Аҳли Байт дар Қуръон
Ин матлаб ҳатмӣ ва мусаллам аст, ки худи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва
саллам ч ӣ
гана салавот фиристодани ба р
худро бар ои
мус у лмонон омўхтаанд. О нгоҳ ки ояти
шарифаи
Лузуми фиристодани салавот бар Аҳли
Байти Паёмбари гиромии Ислом
فلمّا نزل إنّ الله و
ملائكته يصلّون على النّبيّ يا أيُّها الّذين آمنوا صلّوا عليه و سلّموا تسلماً‘‘
أتانا رسول الله صلّى الله عليه و آله في مجلس سعد إبن عبادة فقال له بشير إبن سعد: أمرنا الله
أن نصلّي عليك يا رسول الله فكيف نصلّي عليك؟ قال: قولوا اللّهمّ صلِّ على محمّدٍ و
آل محمّد كما صلّيْتَ على إبراهيم و آل إبراهيم و بارك على محمَّدٍ و آل محمّد كما
باركتَ علىإبراهيم و آل إبراهيم.
Вақте ояти салавот "Ҳамоно
Худованд ва малоикаи ў барои Паёмбар салавот мефиристанд. Пас эй имон овардагон, шумо
низ бар Паёмбар салавот ва салом бигўед ", ( с ураи
Аҳзоб-56) н озил шуд Паёмбари
гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бар маҷлиси Саъд ибни Убода
омаданд .
Башир ба он ҳазрат гуфт: Эй Расули Худо,
Худованд моро амр карда, ки бар шумо дуруд ва салавот бигўем. Пас чӣ гуна мо бар
шумо салавот бигўем?
Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: Бигўед:
"Аллоҳумма саллӣ ало Муҳаммад ва ало оли Муҳаммад камо саллайта ало Иброҳим ва
ало оли Иброҳим ва борик ало Муҳаммад ва оли Муҳаммад камо боракта ало Иброҳим
ва оли Иброҳим".
Ровиёни ин ҳадис аз саҳоба 1)Имом Алӣ. 2)Ибни
Аббос. 3)Ибни Масъуд. 4)Умми
Салама. 5)Восила. 6)Абўсаид
Худрӣ. 7)Бурайда. 8)Ҳорис
ибни Хазраҷ.
9)Абўҳурайра. 10)Зайд
ибни Хориҷа. 11)Холид
ибни Салама. 12)Зайнаб
бинти Абўсалама. 13)Аб ў ҳ у м ай ди С о идӣ. 14) Абўмасъуд.
15) Анас. 16)Талҳа.
17)Зайд ибни Ҷория. 18)Абдураҳмон ибни Бушр. 19)Башир ибни Саъд. 20)Ҳорис.
21)Умар ибни Хаттоб. 22)Каъб ибни Уҷрат. 23)Оиша.
Китобҳо: 1)Саҳеҳи
Бухорӣ ҷ.4.с.146.ҷ.6.с.27-120-121,ҷ.8.с.77. 2)Саҳеҳи Муслим
ҷ.2.с.16-19.ҷ.4.с.126. 3)"Сунан"-и Доримӣ ҷ.1.с.109.р.1342. 4)"Сунан"-и Насоӣ
ҷ.1.с.190, р.1208 то 1217. ҷ.3.с.45-49.ҷ.6. с. 17-18-19-97-436.р.9875
то 9883-10191 т о 10193-11423. 5)" Шофе ӣ ҷ..
6)"Муснад"-и Аҳмад ҷ.1.с.99,ҷ.2.с.47,ҷ.5.с.353,ҷ.6.с.323. 7)”Муватта”-и Молик
ҷ.1.с.165.р.66-67. 8)"Мустадрак"-и Ҳоким ҷ. 1.с.268. 9)” Муснад ”-и Ҳумайдӣ
ҷ.2.с.311. 10)"Сунан"-и Ибни Моҷа ҷ. 1. с.292. р. 904 то 906.
11)"Сунан"-и Абў д овуд ҷ. 1.с.257.
12)Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.1.с.301. 13)Саҳеҳи Ибни Хузайма ҷ.1.с.351.р.717. 14)Саҳеҳи
Ибни Ҳаббон ҷ.3.с.193.р.912.ҷ.5.с.288. р.1958-1959-1965.
15)”Мусаннаф”-и Аддураззоқ
ҷ.2.с.212-213.р.3106 то 3109. 16)“Муснад”-и Руёнӣ ҷ .1.саҳ.90.
17)“Муснад”-и Баззор ҷ.3.саҳ.157.р.942. 18)“Мўъҷам-ул-кабир” ҷ.5.саҳ.218.р.5143.
ҷ.17.саҳ.251-264.р.725-967-968.ҷ.19.саҳ.216-124-128-132.р.241-242-267 то 292.
19)”Фатҳ-ул-борӣ" ҷ.8.саҳ.432. 19)"Исоба"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.1.саҳ.547. 20)Тафсири
Табарӣ. 21)Тафсири Саълабӣ. 22)”Маҷмаъ-уз-завоид”
ҷ.2.саҳ.144.ҷ.9.с.166.ҷ.10.саҳ.163. 23)Таърихи Ибни Касир ҷ.1.саҳ.172. 24)”Сияру
аълом-ун-нубало” Заҳабӣ ҷ.3.с.133. 25)"Тафсир"-и Қуртубӣ. 26)"Тафсир"-и Шавконӣ.
27)"Асбоб-ун-нузул"-и Воҳидӣ. 28)"Тафсир"-и Ибни Касир.
Ва ин далолат бар он мекунад, ки ин ояти шарифа дар шаъни Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу
алайҳи ва олиҳи ва саллам
нозил шудааст.
Чунон, ки мулоҳиза мекунед ҳамаи бузургон ва имомони аҳли суннат бо иттифоқ ин
ҳадиси мутавотирро аз ву ҷ уди мубораки Расули
гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам
ривоят кардаанд, ки он ҳазрат амр фармуданд, ки ҳар вақт хостанд ба он ҳазрат
салавот бифристанд, салавотро ба он ҳазрат ва ба Аҳли Байташон як ҷ о
бифристанд, вале мутаассифона на ин ки аҳли суннат ин дастури он ҳазратро надида
гирифтаанд, балки худи ин муҳаддисону имомони бузурги аҳли суннат ҳатто дар ҳоли
ривояти ҳамин ҳадис низ вақте ба Паёмбар салавот гуфтаанд, салавотро танҳо ба он
ҳазрат фиристода ва Аҳли Байтро канор гузоштаанд, ки бо муро ҷ иа ба
китобҳои ин бузургворон метавонед ба ҳақиқати ин матлаб пай бубаред.
Салавоти бар Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам то ҳадде муҳим ва лозим
аст, ки аҳодиси саҳеҳ чунин далолат мекунанд, ки намозу дуое, ки дар он ба Аҳли
Байти Паёмбар низ бо замима ба ву ҷ уди мубораки Расули Худо саллаллоҳу
алайҳи ва олиҳи ва саллам салавот
фиристода нашавад, он намоз ва салавот мавриди қабул воқеъ нахоҳад шуд, ки
ҳамакнун бо он ахбор ошно хоҳем шуд.
Намозе, ки дар он салавот бар Аҳли Байт
гуфта нашавад он намоз қабул нахоҳад ш у д
قال رسول الله صلى الله عليه
وآله وسلم : من صلّى صلاةً لم يُصَلِّ فيها عليَّ وعلى أهل
بيتي لم تقبل منه.
Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам
фармуданд:
"Ҳар кӣ намоз бихонад ва дар намозаш бар ман ва Аҳли Байтам
салавот нафристад, намозаш қабул нахоҳад шуд".
Ровии ҳадис :
Абўм асъ у д бо ду
санад.
Китобҳо: 1)"C унан " -и Доруқутнӣ
ҷ.1 . саҳ. 355.р.6 .
2)"Илал"-и Доруқутнӣ
ҷ. 6.саҳ.197-198. р. 1066.
3)“Ат-Тамҳид”-и Ибни Абдулбар ҷ.16.саҳ.194. 4) “Субулул ҳудо
вар-рашод”-и Солеҳӣ ш омӣ
ҷ.11.с.10. 5)”Аш-Шифо битаърифи ҳуқуқил Мустафо"-и Қозӣ
Айёз ҷ.2.с.64. 6)"Савоиқ-ул-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар с.146-148. 7)"Иршод-ус-сорӣ"-и
Қасталонӣ. 8)"Захоир- у л-уқбо"-и
Табарӣ саҳ.19. 9)"Найл-у л- автор"-и
Шавконӣ ҷ. 2.саҳ.322.
Аз Суханони Шавконӣ чунин истифода мешавад, ки санади ин ҳадис аз назари онҳо
саҳеҳ мебошад. Чун Шавконӣ чандин ҳадис қабл аз ин дар вуҷуби салавот бар
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам
ривоят мекунад ва ба заиф будани санади онҳо низ ишора мекунад ва баъд аз нақли
ин ҳадис мегўяд: Ин ҳадис бар воҷиб будани салавот дар мутлақи намоз далолат
мекунад, на ин ки ба воҷиб будани он баъд аз ташаҳҳуд далолат дошта бошад. “ Найл-ул-автор"-и
Шавконӣ ҷ.2.саҳ.322.
Ва баъд Шавконӣ, қавли Таҳовӣ, Ҳалими ва шофеиҳоро нақл мекунад, ки онҳо
салавотро дар ҳама вақте, ки номи он ҳазрат бурда мешавад, воҷиб донистаанд.
Ҳазрати Алӣ алайҳис-салом низ
мефармоянд:
قال عليٌّ: الدّعاء
والصّلاة مُعَلّق بين السّماء والأرض لا يصعد إلى الله منه شيءٌ حتّى يصلّى على
محمّدٍ وعلى آل محمّد.
"Дуо ва намоз байни замин ва осмон муаллақ меистад ва ба сўи Худованд намеравад
то ин ки бар Муҳаммад ва Аҳли Байти Муҳаммад салавот фиристода шавад".
Китобҳо: 1)Аш-Шифо
битаърифи ҳукуқил Мустафо»-и Қозӣ Айёз ҷ.2.с.65. 2)Шаъб-ул-имон"-и Байҳақӣ.
2)Таърихи Ибни Асокир. 3)"Шарҳи Шифо"-и Хаффоҷӣ ҷ.3.саҳ.506.
Ҳамчунин аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва Абўмасъуди ансорӣ ва
Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят шуда, ки онҳо гуфтаанд:
واخبرنا أبو
الحسن بن الفضل القطان ببغداد انبأ عبد الله بن جعفر بن درستويه ثنا يعقوب بن سفيان
ثنا عبيدالله ابن موسى ثنا اسرائيل عن جابر عن محمد بن على عن ابى مسعود قال لو
صليت صلوة لا اصلى فيها على آل محمد صلى الله عليه وسلم لرأيت ان صلوتى لا تتم.
وأخبرنا أبو بكر عبد الله بن سليمان الأشعث السجستاني ببغداد حدثنا إسحاق بن
إبراهيم يعني الفارسي حدثنا سعيد بن الصلت حدثنا عمرو بن شمر عن جابر الجعفي عن
محمد بن علي بن حسين عن جابر بن عبد الله قال لو صليت صلاة لم أصل فيها على النبي
صلى الله عليه وسلم لأعدت الصلاة
“Агар намоз бихонам ва дар он ба Оли Паёмбар салавот
нафиристам, бояд он намозро дубора бихонам. (намебинам, ки он намозам комил
бошад).
Китобҳо: "Шиори асҳоби ҳадис"-и Ибни
Исҳоқил Ҳоким саҳ.54. "Сунан"-и Доруқутнӣ ҷ.1.с.348. "Илил"-и Доруқутнӣ
ҷ.6.с.198. "Сунан-ул-кубро"-и Байҳақӣ ҷ.2.с.379. "Аш-Шифо битаърифи ҳуқуқил
Мустафо"-и Қозӣ Айёз ҷ.2.с.64.
Тафсири Қуртубӣ ҷ.14.с.236. "Захоир-ул-уқбо"-и Муҳиббуддини Табарӣ с.16. Субулул ҳудо вар-рашод”-и
Солеҳӣ ш омӣ ҷ.11.с.10.
Имом Шофеӣ низ дар ин маврид ин гуна шеъре сурудааст:
عن الشافعي: يا آل بيت
رسول الله حبّكم
فرض من الله في القرآن أنزله
كفاكم من عظيم الشأن أنَّكم
من لم يصل عليكم فلا صلاة له .
Эй Аҳли Байти Расули Худо, Худованд муҳаббат ва дўст
доштани шуморо дар Қуръон фарз гардонидааст ва ба бузургӣ ва азамати шаън ва
мақоми шумо ҳамин бас ва кофист, ки ҳар кӣ намоз хонад ва дар намозаш бар шумо
салавот нафиристад, намозаш қабул нахоҳад шуд".
Китобҳо:
1)"Тафсир"-и Фахр и Розӣ. 2)"Савоиқ-ул-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар
ҷ.2.саҳ.528. 3)"Шараф-ул-муаббад"-и Набаҳонӣ саҳ.99. 4)"Нур-ул-абсор"-и Шабланҷӣ
с.105. 5)"Асъоф-ур-роғибин" саҳ.118. 6)"Иттиҳоф би ҳубби ашроф" саҳ.29. 7)"Сираи
набавия"-и Зайни Деҳлон ҷ.3.саҳ.322. “Субулул ҳудо вар-рашод”-и Солеҳӣ ш омӣ
ҷ.11.с.10.
Дуои бидуни салавот ба Аҳли Байт қабул
намешава д
قال رسول الله صلى الله عليه
وآله وسلم : ما من دعاءٍ إلاّ بينه وبين السّماءِ حجاب حتّى يُصَلّى على
محمّدٍ وعلى آل محمّد فإذا فعل ذلك إنخرق ذلك الحجاب ودخل الدّعاءُ وإذا لم يفعل
ذلك رجع ذلك الدّعاء.
Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам
фармуданд: "Ҳеҷ
дуое нест магар ин ки байни он дуо ва осмон ҳиҷоб ва монеъ вуҷуд дорад то ин ки
салавот фиристода шавад бар ман ва бар Аҳли Байтам. Пас ҳар гоҳ салавот гуфта
шавад он ҳиҷоб ва монеъро салавот пора мекунад ва дуо (ва намоз) ба осмон
меравад, агар салавот гуфта нашавад он дуо бармегардад".
Китобҳо:
1)"Қавл-ул-бадиъ”-и Саховӣ. 2)" Ал- Фирдавс"-и
Дайламӣ ҷ.4.саҳ.47. р. 6148.
3)"Маноқиб"-и Абдуллоҳи Шофеӣ. 4)"Фатҳ-ул-кабир"-и Набаҳонӣ.
5)"Ҷомеъ-ус-сағир"-и Суютӣ ҷ.1.саҳ.656,р.4266. 6)"Файз-ул-қадир"-и Шавконӣ
ҷ.3.с.725,ҷ.5.с.24. 7)"Канз-ул-уммол" ҷ.2.саҳ.78,р.3215-3270 аз Абўшайх ва
Дейламӣ.
قال رسول الله صلى الله عليه
وآله وسلم : الدّعاء
محجوب عن الله عزّ وجلّ حتّى تصلّى على
محمّدٍ وأهل بيته.
Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:
"Дуо дар ҳиҷоб ва п ў шиш аст аз
Худованд (ба Худованд намерасад) то ин ки бар Муҳаммад ва Аҳли Б айти Муҳаммад салавот ф иристода
шавад".
Ровӣ : Имом Алӣ.
Китобҳо: 1)" Ал- Фирдавс"-и
Дайламӣ. 2)"Футуҳот- ур-р аббония"
ҷ. 3.саҳ.334.
3)"Савоиқ-ул-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар. 4)”Файз-ул-қадир”-и Муновӣ ҷ.3.саҳ.543.
قال عليٌّ: كلُّ دعاء
محجوبٌ حتّى تصلّى على محمّدٍ و آل محمّد.
Имом Алӣ алайҳис-салом фармуданд:
"Тамоми дуо дар ҳиҷоб ва пўшиш аст то ин ки бар Муҳаммад ва Аҳли Байти Муҳаммад
салавот фиристода шавад".
Китобҳо:
1)"Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.1. с. 220. р. 721. 2)" М аҷмаъ-уз-завоид"-и
Ҳайсамӣ ҷ. 10.с.160.
3)"Шаъб-ул-имон”-и Байҳақӣ ҷ.2.саҳ.216.р.1575. 4)”Ат-Тарғиб ва ат-тарҳиб”-и
Мунзарӣ ҷ.2.саҳ.320.р.2589. 5)“Канз-ул-уммол" ҷ.2.саҳ.269,р.3988.
Ҳайсамӣ ва Мунзарӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд.
Наҳй кардани Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам аз салавот фиристодан бар худашон ҷ удо аз Аҳли Байташон
قال النبي صلى الله عليه
وآله وسلم : لا
تُصَلّوا عليَّ الصّلاةَ البتراء. قالوا: وما الصلاة البتراء يا رسول الله؟ قال:
تقولون: اللّهمّ صلّي على محمّدٍ وتمسكون بل قولوا: اللّهمّ صلّي على محمّد وعلى آل
محمّد.
Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:
"Барои ман салавоти думбурида ва ноқис нафиристед.
Пурсиданд, ки салавоти ноқис яъне чӣ ва чӣ гуна аст? Ҳазрат фармуданд: Ин ки
бигўед: Аллоҳумма салли ало Муҳаммад ва сокит бишавед (ва ба Аҳли Байтам салавот
нафиристед), балки бигўед: Аллоҳумма салли ало Муҳаммад ва ало оли Муҳаммад".
Ровӣ : Имом Алӣ.
Китобҳо: 1)" Таърихи
Исфаҳон» -и Абўнаими исфаҳонӣ
ҷ.1.с.131. 2)"Савоиқ-ул-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар саҳ.87-146 .
3)"Ҷавоҳир-ул-ақдайн»-и Самҳудӣ ҷ.2.с.155 ба нақл аз “Янобиъ-ул-мавадда”-и
Қундузӣ ҷ.1.с.37.р.14. 4)"Дафъ-уш-шабаҳ анир-расул” Ҳанасии дамишқӣ саҳ.8.
Фахри Розӣ
дар тасираш мегўяд: Дуо ва салавот ба Оли Паёмбар саллаллоҳу
алайҳи ва олиҳи ва салллам
мақоми бузурге мебошад ва ба ҳамин хотир салавот дар намоз дар охири ташаҳҳуд
қарор дода шуда ва он ин ки: Аллоҳумма саллӣ ало Муҳаммадин ва оли Муҳаммад
варҳам Муҳаммадан ва Оли Муҳаммад. Ва ин дар таъзим дар ҳаққи ғайри Аҳли Байт
вуҷуд надорад ва ҳамаи инҳо далолат бар ин мекунад, ки ҳубби Оли Муҳаммад саллаллоҳу
алайҳи ва олиҳи ва саллам
воҷиб аст.
Ва боз
мегўяд: Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам дар панҷ чиз дар
радифи Паёмбар қарор гирифтаанд: Дар салавот фиристодан дар ташаҳҳуди намоз, дар
салом додан, дар таҳорату покӣ, дар ҳаром будани садақа ва дар муҳаббат. Т афсири Фахри
Розӣ
ҷ.7.с.391. ба нақл аз Ал-Ғадир ҷ.2.с.303.
Нишопурӣ
низ дар тафсираш зайли ояти шарифаи «Қул ло асъалукум алайҳи аҷран иллал
маваддата фил қурбо” мегўяд: Дар фахру шарафу бузургии Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам ҳамин миқдор кифоят
мекунад, ки ташаҳҳуди намоз дар ҳар намоз бо салавоти бар онҳо хотима меёбад.
Ёдовар
мешавем, ки хонандаи азиз бояд хуб диққат дошта бошанд, агар ғайр аз Аҳли Байт
алайҳимус-салом
дар ин уммат беҳтар аз онҳо буданд ва мақоми бартаре дар пешгоҳи Парвардигор
доштанд, ҳаргиз Худованди Мутаол бо вуҷуди онҳо салавот ба Аҳли Байтро лозим
қарор намедод ва ин худ низ аз далелҳои собит ва уқалоӣ аст ва далолат бар ин
мекунад, ки касе дар пешгоҳи Худованди Мутаол дорои мақоме бартар аз мақоми Аҳли
Байт намебошад ва онҳо бартарини ин уммат ва баргузидагони илоҳӣ мебошанд, ки
дар оянда зайли ояти 33-и Оли Имрон аз Ибни Аббос баргузидаи илоҳӣ будани он
бузургворон хоҳад омад.
|