Баҳсҳои Адабӣ
Тафсир:
Оятуллоҳ
Муҳаммад Ҳодии Маърифат
Тафсир яке аз улуми исломӣ аст, ки пайдоиши он дар замони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам
сурат гирифт. Дар он замон масъалаҳои пароканда ва гуногун дар бораи матолиби
ворида дар Қуръон бар Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам
арза мешуд ва он ҳазрат ба ҳукми вазифа ҳар якро ба фарохури ҳолаш шарҳ
мефармуд. Дар Сураи Наҳл оёти 16-44 мехонем:
وانـزلنا
اليك الذكر لتبين للناس ما نزل اليهم ولعلهم يتفكرو ن.
Қуръонро ба ту
фиристодем то онро барои мардум баён кун ӣ шояд худ тафаккур бикунанд.
Дар ин оят вазифаи асосӣ матр а ҳ шуда аст :
1- Бар
Худованди меҳрубон лозим аст паёми рўҳ бахши худро барои мардумон бифиристанд.
2-Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам
вазифае дорад дар зимни арзаи паёми осмонӣ онро барои мардум баён мекунад ва
шарҳу тафсир кунад.
3-Бар мардум лозим аст, ки дар ин паёми илоҳӣ ва раҳнамудҳои Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам фикр кунанд ва роҳи
саодати худро дар он биёбанд. Бинобар ин, ҳаргоҳ мусулмонон бо мушкиле дар фаҳми
маонии Қуръон ё дарки матолиби амиқи он рў ба рў мешуданд фавран ба суроғи
Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам
рафта илоҷи дарди худро он ҷо меёфтанд. Дар ин замина пурсишҳо ва посухҳои
фаровоне дар даст аст, ки ҳастаи аввалияи илми тафсирро ташкил медиҳад ва
зербинои тафосири саҳоба ва тобеъин гардида, сипас дар аҳди тадвин, ки тафсир
монанди дигар улуми исломӣ ба сурати навишта шуда даромад маҷмўаи суханон ва
орои гузаштагон, бузургтарин ва саршортарин мояи тадвину тафсир гардид. Аз ин рў
илми тафсирро аз назари таърих, дар чаҳор давраи асосӣ дастабандӣ кардаанд ва
вижагиҳои ҳар давра аз назари равишӣ арзёбӣ шудааст:
1-Аҳди Рисолат: Тафсири ин давра ба сурати пароканда сурат гирифта ва пурсишҳо
ва посухҳо, бисёр кўтоҳ аст.
2-Аҳди саҳоба: Т афсир дар
ин давра пароканда, вале то ҳудуд е
густарда ва ҳамаҷониба аст.
3-Аҳди тобиин: Тафсир дар ин давра ба сурати муназзам ва шаклёфта ва густардатар
ва ҳама ҷонибатар аз аҳди саҳоба бо изофаи иҷтиҳод дар равишҳои мухталифи
тафсир, сурат гирифтааст.
4-Аҳди тадвин: Дониши тафсир дар ин давра густардатар аз давраи тобеин аст ва
вобаста ба тавониҳои илмӣ ва адабии муфассирон аз вижагиҳо ва равишҳои гуногуне
бархурдор аст.
|