то (борони)
осмонро пай дар пай бар шумо бифиристад ва нерўе бар нерўятон бияфзояд. Ва
гунаҳкорона, рўй (аз ҳақ) барнатобед».
53 Гуфтанд: «Эй Ҳуд!
Ту далели равшане барои мо наовардаӣ ва мо худоёни худро ба хотири сухани ту,
раҳо нахоҳем кард. Ва мо (аслан) ба ту имон намеоварем.
54 Мо (дар бораи ту)
фақат мегўем: «баъзе аз худоёни мо, ба ту зиён расонида (ва ақлатро
рабуда)-анд». (Ҳуд) гуфт: «Ман Худоро ба шаҳодат металабам, шумо низ гувоҳ
бошед, ки ман безорам аз он чӣ шарик (-и Худо) қарор медиҳед,
55 Аз он чӣ ғайри Ў
(мепарастед!). Ҳол, ки чунин аст, ҳамагӣ барои ман нақша бикашед ва маро мўҳлат
надиҳед! (Аммо бидонед, коре аз дасти шумо сохта нест).
56 Ман ба «Аллоҳ»,
ки Парвардигори ман ва шумост, таваккул кардаам. Ҳеҷ ҷунбандае нест, магар ин ки
Ў бар он тасаллут дорад, (аммо султае бо адолат, чаро, ки) Парвардигори ман бар
роҳи рост аст.
57 Пас агар рўй
баргардонед, ман рисолатеро, ки маъмур будам, ба шумо расонидам. Ва
Парвардигорам гурўҳи дигареро ҷонишини шумо мекунад ва шумо камтарин зараре ба Ў
намерасонед. Парвардигори ман ҳофизу нигаҳбони ҳар чиз аст».
58 Ва ҳангоме, ки
фармони мо фаро расид, «Ҳуд» ва касонеро, ки бо ў имон оварда буданд, ба раҳмати
худ наҷот додем ва онҳоро аз азоби шадид раҳоӣ бахшидем.
59 Ва ин қавми «Од»
буд, ки оятҳои Парвардигорашонро инкор карданд ва пайғамбарони ўро маъсият
намуданд ва аз фармони ҳар ситамгари душмани ҳақ, пайравӣ карданд.
60 Онон, дар ин дунё
ва рўзи қиёмат, лаънат (ва номи нангине) дар пай доранд. Бидонед, «Од» нисбат ба
Парвардигорашон куфр варзиданд. Дур бод «Од» - қавми Ҳуд – (аз раҳмати Худо ва
хайру саодат!).
61 Ва ба сўи қавми
«Самуд», бародарашон «Солеҳ»-ро (фиристодем). Гуфт: «Эй қавми ман! Худоро
парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз Ў барои шумо нест. Ўст, ки шуморо аз замин офарид
ва ободии онро ба шумо вогузошт. Аз Ў омурзиш баталабед, сипас ба сўи Ў
бозгардед, ки Парвардигорам (ба бандагони худ) наздик ва иҷобаткунанда (-и
хостаҳои онҳо) аст».
62 Гуфтанд: «Эй
Солеҳ! Ту пеш аз ин, сабаби умеди мо будӣ, оё моро аз парастиши он чӣ
падаронамон мепастиданд, наҳй мекунӣ?! Дар ҳоле, ки мо дар мавриди он чӣ ба сўи
он даъватамон мекунӣ, дар шакку тардид ҳастем».
63 Гуфт: «Эй қавм!
Ба ман хабар диҳед, агар ман далели ошкоре аз Парвардигорам дошта бошам ва
раҳмате аз ҷониби худ ба ман дода бошад, (метавонам аз иблоғи рисолати Ў сарпечӣ
кунам?!). Агар ман нофармонии Ў кунам, чӣ касе метавонад маро дар баробари вай
ёрӣ диҳад?! Пас, (суханони) шумо ҷуз итминон ба зиёнкор буданатон, чизе бар ман
намеафзояд.
64 Эй қавми ман! Ин
«ноқаи» (шутури модаи) Худованд аст, ки барои шумо нишонае аст, бугузоред дар
замини Худо бар чаридан машғул шавад, ҳеҷ гуна озоре ба он нарасонед, ки ба зудӣ
азоби Худо шуморо хоҳад гирифт!».
65 (Аммо) онҳо, он
(ноқа)-ро аз пой дароварданд ва (Солеҳ ба онҳо) гуфт: «(Мўҳлати шумо тамом
шуд!). Се рўз дар хонаҳоятон баҳраманд гардед (ва баъд аз он азоби илоҳӣ фаро
хоҳад расид). Ин ваъдае аст, ки дурўғ нахоҳад буд».
66 Ва ҳангоме, ки
фармони (муҷозоти) мо фаро расид, Солеҳ ва касонеро, ки бо ў имон оварда буданд,
ба раҳмати худ (аз он азоб) ва аз расвоии он рўз, раҳоӣ бахшидем, чаро, ки
Парваррдигорат қавӣ ва шикастнопазир аст.
67 Ва касонеро, ки
ситам карда буданд, сайҳа (-и осмонӣ) фурў гирифт ва дар хонаҳояшон ба рўй
афтоданд ва мурданд.
68 Он чунон, ки гўё
ҳаргиз сокини он диёр набуданд! Бидонед, қавми Самуд Парвардигорашонро инкор
карданд. Дур бод қавми Самуд (аз раҳмати Парвардигор!).
69 Фиристодагони мо
(фариштагон) барои Иброҳим башорат оварданд, гуфтанд: «Салом!». (Ў низ) гуфт:
«Салом!». Ва тўле накашид, ки гўсолаи бирёне (барои онҳо) овард.
70 (Аммо) ҳангоме,
ки дид, дасти онҳо ба он намерасад (ва аз он намехўранд, кори) онҳоро нописанд
шумурд ва дар дил эҳсоси тарс намуд. Ба ў гуфтанд: «Натарс! Мо ба сўи қавми Лут
фиристода шудаем».
71 Ва ҳамсараш
истода буд, (аз хушҳолӣ) хандид. Пас ўро ба Исҳоқ ва баъд аз ў ба Яъқуб башорат
додем.
72 Гуфт: «Эй вой бар
ман! Оё ман фарзанд меоварам, дар ҳоле, ки пиразанам ва ин шавҳарам пирамарде
аст?! Ин ростӣ чизи аҷибе аст!».
73 Гуфтанд: «Оё аз
фармони Худо ҳайрат мекунӣ?! Ин раҳмати Худо ва баракоташ бар шумо хонавода аст,
чаро, ки Ў сутуда ва волост».
74 Ҳангоме, ки тарси
Иброҳим фурў нишаст ва башорат ба ў расид, дар бораи қавми Лут бо мо муҷодила
мекард.
75 Чаро, ки Иброҳим,
бурдбору дилсўз ва бозгашткунанда (ба сўи Худо) буд.
76 Эй Иброҳим! Аз ин
(дархост) сарфиназар кун, ки фармони Парвардигорат фаро расида ва ба таври
ҳатмӣ, азоби (илоҳӣ) ба суроғи онҳо меояд ва баргашт надорад.
77 Ва ҳангоме, ки
расулони мо (фариштагони азоб), ба суроғи Лут омаданд, аз омаданашон нороҳат шуд
ва қалбаш парешон гашт ва гуфт: «Имрўз рўзи сахте аст!». (Зеро онҳоро нашинохт
ва тарсид, ки қавми табаҳкор музоҳими онҳо шаванд).
78 Қавми ў (ба қасди
музоҳимати меҳмонон), бо шитоб ба суроғи ў омаданд – ва пеш аз он корҳои бад
мекарданд. – Гуфт: «Эй қавми ман! Инҳо духтарони ман ҳастанд, барои шумо
покизатаранд, (бо онҳо издивоҷ кунед ва аз кори нописанд чашм бипўшед). Аз Худо
битарсед ва маро дар мавриди меҳмононам расво насозед. Оё дар миёни шумо як
марди бофаҳму огоҳе нест?!».
79 Гуфтанд: «Ту, ки
медонӣ, мо тамоюле ба духтарони ту надорем ва хуб медонӣ мо чӣ мехоҳем».
80 Гуфт: «(Афсўс)!
Эй кош дар баробари шумо қудрате доштам ё такягоҳу пуштибони маҳкаме дар ихтиёри
ман буд! (Онгоҳ медонистам бо шумо палидсиратони дудманиш чӣ кунам)».
81 (Фариштагони
азоб) гуфтанд: «Эй Лут! Мо фиристодагони Парвардигори ту ҳастем, онҳо ҳаргиз
дастрасӣ ба ту пайдо нахоҳанд кард, дар дили шаб, хонаводаатро (аз ин шаҳр)
ҳаракат деҳ ва ҳеҷ як аз шумо пушти сарашро нигоҳ накунад, магар ҳамсарат, ки ў
ҳам ба ҳамон балое, ки онҳо гирифтор мешаванд, гирифтор хоҳад шуд. Ваъдагоҳи
онҳо субҳ аст, оё субҳ наздик нест?!».
82 Ва ҳангоме, ки
фармони мо фаро расид, он (шаҳру диёр)-ро зеру рў кардем ва бороне аз санги
(гилҳои мутаҳаҷҷири) мутароким бар рўи ҳам, бар онҳо нозил намудем.
83 (Сангҳое, ки)
назди Парвардигорат нишонадор буд ва он, (аз дигар) ситамгарон дур нест.
84 Ва ба сўи
«Мадян», бародарашон Шуайбро (фиристодем), гуфт: «Эй қавми ман! Худоро парастиш
кунед, ки ҷуз Ў маъбуди дигаре барои шумо нест. Паймона ва вазнро кам накунед
(ва даст ба камфурўшӣ назанед). Ман (ҳамакнун) шуморо дар неъмат мебинам, (вале)
аз азоби рўзи фарогир, бар шумо бимнокам.
85 Ва эй қавми ман!
Паймона ва вазнро бо адолат тамом диҳед. Ва бар чизҳо (ва аҷноси) мардум айб
нагузоред ва аз ҳаққи онон накоҳед ва дар замин ба фасод накўшед.
86 Он чӣ Худованд
барои шумо боқӣ гузоридааст, (аз сармояҳои ҳалол) бароятон беҳтар аст, агар имон
дошта бошед. Ва ман, посдори шумо (ва маъмур ба маҷбур кардан бар имон) нестам».
87 Гуфтанд: «Эй
Шуайб! Оё намозат ба дастур медиҳад, ки он чиро падаронамон мепарастиданд, тарк
кунем ё он чиро мехоҳем дар амволамон анҷом надиҳем?! Ту, ки марди бурдбору
бофаҳме ҳастӣ!».
88 Гуфт: «Эй қавм!
Ба ман бигўед, ҳар гоҳ ман далели ошкоре аз Парвардигорам дошта бошам ва ризқи
(ва мавҳибати) хубе ба ман дода бошад, (оё метавонам бар хилофи фармони Ў рафтор
кунам?!). Ман ҳаргиз намехоҳам чизе, ки шуморо аз он боз медорам, худам даст
занам. Ман ҷуз ислоҳ – то он ҷо ки тавоноӣ дорам – намехоҳам. Ва тавфиқи ман,
ҷуз ба Худо нест. Бар Ў таваккул кардам ва ба сўи Ў бозмегардам.
89 Ва эй қавми ман!
Душманӣ ва мухолифат бо ман, сабаб нашавад, ки шумо ба ҳамон сарнавиште, ки
қавми Нўҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ гирифтор шуданд, гирифтор шавед. Ва қавми
Лут аз шумо чандон дур нест.
90 Аз Парвардигори
худ омурзиш биталабем ва ба сўи Ў бозгардед, ки Парвардигорам Меҳрубон ва
дўстдор (-и бандагони тавбакор) аст».
91 Гуфтанд: «Эй
Шуайб! Бисёре аз он чиро, ки мегўӣ, мо намефаҳмем ва мо туро дар миёни худ заиф
меёбем. Ва агар (ба хотири) қабилаи кўчакат набуд, туро сангсор мекардем ва ту
дар баробари мо қудрате надорӣ».
92 Гуфт: «Эй қавм!
Оё қабилаи кўчаки ман, назди шумо азизтар аз Худованд аст?! Дар ҳоле, ки
(фармони) Ўро пушти сар андохтаед! Парвардигорам ба он чӣ анҷом медиҳед, иҳота
дорад (ва огоҳ аст).
93 Эй қавм! Ҳар коре
аз дастатон сохтааст, анҷом диҳед, ман ҳам кори худро хоҳам кард. Ва ба зудӣ
хоҳед донист, чӣ касе азоби хоркунанда ба суроғаш меояд ва чӣ касе дурўғгў аст!
Шумо интизор кашед, ман ҳам бо шумо дар интизорам!».
94 Ва ҳангоме, ки
фармони мо фаро расид, Шуайб ва касонеро, ки бо ў имон оварда буданд, ба раҳмати
худ наҷот додем ва онҳоро, ки ситам карданд, сайҳа (-и осмонӣ) фурў гирифт ва
дар диёри худ ба рў афтоданд (ва мурданд).
95 Он чунон, ки гўё
ҳаргиз аз сокинони он (диёр) набуданд! Дур бод Мадян (ва аҳли он аз раҳмати
Худо), ҳамон гуна, ки қавми Самуд дур шуданд!
96 Мо, Мўсоро бо
оятҳои худ ва далели ошкоре фиристодем.
97 Ба сўи Фиръавн ва
атрофиёнаш, аммо онҳо аз фармони Фиръавн пайравӣ карданд, дар ҳоле, ки фармони
Фиръавн, сабаби рушду наҷот набуд.
98 Рўзи қиёмат, ў
дар пешопеши қавмаш хоҳад буд ва (ба ҷои чашмаҳои зулоли биҳишт), онҳоро дохили
оташ мекунад. Ва чӣ обишхўри баде аст (оташ), ки бар он дихил мешаванд!
99 Онон дар ин ҷаҳон
ва рўзи қиёмат, лаънате дар пай доранд. Ва чӣ атои баде аст (лаъну дурӣ аз
раҳмати Худо), ки насиби онон мешавад!
100 Ин аз ахбори шаҳрҳо ва ободиҳост, ки мо
барои ту бозгў мекунем, ки баъзе (ҳанўз) барпо ҳастанд ва баъзе дирав шудаанд
(ва аз байн рафтаанд).
101 Мо ба онҳо ситам накардем, балки онҳо
худашон бар худ ситам раво доштанд. Ва ҳангоме, ки фармони муҷозоти илоҳӣ фаро
расид, маъбудонеро, ки ғайр аз Худо мехонданд, онҳоро ёрӣ накарданд ва ҷуз бар
ҳалокати онон наяфзуданд.
102 Ва ин чунин аст муҷозоти Парвардигори
ту, ҳангоме, ки шаҳрҳо ва ободиҳои золимро муҷозот мекунад! (Оре), муҷозоти Ў
дардноку шадид аст!
103 Дар ин, нишонае аст барои касе, ки аз
азоби охират метарсад, ҳамон рўзе аст, ки мардум дар он ҷамъ мешаванд ва рўзе,
ки ҳама онро мушоҳида мекунанд.
104 Ва мо он (муҷозот)-ро ҷуз то замони
муайяне таъхир намеандозем.
105 Он рўз, ки (қиёмат ва замони муҷозот)
фаро расад, ҳеҷ кас ҷуз ба иҷозати Ў сухан намегўяд, гурўҳе бадбахтанд ва гурўҳе
хушбахт.
106 Аммо онҳо, ки бадбахт шуданд, дар
оташанд. Ва барои онон дар он ҷо «зафир» ва «шаҳиқ» (нолаҳои дуру дароз ва дам
ба дам) аст.
107 Ҷовидона дар он хоҳанд монд, то осмонҳо
ва замин барпост, магар он чӣ Парвардигорат бихоҳад. Парвардигорат ҳари чиро
бихоҳад, анҷом медиҳад.
108 Аммо онҳо, ки хушбахту саодатманд
шуданд, ҷовидона дар биҳишт хоҳанд монд, то осмонҳо ва замин барпост, магар он
чӣ Парвардигорат бихоҳад. Бахшише аст қатънашуданӣ.
109 Пас шакку тардиде (дар ботил будани)
маъбудҳое, ки онҳо мепарастанд, ба худ роҳ мадеҳ. Онҳо ҳамон гуна ин маъбудҳоро
парастиш мекунанд, ки падаронашон пеш аз он мепарастиданд. Ва мо насиби ононро
бекаму кост хоҳем дод.
110 Мо ба Мўсо китоби осмонӣ додем, сипас
дар он ихтилоф шуд. Ва агар фармони пешинаи Худо (дар заминаи имтиҳон ва итмоми
ҳуҷҷат бар онҳо) набуд, дар миёни онон доварӣ мешуд. Ва онҳо (ҳанўз) дар шак
ҳастанд, шакке омехта ба бадгумонӣ.
111 Ва Парвардигорат аъмоли ҳар якро бе каму
кост ба онҳо хоҳад дод, Ў ба он чӣ амал мекунанд, огоҳ аст.
112 Пас ҳамон гуна, ки фармон ёфтаӣ,
истиқомат кун ва ҳамчунин касоне, ки бо ту ба сўи Худо омадаанд, (бояд истиқомат
кунанд) ва туғён накунед, ки Худованд он чиро анҷом медиҳед, мебинад.
113 Ва бар золимон такя нанамоед, ки сабаб
мешавад оташ шуморо фаро гирад ва дар он ҳол, ҳеҷ валӣ ва сарпарасте ҷуз Худо
нахоҳед дошт ва ёрӣ намешавед.
114 Дар ду тарафи рўз ва аввалҳои шаб,
намозро барпо дор, чаро, ки ҳасанот, сайиот (ва асарҳои онҳо)-ро аз байн
мебаранд. Ин тазаккуре аст барои касоне, ки аҳли тазаккуранд.
115 Ва шакебоӣ кун, ки Худованд подоши
некўкоронро зойеъ нахоҳад кард.
116 Чаро дар қарнҳо (ва қавмҳои) пеш аз шумо
донишмандони соҳибқудрате набуданд, ки аз фасод дар замин пешгирӣ кунанд?! Магар
андаке аз онҳо, ки наҷоташон додем. Ва онон, ки ситам мекарданд, аз танаъум ва
комҷўӣ пайравӣ карданд ва гунаҳкор буданд (ва нобуд шуданд).
117 Ва чунин набуд, ки Парвардигорат
ободиҳоро ба зулму ситам нобуд кунад, дар ҳоле, ки аҳлаш дар садади ислоҳ
бошанд.
118 Ва агар Парвардигорат мехост, ҳамаи
мардумро як уммат (бе ҳеҷ гуна ихтилоф) қарор медод, вале онҳо ҳамвора
мухталифанд.
119 Магар касеро, ки Парвардигорат раҳм
кунад. Ва барои ҳамин (пазириши раҳмат), онҳоро офарид. Ва фармони Парвардигорат
ҳатмӣ шудааст, ки: ҷаҳаннамро аз ҳамаи (саркаршону тоғиёни) ҷинну инс пур хоҳам
кард!
120 Мо аз ҳар як аз саргузаштҳои пайғамбарон
барои ту бозгў кардем, то ба василаи он, қалбатро оромиш бахшем (ва иродаат
мустаҳкам гардад). Ва дар ин (ахбор ва саргузаштҳо) барои ту ҳақ ва барои
мўъминон мавъиза ва тазаккур омадааст.
121 Ва ба онҳо, ки имон намеоваранд, бигў:
«Ҳар чӣ дар қудрат доред, анҷом диҳед. Мо ҳам анҷом медиҳем!
122 Ва интизор бикашед. Мо ҳам мунтазирем!».
123 Ва (огоҳӣ аз) ғайб (ва асрори пинҳони)
осмонҳо ва замин, танҳо аз они Худост ва ҳамаи корҳо ба сўи Ў бозгардонида
мешавад. Пас Ўро парастиш кун ва бар Ў таваккул намо ва Парвардигорат аз корҳое,
ки мекунед, ҳаргиз ғофил нест.
Сураи Юсуф
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
1
Алиф, Лом, Ро. Он оятҳои китоби ошкор аст.
2
Мо онро Қуръоне арабӣ нозил кардем, шояд шумо дарк кунед (ва андеша намоед).
3
Мо беҳтарин саргузаштҳоро аз тариқи ин Қуръон, - ки ба ту ваҳй кардем – бар ту
бозгў мекунем ва ҳатман пеш аз ин, аз он хабар надоштӣ.
4
(Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Юсуф ба падараш гуфт: «Падарам! Ман дар хоб
дидам, ки ёздаҳ ситора ва хуршеду моҳ дар баробарам саҷда мекунанд».
5
Гуфт: «Фарзандам! Хоби худро барои бародаронат бозгў макун, ки барои ту нақша
(-и хатарноке) мекашанд, чаро, ки шайтон душмани ошкори инсон аст.
6
Ва ин гуна Парвардигорат туро бармеангезад ва аз таъбири хобҳо ба ту меомўзад ва
неъматашро бар ту ва бар хонадони Яъқуб тамом ва комил мекунад, ҳамон гуна, ки
пеш аз ин, бар падаронат Иброҳим ва Исҳоқ тамом кард. Ба яқин, Парвардигори ту
Доно ва Ҳаким аст».
7
Дар (достони) Юсуф ва бародаронаш нишонаҳо (-и ҳидоят) барои саволкунандагон
буд.
8
Ҳангоме, ки (бародарон) гуфтанд: «Юсуф ва бародараш (Бинёмин) назди падар, аз мо
маҳбубтаранд, дар ҳоле, ки мо гурўҳи нерўманде ҳастем. Ҳатман падари мо дар
гумроҳии ошкоре аст.
9
Юсуфро бикушед, ё ўро ба сарзамини дурдасте бияфканед, то таваҷҷўҳи падар фақат
ба шумо бошад. Ва баъд аз он (аз гуноҳи худ тавба мекунед ва) ашхоси солеҳе
хоҳид буд.
10 Яке аз онҳо гуфт:
«Юсуфро накушед. Ва агар мехоҳед коре анҷом диҳед, ўро дар ниҳонгоҳи чоҳ
бияфканед, то баъзе аз қофилаҳо ўро баргиранд (ва бо худ ба маконе дуре
бибаранд)».
11 (Ва барои анҷоми
ин кор бародарон назди падар омаданд ва) гуфтанд: «Падарҷон! Чаро ту дар бораи
(бародарамон) Юсуф ба мо бовар намекунӣ?! Дар ҳоле, ки мо хайрхоҳи ў ҳастем!
12 Фардо ўро бо мо
(ба беруни шаҳр) бифрист, то ғазои бокифояте бихўрад ва тафреҳ (бозӣ) кунад. Ва
мо нигаҳбони ў ҳастем».
13 (Падар) гуфт:
«Ман аз бурдани ў ғамгин мешавам ва аз ин метарсам, ки гург ўро бихўрад ва шумо
аз ў ғофил бошед!».
14 Гуфтанд: «Бо ин
ки мо гурўҳи қудратманде ҳастем, агар гург ўро бихўрад, мо аз зиёнкорон хоҳим
буд (ва ҳаргиз чунин чизе) мумкин нест)».
15 Ҳангоме, ки ўро
бо худ бурданд ва қасд карданд вайро дар ниҳонгоҳи чоҳ қарор диҳанд, (саранҷом
мақсади худро амалӣ сохтанд). Ва ба ў ваҳй фиристодем, ки онҳоро дар оянда аз ин
корашон бохабар хоҳӣ сохт, дар ҳоле, ки онҳо намедонанд.
16 (Бародарони Юсуф)
шабҳангом, гирён ба суроғи падар омаданд.
17 Гуфтанд: «Эй
падар! Мо рафтем ва машғули мусобиқа шудем ва Юсуфро назди асоси худ гузоштем ва
гург ўро хўрд! Ту ҳаргиз сухани моро бовар нахоҳӣ кард, ҳар чанд ростгў бошем».
18 Ва пероҳани ўро
бо хуни дурўғине (оғишта намуда назди падар) оварданд, гуфт: «Ҳавасҳои нафсонии
шумо ин корро бароятон ороста аст. Ман сабри ҷамил (ва шакебоии холӣ аз
носипосӣ) хоҳам дошт. Ва дар баробари он чӣ мегўед, аз Худованд ёрӣ металабам».
19 Ва (дар ҳамин
ҳол), корвоне фаро расид. Ва маъмури обро (ба суроғи об) фиристоданд, ў далви
худро дар чоҳ афканд, (ногаҳон) фарёд зад: «Башорат бод! Ин кўдаке аст (зебо ва
дўстдоштанӣ!)». Ва ин амрро ба унвони як сармоя аз дигарон махфӣ доштанд. Ва
Худованд ба он чӣ онҳо анҷом медоданд, огоҳ буд.
20 Ва (саранҷом) ўро
ба баҳои каме – чанд дирҳам – фурўхтанд ва нисбат ба (фурўхтани) ў берағбат
буданд, (чаро, ки метарсиданд розашон фош шавад).
21 Ва он кас, ки ўро
аз сарзамини Миср харид (Азизи Миср), ба ҳамсараш гуфт: «Мақоми вайро гиромӣ
дор, шояд барои мо судманд бошад ва ё ўро ба унвони фарзанд интихоб кунем». Ва
ин чунин Юсуфро дар он сарзамин мутамаккин сохтем. (Мо ин корро кардем, то ўро
бузург дорем ва) аз илми таъбири хоб ба ў биёмўзем. Худованд бар кори худ пирўз
аст, вале бештари мардум намедонанд.
22 Ва ҳангоме, ки ба
булуғу қувват расид, мо «ҳукм» (нубувват) ва «илм» ба ў додем. Ва ин чунин
некўкоронро подош медиҳем.
23 Ва он зан, ки
Юсуф дар хонаи ў буд, аз ў таманнои комҷўӣ кард, дарҳоро баст ва гуфт: «Биё (ба
сўи он чӣ барои ту муҳайё аст!)». (Юсуф) гуфт: «Паноҳ мебарам ба Худо! Ў (Азизи
Миср) соҳиби неъмати ман аст, мақоми маро гиромӣ доштааст, (оё мумкин аст ба ў
зулму хиёнат кунам?!). Ҳатман золимон растагор намешаванд».
24 Он зан қасди ў
кард, ва ў низ – агар бурҳони Парвардигорро намедид – қасди вай менамуд. Ин
чунин кардем, то бадӣ ва фаҳшоро аз ў дур созем, чаро, ки ў аз бандагони мухласи
мо буд.
25 Ва ҳар ду ба сўи
дар давиданд, (дар ҳоле, ки ҳамсари Азиз, Юсуфро таъқиб мекард), ва пероҳани ўро
аз пушт (кашид ва) пора кард. Ва дар ин ҳангом сарвари он занро дами дар ёфтанд.
Он зан гуфт: «Кайфари касе, ки бихоҳад нисбат ба аҳли ту хиёнат кунад, ҷуз
зиндон ва ё азоби дарднок, чӣ хоҳад буд?!».
26 (Юсуф) гуфт: «Ў
маро бо исрор ба сўи худ даъват кард!» ва дар ин ҳангом шоҳиде аз хонаводаи он
зан шаҳодат дод, ки: «агар пероҳани ў аз пеши рў пора шудааст, он зан рост
мегўяд ва ў аз дурўғгўён аст.
27 Ва агар
пероҳанаш аз пушт пора шудааст, он зан дурўғ мегўяд ва ў аз ростгўён аст».
28 Ҳангоме, ки
(азизи Миср) дид пероҳани ў (Юсуф), аз пушт пора шудааст, гуфт: «Ин аз макру
ҳилаи шумо занон аст, ки макру ҳилаи шумо занон бузург аст.
29 Юсуф! Аз ин
мавзўъ сарфиназар кун ва ту эй зан низ аз гуноҳат истиғфор кун, ки аз хатокорон
будӣ».
30 (Ин ҳодиса дар
шаҳр мунташир шуд), гурўҳе аз занони шаҳр гуфтанд: «Ҳамсари Азиз ҷавонаш
(ғуломаш)-ро ба сўи худ даъват мекунад. Ишқи ин ҷавон дар аъмоқи қалбаш нуфуз
кардааст. Мо ўро дар гумроҳии ошкоре мебинем».
31 Ҳангоме, ки
(ҳамсари Азиз) аз фикри онҳо бохабар шуд, ба суроғашон фиристод (ва аз онҳо
даъват кард) ва барои онҳо такягоҳе (гиронбаҳо ва маҷлиси бошукўҳе) фароҳам
кард. Ва ба дасти ҳар кадом корде (барои буридани мева) дод. Ва дар ин ҳангом
(ба Юсуф) гуфт: «Дохили маҷлиси онон шав!». Ҳангоме, ки чашмашон ба ў афтод, ўро
бисёр бузург (ва зебо) шумурданд ва (беогоҳӣ) дастҳои худро буриданд ва гуфтанд:
«Муназзаҳ аст Худо! Ин башар нест, ин як фариштаи бузургвор аст!».
32 (Ҳамсари Азиз)
гуфт: «Ин ҳамон касе аст, ки ба хотири (ишқи) ў маро сарзаниш кардед. (Оре), ман
ўро ба худ даъват кардам ва ў худдорӣ кард. Ва агар он чиро дастур медиҳам анҷом
надиҳад, ба зиндон хоҳад афтод ва ҳатман хору залил хоҳад шуд».
33 (Юсуф) гуфт:
«Парвардигоро! Зиндон назди ман маҳбубтар аст, аз он чӣ инҳо маро ба сўи он
мехонанд. Ва агар макру найранги онҳоро аз ман бознагардонӣ, ба сўи онон
мутамоил хоҳам шуд ва аз ҷоҳилон хоҳам буд».
34 Парвардигораш
дуои ўро иҷобат кард ва макри ононро аз ў бигардонид, чаро, ки Ў Шунаво ва
Доност.
35 Ва баъд аз он ки
нишонаҳои (покии Юсуф)-ро диданд, тасмим гирифтанд, ўро то муддате зиндонӣ
кунанд.
36 Ва ду ҷавон,
ҳамроҳи ў дохили зиндон шуданд, яке аз он ду гуфт: «Ман дар хоб дидам, ки (ангур
барои) шароб мефишорам». Ва дигрӣ гуфт: «Ман дар хоб дидам, ки нон бар сарам
ҳамл мекунам ва паррандагон аз он мехўранд. Моро аз таъбири ин хоб огоҳ кун, ки
туро аз некўкорон мебинем».
37 (Юсуф) гуфт: «Пеш
аз он ки саҳми ғазои шумо фаро расад, шуморо аз таъбири хобатон огоҳ хоҳам сохт.
Ин, аз донише аст, ки Парвардигорам ба ман омўхтааст. Ман оини қавмеро, ки ба
Худо имон надоранд ва ба сарои дигар кофиранд, тарк гуфтам (ва шоистаи чунин
мавҳибате шудам).
38 Ман аз оини
падаронам Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб пайравӣ кардам. Барои мо шоиста набуд чизеро
ҳамтои Худо қарор диҳем, ин аз фазли Худо бар мо ва бар мардум аст, вале бештари
мардум шукргузорӣ намекунанд.
39 Эй ҳамроҳони
зиндонии ман! Оё худоёни пароканда беҳтаранд ё Худованди Яктои Пирўз?!
40 Ин маъбудҳое, ки
ғайр аз Худо мепарастед, чизе ҷуз исмҳое (бемусаммо), ки шумо ва падаронатон
онҳоро Худо номидаед, нест. Худованд ҳеҷ далеле бар он нозил накардааст. Ҳукм
танҳо аз они Худост, фармон додааст, ки ғайр аз Ўро напарастед. Ин аст оини
побарҷо, вале бештари мардум намедонанд.
41 Эй ҳамроҳони
зиндонии ман! Аммо яке аз шумо (ду нафар, озод мешавад ва) соқии шароб барои
соҳиби худ хоҳад шуд. Ва аммо дигарӣ ба дор овехта мешавад ва паррандагон аз
сари ў мехўранд. Ва матлабе, ки дар бораи он (аз ман) назар хостед, қатъӣ ва
ҳатмӣ аст».
42 Ва ба он яке аз
он ду нафар, ки медонист раҳоӣ меёбад, гуфт: «Маро назди соҳибат (султони Миср)
ёдоварӣ кун». Вале шайтон ёдоварии ўро назди соҳибаш аз хотири вай бурд ва дар
пайи он (Юсуф) чанд сол дар зиндон боқӣ монд.
43 Подшоҳ гуфт: «Ман
дар хоб дидам ҳафт гови фарбеҳро, ки ҳафт гови лоғар онҳоро мехўранд. Ва ҳафт
хўшаи сабз ва ҳафт хўшаи хушкида, (ки хушкидаҳо бар сабзҳо печиданд ва онҳоро аз
байн бурданд). Эй ҷамъияти ашроф! Дар бораи хоби ман назар диҳед, агар хобро
таъбир мекунед».
44 Гуфтанд: «Хобҳои
парешону парокандааст ва мо аз таъбири ин гуна хобҳо огоҳ нестем».
45 Ва яке аз он ду,
ки наҷот ёфта буд – ва баъд аз муддате ба хотираш омад – гуфт: «Ман таъвили онро
ба шумо хабар медиҳам, маро (ба суроғи он ҷавони зиндонӣ) бифристед».
46 (Ў ба зиндон омад
ва чунин гуфт:) Юсуф, эй марди бисёр ростгў! Дар бораи ин хоб изҳори назар кун,
ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехўранд. Ва ҳафт хўшаи тар ва ҳафт хўшаи
хушкида, то ман ба сўи мардум бозгардам, шояд (аз таъбири ин хоб) огоҳ шаванд.
47 Гуфт: «Ҳафт сол
бо ҷиддият зироат мекунед ва он чиро дирав кардед, ҷуз каме, ки мехўред, дар
хўшаҳои худ боқӣ бигузоред (ва захира намоед).
48 Пас аз он, ҳафт
соли сахт (ва хушкӣ ва қаҳтӣ) меояд, ки он чиро барои он солҳо захира кардаед,
мехўранд, ҷуз каме, ки (барои кишт) захира хоҳед кард.
49 Сипас соле фаро
мерасад, ки борони фаровон насиби мардум мешавад ва дар он сол мардум усораи
(меваҳо ва донаҳои равғаниро) мегиранд (ва соли пурбаракате аст)».
50 Подшоҳ гуфт: «Ўро
назди ман оваред». Вале ҳангоме, ки фиристодаи ў назди вай (Юсуф) омад, гуфт:
«Ба сўи соҳибат бозгард ва аз ў бипурс, ҳодисаи заноне, ки дастҳои худро
буриданд, чӣ буд? Ки Худои ман ба найранги онҳо огоҳ аст».
51 (Подшоҳ он
занонро талабид ва) гуфт: «Ба ҳангоме, ки Юсуфро ба сўи худ даъват кардед,
ҷараёни кори шумо чӣ буд?». Гуфтанд: «Муназзаҳ аст Худо, мо ҳеҷ айбе дар ў
наёфтем!». (Дар ин ҳангом) ҳамсари Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор гашт. Ман будам,
ки ўро ба сўи худ даъват кардам ва ў аз ростгўён аст.
52 Ин суханро ба
хотири он гуфтам, то бидонад, ман дар ғиёб ба ў хиёнат накардам. Ва Худованд
макри хиёнаткоронро ҳидоят намекунад.
53 Ман ҳаргиз
худамро табриа намекунам, ки нафс (-и саркаш) бисёр ба бадиҳо амр мекунад, магар
он чиро Парвардигорам раҳм кунад. Парвардигорам Омурзанда ва Меҳрубон аст».
54 Подшоҳ гуфт: «Ў
(Юсуф)-ро назди ман оваред, то вайро махсуси худ гардонам». Ҳангоме, ки (Юсуф
назди вай омад ва) бо ў сўҳбат кард, (подшоҳ ба ақлу дирояти ў пай бурд ва)
гуфт: «Ту имрўз назди мо ҷойгоҳи волое дорӣ ва мавриди эътимод ҳастӣ».
55 (Юсуф) гуфт:
«Маро сарпарасти хазинаҳои сарзамин (-и Миср) қарор деҳ, ки нигаҳдоранда ва
огоҳам».
56 Ва ин гуна мо ба
Юсуф дар сарзамин (-и Мсир) қудрат додем, ки ҳар ҷо мехост, дар он манзил
мегузид (ва тасарруф мекард). Мо раҳмати худро ба ҳар кас бихоҳем (ва шоиста
бидонем), мебахшем. Ва подоши некўкоронро зойеъ намекунем.
57 (Аммо) подоши
охират, барои касоне, ки имон оварда ва парҳезгорӣ доштанд, беҳтар аст.
58 (Сарзамини
Канъонро қаҳтӣ фаро гирифт). Бародарони Юсуф (дар пайи озуқа ба Миср) омаданд ва
бар ў дохил шуданд. Ў ононро шинохт, вале онҳо ўро нашинохтанд.
59 Ва ҳангоме, ки
(Юсуф) борҳои ононро омода кард, гуфт: «(Навбати оянда) он бародареро, ки аз
падар доред, назди ман оваред. Оё намебинед, ман ҳаққи паймонаро адо мекунам ва
ман беҳтарини мизбонон ҳастам?!
60 Ва агар ўро назди
ман наоваред, на кайл (ва на паймонае аз ғалла) назди ман хоҳед дошт ва на
(аслан) ба ман наздик шавед».
61 Гуфтанд: «Мо бо
падараш гуфтугў хоҳим кард, (ва саъй мекунем мувофиқаташро ҷалб намоем). Ва мо
ин корро хиҳем кард».
62 (Сипас) ба
коргузорони худ гуфт: «Он чиро ба унвони қимат пардохтаанд, дар борҳояшон
бугзоред, шояд пас аз бозгашт ба хонаводаи худ онро бишносанд ва шояд
баргарданд».
63 Ҳангоме, ки ба
сўи падарашон бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар! Дастур дода шуда, ки (беҳузури
бародарамон Бинёмин), паймонае (аз ғалла) ба мо надиҳанд, пас бародарамонро бо
мо бифрист, то саҳме (аз ғалла) дарёфт дорем. Ва мо ўро муҳофизат хоҳем кард».
64 Гуфт: «Оё нисбат
ба ў ба шумо бовар кунам, ҳамон гуна, ки нисбат ба бародараш (Юсуф) бовар кардам
(ва дидам чӣ шуд?!). Ва (дар ҳар ҳол) Худованд беҳтарин ҳофиз ва меҳрубонтарини
меҳрубонон аст».
65 Ва ҳангоме, ки
матои худро кушоданд, диданд сармояи онҳо ба онҳо бозгардонида шудааст. Гуфтанд:
«Падар! Мо дигар чӣ мехоҳем?! Ин сармояи мост, ки ба мо бозпас гардонида
шудааст. (Пас чӣ беҳтар, ки бародарро бо мо бифиристӣ) ва мо барои хонаводаи худ
озуқа меоварем. Ва бародарамонро ҳифз хоҳем кард. Ва як бори шутур зиёдтар
дарёфт хоҳем дошт. Ин паймона (бори) кўчаке аст».
66 Гуфт: «Ман ҳаргиз
ўро бо шумо нахоҳам фиристод, то паймони муаккади илоҳӣ бидиҳед, ки ўро ҳатман
назди ман хоҳед овард, магар ин ки (бар асари марг ё иллати дигар), қудрат аз
шумо салб гардад. Ва ҳангоме, ки онҳо паймони устувори худро дар ихтиёри ў
гузоштанд, гуфт: «Худованд нисбат ба он чӣ мегўем, нозиру нигаҳбон аст».
67 Ва (ҳангоме, ки
мехостанд ҳаракат кунанд, Яъқуб) гуфт: «Фарзандони ман! Аз як дар дохил нашавед,
балки аз дарҳои мутафарриқ дохил гардед, (то диққати мардум ба сўи шумо ҷалб
нашавад) ва (ман бо ин дастур) наметавонам ҳодисаеро, ки аз сўи Худо ҳатмӣ аст,
аз шумо дафъ кунам. Ҳукму фармон, танҳо аз они Худост. Бар Ў таваккул кардаам ва
ҳамаи таваккулкунандагон бояд бар Ў таваккул кунанд».
68 Ва ҳангоме, ки аз
ҳамон тариқ, ки падар ба онҳо дастур дада буд, дохил шуданд, ин кор ҳеҷ ҳодисаи
ҳатмии илоҳиро наметавонист аз онҳо дур созад, ҷуз ҳоҷате дар дили Яъқуб, (ки аз
ин тариқ) анҷом шуд (ва хотираш ором гирифт). Ва ў ба хотири таълиме, ки мо ба ў
додем, илми фаровоне дошт. Вале бештари мардум намедонанд.
69 Ҳангоме, ки
(бародарон) бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро назди худ ҷой дод ва гуфт: «Ман
бародари ту ҳастам, аз он чӣ онҳо анҷом медоданд, ғамгину нороҳат набош».
70 Ва ҳангоме, ки
(маъмури Юсуф) борҳои онҳоро баст, зарфи обхўрии подшоҳро дар бори бародараш
гузошт, сипас касе фарёд зад: «Эй аҳли қофила! Шумо дузд ҳастед».
71 Онҳо рў ба сўи ў
карданд ва гуфтанд: «Чӣ чиз гум кардаед?».
72 Гуфтанд:
«Паймонаи подшоҳро! Ва ҳар кас онро биёварад, як бори шутур (ғалла) ба ў дода
мешавад ва ман зомини ин (подош) ҳастам».
73 Гуфтанд: «Ба Худо
савганд, шумо медонед мо наёмадаем, ки дар ин сарзамин фасод кунем. Ва мо
(ҳаргиз) дузд набудаем!».
74 Онҳо гуфтанд:
«Агар дурўғгў бошед, кайфараш чист?».
75 Гуфтанд: «Ҳар кас
(он паймона) дар бори ў пайдо шавад, худаш кайфари он хоҳад буд (ва ба хотири ин
кор, бардаи шумо хоҳад шуд). Мо ин гуна ситамгаронро кайфар медиҳем».
76 Дар ин ҳангом
(Юсуф) пеш аз бори бародараш, ба кофтани борҳои онҳо пардохт, сипас онро аз бори
бародараш берун овард. Ин гуна роҳи чораро ба Юсуф ёд додем. Ў ҳаргиз
наметавонист бародарашро тибқи оини подшоҳи (Миср) бигирад, магар он ки Худо
бихоҳад. Дараҷоти ҳар касро бихоҳем боло мебарем. Ва бартар аз ҳар соҳибилме
олиме аст.
77 (Бародарон)
гуфтанд: «Агар ў (Бинёмин) дуздӣ кунад, (ҷои ҳайрат нест), бародараш (Юсуф) низ
пеш аз ў дуздӣ кард». Юсуф (сахт нороҳат шуд ва) ин (нороҳати)-ро дар даруни худ
пинҳон дошт ва барои онҳо ошкор накард, (ҳамин андоза) гуфт: «Шумо (аз дидгоҳи
ман) аз назари манзалат бадтарин мардум ҳастед. Ва Худо аз он чӣ тавсиф мекунед
огоҳтар аст».
78 Гуфтанд: «Эй
Азиз! Ў падари пире дорад, (ки сахт нороҳат мешавад). Яке аз моро ба ҷои ў
бигир, мо туро аз некўкорон мебинем».
79 Гуфт: «Паноҳ бар
Худо, ки мо ғайр аз он кас, ки матои худро назди ў ёфтаем, бигирем, дар он сурат
аз золимон хоҳим буд!».
80 Ҳангоме, ки
(бародарон) аз ў маъюс шуданд, ба каноре рафтанд ва бо ҳам ба наҷво пардохтанд,
(бародари) бузургашон гуфт: «Оё намедонед, падаратон аз шумо паймони илоҳӣ
гирифтааст ва пеш аз ин дар бораи Юсуф кўтоҳӣ кардед?! Ман аз ин сарзамин
ҳаракат намекунам, то падарам ба ман иҷозат диҳад ё Худо дар бораи ман доварӣ
кунад, ки Ў беҳтарини ҳукмкунандагон аст.
81 Шумо ба сўи
падаратон бозгардед ва бигўед: Падар(ҷон), писарат дуздӣ кард. Ва мо ҷуз ба он
чӣ медонистем, гувоҳӣ надодем ва мо аз ғайб огоҳ набудем.
82 (Ва агар бовар
надорӣ), аз он шаҳр, ки дар он будем, савол кун ва низ аз он қофила, ки бо он
омадем, (бипурс). Ва мо (дар гуфтори худ) содиқ ҳастем».
83 (Яъқуб) гуфт:
«(Ҳавои) нафси шумо, масъаларо чунин дар назаратон оростааст, ман сабр мекунам,
сабри зебое (ва холӣ аз куфрон). Умедворам Худованд ҳамаи онҳоро ба ман
бозгардонад, зеро Ў Доно ва Ҳаким аст.
84 Ва аз онҳо рўй
баргардонд ва гуфт: «Во асафо бар Юсуф!». Ва чашмони ў аз андўҳ сафед шуд, аммо
хашми худро фурў мебурд (ва ҳаргиз куфрон намекард).
85 Гуфтанд: «Ба Худо
ту он қадар ёди Юсуф мекунӣ, то дар остонаи марг қарор гирӣ ё ҳалок гардӣ!».
86 Гуфт: «Ман ғаму
андўҳамро танҳо ба Худо мегўям (ва шикоят назди Ў мебарам) ва аз Худо чизҳое
медонам, ки шумо намедонед.
87 Писаронам!
Биравед ва аз Юсуф ва бародараш ҷустуҷў кунед ва аз раҳмати Худо маъюс нашавед,
ки танҳо гурўҳи кофирон аз раҳмати Худо маъюс мешаванд».
88 Ҳангоме, ки онҳо
бар ў (Юсуф) дохил шуданд, гуфтанд: «Эй Азиз! Мо ва хонадони моро нороҳатӣ фаро
гирифта ва матои каме (барои хариди озуқа) бо худ овардаем. Паймонаро барои мо
комил кун ва бар мо тасаддуқ ва бахшиш намо, ки Худованд бахшандагонро подош
медиҳад».
89 Гуфт: «Оё
донистед бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед, он гоҳ, ки ҷоҳил будед?!».
90 Гуфтанд: «Оё ту
ҳамон Юсуф ҳастӣ?!». Гуфт: «(Оре), ман Юсуфам ва ин бародари ман аст. Худованд
бар мо миннат гузорид, ҳар кас тақво пеша кунад ва шакебоиву истиқомат намояд,
(саранҷом пирўз мешавад), зеро Худованд подоши некўкоронро зойеъ намекунад».
91 Гуфтанд: «Ба Худо
савганд, Худованд туро бар мо бартарӣ бахшида ва мо хатокор будем».
92 (Юсуф) гуфт:
«Имрўз маломату тавбехе бар шумо нест, Худованд шуморо мебахшад ва Ў
меҳрубонтарини меҳрубонон аст.
93 Ин пероҳани маро
бибаред ва бар чеҳраи падарам бияндозед, то бино шавад ва ҳамаи наздикони худро
назди ман биёваред».
94 Ҳангоме, ки
корвон (аз сарзамини Мисар) ҷудо шуд, падарашон (Яъқуб) гуфт: «Ман бўи Юсуфро
эҳсос мекунам, агар маро ба нодонӣ ва камақлӣ нисбат надиҳед».
95 Гуфтанд: «Ба Худо
ту дар ҳамон гумроҳии пешинаат ҳастӣ!».
96 Аммо ҳангоме, ки
башоратдиҳанда фаро расид, он (пероҳан)-ро бар чеҳраи ў афканд, ногаҳон бино
шуд, гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ман аз Худо чизҳое медонам, ки шумо
намедонед?!».
97 Гуфтанд: «Падар!
Аз Худо омурзиши гуноҳони моро бихоҳ, ки мо хатокор будем».
98 Гуфт: «Ба зудӣ
барои шумо аз Парвардигорам омурзиш металабам, ки Ў Омурзанда ва Меҳрубон аст».
99 Ва ҳангоме, ки
бар Юсуф дохил шуданд, ў падару модари худро дар оғўш гирифт ва гуфт: «Ҳамагӣ
дохили Миср шавед, ки иншоаллоҳ дар амну амон хоҳед буд».
100 Ва падару модари худро бар тахт нишонд
ва ҳамагӣ ба хотири ў ба саҷда афтоданд, ва гуфт: «Падар! Ин таъбири хобе аст,
ки пеш дидам. Парвардигорам онро ҳақ қарор дод ва Ў ба ман некӣ кард ҳангоме, ки
маро аз зиндон берун овард ва шуморо аз он биёбон (ба ин ҷо) овард, баъд аз он
ки шайтон миёни ман ва бародаронам фасод кард. Парвардигорам нисбат ба он чӣ
мехоҳад (ва шоиста медонад), соҳиби лутф аст, зеро Ў Доно ва Ҳаким аст.
101 Парвардигоро! Бахши (бузурге) аз ҳукумат
ба ман бахшидӣ ва маро аз илми таъбири хобҳо огоҳ сохтӣ. Эй офаринандаи
осмонҳову замин! Ту валӣ ва сарпарасти ман дар дунёву охират ҳастӣ, маро
мусулмон бимирон ва ба солеҳон мулҳақ намо».
102 Ин аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй
мефиристем. Ту (ҳаргиз) назди онҳо набудӣ, ҳангоме, ки тасмим мегирифтанд ва
нақша мекашиданд.
103 Ва бештари мардум, ҳар чанд исрор дошта
бошӣ, имон намеоваранд.
104 Ва ту (ҳаргиз) аз онҳо подоше
наметалабӣ, он нест, магар тазаккуре барои ҷаҳониён.
105 Ва чӣ бисёр нишонае (аз Худо) дар
осмонҳову замин, ки онҳо аз канораш мегузаранд ва аз он рўйгардонанд.
106 Ва бештари онҳо, ки даъвои имон ба Худо
доранд, мушриканд.
107 Оё эмин аз он ҳастанд, ки азоби фарогире
аз сўи Худо ба сурғи онон биёяд, ё соати растохез ногаҳон фаро расад, дар ҳоле,
ки мутаваҷҷеҳ нестанд?!
108 Бигў: «Ин роҳи ман аст! Ман ва
пайравонам, бо басирати комил, ҳамаи мардумро ба сўи Худо даъват мекунем.
Муназзаҳ аст Худо! Ва ман аз мушрикон нестам».
109 Ва мо нафиристодем пеш аз ту, ҷуз
мардоне аз аҳли ободиҳо, ки ба онҳо ваҳй мекардем. Оё (мухолифони даъвати ту),
дар замин сайр накарданд, то бибинанд оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чӣ
шуд?! Ва сарои охират барои парҳезкорон беҳтар аст. Оё фикр намекунед?!
110 (Пайғамбарон ба даъвати худ ва душманони
онҳо ба мухолифати худ ҳамчунон идома доданд), то он гоҳ, ки расулон маъюс
шуданд ва (мардум) гумон карданд, ки ба онон дурўғ гуфта шудааст. Дар ин ҳангом
ёрии мо ба суроғи онҳо омад. Ононро, ки хостем наҷот ёфтанд. Ва муҷозоту азоби
мо аз қавми гунаҳкор бозгардонида намешавад.
111 Дар саргузашти онҳо дарси ибрате барои
соҳибони андеша буд. Инҳо достони дурўғин набуд, балки (ваҳйи осмонӣ аст ва)
ҳамоҳанг аст бо он чӣ пеши рўи ў (аз китобҳои осмонии пешин) қарор дорад ва
шарҳи ҳар чизе, (ки пояи саодати инсон аст). Ва ҳидояту раҳмате аст, барои
гурўҳе, ки имон меоваранд.
|