Сураи Тавба
Ин сура дар Мадина нозил шуда ва дорои 129 оят аст.
1
(Ин, эъломи) безорӣ аз сўи Худо ва Пайғамбари Ў ба касоне аз мушрикон аст, ки бо
онҳо аҳд бастаед!
2
Бо ин ҳол чаҳор моҳ (мўҳлат доред, ки озодона) дар замин сайр кунед (ва ҳар ҷо
мехоҳед биравед ва бияндешед). Ва бидонед шумо наметавонед Худоро нотавон созед
(ва аз қудрати Ў гурезед. Ва бидонед) Худованд хоркунандаи кофирон аст.
3
Ва ин, эъломе аст аз ноҳияи Худо ва Пайғамбараш ба (умуми) мардум, дар рўзи
Ҳаҷҷи Акбар (рўзи иди Қурбон), ки: Худованд ва Пайғамбараш аз мушрикон безоранд!
Бо ин ҳол агар тавба кунед, барои шумо беҳтар аст ва агар сарпечӣ намоед,
бидонед, шумо наметавонед Худоро нотавон созед (ва аз қаламрави қудраташ хориҷ
шавед). Ва кофиронро ба муҷозоти дарднок башорат деҳ!
4
Магар касоне аз мушрикон, ки бо онҳо аҳд бастед ва чизе аз онро дар ҳаққи шумо
фурўгузор накарданд ва аҳадеро бар зидди шумо тақвият нанамуданд, паймони онҳоро
то поёни муддаташон мўҳтарам шуморед, зеро Худованд парҳезгоронро дўст дорад.
5
(Аммо) вақте моҳҳои ҳаром поён гирифт, мушриконро ҳар ҷо ёфтед, ба қатл
бирасонед ва онҳоро асир созед ва муҳосира кунед. Ва дар ҳар камингоҳ, бар сари
роҳи онҳо бинишинед. Ҳар гоҳ тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро
бипардозанд, онҳоро раҳо созед, зеро Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.
6
Ва агар яке аз мушрикон аз ту паноҳандагӣ бихоҳад, ба ў паноҳ деҳ, то сухани
Худоро бишунавад (ва дар он бияндешад). Сипас ўро ба маҳалли амнаш бирасон,
чаро, ки онҳо гурўҳи ноогоҳеанд.
7
Чӣ гуна барои мушрикон паймоне назди Худо ва Расули Ў хоҳад буд, (дар ҳоле, ки
онҳо ҳамвора омодаи шикастани паймонашон ҳастанд?!). Магар касоне, ки назди
Масҷид-ул-ҳаром бо онон паймон бастед (ва паймони худро мўҳтарам шумурданд), то
замоне, ки дар баробари шумо вафодор бошанд, шумо низ вафодорӣ кунед, ки
Худованд парҳезгоронро дўст дорад.
8
Чӣ гуна (паймони мушрикон арзиш дорад), дар ҳоле, ки агар бар шумо ғолиб шаванд,
на мулоҳизаи хешовандӣ бо шуморо мекунанд ва на паймонро?! Шуморо бо забони худ
хушнуд мекунанд, вале дилҳояшон ибо дорад. Ва бештари онҳо фармонбардор нестанд.
9
Онҳо оятҳои Худоро ба баҳои каме фурўхтанд ва (мардумро) аз роҳи Ў боздоштанд,
онҳо аъмоли баде анҷом медоданд!
10 (На танҳо дар
бораи шумо), дар бораи ҳеҷ шахси боимоне риояти хешовандӣ ва паймонро намекунанд
ва онҳо ҳамон таҷовузкоронанд.
11 (Вале) агар
тавба кунанд, намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд, бародари динии шумо
ҳастанд. Ва мо оятҳои худро барои гурўҳе, ки медонанд (ва меандешанд), шарҳ
медиҳем.
12 Ва агар
паймонҳои худро пас аз аҳди худ бишкананд ва оини шуморо мавриди таъна қарор
диҳанд, бо пешвоёни куфр пайкор кунед, зеро онҳо паймоне надоранд, шояд (бо
шиддати амал) даст бардоранд.
13 Оё бо гурўҳе,
ки паймонҳои худро шикастанд ва қасд ба берун кардани Пайғамбар гирифтанд,
пайкор намекунед?! Дар ҳоле, ки онҳо нахустин бор (пайкор бо шуморо) оғоз
карданд, оё аз онҳо метарсед?! Бо ин ки Худованд сазовортар аст, ки аз Ў
битарсед, агар мўъмин ҳастед.
14 Бо онҳо пайкор
кунед, ки Худованд ононро ба дасти шумо муҷозот мекунад ва ононро расво месозад
ва синаи гурўҳе аз мўминонро шифо мебахшад (ва бар қалби онҳо марҳам мениҳад).
15 Ва хашми
дилҳои ононро аз миён мебарад. Ва Худо тавбаи ҳар касро бихоҳад (ва шоиста
бидонад), мепазирад ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.
16 Оё гумон
кардед, ки (ба ҳоли худ) раҳо мешавед, дар ҳоле, ки Худованд ҳарўз касонеро, ки
аз шумо ҷиҳод карданд ва ғайр аз Худо ва Расулаш ва мўъминонро маҳрами асрори
худ интихоб нанамуданд, (аз дигарон) мушаххас насохтааст?! (Бояд имтиҳон шавед
ва сафҳо аз ҳам ҷудо гардад). Ва Худованд ба он чӣ амал мекунед, огоҳ аст.
17 Мушрикон ҳақ
надоранд масҷидҳои Худоро обод кунанд, дар ҳоле, ки ба куфри худ гувоҳӣ
медиҳанд! Онҳо аъмолашон нобуд (ва беарзиш) шуда ва дар оташ (-и дўзах) ҷовидона
хоҳанд монд.
18 Масоҷиди
Худоро танҳо касе обод мекунад, ки имон ба Худо ва рўзи қиёмат оварда ва намозро
барпо дорад ва закотро бипардозад ва ҷуз аз Худо натарсад, умед аст чунин гурўҳе
аз ҳидятёфтагон бошанд.
19 Оё сероб
кардани ҳоҷиҳо ва обод сохтани Масҷид-ул-ҳаромро монанди (амали) касе қарор
додед, ки ба Худо ва рўзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Ў ҷиҳод кардааст?! (Ин
ду) назди Худо баробар нестанд. Ва Худованд гурўҳи золимонро ҳидоят намекунад.
20 Онҳо, ки имон
оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо амволу ҷонҳояшон дар роҳи Худо ҷиҳод намуданд,
мақомашон назди Худо бартар аст ва онҳо пирўз ва растагоранд.
21
Парвардигорашон онҳоро ба раҳмате аз ноҳияи худ ва ризояти (худ) ва боғҳое аз
биҳишт башорат медиҳад, ки дар он неъматҳои ҷовидона доранд.
22 Ҳамвора ва то
абад дар ин боғҳо (ва дар миёни ин неъматҳо) хоҳанд буд, зеро подоши бузург
назди Худованд аст.
23 Эй касоне, ки
имон овардаед! Ҳар гоҳ падарону бародарони шумо куфрро бар имон тарҷеҳ диҳанд,
онҳоро валӣ (ва ёру ёвару такягоҳи) худ қарор надиҳед. Ва касоне аз шумо, ки
ононро сарпарасти худ қарор диҳанд, ситамгаранд.
24 Бигў: «Агар
падарон ва фарзандон ва бародарон ва ҳамсарон ва тоифаи шумо ва амволе, ки ба
даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касод шуданаш метарсед ва хонаҳое, ки ба он
алоқа доред, дар назаратон аз Худованд ва Пайғамбараш ва ҷиҳоди дар роҳаш
маҳбубтар аст, дар интизори ин бошед, ки Худованд, азобашро бар шумо нозил
кунад! Ва Худованд ҷамъияти фосиқонро ҳидоят намекунад.
25 Худованд
шуморо дар ҷоҳои зиёде ёрӣ кард (ва бар душман пирўз шудед). Ва дар рўзи Ҳунайн
(низ ёрӣ намуд), дар он ҳангом, ки фузунии ҷамъиятатон, шуморо мағрур сохт, вале
(ин фузунии ҷамъият) ҳеҷ ба дардатон нахўрд ва замин бо ҳамаи вусъаташ бар шумо
танг шуд, сипас пушт (ба душман) карда гурехтед.
26 Сипас Худованд
сакина (ва оромиши) худро бар Пайғамбараш ва бар мўъминон нозил кард ва
лашкарҳое фиристод, ки шумо намедидед. Ва кофиронро муҷозот кард ва ин аст ҷазои
кофирон!
27 Сипас Худованд
– баъд аз он – тавбаи ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), мепазирад. Ва
Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.
28 Эй касоне, ки
имон овардаед! Мушрикон нопоканд, пас набояд баъд аз имсол, наздики
Масӣид-ул-ҳамром шаванд! Ва агар аз фақр метарсед, Худованд ҳар гоҳ бихоҳад,
шуморо ба карамаш бениёз месозад (ва аз роҳи дигар ҷуброн мекунад). Худованд
Доно ва Ҳаким аст.
29 Бо касоне аз
аҳли китоб, ки на ба Худо ва на ба рўзи ҷазо имон доранд ва на он чиро Худо ва
Расулаш ҳаром кардааст, ҳаром мешуморанд ва на оини ҳақро мепазиранд, пайкор
кунед, то замоне, ки бо хузўу таслим, ҷизяро ба дасти худ бипардозанд.
30 Яҳуд гуфтанд:
«Узайр писари Худост». Ва насоро гуфтанд: «Масеҳ писари Худост». Ин сухане аст,
ки бо забони худ мегўянд, ки монанди гуфтори кофирони пешин аст, Худо ононро
бикушад, чӣ гуна аз ҳақ инҳироф меёбанд?!
31 (Онҳо)
донишмандон ва роҳибони худро маъбудҳое дар баробари Худо қарор доданд ва
(ҳамчунин) Масеҳ фарзанди Марямро, дар ҳоле, ки дастур надоштанд, ҷуз Худованди
Яктоеро, ки маъбуде ҷуз Ў нест, бипарастанд. Ў поку муназзаҳ аст аз он чӣ
ҳамтояш қарор медиҳанд!
32 Онҳо мехоҳанд
нури Худоро бо даҳони худ хомўш кунанд, вале Худо ҷуз ин намехоҳад, ки нури
худро комил кунад, ҳар чанд кофирон нохушнуд бошанд.
33 Ў касе аст, ки
Расулашро бо ҳидоят ва оини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи оинҳо ғолиб
гардонад, ҳар чанд мушрикон кароҳат дошта бошанд.
34 Эй касоне, ки
имон овардаед! Бисёре аз донишмандони (аҳли китоб) ва роҳибон, амволи мардумро
ба ботил мехўранд ва (ононро) аз роҳи Худо боз медоранд. Ва касоне, ки тиллову
нуқраро ганҷина (ва захираву пинҳон) месозанд ва дар роҳи Худо бахшиш
намекунанд, ба муҷозоти дардноке башорат деҳ!
35 Дар он рўз, ки
онро дар оташи ҷаҳаннам, гарму сўзон карда ва бо он чеҳраҳо ва паҳлўҳо ва
пуштҳояшонро доғ мекунанд (ва ба онҳо мегўянд): Ин ҳамон чизе аст, ки барои худ
андўхтед (ва ганҷина сохтед!). Пас бичашед чизеро, ки барои худ меандўхтед!
36 Адади моҳҳо
назди Худованд дар китоби илоҳӣ, аз он рўз, ки осмонҳо ва заминро офаридааст,
дувоздаҳ моҳ аст, ки чаҳор моҳ аз он, моҳи ҳаром аст, (ва ҷанг дар он манъ
мебошад). Ин оини собит ва побарҷо (-и илоҳӣ) аст. Бинобар ин дар ин моҳҳо ба
худ ситам накунед (ва аз ҳар гуна хунрезӣ бипарҳезед). Ва (дар ҳангоми набард)
бо мушрикон, дастаҷамъӣ пайкор кунед, ҳамон гуна, ки онҳо дастаҷамъӣ бо шумо
пайкор мекунанд. Ва бидонед, Худованд бо парҳезгорон аст.
37 Насиъ, (ҷо ба
ҷо кардан ва таъхир андохтани моҳҳои ҳаром), афзоише дар куфр (-и мушрикон) аст,
ки бо он, кофирон гумроҳ мешаванд. Як сол, онро ҳалол ва соли дигар онро ҳаром
мекунанд, то ба миқдори моҳҳое, ки Худованд ҳаром кардааст, бирасад (ва адади
чаҳор моҳ ба пиндорашон комил гардад). Ва ба ин тартиб он чиро Худо ҳаром
кардааст, ҳалол бишуморанд. Аъмоли зишташон дар назарашон зебо ҷилва дода
шудааст. Ва Худованд ҷамъияти кофиронро ҳидоят намекунад.
38 Эй касоне, ки
имон овардаед! Чаро ҳангоме, ки ба шумо гуфта мешавад: «Ба сўи ҷиҳод, дар роҳи
Худо ҳаракат кунед». Бар замин сангинӣ мекунед (ва сустӣ ба харҷ медиҳед?!). Оё
ба зиндагии дунё ба ҷои охират розӣ шудаед?! Бо ин ки матои зиндагии дунё, дар
баробари охират, ҷуз андаке нест.
39 Агар (ба сўи
майдони ҷиҳод) ҳаракат накунед, шуморо муҷозоти дардноке мекунад ва гурўҳи
дигаре ғайр аз шуморо ба ҷои шумо қарор медиҳад. Ва ҳеҷ зиёне ба Ў намерасонед
ва Худованд бар ҳар чизе тавоност.
40 Агар ўро ёрӣ
накунед, Худованд ўро ёрӣ кард, (ва дар мушкилтарин соатҳо, ўро танҳо нагузошт).
Он ҳангом, ки кофирон ўро (аз Макка) берун карданд, дар ҳоле, ки дуввумин нафар
буд (ва як нафар бештар ҳамроҳ надошт). Дар он ҳангом, ки он ду дар ғор буданд
ва ў ба ҳамроҳи худ мегуфт: «Ғам махўр, Худо бо мост». Дар ин ҳангом, Худованд
сакина (ва оромиши) худро бар ў фиристод ва бо лашкарҳое, ки мушоҳида
намекардед, ўро қувват бахшид ва гуфтори (ва мақсади) кофиронро поин қарор дод
(ва онҳоро бо шикаст рў ба рў кард). Ва сухани Худо (ва оини Ў) боло (ва пирўз)
аст. Ва Худованд Азиз ва Ҳаким аст.
41 (Ҳамагӣ ба сўи
майдони ҷиҳод) ҳаракат кунед, сабукбор бошед ё сангинбор ва бо амвол ва ҷонҳои
худ дар роҳи Худо ҷиҳод намоед, ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.
42 (Аммо гурўҳе
аз онҳо, чунонанд, ки) агар ғаниматҳое наздик (ва дар дастарс) ва сафаре осон
бошад, (ба тамаи дунё) аз ту пайравӣ мекунанд, вале (акнун, ки барои майдони
Табук), роҳ бар онҳо дур (ва пурмашаққат) аст, (саркашӣ мекунанд). Ва ба зудӣ ба
Худо савганд ёд мекунанд, ки: «Агар тавоноӣ доштем, ҳамроҳи шумо ҳаракат
мекардем!». (Онҳо бо ин аъмол ва ин дурўғҳо, дар ҳақиқат) худро ҳалок мекунанд.
Ва Худованд медонад онҳо дурўғгў ҳастанд.
43 Худованд туро
бахшид, чаро пеш аз он ки ростгўён ва дурўғгўёнро бишиносӣ, ба онҳо иҷозат
додӣ?! (Хуб буд сабр мекардӣ, то ҳар ду гурўҳ худро нишон диҳанд).
44 Онҳо, ки ба
Худо ва рўзи ҷазо имон доранд, ҳеҷ гоҳ барои тарки ҷиҳод (дар роҳи Худо) бо
амволу ҷонҳояшон, аз ту иҷозат намегиранд. Ва Худованд парҳезгоронро мешиносад.
45 Танҳо касоне
аз ту иҷозат (-и ин корро) мегиранд, ки ба Худо ва рўзи ҷазо имон надоранд ва
дилҳояшон бо шакку тардид омехтааст. Онҳо дар шакки худ саргардонанд.
46 Агар онҳо
(рост мегуфтанд ва) ирода доштанд, ки (ба сўи майдони ҷиҳод) берун раванд,
василае барои он фароҳам месохтанд, вале Худо аз ҳаракати онҳо кароҳат дошт, аз
ин рў (тавфиқашро аз онон гирифт ва) онҳоро (аз ҷиҳод) боздошт. Ва ба онон гуфта
шуд: «Бо «қоидин» (кўдакону пирону беморон) бинишинед!».
47 Агар онҳо
ҳамроҳи шумо (ба сўи майдони ҷиҳод) берун мерафтанд, ҷуз изтиробу тардид, чизе
бар шумо намеафзуданд ва бо шитоб дар байни шумо ба фитнаангезӣ (ва эҷоди
тафриқаву нифоқ) мепардохтанд. Ва дар миёни шумо ашхоси (сусту заифе) ҳастанд,
ки ба суханони онҳо комилан гўш фаро медиҳанд. Ва Худованд золимонро мешиносад.
48 Онҳо пеш аз ин
(низ), дар пайи фитнаангезӣ буданд ва корҳоро бар ту дигаргун сохтанд (ва ба ҳам
рехтанд), то он ки ҳақ фаро расид ва фармони Худо ошкор гашт (ва пирўз шудед),
дар ҳоле, ки онҳо кароҳат доштанд.
49 Баъзе аз онҳо
мегўянд: «Ба мо иҷозат деҳ, (то дар ҷиҳод ширкат накунем) ва моро ба гуноҳ
наафкан!». Огоҳ бошед, онҳо (ҳамакнун) дар гуноҳ суқут кардаанд ва ҷаҳаннам
кофиронро иҳота кардааст.
50 Ҳар гоҳ некӣ
ба ту расад, онҳоро нороҳат мекунад ва агар мусибате ба ту расад, мегўянд: «Мо
қасди худро аз пеш гирифтем». Ва боз мегарданд, дар ҳоле, ки хушҳоланд.
51 Бигў: «Ҳеҷ
ҳодисае барои мо рух намедиҳад, магар он чӣ Худованд барои мо навишта ва
муқаррар доштааст. Ў мавло (ва сарпарасти) мост ва мўъминон бояд танҳо бар Худо
таваккул кунанд».
52 Бигў: «Оё дар
бораи мо, ҷуз яке аз ду некиро интизор доред?! (Ё пирўзӣ ё шаҳодат), вале мо
интизор дорем, ки Худованд, азобе аз сўи худаш (дар он ҷаҳон) ба шумо бирасонад
ё (дар ин ҷаҳон) ба дасти мо (муҷозот шавед), акнун, ки чунин аст, шумо интизор
бикашед, мо ҳам бо шумо интизор мекашем!».
53 Бигў: «Бахшиш
кунед, хоҳ аз рўи майл бошад ё икроҳ, ҳаргиз аз шумо пазируфта намешавад, зеро
шумо қавми фосиқе будед».
54 Ҳеҷ чиз монеи
қабули бахшишҳои онҳо нашуд, ҷуз ин ки онҳо ба Худо ва Пайғамбараш кофир шуданд
ва намоз ба ҷо намеоваранд, ҷуз бо танбалӣ ва бахшиш намекунанд, магар бо
кароҳат.
55 Ва (фузунии)
амволу авлоди онҳо, туро дар ҳайрат фурў набарад, Худо мехоҳад ононро ба василаи
он, дар зиндагии дунё азоб кунад ва ҷонашон барояд, дар ҳоле, ки кофиранд.
56 Онҳо ба Худо
савганд мехўранд, ки аз шумо ҳастанд, дар ҳоле, ки аз шумо нестанд, вале онҳо
гурўҳе ҳастанд, ки метарсанд (ва ба хотири тарс аз фош шудани асрорашон дурўғ
мегўянд).
57 Агар паноҳгоҳ
ё ғорҳо ё роҳе дар зери замин биёянд, ба сўи он ҳаракат мекунанд ва бо шитоб
мегурезанд.
58 Ва дар миёни
онҳо касоне ҳастанд, ки дар (тақсими) ғаниматҳо ба ту айб мегиранд, агар аз он
(ғаноим, саҳме) ба онҳо дода шавад, розӣ мешаванд ва агар дода нашавад, хашм
мегиранд, (хоҳ ҳаққи онҳо бошад ё на).
59 (Дар ҳоле, ки)
агар ба он чӣ Худо ва Пайғамбараш ба онон додааст, розӣ бошанд ва бигўянд:
«Худованд барои мо кифоят мекунад ва ба зудӣ Худо ва Расулаш аз фазли худ ба мо
мебахшанд, мо танҳо ризои Ўро металабем». (Барои онҳо беҳтар аст).
60 Закотҳо
махсуси фақирон ва мискинон ва коркуноне аст, ки барои (ҷамъоварии) он, заҳмат
мекашанд ва касоне, ки барои ҷалби муҳаббаташон иқдом мешавад ва барои (озодии)
бардагон ва (адои қарзи) қарздорон ва дар роҳи (тақвияти оини) Худо ва дар
роҳмондагон. Ин як фаризаи (муҳимми) илоҳӣ аст ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.
61 Аз онҳ касоне
ҳастанд, ки Пайғамбарро озор медиҳанд ва мегўянд: «Ў одами хушбоваре аст!»,
бигў: «Хушбовар будани ў ба нафъи шумост, (вале бидонед) ў ба Худо имон дорад ва
(танҳо) мўъминонро тасдиқ мекунад. Ва раҳмат аст барои касоне аз шумо, ки имон
овардаанд». Ва онҳо, ки Расули Худоро озор медиҳанд, азоби дардноке доранд!
62 Онҳо барои
шумо ба Худо савганд ёд мекунанд, то шуморо розӣ созанд, дар ҳоле, ки шоистатар
ин аст, ки Худо ва Расулашро розӣ кунанд, агар имон доранд.
63 Оё намедонанд,
ҳар кас бо Худо ва Расулаш душманӣ кунад, барои ў оташи дўзах аст, ҷовидона дар
он мемонанд?! Ин ҳамон расвоии бузург аст!
64 Мунофиқон аз
он хавф доранд, ки сурае бар зидди онон нозил гардад ва ба онҳо аз асрори даруни
қалбашон хабар диҳад. Бигў: «Масхара накунед! Худованд, он чиро аз он хавф
доред, ошкор месозад».
65 Ва агар аз
онҳо бипурсӣ: «(Чаро ин аъмоли хилофро анҷом додед?!)». Мегўянд: «Мо бозӣ ва
шўхӣ мекардем». Бигў: «Оё Худо ва оятҳои Ў ва Пайғабарашро масхара мекардед?!».
66 (Бигў:)
Узрхоҳӣ накунед, (ки беҳуда аст, зеро) шумо пас аз имон овардан кофир шудед.
Агар гурўҳе аз шуморо (ба хотири тавба) мавриди афв қарор диҳем, гурўҳи дигареро
азоб хоҳем кард, зеро муҷрим буданд.
67 Мардони
мунофиқ ва занони мунофиқ, ҳама аз як гурўҳанд. Онҳо амри ба мункар ва наҳйи аз
маъруф мекунанд ва дастҳояшонро (аз инфоқу бахшиш) мебанданд. Худоро фаромўш
карданд ва Худо (низ) онҳоро фаромўш кард (ва раҳматашро аз онҳо қатъ намуд). Ба
яқин, мунофиқон ҳамон фосиқонанд.
68 Худованд ба
мардону занони мунофиқу куффор, ваъдаи оташи дўзах додааст, ҷовидона дар он
хоҳанд монд – ҳамон барои онҳо кифоят мекунад. – Ва Худо онҳоро аз раҳмати худ
дур сохтааст ва азоби ҳамешагӣ барои онҳост.
69 (Шумо
мунофиқон), монанди касоне ҳастед, ки пеш аз шумо буданд (ва роҳи нифоқ
паймуданд, балки) онҳо аз шумо нерўмандтар ва амволу фарзандонашон бештар буд.
Онҳо аз баҳраи худ (аз неъматҳои илоҳӣ дар роҳи гуноҳу ҳавас) истифода карданд,
шумо низ аз баҳраи худ (дар ин роҳ) истифода кардед, ҳамон гуна, ки онҳо
истифода карданд. Шумо (дар куфру нифоқ ва истеҳзои мўъминон) фурў рафтед, ҳамон
гуна, ки онҳо фурў рафтанд, (вале саранҷом) аъмолашон дар дунё ва охират нобуд
шуд ва онҳо ҳамон зиёнкоронанд.
70 Оё хабари
касоне, ки пеш аз онҳо буданд, ба онон нарасидааст?! «Қавми Нўҳ» ва «Од» ва
«Самуд» ва «қавми Иброҳим» ва «асҳоби Мадян» (қавми Шуайб) ва «шаҳрҳои зеру рў
шуда» (қавми Лут), пайғамбаронашон далелҳои равшан барои онон оварданд, (вале
напазируфтанд). Худованд ба онҳо ситам накард, аммо худашон бар худ ситам
мекарданд.
71 Мардону занони
боимон, валӣ (ва ёру ёвари) якдигаранд, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар
мекунанд, намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва Худо ва Расулашро
итоат мекунанд. Ба зудӣ Худо ононро мавриди раҳмати худ қарор медиҳад, Худованд
Тавоно ва Ҳаким аст.
72 Худованд ба
мардону занони боимон, боғҳое аз биҳишт ваъда додааст, ки наҳрҳо аз зери
дарахтонаш ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд ва масканҳои покиза дар
биҳиштҳои ҷовидон, (насиби онҳо сохта) ва (хушнудӣ ва) ризои Худо (аз ҳами инҳо)
бартар аст ва пирўзии бузург ҳамин аст.
73 Эй Пайғамбар!
Бо кофирону мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир! Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст
ва чӣ сарнавишти баде аст!
74 Ба Худо
савганд мехўранд, ки (дар ғиёби Пайғамбар суханони нодуруст) нагуфтаанд, дар
ҳоле, ки ҳатман суханони куфромез гуфтаанд ва пас аз ислом оварданашон, кофир
шудаанд ва қасд (ба кори хатарноке) карданд, ки ба он нарасиданд, онҳо фақат аз
ин интиқом мегиранд, ки Худованд ва Расулаш ононро ба фазл (ва карами) худ бе
ниёз сохтанд. (Бо ин ҳол), агар тавба кунанд, барои онҳо беҳтар аст ва агар рўй
гардонанд, Худованд онҳоро дар дунёву охират ба муҷозоти дардноке кайфар хоҳад
дод ва дар саросари замин, на валӣ ва ҳимояткунандае доранд ва на ёваре.
75 Баъзе аз онҳо
бо Худо паймон баста буданд, ки: «Агар Худованд моро аз фазли худ рўзӣ диҳад,
ҳатман садақа хоҳем дод ва аз солеҳон (ва шокирон) хоҳем буд».
76 Аммо ҳангоме,
ки Худо аз фазли худ ба онҳо бахшид, бухл варзиданд ва сарпечӣ карданд ва рўй
гардонданд.
77 Ин амал (рўҳи)
нифоқро то рўзе, ки Худоро мулоқот кунанд, дар дилҳояшон барқарор сохт. Ин ба
хотири он аст, ки аз паймони илоҳӣ тахаллуф намуданд ва ба хотири он аст, ки
дурўғ мегуфтанд.
78 Оё
намедонистанд, ки Худованд асрор ва суханони пинҳонии онҳоро медонад. Ва
Худованд донои ҳамаи ғайбҳо (ва умури пинҳонӣ) аст?!
79 Онҳое, ки аз
мўъминони итоаткор, дар садақоташон айбҷўӣ мекунанд ва касонеро, ки (барои
бахшиш дар роҳи Худо), ҷуз ба миқдори (ночизи) тавоноии худ дастрасӣ надоранд,
масхара менамоянд, Худо онҳоро масхара менамояд (ва кайфари масхаракунандагонро
ба онҳо медиҳад). Ва барои онҳо азоби дардноке аст!
80 Чӣ барои онҳо
истиғфор кунӣ ва чӣ накунӣ, (ҳатто) агар ҳафтод бор барои онҳо истиғфор кунӣ,
ҳаргиз Худо онҳоро намеомурзад, зеро Худо ва Пайғамбарашро инкор карданд ва
Худованд ҷамъияти фосиқонро ҳидоят намекунад.
81 Тахаллуфҷўён
(аз ҷанги Табук), аз мухолифат бо Расули Худо хушҳол шуданд ва кароҳат доштанд,
ки бо амволу ҷонҳои худ, дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд ва (ба якдигар ва ба
мўъминон) гуфтанд: «Дар ин гармӣ (ба сўи майдон) ҳаракат накунед». (Ба онон)
бигў: «Оташи дўзах аз ин ҳам гармтар аст!», агар медонистанд.
82 Аз ин рў онҳо
бояд камтар биханданд ва бисён гиря кунанд, (зеро оташи ҷаҳаннам дар интизорашон
аст). Ин, ҷазои корҳое аст, ки анҷом медоданд.
83 Ҳар гоҳ
Худованд туро ба сўи гурўҳе аз онон боз гардонад ва аз ту иҷозати хориҷ шудан
(ба сўи майдони ҷиҳод) бихоҳанд, бигў: «Ҳеҷ гоҳ бо ман хориҷ нахоҳед шуд ва
ҳаргиз ҳамроҳи ман бо душмане нахоҳид ҷангид. Шумо нахустин бор ба канорагирӣ
розӣ шудед, акнун низ бо мутахаллифон бимонед».
84 Ҳаргиз бар
мурдаи ҳеҷ як аз онон, намоз нахон. Ва бар канори қабраш, (барои дуо ва талаби
омурзиш) наист. Чаро, ки онҳо ба Худо ва Расулаш кофир шуданд ва дар ҳоле, ки
фосиқ буданд, аз дунё рафтанд.
85 Мабодо амвол
ва фарзандонашон, сабаби ҳайрати ту гардад! (Ин барои онҳо неъмат нест, балки)
Худо мехоҳад онҳоро ба ин васила, дар дунё азоб кунад ва ҷонашон барояд, дар
ҳоле, ки кофиранд.
86 Ва ҳангоме, ки
сурае нозил шавад (ва ба онон дастур диҳад), ки: «Ба Худо имон биёваред ва
ҳамроҳи Пайғамбараш ҷиҳод кунед», ашхосе аз онҳо (гурўҳи мунофиқ), ки тавоноӣ
доранд, аз ту иҷозат мехоҳанд ва мегўянд: «Бигузор мо бо қоидин (онҳо, ки аз
ҷиҳод маофанд), бошем».
87 (Оре), онҳо
розӣ шуданд, ки бо мутахаллифон бошанд ва бар дилҳояшон мўҳр ниҳода шудааст, аз
ин рў (чизе) намефаҳманд.
88 Вале Пайғамбар
ва касоне, ки бо ў имон оварданд, бо амволу ҷонҳояшон ҷиҳод карданд ва ҳамаи
некиҳо барои онҳост ва онҳо ҳамон растагоронанд.
89 Худованд барои
онҳо боғҳое аз биҳишт фароҳам сохтааст, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст,
ҷовидона дар он хоҳанд буд ва ин растагорӣ (ва пирўзии) бузург аст.
90 Ва
узроварандагони аз аъроб, (назди ту) омаданд, ки ба онҳо иҷозат (-и ширкат
накардан дар ҷиҳод) дода шавад. Ва онҳо, ки ба Худо ва Пайғамбараш дурўғ
гуфтанд, (бе ҳеҷ узре дар хонаи худ) нишастанд, ба зудӣ ба касоне аз онҳо, ки
мухолифат карданд (ва маъзур набуданд), азоби дардноке хоҳад расид!
91 Бар заифону
беморон ва онҳо, ки василае барои бахшиш (дар роҳи ҷиҳод) надоранд, эроде нест,
(ки дар майдони ҷанг ширкат наҷўянд), ҳар гоҳ барои Худо ва Расулаш хайрхоҳӣ
кунанд (ва аз он чӣ дар тавон доранд, музоиқа нанамоянд). Бар некўкорон, роҳ
муохиза нест. Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.
92 Ва (низ) эроде
нест бар онҳо, ки вақте назди ту омаданд, ки ононро бар маркабе (барои ҷиҳод)
савор кунӣ, гуфтӣ: «Маркабе, ки шуморо бар он савор кунам, надорам». (Аз назди
ту) бозгаштанд, дар ҳоле, ки чашмашон аз андўҳ ашкбор буд, зеро чизе надоштанд,
ки дар роҳи Худо бахшиш кунанд (ва бо он ба майдон бираванд).
93 Роҳи муохиза,
танҳо ба рўи касоне боз аст, ки аз ту иҷозат мехоҳанд, дар ҳоле, ки тавонгаранд
(ва имконоти кифояткунанда барои ҷиҳод доранд). Онҳо розӣ шуданд, ки бо
мутахаллифон (занону кўдакону беморон), бимонанд. Ва Худованд бар дилҳояшон мўҳр
ниҳодааст, ба ҳамин ҷиҳат чизе намедонанд.
94 Ҳаногоме, ки
ба сўи онҳо, (ки аз ҷиҳод тахаллуф карданд), боз гардед, аз шумо узрхоҳӣ
мекунанд, бигў: «Узрхоҳӣ накунед, мо ҳаргиз (сухани) шуморо бовар нахоҳем кард!
Чаро, ки Худо моро аз ахборатон огоҳ кардааст. Ва Худо ва Расулаш аъмоли шуморо
мебинанд, сипас ба сўи касе, ки донои пиенҳону ошкор аст, бозгардонда мешавед ва
Ў шуморо ба он чӣ анҷом медодед, огоҳ мекунад (ва ҷазо медиҳад)».
95 Ҳангоме, ки ба
сўи онон бозгардед, барои шумо ба Худо савганд ёд мекунанд, то аз онҳо
сарфиназар кунед. Аз онҳо рўй гардонед, чаро, ки онон палиданд ва ҷойгоҳашон
дўзах аст, ба кайфари аъмоле, ки анҷом медоданд.
96 Барои шумо
қасам ёд мекунанд, то аз онҳо розӣ шавед, агар шумо аз онҳо розӣ шавед, Худованд
(ҳаргиз) аз ҷамъияти фосиқон розӣ нахоҳад шуд.
97 Куфру нифоқи
бодиянишинони араб, шадидтар аст ва ба ноогоҳӣ аз ҳудуд ва аҳкоме, ки Худо бар
Пайғамбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.
98 Гурўҳе аз (ин)
арабҳои бодиянишин, чизеро, ки (дар роҳи Худо) бахшиш мекунанд, ғаромат ҳисоб
мекунанд. Ва интизори ҳодисаҳои дардноке барои шумо мекашанд. Ҳодисаҳои дарднок
барои худи онҳост. Ва Худованд Шунаво ва Доност.
99 Гурўҳе (дигар)
аз арабҳои бодиянишин, ба Худо ва рўзи растохез имон доранд ва он чиро бахшиш
мекунанд, сабаби тақарруб ба Худо ва дуои Пайғамбар медонанд, огоҳ бошед, инҳо
сабаби тақарруби онҳост. Худованд ба зудӣ ононро дар раҳмати худ дохил хоҳад
намуд. Ба яқин, Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.
100 Пешгомони нахустин аз муҳоҷирону
ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онҳо пайравӣ карданд, Худованд аз онҳо хушнуд
гашт ва онҳо (низ) аз Ў хушнуд шуданд. Ва боғҳое аз биҳишт барои онон фароҳам
сохтааст, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва
ин аст пирўзии бузург!
101 Ва аз (миёни) арабҳои бодиянишин, ки
атрофи шумо ҳастанд, гурўҳе мунофиқанд ва аз аҳли Мадина (низ), гурўҳе сахт ба
нифоқ пойбанд ҳастанд. Ту онҳоро намешиносӣ, вале мо онҳоро мешиносем. Ба зудӣ
онҳоро ду бор муҷозот мекунем: (муҷозоте бо расвоӣ дар дунё ва муҷозоте дар
ҳангоми марг). Сипас ба сўи муҷозоти бузурге (дар қиёмат) фиристода мешаванд.
102 Ва гурўҳе дигар, ба гуноҳони худ
эътироф карданд ва кори хуб ва бадро ба ҳам омехтанд, умед меравад, ки Худованд
тавбаи онҳоро бипазирад, ба яқин, Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.
103 Аз амволи онҳо садақае (ба унвони
закот) бигир, то ба василаи он онҳоро пок созӣ ва парвариш диҳӣ. Ва (дар ҳангоми
гирифтани закот), ба онҳо дуо кун, ки дуои ту сабаби оромиши онҳост. Ва Худованд
Шунаво ва Доност.
104 Оё намедонистанд, ки фақат Худованд
тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва садақотро мегирад. Ва Худованд Тавбапазир ва
Меҳрубон аст?!
105 Бигў: «Амал кунед! Худованд ва
фиристодаи Ў ва мўънион амволи шуморо мебинанд! Ва ба зудӣ ба сўи донои ниҳону
ошкор, бозгардонида мешавед. Ва шуморо ба он чӣ амал мекардед, хабар медиҳад!».
106 Ва гурўҳе дигар, ба фармони Худо
вогузор шудаанд (ва корашон бо Худост), ё онҳоро муҷозот мекунад ва ё тавбаи
ононро мепазирад, (ҳар гуна, ки шоиста бошанд). Ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.
107 (Гурўҳе дигар аз онҳо), касоне
ҳастанд, ки масҷиде сохтанд, барои зиён расондан (ба мусулмонон) ва (қувватбахшӣ
ба) куфр ва тафриқаафканӣ миёни мўъминон ва камингоҳ барои касе, ки аз пеш бо
Худо ва Паёмбараш мубориза карда буд. Онҳо савганд ёд мекунанд, ки: «Ҷуз некӣ
(ва хидмат) назаре надоштаем». Аммо Худованд гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дурўғгў
ҳастанд.
108 Ҳаргиз дар он (масҷид ба ибодат)
наист! Он масҷиде, ки аз рўзи нахуст, бар пояи тақво бино шудааст, шоистатар
аст, ки дар он (ба ибодат) биистӣ. Дар он мардоне ҳастанд, ки дўст медоранд
покиза бошанд. Ва Худованд покизагонро дўст дорад.
109 Оё касе, ки шолудаи онро бар тақвои
илоҳӣ ва хушнудии Ў бино кардааст, беҳтар аст ё касе, ки асоси онро бар канори
партгоҳи сусте бино намудааст, ки ногаҳон дар оташи дўзах фурў мерезад?! Ва
Худованд гурўҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.
110 (Аммо) ин биноеро, ки онҳо сохтанд,
ҳамвора ба сурати як василаи шакку тардид, дар дилҳояшон боқӣ мемонад, магар ин
ки дилҳояшон пора-пора шавад (ва бимиранд. Вагарна ҳаргиз аз дили онҳо берун
намеравад). Ва Худованд Доно ва Ҳакми аст.
111 Худованд аз мўъминон, ҷонҳо ва
амволашонро харидорӣ карда, ки (дар баробараш) биҳишт барои онон бошад, (ба ин
гуна, ки:) дар роҳи Худо пайкор мекунанд, мекушанд ва кушта мешаванд, ин ваъдаи
ҳаққе аст бар Ў, ки дар Таврот ва Инҷил ва Қуръон зикр намудааст. Ва чӣ касе аз
Худо ба аҳдаш вафодортар аст?! Акнун башорат бод бар шумо, ба доду ситаде, ки бо
Худо кардаед. Ва ин аст он пирўзии бузург!
112 Тавбакунандагон, ибодаткорон,
сипосгўён, саёҳаткунандагон, рукўъкунандагон, саҷдаоварон, амркунандагони ба
маъруф, наҳйкунандагони аз мункар ва ҳофизони ҳудуд (ва марзҳои) илоҳӣ,
(мўъминони ҳақиқианд). Ва башорат деҳ ба (ин чунин) мўъминон!
113 Барои Пайғамбар ва мўъминон, шоиста
набуд, ки барои мушрикон (аз Худованд) талаби омурзиш кунанд, ҳар чанд аз
наздиконашон бошанд, (он ҳам) пас аз он ки бар онҳо равшан шуд, ки ин гурўҳ,
аҳли дўзаханд.
114 Ва истиғфори Иброҳим барои падараш
(амакаш Озар) фақат ба хотири ваъдае буд, ки ба ў дода буд, (то вайро ба сўи
имон ҷазб кунад), аммо ҳангоме, ки барои ў равшан шуд, ки вай душмани Худост, аз
ў безорӣ ҷуст. Ба яқин, Иброҳим меҳрубон ва бурдбор буд.
115 Чунон нест, ки Худованд қавмеро пас
аз он ки онҳоро ҳидоят кард (ва имон оварданд), гумроҳ (ва муҷозот) кунад, магар
он ки корҳоеро, ки бояд аз он бипарҳезанд, барои онон баён намояд (ва онҳо
мухолифат кунанд), зеро Худованд ба ҳар чизе Доност.
116 Ҳукумати осмонҳо ва замин танҳо аз
они Худост. Зинда мекунад ва мемиронад ва ҷуз Худо валӣ ва ёваре надоред.
117 Ҳатман Худованд раҳмати худро шомили
ҳоли Пайғамбар ва муҳоҷирону ансор, ки дар замони сахтӣ ва шиддат (дар ҷанги
Табук), аз ў пайравӣ карданд, намуд, баъд аз он ки наздик буд дилҳои гурўҳе аз
онҳо аз ҳақ мунҳариф шавад (ва аз майдони ҷанг бозгарданд). Сипас Худо тавбаи
онҳоро пазируфт, ки ў нисбат ба онон Меҳрубон ва Раҳим аст.
118 Ва (ҳамчунин) он се нафар, ки (аз
ширкат дар ҷанги Табук) тахаллуф карданд (ва мусулмонон бо онон қатъи робита
намуданд), то он ҳад, ки замин бо ҳамаи вусъаташ бар онҳо танг шуд, (ҳатто) дар
вуҷуди худ ҷое барои худ намеёфтанд. (Дар он ҳангом) донистанд, паноҳгоҳе аз
Худо ҷуз ба сўи Ў нест. Сипас Худо раҳматашро шомили ҳоли онҳо намуд (ва ба онон
тавфиқ дод), то тавба кунан. Худованд бисёр Тавбапазири Меҳрубон аст.
119 Эй касоне, ки имон овардаед! Аз
(мухолифати фармони) Худо бипарҳезед ва бо ростгўён бошед.
120 Сазовор нест, ки аҳли Мадина ва
бодиянишиноне, ки атрофи онҳо ҳастанд, аз Расули Худо тахаллуф ҷўянд ва барои
ҳифзи ҷони худ аз ҷони ў чашм бипўшанд. Ин ба хотири он аст, ки ҳеҷ ташнагӣ,
хастагӣ ва гуруснагӣ дар роҳи Худо ба онҳо намерасад ва ҳеҷ гоме, ки сабаби
хашми кофирон мешавад, барнамедоранд ва зарбае аз душман намехўранд, магар ин ки
ба хотири он, амали солиҳе барои онҳо навишта мешавад, зеро Худованд подоши
некўкоронро табоҳ намекунад.
121 Ва ҳеҷ моли кўчак ё бузургеро (дар ин
роҳ) намебахшанд ва ҳеҷ сарзаминеро (ба сўи майдони ҷиҳод ва ё дар бозгашт),
намепаймоянд, магар ин ки барои онҳо навишта мешавад, то Худованд онро ба унвони
беҳтарин аъмолашон подош диҳад.
122 Шоиста нест мўъминон ҳамагӣ (ба сўи
майдони ҷиҳод) кўч кунанд, зеро аз ҳар гурўҳе аз онон, тоифае кўч намекунад (ва
тоифае дар Мадина бимонад), то дар дин (ва маориф ва аҳкоми Ислом) огоҳӣ ёбанд
ва дар ҳангоми бозгашт ба сўи қавми худ онҳоро бим диҳанд?! Шояд (аз мухолифати
фармони Парвардигор) битарсанд ва худдорӣ кунанд!
123 Эй касоне, ки имон овардаед! Бо
кофироне, ки ба шумо наздиктаранд, пайкор кунед (ва душмани дуртар, шуморо аз
душманони наздиктар ғофил накунад). Онҳо бояд дар шумо шиддату хушунат (ва
қудрат) эҳсос кунанд. Ва бидонед Худованд бо парҳезгорон аст.
124 Ва ҳангоме, ки сурае нозил мешавад,
баъзе аз онон (ба дигарон) мегўянд: «Ин сура, имони кадом як аз шуморо афзун
сохт?!». (Ба онҳо бигў:) Аммо касоне, ки имон овардаанд, бар имонашон афзуда ва
онҳо (ба фазлу раҳмати илоҳӣ), хушҳоланд.
125 Ва аммо онҳо, ки дар дилҳояшон беморӣ
аст, палидӣ бар палидияшон афзуда ва аз дунё рафтанд, дар ҳоле, ки кофир буданд.
126 Оё онҳо намебинанд, ки дар ҳар сол як
ё ду бор имтиҳон мешаванд?! Боз тавба намекунанд ва мутазаккир ҳам намегарданд.
127 Ва ҳангоме, ки сурае нозил мешавад,
баъзе аз он (мунофиқон) ба якдигар нигоҳ мекунанд ва мегўянд: «Оё касе шуморо
мебинад? (Агар аз ҳузури Пайғамбар берун равем, касе мутаваҷҷеҳи мо
намешавад?)», сипас мунсариф мешаванд (ва берун мераванд). Худовнад дилҳояшонро
(аз ҳақ) мунсариф сохтааст, чаро, ки онҳо гурўҳе ҳастанд, ки намефаҳманд (ва
бедонишанд).
128 Ба яқин, Расуле аз худи шумо ба
сўятон омад, ки ранҷҳои шумо бар ў сахт аст ва исрор бар ҳидояти шумо дорад. Ва
нисбат ба мўъминон рауф ва меҳрубон аст.
129 Агар онҳо (аз ҳақ) рўй бигардонанд,
(нигарон мабош!). Бигў: «Худованд маро кифоят мекунад, ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест,
бар Ў таваккул кардам, ва ў соҳиби арши бузург аст».
|