Нигоҳе бе оёти Қуръон дар мавзӯи ҳаққу ботил

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Дар охирҳои сураи Соффот, ҳокимият ва мансур будани анбиё ва паёми анбиё омадааст. Ин матлаб, бо баёнҳои мухталифе дар Қуръон гуфта шудааст:

“Ва лақад сабақат калиматуно лиибодинал мурсалийн. Иннаҳум лаҳумул мансурун. Ва инна ҷундано лаҳумул ғолибун”.[1] Мефармояд: сухани мо дар илми мо гузаштааст. Сухани мо, ки тахаллуфнопазир аст, ин аст, ки бандагони паёмовари мо ва фариштагони мо, таҳқиқан ва фақат фақат онҳо мансур ва пирӯз ҳастанд. Ва ҳамоно сипоҳи мо ҳатман ғолиб ва пирӯзанд.

Оё мақсуди Қуръон дар ин ҷо ғалабаи низомист? Яъне ҳар гоҳ миёни як паёмбар ё пайравони як паёмбар, як марди ҳақ, як валийи Худо, як имом, бо касе ё касоне ҷанге дар бигирад, ҳамеша тарафи муқобил шикастхўрда хоҳад буд?

Агар мегӯем, паёмбарон пирӯз ҳастанд, мақсуд пирӯзии низомӣ нест. Мо агар муборизаи Ҳусайн ибни Алӣ (а)-ро бо лашкариёни Язид ва Ибни Зиёд, аз ҷанбаи низомӣ, яъне аз назари зоҳирӣ дар назар бигирем, Имом Ҳусайн (а) шикаст хӯрд ва онҳо пирӯз шуданд. Аммо агар моҳияти қазияро дар назар бигирем, фикрӣ ва эътиқодӣ аст, яъне ҳукумати Язид сумбули ҷараёне буд, ки мехост фикри исломиро аз байн бибарад ва Имом Ҳусайн барои эҳёи фикри исломӣ ҷангид. Дар ин сурат бояд бубинем, оё Имом Ҳусайн ба мақсудаш расид ё нарасид? Оё тавонист як фикрро дар дунё зинда кунад ё натавонист? Мебинем, ки тавонист. Ҳазору се сад сол аст, ки ин наҳзат ҳар сол як пирӯзии ҷадид ба даст меоварад, яъне ҳар сол Ошуро ошурост ва маънии “Куллу йавмин Ошуро...” ин аст, ки ҳар рӯз ба номи Имом Ҳусайн бо зулм мубориза мешавад ва ҳаққу адолате эҳё мешавад. Ин пирӯзӣ аст ва пирӯзии болотар аз ин чист?

Язидиҳо ва ибни зиёдҳо мераванд, вале ҳусайниҳо ва аббосҳо ва зайнабҳо боқӣ мемонанд. Албатта ба унвони як идея, на ба унвони як шахс, ба унвони як соҳибихтиёр ва ҳоким бар ҷомеаи худ. Оре, онҳо мемиранд, аммо инҳо зинда ва ҷовид боқӣ мемонанд.

Оятҳои сураи Анбиё

Дар оятҳои 16, 17 ва 18 ин сура, Худованд хилқати осмону заминро матраҳ мекунад, ки дар миқёси ҷаҳонӣ, низоми ҳастӣ ба ҳақ барпост, на бар ботилу пучӣ: “Ва мо халақнас самоа вал арза ва мо байнаҳумо лоибийн. Лав арадно аннат тахиза лаҳван латтахазно мин ладунно ин кунно фоилийн”. Баъд мефармояд: “Бал нақзифу бил ҳаққи алал ботили файадмағуҳу фа изо ҳува зоҳиқун ва лакумул вайлу миммо тасифун”. Ин оят, қудрати ҳақ ва ночизу нотавонии ботилро баён мекунад. Ботил мумкин аст ғалабаи зоҳирӣ ва муваққат дошта бошад, аммо ҳақ як дафъа аз камин берун меояд ва онро нобуд мекунад. Қазф, яъне партоб кардан. Димоғ, яъне ҷойгоҳи мағз. Мисли ин ки аз ҳақ гулӯлае месозем ва ба шиддат ба ботил партоб мекунем, ки мағзашро ба истилоҳ хурд мекунад, баъд як вақт мебинед ботил аз байн рафтанӣ будааст, чизе набудааст.

Иддае аз ин оят истифода кардаанд, ки ҳақ баъд аз он ки муддате ба василаи ботил пӯшонда шуд, вақте ба ҷанги ботил меояд, кӯбанда ва бунёнкан меояд. Худованд ба василаи худи башар ин корро мекунад. Як мартаба ва ногаҳон мебинед, ки ҳақ ҳамчун тӯфон меояд ва ботилро хурду хамир мекунад ва ба дур меафканад. Бибинед Қуръон дар ҷанги ҳаққу ботил чӣ қадар хушбинона нигоҳ мекунад. Мегӯяд: ин намуди ботил шуморо натарсонад, ин фарогирии ботил шуморо маъюс накунад, зеро саранҷом ҳақ пирӯз аст! Ҳақ ҳамеша пирӯз будааст: “Ваадаллоҳул лазйина оману минкум ва амилус солиҳоти лайастахлифаннаҳум фил арз”.[2]

Дар тӯли таърих, ҳамеша ҳаққу ботил бо якдигар дар ҳоли ҷанг будаанд, вале Қуръон ваъдаи пирӯзии ниҳоии ҳақ бар ботилро медиҳад, он чунон ки ҳамеша нишонае аз ботил боқӣ намонад ва инро сарнавишти ниҳоии таърих медонад. Аз ин рў тавсия мекунад имон дошта бошед ва ғуссаи ҳеҷ чизеро нахӯред, “Ва ло таҳину ва ло таҳзану”,[3] яъне имон дошта бошед, ки бартарӣ аз они шумост. Аз камии худатон ва аз зиёдии онҳо хавф надошта бошед, аз аслиҳаву зӯри фаровонашон натарсед, фақат муҷаҳҳаз ба имон ва ҳақиқат бошед, мӯъмини воқеӣ бошед, инсони воқеӣ бошед. Агар чунин шудед, пирӯзӣ аз они шумост.

Нуктаи дигаре, ки аз ин оят истифода мешавад, ин аст, ки ин ҳаракати инқилобӣ бар пояи нерӯи ҳақ ва ҳақпарастӣ аст, инқилобест, ки аз нерӯи ҳақ барпо мешавад, на инқилобе, ки бар пояи шикам бошад. Ҳақпарастонро ба далели ҳақпарастӣ, на шикампарастӣ бармеангезем. Як идда хаёл кардаанд, ки чун Қуръон ҳомии мустазъафон аст, тезаш ин аст, ки мо ҳамеша аз гуруснаҳо лашкар дуруст мекунем, барои ин ки фақат шикамашонро сер кунем. Чунин нест.

Қуръон мегӯяд, наҳзати мо ба суди мустазъафон аст, ҳоло мумкин аст қиёмкунандагон аз худи мустазъафон бошанд ё аз ғайри мустазъафон. Иттифоқан агар мустазъаф барои шикам мубориза кунад, Қуръон намепазирад, Ислом чунин шахсеро рад мекунад: “Ман конат ҳиҷратуҳу ило молин, йусийбуҳу, ав имраатин йусийбуҳо, фа ҳиҷратуҳу ило мо йуҳоҷиру илайҳ”.[4]

Паёмбар мегӯяд: ҳар кас ҳиҷрат кунад ба тамаи ин ки моле ба даст оварад ё занеро асир кунад ва баъд бо ӯ издивоҷ намояд, Ислом чунин ҳиҷратеро қабул надорад. Ҳар кас ба сӯи Худо ва расул ҳиҷрат мекунад, бояд мунтазири аҷру подоши илоҳӣ бошад. Ислом мегӯяд, мо меравем то мустазъафонро наҷот бидиҳем, на ин ки фақат биравем, ки шикамашонро сер кунем.

Мо фавҷе аз имон ва ҳақпарастӣ ба ҳаракат дармеоварем, “Бал нақзифу бил ҳаққи алал ботил”,[5] яъне аз ҳақ нерӯи инқилобӣ месозем, онро бар ботил меафканем. Ин нерӯи инқилобӣ аст, ки худашро мисли гулӯла ба қалби душман мезанад. “бил ҳақ”, яъне бо нерӯи ҳақ, бо аҳли ҳақ, аз ҳақ гулӯлае месозем ва ин гулӯларо маҳкам ба мағзи ботил мезанем, то мағзаш муталошӣ шавад, пас ногаҳон мебинӣ, ки ботил барафтод ва чизе ҳам набуд, фақат ҳайкале буд, ки аз ӯ метарсидӣ, “Фа изо ҳува зоҳиқ”.[6] Қуръон намегӯяд, ки ботил баъдан зуҳуқ пайдо мекунад, мегӯяд ботил чизи зоҳиқе аст, ботил аслан рафтанӣ аст.

Манбаъ: пойгоҳи интернетии Кимиёи саодат


Пайнавиштҳо:

[1] Сураи Соффот, оёти 171, 172 ва 173

[2] Сураи Нур, ояти 55

[3] Сураи Оли Имрон, ояти 139

[4] Ин ҳадис дар Ҷомеус сағир ҷ. 1, с. 1 ва китоби Мунятул мурид , с. 27 ба ин сурат омадааст: Иннамал аъмолу биннийёт, ликуллим риин мо наво, фа ман конат ҳиҷратуҳу илаллоҳи ва расулиҳӣ, фа ҳиҷратуҳу илаллоҳи ва расулиҳ. Ва ман конат ҳиҷратуҳу ило дунё, йусийбуҳо, ав имраатин йункиҳуҳо, фа ҳиҷратуҳу ило мо ҳоҷара илайҳи.

[5] Сураи Анбиё, ояти 18

[6] Сураи Анбиё, ояти 18